ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 10 саҳ. 13
  • Тағйири оҳанги овоз

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Тағйири оҳанги овоз
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Бо шавқу завқ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Бо боварӣ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Услуби гуфтугӯйӣ
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Ба дили кас роҳ ёбед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 10 саҳ. 13

ДАРСИ 10

Тағйири оҳанги овоз

Ояти овардашуда

Аъмол 16:28

МАҚСАДИ ДАРС: Баландии овоз ва оҳангу суръати гапзаниатонро тағйир дода, фикрҳоро равшан созед ва ба дили шунавандагон таъсир расонед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Баландии овозатонро тағйир диҳед. Вақте ки ягон фикри муҳимро қайд карданиед ё мехоҳед шунавандагонро ба чизе барангезед, овозатонро баландтар кунед. Ҳукму довариҳоро низ бо овози баланд хонед. Лекин, вақте мехоҳед, ки тарсу ошуфтагиро нишон диҳед ё дили шунавандагонро ба шунидани ягон фикр тайёр кунед, овозатонро пасттар намоед.

    Маслиҳат

    Овозатонро тез-тез баланд накунед, то шунавандагон фикр накунанд, ки шумо онҳоро сарзаниш карда истодаед. Ҳангоми баланд ё паст кардани овозатон кӯшиш кунед, ки он сохта набошад ва диққати дигарон аз ҳад зиёд ба шумо равона нагардад.

  • Оҳанги овозатонро тағйир диҳед. Бо оҳанги овозатон шодиву хурсандӣ ё ғамгинию хавотириро нишон диҳед. Ҳамчунин барои нишон додани масофа ё ҳаҷми чизе баъзе садонокҳои калимаро кашида талаффуз кардан мумкин аст.

  • Суръати гапзаниатонро тағйир диҳед. Барои нишон додани хурсандӣ ва ҳаяҷон тезтар гап занед. Лекин, вақте ки ягон фикри муҳимро қайд кардан мехоҳед, оҳистатар гап занед.

    Маслиҳат

    Суръати гапзаниатонро яку якбора дигар накунед, то ки ба шунаванда аҷиб натобад. Аз ҳад тез гап назанед, то шахс гапҳоятонро фаҳмад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан