ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bhs боби 2 саҳ. 19-28
  • Китоби Муқаддас — Китоб аз тарафи Худо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Китоби Муқаддас — Китоб аз тарафи Худо
  • Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Хонед дар Таълимот
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КИТОБИ АНИҚ ВА БОВАРИНОК
  • КИТОБИ ПАНДУ НАСИҲАТ
  • ПЕШГӮИҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС
  • КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ ШУМОРО ДИГАР КАРДА МЕТАВОНАД
  • Китобе, ки доир ба худо дониш медиҳад
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Оё Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Оё Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст?
    То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
  • Оё хабарҳои нағз оиди оянда ҳақиқатан аз ҷониби Худоянд?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
bhs боби 2 саҳ. 19-28

БОБИ ДУ

Китоби Муқаддас — Китоб аз тарафи Худо

1, 2. Барои чӣ Китоби Муқаддас тӯҳфаи беҳтарин аст?

ВАҚТЕ дӯстатон ба шумо ягон чиз тӯҳфа мекунад, шумо чӣ ҳис мекунед? Шумо, албатта, хурсанд мешавед, ки дӯстатон дар бораи шумо фикр кард ва ба ӯ барои тӯҳфа раҳмат мегӯед.

2 Худо ҳам ба мо як чизи хеле пурқимат тӯҳфа кардааст. Он чист? Китоби Муқаддас. Чизеро, ки дар он навишта шудааст, аз дигар ҷо ёфта намешавад. Масалан, дар Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Худо осмону замин ва аввалин марду занро офарид. Маслиҳатҳои ин китоб ба мо ёрдам мекунанд, ки душвориҳои зиндагиро ҳал кунем. Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Худо хосташро иҷро карда заминро обод мекунад. Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас тӯҳфаи беҳтарин аст!

3. Дар вақти омӯзиши Китоби Муқаддас мо чиро мефаҳмем?

3 Дар вақти омӯзиши Китоби Муқаддас шумо мефаҳмед, ки Худо мехоҳад дӯсти Ӯ бошед. Чи қадаре ки шумо дар бораи Ӯ зиёдтар фаҳмед, ҳамон қадар ба Ӯ наздик мешавед.

4. Китоби Муқаддас чӣ қадар паҳн шудааст?

4 Китоби Муқаддас қариб ба 2800 забон тарҷума шудааст. Дар тамоми ҷаҳон якчанд миллиард Китоби Муқаддас чоп шудааст ва қариб 90 фоизи ҳамаи одамон ин китобро ба забони модарии худ хонда метавонад. Ҳар ҳафта зиёда аз як миллион одам соҳиби Китоби Муқаддас мешавад. Дар ҳақиқат, ягон китоб ба Китоби Муқаддас баробар шуда наметавонад!

5. Барои чӣ мо бовар карда метавонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худост?

5 Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳист», яъне дар он гапҳои Худо навишта шудаанд. (2 Тимотиюс 3:16-ро хонед.) Лекин баъзеҳо чунин савол медиҳанд: «Китоби Муқаддасро одамон навиштаанд. Пас, оё онро китоби Худо номидан мумкин аст?» Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: «Инсонҳо таҳти ҳидояти рӯҳулқудс аз ҷониби Худо сухан гуфтанд» (2 Петрус 1:21, ТҶФ). Як мисолро мебинем. Раис ба ёрдамчиаш мегӯяд, ки аз номи вай нома нависад. Ёрдамчӣ дар нома фикрҳои худро неву фикрҳои раисро менависад. Ба ҳамин монанд одамоне, ки Китоби Муқаддасро навиштанд, онро аз каллаи худ не, балки бо ҳидояту роҳнамоии Худо навиштанд. Дар ин китоб суханони Худо навишта шудаанд. Китоби Муқаддас, дар ҳақиқат, «каломи Худо» мебошад (1 Таслӯникиён 2:13; нигаред ба Мавзӯи 2).

[Тасвир дар саҳифаи 20]Нусхаҳои «Тарҷумаи дунёи нави Навиштаҳои Муқаддас» бо забонҳои гуногун

«Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забонҳои бисёр хондан мумкин аст

КИТОБИ АНИҚ ВА БОВАРИНОК

6, 7. Дар бораи чӣ тавр навишта шудани Китоби Муқаддас чӣ гуфтан мумкин аст?

6 Китоби Муқаддасро дар муддати 1600 сол навиштаанд. Нависандагони он дар замонҳои гуногун зиндагӣ кардаанд. Баъзеашон одамони босавод буданд, масалан яке аз онҳо духтур буд. Дигарон деҳқон, моҳигир, чӯпон буданд. Дар байни онҳо пайғамбарон, доварон (судяҳо) ва ҳатто подшоҳон буданд. Ҳарчанд Китоби Муқаддасро одамони бисёр навиштаанд, вақте онро мехонӣ, мебинӣ, ки аз аввал то охираш як мавзӯи асосӣ дорад. Ин хел нест, ки дар як қисми Китоби Муқаддас як гап гуфта шуда бошаду дар қисми дигараш баръакси ҳамон гапa.

7 Дар аввали Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки бадбахтиҳои одамон чӣ хел сар шуданд. Дар охири он гуфта мешавад, ки чӣ тавр Худо ин душвориҳоро ҳал мекунад ва заминро биҳишт мекунад. Дар Китоби Муқаддас таърихи ҳазорсолаи одамизод навишта шудааст. Аз он фаҳмидан мумкин аст, ки Худо доимо нияташро иҷро мекунад.

8. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба илм рост меояд.

8 Китоби Муқаддас китоби илмӣ ё дарсӣ нест, лекин гуфтаҳои он ба илм рост меояд. Китоби Худо бояд ҳамин хел бошад. Масалан, дар яке аз китобҳои Китоби Муқаддас, ки Ибодат ном дорад, дастуротҳое дода шуда буданд, ки паҳншавии касалиҳоро пешгирӣ мекарданд. Ин суханон чандин ҳазор сол пеш навишта шудаанд. Он вақт ягон кас дар бораи микробу вирусҳо хабар надошт. Ҳамчунин дар замонҳои қадим одамон фикр мекарданд, ки заминро чизе бардошта меистад. Лекин дар Китоби Муқаддас навишта шуда буд, ки замин бар ягон чиз овехта нашудааст (Айюб 26:7). Ҳарчанд бисёри одамон он вақт гумон мекарданд, ки замин ҳамвор аст, дар Китоби Муқаддас гуфта шуда буд, ки он гирд аст (Ишаъё 40:22).

9. Ростгӯии нависандагони Китоби Муқаддас чиро нишон медиҳад?

9 Вақте Китоби Муқаддас дар бораи таърих гап мезанад, гуфтаҳои он сад фоиз ҳақанд. Лекин бисёр китобҳои таърих пурра рост нестанд, чунки нависандаҳои онҳо ҳама вақт гапи ростро намегуфтанд. Масалан, вақте халқи худашон дар ягон ҷанг бой медод, он таърихчиён инро наменавиштанд. Лекин нависандагони Китоби Муқаддас ҳама вақт гапи ростро менавиштанд, ҳатто вақте ки халқи худашон, яъне Исроил дар ягон ҷанг бой медод. Онҳо ҳатто дар бораи хатогиҳои худашон менавиштанд. Масалан, Мусо дар китоби Ададҳо менависад, ки ӯ хатои сахте кард ва Худо ӯро барои хатояш ҷазо дод (Ададҳо 20:2–12). Ростгӯии нависандагони Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки он аз тарафи Худост. Мо метавонем ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас боварии пурра дошта бошем.

КИТОБИ ПАНДУ НАСИҲАТ

10. Барои чӣ маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бароямон фоиданоканд?

10 Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ... фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16). Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар ҳақиқат фоида меоранд. Барои чӣ? Чунки дар он гапҳои Худо навишта шудаанд. Ӯ моро офаридааст ва фикру ҳиссиёти моро хуб мефаҳмад. Яҳува моро аз худамон беҳтар медонад ва мехоҳад, ки мо хушбахт бошем. Ӯ медонад, ки чӣ ба мо фоида меораду чӣ зарар.

11, 12. а) Исо дар китоби Матто чӣ гуна маслиҳатҳо додааст? б) Аз Китоби Муқаддас мо боз чӣ мефаҳмем?

11 Дар бобҳои аз 5 то 7-и китоби Матто Исо маслиҳатҳои бисёре медиҳад. Ӯ дар бораи он гап мезанад, ки чӣ тавр хушбахт буда метавонем, чӣ хел бояд дуо гӯем, чӣ тавр бо дигарон соз гирем ва чӣ хел пулро дуруст истифода барем. Ҳамаи ин маслиҳатҳо 2000 сол пеш навишта шудаанд. Лекин онҳо имрӯз ҳам ба мо ёрдам карда метавонанд.

12 Дар Китоби Муқаддас Яҳува моро таълим медиҳад, ки шавҳар ё зани нағз бошем, коргари ҳалолкор бошем ва бо одамон муросо кунем. Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба мо дар ҳама душвориҳо кӯмак расонда метавонанд. Онҳо барои ҳама одамон фоиданоканд. (Ишаъё 48:17-ро хонед.)

ПЕШГӮИҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Марде ҳангоми хондани Китоби Муқаддас тасаввур карда истодааст, ки чӣ хел пешгӯии Ишаъё пайғамбар дар бораи забтшавии Бобил иҷро шуд

Пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Бобил забт карда мешавад

13. Ишаъё дар бораи Бобил чиро пешгӯӣ кард?

13 Бисёр пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аллакай иҷро шуданд. Масалан, пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки шаҳри қадими Бобил забт мешавад (Ишаъё 13:19). Ӯ ҳатто пешгӯӣ кард, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад. Шаҳрро дарвозаҳои мустаҳкам ва дарёе, ки гирдогирди шаҳр ҷорӣ буд, муҳофизат мекарданд. Лекин Ишаъё гуфт, ки дарё хушк мешаваду дарвозаҳои шаҳр кушода мемонанд. Ӯ пешгӯӣ кард, ки Бобил бе ҷанг забт карда мешавад. Ишаъё ҳатто номи шахсеро, ки Бобилро бояд забт мекард, пешгӯӣ кард. Номи он шахс Куруш буд! (Ишаъё 44:27–45:2-ро хонед; нигаред ба Мавзӯи 3.)

14, 15. Чӣ тавр пешгӯии Ишаъё иҷро шуд?

14 Аз навишта шудани ин пешгӯӣ дусад сол гузашт. Лашкари бузурге Бобилро гирд кард. Сарлашкари он кӣ буд? Куруш, подшоҳи Форс. Оё ҳама қисмҳои пешгӯӣ иҷро шуданд? Биёед инро мебинем.

15 Шабе, ки лашкарон ба Бобил ҳамла карданд, дар шаҳр зиёфати калон буд. Одамони шаҳр орому осуда ва хотирҷамъ буданд, чунки шаҳрро деворҳои бузург ва дарё муҳофизат мекарданд. Берун аз шаҳр Куруш ва лашкараш канал канда, оби дарёро ба дигар тараф равона мекунанд. Оби дарё паст мешаваду Куруш бо лашкараш аз он мегузарад. Лекин чӣ тавр онҳо ба шаҳр медароянд? Чи хеле ки дар пешгӯӣ гуфта мешавад, дарвозаҳои шаҳрро он рӯз кушода монда буданд! Куруш Бобилро бе ҷанг гирифт.

16. а) Ишаъё дар бораи Бобил боз чӣ пешгӯӣ кард? б) Чӣ исбот мекунад, ки пешгӯии Ишаъё иҷро шуд?

16 Ишаъё боз пешгӯӣ кард, ки баъди якчанд вақт дар Бобил дигар ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад. Ӯ дар бораи Бобил навишт: «Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад маскун нахоҳад гардид» (Ишаъё 13:20). Оё ин пешгӯӣ иҷро шуд? Ҳа. Имрӯз дар ҷойи пештараи Бобил (80 км аз Бағдод ба тарафи ҷануб) фақат харобазор асту халос ва дар он ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад. Яҳува ба воситаи Ишаъё гуфта буд: «Бо ҷорӯби ҳалокат [онро] хоҳам рӯфт» (Ишаъё 14:22, 23)b.

Харобазори Бобил

Харобазори Бобил

17. Барои чӣ мо ба ҳама ваъдаҳои Худо бовар дошта метавонем?

17 Бисёр пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аллакай иҷро шуданд. Барои ҳамин мо бовар дошта метавонем, ки дигар пешгӯиҳояш ҳам иҷро мешаванд. Чизе, ки Худо дар бораи оянда ваъда додааст, ҳатман иҷро мешавад. Яҳува заминро биҳишт мегардонад. (Ададҳо 23:19-ро хонед.) Худо ҳаёти ҷовидониро «аз азал ваъда кардааст» ва мо ба он боварии пурра дорем, чунки «Худо... наметавонад дурӯғ бигӯяд» (Титус 1:2)c.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ ШУМОРО ДИГАР КАРДА МЕТАВОНАД

18. Павлус дар бораи «каломи Худо» чӣ гуфт?

18 Мо фаҳмидем, ки Китоби Муқаддас аз дигар китобҳо фарқ мекунад. Як қисми он ба дигараш муқобил нест. Китоби Муқаддас аз ҷиҳати таърих ва илм дуруст аст. Ҳамчунин мо фаҳмидем, ки маслиҳатҳои ин китоб фоиданоканд ва бисёре аз пешгӯиҳои он аллакай иҷро шудаанд. Павлуси расул гуфт: «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст». Ин суханон чӣ маъно доранд? (Ибриён 4:12-ро хонед.)

19, 20. а) Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад, то худамонро шиносем? б) Чӣ тавр мо барои Китоби Муқаддас миннатдориамонро нишон дода метавонем?

19 Китоби Муқаддас ҳаёти шуморо дигаргун сохта метавонад. Он ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки дар асл чӣ гуна инсонем. Вақте Китоби Муқаддасро мехонем, мо худро гӯё дар оина мебинем. Масалан, шояд, мо мегӯем, ки Худоро дӯст медорем. Лекин чӣ тавр нишон диҳем, ки дар ҳақиқат Худоро дӯст медорем? Агар аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем.

20 Китоби Муқаддас дар ҳақиқат аз тарафи Худост. Ӯ мехоҳад, ки мо онро хонем, омӯзем ва дӯст дорем. Ин китобро чуқур омӯхта мо нишон медиҳем, ки барои ин тӯҳфаи беҳтарин аз Худо миннатдорем. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Худо дар оянда барои одамон чӣ кор мекунад. Дар ин бора аз боби оянда бисёртар мефаҳмем.

a Баъзеҳо мегӯянд, ки як ҷойи Китоби Муқаддас бо дигар ҷояш рост намеояд. Лекин ин гап рост нест. Нигаред ба боби 7-и китоби «Китоби Муқаддас. Каломи Худо ё инсон?» (рус.). Аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст.

b Агар шумо хоҳед дар бораи пешгӯиҳои Китоби Муқаддас бисёртар фаҳмед, нигаред ба китобчаи «Китоб барои ҳамаи халқҳо» (рус.), саҳ. 27–29.

c Нестшавии Бобил танҳо яке аз пешгӯиҳои зиёдест, ки иҷро шудаанд. Аз Мавзӯи 4 шумо метавонед бо пешгӯиҳо дар бораи Исои Масеҳ шинос шавед.

ФИКРҲОИ АСОСӢ

1. КИТОБИ МУҚАДДАС АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ

«Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист» (2 Тимотиюс 3:16).

Китоби Муқаддас аз дигар китобҳо чӣ фарқ дорад?

Китоби Муқаддас ба 2800 забон тарҷума шудааст ва то ҳозир миллиардҳо Китоби Муқаддас чоп шудааст.

Чизеро, ки дар он навишта шудааст, аз дигар ҷо ёфта намешавад.

  • 1 Таслӯникиён 2:13

    Дар Китоби Муқаддас гапҳои Худо навишта шудаанд.

  • 2 Петрус 1:21

    Худо фикрҳояшро дар дили одамон гузошт ва одамон онҳоро навиштанд.

2. ПЕШГӮИҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

«Худо... наметавонад дурӯғ бигӯяд» (Титус 1:2).

Барои чӣ шумо ба суханони Китоби Муқаддас бовар карда метавонед?

  • Ишаъё 44:27–45:2

    Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки Бобил забт мешавад. Чандсад сол пас пешгӯӣ иҷро шуд.

  • 2 Тимотиюс 3:1–5

    Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас имрӯз ҳам иҷро шуда истодаанд.

  • Ададҳо 23:19

    Мо метавонем ба он чизе, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда мегӯяд, бовар кунем.

3. КИТОБИ МУҚАДДАС БА ШУМО ЁРДАМ КАРДА МЕТАВОНАД

«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ» (Ишаъё 48:17).

Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фаҳмидед?

  • Айюб 26:7; Ишаъё 40:22

    Вақте Китоби Муқаддас дар бораи илм гап мезанад, чизе он мегӯяд сад фоиз дурусту аниқ аст.

  • Ададҳо 20:2–12

    Касоне, ки Китоби Муқаддасро менавиштанд, ҳама вақт гапи ростро менавиштанд.

  • Матто 5–7

    Исо маслиҳат дод, ки чӣ тавр мо хушбахт бошем, чӣ тавр бо дигарон соз гирем, чӣ хел дуо гӯем ва ба пул чӣ хел муносибат дошта бошем.

4. КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ ШУМОРО ДИГАР КАРДА МЕТАВОНАД

«Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст» (Ибриён 4:12).

Чӣ тавр Каломи Худо ба шумо ёрдам карда метавонад?

  • Аз он шумо нияти Худоро фаҳмида метавонед.

  • Шумо метавонед худро беҳтар шиносед.

  • Аз он шумо фаҳмида метавонед, ки Худо аз шумо чӣ талаб дорад.

Худо мехоҳад, ки шумо Китоби Муқаддасро хонед, онро омӯзед ва дӯст доред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан