ДАРСИ 1
Худо оиди оянда чӣ гуна хабарҳои нағз дорад?
1. Худо кадом хабарро ба мо гуфтанӣ аст?
Худо мехоҳад, ки одамон аз зиндагӣ дар рӯи замин лаззат баранд. Ӯ замин ва ҳамаи чизҳои дар он бударо офарид, чунки одамизодро дӯст медорад. Ба қарибӣ Ӯ коре мекунад, то ки ҳаёти одамон дар ҳама мамлакатҳо беҳтар шавад. Ӯ он чизҳоеро, ки ба инсоният азоб меоранд, нест мекунад. (Ирмиё 29:11-ро хонед).
Ягон ҳокимият ҳеҷ гоҳ зӯроварӣ, беморӣ ва маргро нест карда натавонист. Вале барои мо хабари нағзе ҳаст. Ба наздикӣ Худо ҳамаи ҳокимиятҳои одамиро бо ҳокимияти худ иваз хоҳад кард. Одамон зери он ҳокимият аз сулҳу осоиштагӣ ва саломатии хуб баҳравар мешаванд. (Ишаъё 25:8; 33:24 ва Дониёл 2:44-ро хонед).
2. Чаро донистани ин хабар муҳим аст?
Азобу уқубатҳо танҳо ҳамон вақт ба охир мерасанд, ки вақте Худо заминро аз одамони бад пок месозад (Сафанё 2:3). Ин кай рӯй медиҳад? Каломи Худо шароитеро, ки ҳоло вуҷудияти инсониятро зери хатар мегузорад, пешгӯӣ карда буд. Воқеаҳои ҳоло рӯйдодаистода нишон медиҳанд, ки Худо ба наздикӣ амал мекунад. (2 Тимотиюс 3:1–5-ро хонед).
3. Мо бояд чӣ кор кунем?
Мо бояд дар бораи Худо аз Каломаш — Китоби Муқаддас дониш гирем. Ин китоб ба мактубе монанд аст, ки падари меҳрубон ба фарзандонаш навиштааст. Дар он гуфта мешавад, ки чӣ тавр мо метавонем ҳоло ҳаёти худро беҳтар кунем ва дар оянда аз ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин баҳра барем. Баъзеҳо шояд розӣ нестанд, ки барои фаҳмидани Китоби Муқаддас касе ба шумо ёрӣ дода истодааст. Вале имконияти ояндаи хушбахтонаро, ки Худо ваъда медиҳад, аз даст надиҳед. (Масалҳо 29:25 ва Ваҳй 14:6, 7-ро хонед).