ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 2 саҳ. 5
  • Услуби гуфтугӯйӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Услуби гуфтугӯйӣ
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Бо шавқу завқ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Бо боварӣ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Бо меҳрубонӣ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Ба дили кас роҳ ёбед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 2 саҳ. 5

ДАРСИ 2

Услуби гуфтугӯйӣ

Ояти овардашуда

2 Қӯринтиён 2:17

МАҚСАДИ ДАРС: Самимона ва одӣ гап занед, то шунавандагонатон фаҳманд, ки шумо нисбати онҳо бепарво нестед ва ба он чӣ мегӯед, бовар доред.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Дуо гӯед ва нағз тайёрӣ бинед. Дуо гӯед, ки диққататонро на ба тарсу ҳаяҷони худ, балки ба хабаре, ки гуфтан мехоҳед, равона созед. Фикрҳои асосиеро, ки ба шахс расондан мехоҳед, дар ёд гиред. Ба ҷойи матнро аз ёд гап задан фикрҳоро бо суханони худ гӯед.

    Маслиҳат

    Агар шумо порчаеро аз Китоби Муқаддас ё адабиётамон қироат карданӣ бошед, бо матни он хуб шинос шавед, то ки хонишатон равон бошад. Вақте ки суханони ягон шахсро мехонед, онро ифоданок хонед, лекин аз ҳад нагузаред.

  • Аз таҳти дил гап занед. Фикр кунед, ки ин маълумот ба шахс чӣ манфиат меорад. Он гоҳ дар тарзи истодан, имову ишора ва қиёфаатон самимӣ ва хайрхоҳ будани шумо аён мешавад.

    Маслиҳат

    Дар хотир доред, ки ба тарзи гуфтугӯйӣ гап задан маънои беадабона гап заданро надорад. Босаводона, бурро ва фаҳмо гап занед, то қадри хабаре, ки мерасонед, паст нагардад.

  • Ба шунавандагон нигоҳ кунед. Агар дар ҷойи шумо раво бошад, ҳангоми гап задан ба чашми одам нигоҳ кунед. Вақте ки бо нутқ баромад мекунед, на ба гурӯҳи одамон, балки ба шахсони алоҳида нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан