ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 7 саҳ. 10
  • Маълумоти аниқу боваринок

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Маълумоти аниқу боваринок
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Сарсухан пеш аз оят
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Истифодаи саволҳо
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Ба дили кас роҳ ёбед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 7 саҳ. 10

ДАРСИ 7

Маълумоти аниқу боваринок

Ояти овардашуда

Луқо 1:3

МАҚСАДИ ДАРС: Барои он ки шунавандагон ба хулосаи дуруст оянд, маълумоти боваринокро оред.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Ба манбаъҳои боваринок рӯ оред. Дар асоси Китоби Муқаддас гап занед ва аз рӯйи имкон оятҳоро аз худи он хонед. Агар шумо ягон воқеа, маълумоти илмӣ ё ахбореро оварданӣ бошед, пешакӣ аниқ кунед, ки манбаъҳои истифодашуда сазовори боварианд ва маълумоти онҳо кӯҳна нашудааст.

  • Сарчашмаҳоро дуруст истифода баред. Оятро тавре фаҳмонед, ки бо оятҳои поёну болои он ва дигар оятҳои Китоби Муқаддас, инчунин бо адабиёти «ғуломи бовариноку боандеша» мувофиқ бошад (Мат. 24:45). Вақте аз дигар сарчашмаҳо маълумотро қисман меоред, эҳтиёт шавед, ки он чизеро ки муаллиф дар назар дошт, тағйир надиҳед.

    Маслиҳат

    Далелҳо ё дигар маълумотро аз будаш зиёд нишон надиҳед. Эҳтиёт шавед, то «баъзеҳо»-ро «бисёриҳо», «баъзан»-ро «доимо» ва «эҳтимол»-ро «эҳтимоли зиёд аст» нагӯед.

  • Маълумотро муҳокима кунед. Баъди хондани оят ё овардани ягон маълумот ба шунавандагон савол диҳед ё мисоле оред, то онҳо мулоҳиза ронда ба хулосаи дуруст оянд.

ДАР ХИЗМАТ

Вақте ба мавъиза тайёрӣ мебинед, фикр кунед, ки одамон ба шумо чӣ гуна саволҳо дода метавонанд ва чӣ тавр ба онҳо ҷавоб медиҳед. Агар шахс саволе диҳаду шумо ҷавобашро надонед, ба ӯ гӯед, ки ин мавзӯъро тадқиқ карда, дафъаи дигар ба саволаш ҷавоб медиҳед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан