ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲАСТӢ 6–8
«Ӯ айнан ҳамин тавр кард»
Танҳо тасаввур кунед, ки ба Нӯҳ ва оилааш барои сохтани киштӣ чӣ қадар қуввати зиёд лозим буд, зеро дар он вақтҳо барои сохтмон технологияи ҳозиразамон ва асбобҳои барқӣ набуданд.
Ҳаҷми киштӣ беҳад калон буд. Дарозии он тахминан 133 метр, бараш 22 метр ва баландиаш 13 метрро ташкил медод
Ба онҳо лозим буд, ки дарахтонро буранд, тарошанд ва онҳоро ба боло бардоранд
Ҳар ду тарафи киштиро, ҳам аз дарун ва ҳам аз берун қатрон, яъне як навъ моддаи сиёҳрангеро, ки хосияти обногузаронӣ дорад, молидан даркор буд
Ба Нӯҳ ва оилааш лозим буд, ки барои як сол ба худашон ва ҳайвонҳо ғизо ҷамъ кунанд
Аз афташ сохтани киштӣ қариб 40–50 сол давом кард
Вақте ки иҷро кардани супориши Яҳува бароямон душвор мешавад, чӣ тавр мисоли Нӯҳ ба мо ёрдам карда метавонад?