ДАРСИ 9
Истифодаи асбобҳои аёнӣ
Ҳастӣ 15:5
МАҚСАДИ ДАРС: Барои равшантар кардани фикрҳои асосӣ аз асбобҳои аёнӣ истифода баред.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Асбобҳои аёниро истифода бурда таълиматонро беҳтар гардонед. Расм, нақша, ҷадвал, харита ва дигар асбобҳои аёниро истифода бурда танҳо фикрҳои муҳимро қайд кунед. Ба шунавандагонатон кӯмак кунед, ки на фақат асбоби аёнӣ, балки мақсади овардани онро дар ёд гиранд.
Боварӣ ҳосил кунед, ки асбоби аёнӣ ба шунавандагонатон намоён аст.