ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 17, 18
Мардони хоксор дигаронро таълим дода, баъзе масъулияташонро месупоранд
Вақте бародарони ботаҷриба бародарони ҷавонтарро таълим дода, ба онҳо баъзе масъулияташонро месупоранд, хоксорӣ, муҳаббат ва дурандешӣ зоҳир мекунанд. Чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст?
Бародаронеро интихоб кунед, ки масъулиятҳои бештарро бар дӯш гирифта метавонанд
Ба онҳо нағз фаҳмонед, ки барои иҷрои супоришашон бояд чӣ кор кунанд
Ба онҳо пул, асбоб ва чизҳои лозима диҳед, то аз ӯҳдаи супоришашон бароянд
Аз рафти кори онҳо хабардор шуда истед ва нишон диҳед, ки аз онҳо дилпуред
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Ман ба дигарон кадом масъулиятҳоро супорида метавонам?»