ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwbr23 сентябр саҳ. 1-12
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • 4–10 СЕНТЯБР
  • 11–17 СЕНТЯБР
  • 18–24 СЕНТЯБР
  • 25 СЕНТЯБР — 1 ОКТЯБР
  • 2–8 ОКТЯБР
  • 9–15 ОКТЯБР
  • 16–22 ОКТЯБР
  • 23–29 ОКТЯБР
  • 30 ОКТЯБР — 5 НОЯБР
Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2023
mwbr23 сентябр саҳ. 1-12

Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

© 2023 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania

4–10 СЕНТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЭСТЕР 1, 2

«Мисли Эстер хоксор бошед»

w17.01 саҳ. 25, сарх. 11

Нигоҳ накарда ба душвориҳо шумо хоксор монда метавонед

11 Таърифу хушомад низ хоксории моро озмуда метавонад. Биёед мисоли Эстерро дида мебароем, ки чӣ тавр баъд аз малика шудан худашро гум накард. Ӯ беҳад хушрӯ буд ва дар давоми як сол барои боз ҳам зеботар шудан муолиҷаи махсусро гузашт. Ӯ ҳар рӯз бо духтароне сӯҳбат мекард, ки аз тамоми қаламрави империяи Форс буданд ва барои малика шудан рақобат мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда вай хислатҳои хубашро гум накард. Эстер ҳатто баъд аз малика шуданаш аз худ нарафт ва ҳавобаланд нашуд (Эст. 2:9, 12, 15, 17).

ia саҳ. 130, сарх. 15

Ӯ тарафи халқи Худоро гирифт

15 Вақте навбати он расид, ки Эстер назди подшоҳ ҳозир шавад, ба ӯ иҷозат доданд, ки барои боз ҳам хушрӯтару дилкаш шудан, ҳар чизи дилхоҳашро дархост кунад. Аммо Эстер хоксорӣ нишон дода ғайр аз он чизе ки Ҳеҷой ба вай маслиҳат дода буд, дигар ҳеҷ чиз барои худ дархост накард (Эстер 2:15). Эҳтимол ӯ мефаҳмид, ки шоҳро бо як хушрӯгӣ дар ҳайрат гузоштан душвор аст, вале хоксориву фурӯтанӣ, ки дар дарбор хеле кам дида мешуд, ба дили подшоҳ бештар таъсир карда метавонист. Оё ин фикри Эстер дуруст буд?

w17.01 саҳ. 25, сарх. 12

Нигоҳ накарда ба душвориҳо шумо хоксор монда метавонед

12 Агар мо хоксор бошем ба тарзи либоспӯшӣ, ороиш ва рафторамон аҳамият медиҳем, то ки ба Худо писанд оем. Ба ҷои худтаърифкунӣ ва диққати одамонро ба худ ҷалб кардан мо кӯшиш мекунем, ки «рӯҳи ҳалиму сокит»-ро зоҳир намоем (1 Петрус 3:3, 4-ро хонед; Ирм. 9:23, 24). Агар шӯҳратпарастӣ дар диламон бошад, он охиру оқибат дар рафтору гуфторамон аён мегардад. Масалан, шояд мо гӯем, ки аз таъйиноти махсус ҳаловат мебарем, ба мо маълумоти махфӣ дастрас аст ва ё бо бародарони масъул дӯстӣ дорем. Ё ягон корро мо бо дигарон карда бошем ҳам, фахр намуда мегӯем, ки мо ин корро худамон кардем. Биёед намунаи Исоро ба ёд орем. Чизҳое ки ӯ мегуфт нисфи зиёдаш аз Навиштаҳои Ибронӣ буд. Исо аз хоксорӣ тавре гап мезад, то дигарон фаҳманд, ки суханонаш аз Яҳува аст, на аз хираду ақли ӯ (Юҳ. 8:28).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w22.11 саҳ. 31, сарх. 3–6

Оё шумо медонед?

Тадқиқотчиён матни хати мехии форсиеро ёфтанд, ки дар он марде бо номи «Мардука» (ба тоҷикӣ Мордахай) зикр ёфтааст. Аз афташ ӯ дар Шушан ба сифати хазинадор кор мекард. Шарқшинос Артур Унгнад навиштааст, ки он вақт ин матни хати мехӣ «ягона сарчашмае берун аз Китоби Муқаддас буд, ки номи Мордахай» дар он омадааст.

Аз гуфтаҳои Унгнад инҷониб олимон ҳазорҳо хатҳои мехии форсиро тарҷума кардаанд. Лавҳаҳои Тахти Ҷамшед, ки аз харобаҳои хазинаи назди деворҳои шаҳр ёфт шуданд, аз қабили онҳо мебошанд. Ин лавҳаҳо ба замони ҳукмронии Хашиёршои якум тааллуқ доранд. Онҳо ба забони эламӣ навишта шуда якчанд номеро дар бар мегиранд, ки дар китоби Эстер вохӯрдан мумкин аст.

Дар якчанд лавҳаи Тахти Ҷамшед навишта шудааст, ки «Мардука» дар Шушан, дар дарбор, чун котиби шоҳ Хашиёршои якум хизмат мекард. Инчунин дар яке аз лавҳаҳо зикр ёфтааст, ки «Мардука» тарҷумон буд. Ин маълумот бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи Мордахай мувофиқ аст, зеро ӯ низ чун мансабдоре тасвир шудааст, ки дар додгоҳи шоҳ Ахашверош (Хашиёршои якум) хизмат мекард ва камаш ба ду забон гап мезад. Мордахай пайваста дар назди дарвозаҳои шаҳр, дар Шушан, менишаст (Эст. 2:19, 21; 3:3). Ин дарвозаҳои қаср чун бинои боҳашамате буданд, ки дар он ҷо мансабдорони дарбор кор мекарданд.

Мувофиқат байни «Мардука», ки дар лавҳаҳо омадааст ва Мордахайи Китоби Муқаддас воқеан ҳам ҳайратовар мебошад. Онҳо дар як замон ва дар як ҷо зиндагӣ мекарданд, кору фаъолияташон низ мувофиқ буда дар ҳамон як ҷо будааст. Барои ҳамин дар асоси ҳамаи бозёфтҳо гуфтан мумкин аст, ки «Мардука» ва Мордахай ҳамон як шахсияте мебошанд, ки дар борааш дар китоби Эстер гуфта шудааст.

11–17 СЕНТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЭСТЕР 3–5

«Ба дигарон барои ривоҷ додани қобилиятҳояшон кумак кунед»

it «Мордахай»

Ба Ҳомон таъзим накард. Баъди ин рӯйдод, шоҳ Ахашверуш, Ҳомони аҷаҷиро амалдори олимақоми давлат гардонд ва ба ҳама хизматгороне, ки дар назди дарвозаи қасри подшоҳ буданд, амр дод, ки зону зада ба Ҳомон таъзим кунанд. Лекин Мордахай ҳеҷ гоҳ ин корро намекард ва мегуфт, ки ӯ яҳудӣ аст (Эс 3:1–4). Аз ин суханони Мордахай маълум мегардад, ки ин ҷо гап дар бораи муносибати ӯ бо Яҳува мерафт, бо Худое, ки ӯ ҳаёташро ҳамчун яҳудӣ аз таваллуд бахшида буд. Мордахай мефаҳмид, ки ба Ҳомон таъзим кардан ин на танҳо иззату ҳурмат кардани одами баландмартаба мебошад. Дар Исроил чун нишонаи эътирофи мақом ба ҳоким таъзим мекарданд (2Пш 14:4; 18:28; 3Пш 1:16). Мордахай сабаби муҳим дошт, ки ба Ҳомон таъзим накунад. Ҳомон эҳтимол амолеқӣ буд ва Яҳува аниқу равшан гуфта буд, ки «аз насл ба насл бо Амолеқ хоҳад ҷангид» (2Мс 17:16; ба «АМАН» нигаред). Мордахай на аз сабаби масъалаҳои сиёсӣ, балки аз сабаби ба Худо вафодор буданаш ба Ҳомон таъзим накард.

it «Мордахай»

Ба озодии исроилиён мусоидат мекунад. Вақте дар бораи несту нобуд кардани яҳудиён фармон баромад, Мордахай дилпур шуд, ки Эстер чунин мақому мартабаро беҳуда соҳиб нагашт. Ӯ бояд халқи Исроилро наҷот медод. Мордахай ба Эстер фаҳмонд, ки бар дӯши ӯ ӯҳдадории муҳим гузошта шудааст ва гуфт, ки шоҳро илтиҷо намояд, то онҳоро наҷот диҳад. Эстер розӣ шуд, ки назди подшоҳ ҳозир шавад, ҳарчанд барои ин кораш аз ҳаёт маҳрум шуда метавонист (Эс 4:7–5:2).

ia саҳ. 133, сарх. 22, 23

Ӯ тарафи халқи Худоро гирифт

22 Вақте ба Эстер дархости Мордахайро расонданд, шояд дили ӯро тарс фаро гирифт. Ин озмоиши бузурги имони ӯ буд. Эстер метарсид ва дар ин бора ба Мордахай ошкоро гуфт. Ӯ ба Мордахай қонуни подшоҳро хотирасон намуда гуфт, ки агар касе бе даъвати шоҳ ба саҳни дарунии хонаи ӯ дарояд, ҳатман кушта мешавад. Он шахс фақат ба шарте зинда мемонад, ки шоҳ чӯбдасти тиллоро сӯйи ӯ дароз кунад. Ҳама медонистанд, ки вақте маликаи Вашти ба амри шоҳ гуш надод, бо вай чӣ шуд. Бо назардошти ин, оё Эстер ягон сабаб дошт, то интизор шавад, ки шоҳ чӯбдасташро сӯйи ӯ дароз мекунад? Эстер ба Мордахай гуфт, ки аллакай 30 рӯз мешавад, ки пеши подшоҳ даъват нашудааст! Аз ин рӯ, вай фикр мекард, ки илтифоти подшоҳи ҳардамхаёлро аз даст додааст (Эст. 4:9–11).

23 Ҷавоби қатъии Мордахай имони Эстерро қавӣ гардонд. Ӯ ба Эстер гуфт, ки агар амал накунад, пас наҷоти яҳудиён аз дигар ҷо меояд. Лекин вақте озору зиддият авҷ мегирад, магар Эстер дилпур буда метавонад, ки наҷот меёбад? Аз ин суханон маълум аст, ки Мордахай ба Яҳува имони қавӣ дошт ва дилпур буд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки халқаш аз руйи замин несту нобуд гардад ва ваъдаҳояш иҷро нашуда монанд (Юшаъ 23:14). Мордахай ба Эстер гуфт: «Кӣ медонад, шояд, маҳз барои чунин рӯз ту ба ин мақому мартаба расидаӣ?» (Эст. 4:12–14). Дар ҳақиқат Мордахай барои мо мисоли ибрат аст. Ӯ аз таҳти дил ба Худояш, Яҳува, такя мекард. Оё дар бораи мо чунин гуфтан мумкин аст? (Пнм. 3:5, 6).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

kr саҳ. 160, сарх. 14

Мубориза барои озодона ибодат намудан

14 Мисли Эстер ва Мордахай, имрӯз низ халқи Яҳува мубориза мебарад, ки Худоро озодона ва мувофиқи амри ӯ ибодат намояд (Эст. 4:13–16). Оё шумо дар ин мубориза иштирок карда метавонед? Бале. Масалан, шумо метавонед мунтазам дар ҳаққи ҳамимононе, ки аз қарори беадолатонаи суд азоб мекашанд, дуо гӯед. Зеро чунин дуоҳо барои бародару хоҳароне, ки бо озору зиддият рӯ ба рӯ мешаванд, кумаки бузург аст. (Яъқуб 5:16-ро хонед.) Оё Яҳува ба чунин дуоҳо ҷавоб медиҳад? Ғолибияти мо дар судҳо нишон медиҳанд, ки албатта ҷавоб медиҳад! (Ибр. 13:18, 19).

18–24 СЕНТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЭСТЕР 6–8

«Намуна дар муоширати хуб бо дигарон»

ia саҳ. 140, сарх. 15, 16

Ӯ бохирадона, далерона ва фидокорона амал намуд

15 Ба туфайли он ки Эстер пурсабрӣ зоҳир намуда пеш аз он ки дархосташро ба подшоҳ гӯяд, боз як рӯзи дигар интизор шуд, воқеаҳое рӯй доданд, ки ба нобудшавии Ҳомон мусоидат намуданд. Шояд Яҳува Худо ҳамин хел кард, ки шоҳ хобаш набурд (Пнм. 21:1). Ҳайратовар нест, ки чаро Каломи Худо моро даъват мекунад, ки «бо сабру тоқат. . . интизор» шавем. (Мико 7:7-ро хонед.) Агар мо Худоро интизор шавем, мо мебинем, ки чӣ хел ӯ душвориҳои моро аз худамон дида беҳтар ҳал мекунад.

Ӯ далерона сухан ронд

16 Эстер қарор кард, ки дигар пурсабрии подшоҳро намесанҷад ва дар бораи ҳама чиз дар рӯзи дуюми базм нақл мекунад. Лекин чӣ тавр ин корро кунад? Вақте подшоҳ бори дигар аз ӯ пурсид, ки чӣ дархост дорад, барои гап задан имконияти нағз пайдо шуд (Эст. 7:2). Он гоҳ барои Эстер «вақте барои гап задан» расид.

ia саҳ. 140, сарх. 17

Ӯ бохирадона, далерона ва фидокорона амал намуд

17 Шояд малика Эстер кӯтоҳ дар дилаш ба Худо дуо гуфта кумак пурсид ва дар ҷавоб ба шоҳ гуфт: «Агар дар назари шоҳ писанд афтода бошаму агар ин ба шоҳ хуш ояд, илтиҷо мекунам, ки шоҳам ҷони ман ва ҷони халқамро наҷот диҳад» (Эст. 7:3). Аҳамият диҳед, Эстер шоҳро бовар бахшид, ки қарор ва хоҳиши ӯро ҳурмат мекунад. Дар ҳақиқат, Эстер аз Вашти, ки зани пешинаи шоҳ буду қасдан шавҳарашро дар пеши ҳама паст зад, хеле фарқ мекард (Эст. 1:10–12). Эстер шоҳро барои ба Ҳомон кӯр-кӯрона бовар карданаш танқид накард. Баръакс, ӯ подшоҳро зора зад, ки ҷони ӯ ва халқашро наҷот диҳад.

ia саҳ. 141, сарх. 18, 19

Ӯ бохирадона, далерона ва фидокорона амал намуд

18 Ин дархост бешубҳа шоҳро дар ҳайрат монд. Кӣ ҷуръат намуд, ки ба ҷони маликаи ӯ таҳдид кунад? Эстер суханонашро давом дода гуфт: «Ману халқи ман фурӯхта шудаем, то ки несту нобуд гардем. Агар моро фурӯхта ғулому каниз мегардонданд, ман хомӯш мемондам, аммо ин бадбахтие, ки бар сари мо меояд, бар фоидаи шоҳам нест, балки бар зарари ӯст» (Эст. 7:4). Диққат диҳед, Эстер дар бораи душворӣ ошкоро гуфт ва илова кард, ки агар ӯ ва халқашро ба ғуломӣ мефурӯхтанд, ӯ хомӯш мемонд. Лекин азбаски пурра несту нобуд кардани халқ ба худи шоҳ зарари калон мерасонд, ӯ хомӯш монда наметавонист.

19 Мисоли Эстер нишон медиҳад, ки чӣ хел одамонро ба чизе бовар кунондан мумкин аст. Агар ба шумо лозим ояд, ки дар бораи ягон душвории ҷиддӣ ба шахси наздик ё ба ҳукуматдоре нақл кунед, пас дар ин вақт ба шумо пурсабрӣ, ҳурмату эҳтиром ва ошкоро сухан рондан ёрӣ медиҳанд (Пнм. 16:21, 23).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w06 1.3 саҳ. 11, сарх. 1

Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Эстер

7:4 — Чӣ тавр несту нобуд кардани яҳудиён ба шоҳ зарар расонида метавонист? Бо суханони «агар моро фурӯхта ғулому каниз мегардонданд» Эстер боодобона нишон дод, ки несту нобуд кардани яҳудиён ба подшоҳ чӣ гуна зарар оварда метавонад. Агар Ҳомон яҳудиёнро ба ғуломӣ мефурӯхт, ин ба хазинаи подшоҳ фоидаи бештар меовард, назар ба 10 000 талант нуқрае, ки Ҳомон ваъда дода буд. Ғайр аз ин, агар Ҳомон ба мақсади худ мерасид, он гоҳ подшоҳ малика Эстерро низ аз даст медод.

25 СЕНТЯБР — 1 ОКТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЭСТЕР 9, 10

«Ӯ аз мақомаш истифода бурда ба дигарон ёрӣ расонд»

it «Мордахай»

Мордахай ҷойи Ҳомонро гирифт ва ангуштарини муҳрдори подшоҳ, ки ҳуҷҷатҳои давлатӣ бо он тасдиқ карда мешуд, ба ӯ дода шуд. Шоҳ Ахашверуш хонаи Ҳомонро ба дасти Эстер супурд ва ӯ Мордахайро бар тамоми дороии Ҳомон таъйин намуд. Бо иҷозати шоҳ Мордахай фармон баровард, ки мувофиқи он яҳудиён метавонистанд, худро ҳимоя кунанд. Он вақт барои яҳудиён замони осоиштагӣ ва шодиву хурсандӣ буд. Бисёр сокинони империяи Форс имони яҳудиёнро қабул карданд ва вақте 13-уми озор, рӯзи несту нобуд кардани яҳудиён расид, онҳо аллакай тайёр буданд. Ҳокимон ва мирони вилоятҳо аз тарси Мордахай, ки акнун амалдори олимақом буд, тарафи яҳудиёнро гирифтанд. Дар Шушан фармони Мордахай боз як рӯзи дигар амал кард. Дар тамоми империяи Форс яҳудиён зиёда аз 75 000 душманон, аз ҷумла даҳ писари Ҳомонро нобуд сохтанд (Эс 8:1–9:18). Бо дастгирии Эстер Мордахай фармон баровард, ки яҳудиён, ҳар сол рӯзи 14-ум ва 15-уми моҳи озор, «рӯзи Пурим»-ро ҷашн гиранд ва дар ин рӯз базму шодӣ кунанд, ба якдигар хӯрок ва ба камбағалон туҳфаҳо фиристанд. Яҳудиён инро қабул намуда насли худ ва ҳамаи касонеро, ки ба онҳо ҳамроҳ мешуданд, уҳдадор карданд, ки ин ду рӯзро ҷашн гиранд. Мордахай баъд аз шоҳ Ахашверуш шахси дуюм буд ва ҳамаи бародаронаш ӯро иззату ҳурмат мекарданд. Ӯ ғами некуаҳволии тамоми халқашро мехӯрд (Эс 9:19–22, 27–32; 10:2, 3).

it «Пурим»

Мақсад. Баъзе олимони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки Иди Пуриме, ки имрӯз яҳудиён ҷашн мегиранд, бисёртар иди ғайридинӣ аст, на динӣ, ва баъзан ҷашни он бо исрофкорӣ алоқаманд аст, ки дар вақти ҷорӣ кардани ин ид чунин набуд. Мордахай ва Эстер хизматгорони Худои ҳақиқӣ, Яҳува, буданд ва Иди Пурим бо мақсади ҷалол додани номи Худо ҷорӣ шуда буд. Гуфтан мумкин аст, ки яҳудиён ба шарофати Худо озод шуданд, чунки аз сабаби вафодории Мордахай ба Яҳува, онҳо зери хатар қарор доштанд. Ҳомон эҳтимол амолеқӣ буд, яъне намояндаи халқе, ки Яҳува лаънат хонда ба нестшавӣ маҳкум карда буд. Мордахай ин қарори Яҳуваро ҳурмат мекард ва ба Ҳомон таъзим кардан намехост (Эс 3:2, 5; 2Мс 17:14–16). Илова бар ин, аз рӯйи суханоне, ки Мордахай ба Эстер гуфт (Эс 4:14), маълум мегардад, ки ӯ ба наҷоти яҳудиён умед баста кумакро аз боло интизор мешуд. Эстер бошад, пеш аз он ки назди подшоҳ ҳозир шуда ӯро ба базм таклиф намояд, рӯза гирифта нишон дод, ки аз Худо кумак меҷӯяд (Эс 4:16).

cl саҳ. 101, 102, сарх. 12, 13

Дар зоҳир кардани қувват «ба Худо пайравӣ кунед»

12 Яҳува пиронро вазифадор кардааст, ки дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда гиранд (Ибриён 13:17). Ин мардони баркамол бояд ҳокимиятеро, ки Худо ба онҳо додааст, барои дастгирӣ кардан ва дар бораи беҳбудии тамоми ҷамоат ғамхорӣ намудан истифода баранд. Оё ин мавқеъ ба пирон ҳуқуқ медиҳад, ки бар ҳамимонон ҳукмфармоӣ кунанд? Албатта не! Пирон бояд хоксор буда нисбати таъйиноти худ дар ҷамоат назари дуруст дошта бошанд (1 Петрус 5:2, 3). Дар Китоби Муқаддас ба пирон чунин амр дода шудааст: «Ҷамоати Худоро, ки бо хуни Писари ӯ харида шудааст, чӯпонӣ кунед» (Корнома 20:28). Ин барои ба ҳар як узви ҷамоат бо меҳрубонӣ муносибат намудан, сабаби муҳим аст.

13 Фарз мекунем, дӯстатон аз шумо хоҳиш кард, ки дар бораи як чизи барояш азиз ғамхорӣ намоед. Шумо медонед, ки ӯ барои ин чиз нархи хеле баландро додааст. Магар шумо ин чизро сахт эҳтиёт намекунед? Ба ин монанд, Яҳува ба пирон вазифаи муҳимро бовар карда гуфт, ки дар бораи чизе, ки дар назари ӯ гаронбаҳост, яъне дар бораи ҷамоат ғамхорӣ кунанд, ки ҳар як узви он бо баррача муқоиса шудааст (Юҳанно 21:16, 17). Яҳува баррачаҳои худро чунон дӯст медорад, ки онҳоро бо хуни бебаҳои Писари ягоназодаш, Исои Масеҳ харида гирифт. Ин нархи аз ҳама баландтарине буд, ки Яҳува баҳри онҳо дод. Пирони хоксор инро аз хотир намебароранд ва бо рамаи Яҳува ба таври дуруст муносибат мекунанд.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w06 1.3 саҳ. 11, сарх. 4

Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Эстер

9:10, 15, 16 — Чаро яҳудиён нигоҳ накарда ба иҷозати шоҳ «ба чизу чораи ҳеҷ кас даст нарасонданд»? Ин аниқу равшан нишон медод, ки мақсади онҳо тамаъ неву ҳимоя кардани худашон буд.

2–8 ОКТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 1–3

«Оё ҳаёти шумо нишон медиҳад, то чӣ андоза Яҳуваро дӯст медоред?»

w18.02 саҳ. 6, сарх. 16, 17

Ба имон ва итоаткории Нӯҳ, Дониёл ва Айюб пайравӣ кунед

16 Мушкилиҳое, ки Айюб бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. Биёед ду давраи ҳаёти Айюбро, ки аз ҳамдигар сахт фарқ мекунанд, муқоиса кунем. То озмоиш Айюб «аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд» (Айюб 1:3). Ӯ одами солиму бардам, ба ҳама машҳур ва обрӯманд буд (Айюб 29:7–16). Ин чизҳо метавонистанд барои ӯ васваса гарданд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Айюб ҳавобаланд нашуд ва фикр намекард, ки бе Худо ҳам зиндагӣ карда метавонад. Барои ҳамин Яҳува ӯро «бандаи ман» номида гуфт, ки ӯ «марди беайб ва росткор ва худотарсе[ст], ки аз бадӣ дур мешавад» (Айюб 1:8).

17 Яку якбора ҳаёти Айюб ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Ӯ тамоми чизу чораашро аз даст дод ва ба ҳолати хеле ғамангез гирифтор шуд. Ба мо маълум аст, ки Шайтон ба сари Айюб ин мусибатҳоро овард. Вай Айюбро бардурӯғ айбдор карда гуфт, ки ӯ Худоро фақат бо мақсади ба даст овардани ягон чиз ибодат мекунад. (Айюб 1:9, 10-ро хонед.) Яҳува ба ин тӯҳмати Шайтон беаҳамиятӣ накард. Худо ба Айюб имконият дод, то исбот кунад, ки ба Ӯ бо ниятҳои пок ва беғараз хизмат мекунад.

w19.02 саҳ. 5, сарх. 10

Беайб монед!

10 Оё саволе, ки Шайтон дар бораи Айюб бардошт, ба мо низ дахл дорад? Бале, Шайтон беайбии ҳар яки моро зери шубҳа мегузорад. Вай даъво мекунад, ки мо Яҳуваро дар асл дӯст намедорем; агар ҳаётамон зери хатар бошад, мо ба Яҳува хизмат карданро бас мекунем ва беайбиамон рӯякӣ аст (Айюб 2:4, 5; Ваҳй 12:10). Аз ин шумо чӣ ҳис мекунед? Ин хеле аламовар аст, ҳамин тавр-не? Лекин Яҳува аз шумо чунон дилпур аст, ки имконияти беҳамтоеро пешкаш мекунад. Яҳува мегузорад, ки Шайтон беайбии шуморо озмояд. Худо боварӣ дорад, ки шумо беайбиатонро то охир нигоҳ дошта, дурӯғ будани даъвои Шайтонро исбот мекунед. Ва Яҳува ваъда медиҳад, ки шуморо дастгирӣ мекунад (Ибр. 13:6). Он ки Яҳува, Ҳокими олам, ба мо чунин боварӣ дорад, шарафи бузург аст! Оё акнун шумо мефаҳмед, ки беайб мондан чаро ин қадар муҳим будааст? Ин ба мо имконият медиҳад, ки дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот кунем ва номи неки Падарамонро болобардор карда, ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунем. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки беайбиро нигоҳ дорем?

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w21.04 саҳ. 11, сарх. 9

Аз суханони охирини Исо мо чӣ дарс мегирем?

9 Исо чӣ гуфт? Чанде пеш аз ҷон доданаш Исо фарёд зада гуфт: «Худои ман, Худои ман, барои чӣ маро тарк кардӣ?» (Мат. 27:46). Китоби Муқаддас намефаҳмонад, ки чаро Исо чунин гуфт. Лекин биёед фаҳмем, ки мо аз он суханон чӣ омӯхта метавонем. Яке аз чизҳое, ки мефаҳмем, ин аст, ки Исо бо гуфтани он суханон пешгӯйии Забур 21:2-ро иҷро кард. Ҳамчунин ин суханон равшан нишон медиҳанд, ки Яҳува дар он вақт аз гирди Писараш «ҳисор»-и Худро гирифт, яъне Исоро танҳо ба танҳо бо озмоиш монд (Айюб 1:10). Исо мефаҳмид, ки Падараш ба тамом ӯро ба дасти душманонаш додааст, то имони ӯ пурра озмуда шавад. Ҳеҷ як инсон то ин дараҷа мисли Исо озмуда нашуда буд. Боз ин суханон аз он гувоҳӣ медоданд, ки ӯ ягон гуноҳи сазовори марг содир накарда буд.

9–15 ОКТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 4, 5

«Аз маълумоти нодуруст эҳтиёт шавед»

it «Алифоз»

2. Яке аз се рафиқи Айюб (Аб 2:11). Азбаски ӯ темонӣ буд, эҳтимол нахустзодаи Эсов ҳисоб меёфт. Ин маънои онро дорад, ки ӯ аз авлоди Иброҳим буду хеши дури Айюб ҳисоб мешуд. Ӯ ва наслаш аз хирадманд буданашон фахр мекарданд (Ир 49:7). Ба гумон меравад, ки дар байни се «тасаллидиҳандагон»-и Айюб Алифоз обрӯю эътибори баландтарро ишғол мекард, яъне вай аз афташ аз дигарон дида калонтар буд. Дар ҳар се қисми суҳбат бо Айюб Алифоз якум шуда сухан мегуфт ва суханонаш аз ҳама дароз буданд.

w05 15.9 саҳ. 26, сарх. 2

Бо фикрҳои нодуруст мубориза баред!

Дар бораи чизи ғайриодие, ки бо ӯ як бор рӯй дода буд, ба ёд оварда Алифоз гуфт: «Аз пеши рӯям рӯҳе гузашт, мӯйҳои баданам сих шуд. Ӯ рост истод, лекин ман шаклу шамоилашро нашинохтам, дар пеши назарам сурате буд. Хомӯшӣ ҳукмфармо шуд ва сипас овозеро шунидам» (Аб 4:15, 16). Кадом «рӯҳ» ба фикрронии Алифоз таъсир расонд? Аз рӯҳияи танқидомези ӯ фаҳмидан мумкин аст, ки ин фариштаи одили Худо набуд (Аб 4:17, 18). Дар асл ин рӯҳи нопок буд. Беҳуда хашми Яҳува ба Алифоз ва ду рафиқаш барои суханони дурӯғашон аланга назад (Аб 42:7). Бешубҳа, Алифоз зери таъсири девҳо қарор дошт. Дар суханони ӯ тарзи фикрроние пай бурда мешуд, ки ба Худо хос нест.

w10 15.2 саҳ. 19, сарх. 5, 6

Ба таблиғоти Шайтон муқобилат кунед

Шайтон ба воситаи яке аз рафиқони Айюб, Алифоз, даъво кард, ки инсон ҳеҷ аст. Алифоз одамонро «сокинони хонаҳои гилин» номида ба Айюб гуфт: «[Онҳо] буду шудашон хок аст ва мисли куя ба осонӣ нест мешаванд?! Саҳар ҳанӯз бегоҳ нашудаву онҳо нобуд мегарданд; онҳо ба таври абадӣ мемиранд, вале ҳеҷ кас пай намебарад» (Айюб 4:19, 20).

Дар дигар ҷойи Навиштаҳо мо ба «зарфҳои гилин»-е, ки нозуканд, монанд карда шудаем (2 Қӯр. 4:7). Мо нотовонем, барои он ки гуноҳ ва нокомилиро мерос гирифтаем (Рум. 5:12). Танҳо ба қуввати худ такя намуда, мо ба ҳамлаҳои Шайтон тоб оварда наметавонем. Аммо мо беилоҷ нестем. Нигоҳ накарда ба сустиҳоямон мо дар назари Худо пурарзишем (Иш. 43:4). Ғайр аз ин, Яҳува ба касоне, ки аз ӯ мепурсанд, рӯҳи муқаддасашро медиҳад (Луқ. 11:13). Рӯҳи муқаддас ба мо «қувваи барзиёде» медиҳад, ки бо ёрии он мо ба ҳар гуна душвориҳое, ки Шайтон ба сарамон меорад, тоб оварда метавонем (2 Қӯр. 4:7; Флп. 4:13). Агар мо бо «имони қавӣ» ба Шайтон муқобилат намоем, Худо моро дастгирӣ мекунад ва қувват мебахшад (1 Пет. 5:8–10). Барои ҳамин мо набояд аз Шайтон Иблис тарсем.

mrt мақолаи 32, сарх. 13–17

Худро аз маълумоти нодуруст ҳимоя кунед

● Мазмун ва боваринок будани сарчашмаро тафтиш кунед

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд. «Ҳама чизро бисанҷед» (1 Таслӯникиён 5:21).

Пеш аз он ки ба ягон чиз бовар кунем ё ягон маълумотро ба дигар шахс фиристем (бигзор он овоза шуд бошад ё дар ахбор такрору батакрор дар борааш гап зананд) дилпур шавед, ки он дуруст аст. Инро чӣ тавр бояд кард?

Боваринок будани сарчашмаро тафтиш кунед. Расонаҳои хабарӣ ва дигар ширкатҳо бо мақсади тиҷоратӣ ё сиёсӣ метавонанд маълумотро нодуруст расонанд. Аз ин рӯ зудбовар набошед ва маълумоти гирифтаатонро бо дигар манбаъҳо муқоиса кунед. Баъзан ёру дӯстон худашон нафаҳмида ба якдигарашон маълумоти дурӯғро ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ мефиристанд. Барои ҳамин то ёфтани сарчашмаи аслии маълумот ба ҳар чиз бовар накунед.

Ба мазмуни маълумот диққат диҳед ва дилпур шавед, ки он аниқ аст. Сана ва далелу исботҳоеро, ки суханони гуфташударо тасдиқ мекунанд, тафтиш кунед. Хусусан вақте ки маълумоти мураккабро аз ҳад сода карда мерасонанд ё хабарро барои бедор кардани ин ё он ҳиссиёт омода мекунанд, эҳтиёт шавед.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w03 15.5 саҳ. 22, сарх. 5, 6

Устувор бошед ва дар давиши роҳи ҳаёт ғолиб оед

Қисми ташкилоти умумиҷаҳонии хизматгорони ҳақиқии Худо будан метавонад моро қувват бахшида устувор гардонад. Дар байни чунин бародарияти меҳрубон будан, баракати бузург аст! (1 Петрус 2:17). Мо метавонем ҳамимонони худро қувват бахшида устувор созем.

Барои мисол Айюби одилро мегирем. Ҳатто тасаллидиҳандаи бардурӯғ Алифоз маҷбур шуд, эътироф карда чунин гӯяд: «Суханони ту пешпохӯрдаро бармехезонд, ту зонуҳои ларзонро мадор мебахшидӣ» (Айюб 4:4). Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба бародару хоҳарони рӯҳониамон ёрӣ расонем, то бо истодагӣ ба Худо хизмат карданро давом диҳанд. Мо метавонем суханони зеринро дар муносибат бо онҳо истифода барем: «Дастҳои бемаҷолро қавӣ созед ва зонуҳои ларзонро қувват бахшед» (Ишаъё 35:3). Шумо метавонед барои худ мақсад монда дар ҳар вохӯрӣ як ё ду ҳамимонро рӯҳбаланд созед (Ибриён 10:24, 25). Вақте мо бародару хоҳаронро таъриф мекунем ва раҳмат мегӯем, ки доимо барои вафодор мондан ба Яҳува талош мекунанд, ин ба онҳо кумак мерасонад, ки дар имон устувор монанду дар мусобиқаи ҳаёт ғолиб бароянд.

16–22 ОКТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 6, 7

«Вақте ҳаёт тоқатшикан метобад»

w06 15.3 саҳ. 14, сарх. 10

Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Айюб

7:1; 14:14 — Ибораи «меҳнати маҷбурӣ» чӣ маъно дорад? Ранҷу азоби Айюб чунон бузург буд, ки ӯ онро ба меҳнати маҷбурӣ ва рӯзҳои мардикор монанд кард (Айюб 10:17). Азбаски, баъд аз марг ва то зиндашавӣ инсон маҷбур аст, ки дар шеол монад, Айюб ин вақтро бо меҳнати маҷбурӣ монанд кард.

w20.12 саҳ. 16, сарх. 1

«Худованд. . . рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод»

БАЪЗАН шояд мо фикр мекунем, ки умри инсон чӣ қадар кӯтоҳ ва «азобаш бисёр» аст (Айюб 14:1). Ин чиз гоҳ вақт моро рӯҳафтода мекунад. Дар замони қадим низ бисёр хизматгорони Худо чунин ҳиссиёт доштанд, баъзеашон ҳатто мурдан мехостанд (3 Подш. 19:2–4; Айюб 3:1–3, 11; 7:15, 16). Вале Яҳува — Худое, ки такягоҳи онҳо буд, гаштаву баргашта онҳоро рӯҳбаланд мекард ва қувват мебахшид. Худо саргузашти онҳоро барои он дар Каломаш ҷо дод, ки мо онҳоро хонда тасаллӣ ёбем ва ба худ дарс гирем (Рум. 15:4).

g 1.12 саҳ. 16, 17

Агар зиндагӣ кардан нахоҳед

Ҳатто агар вазъияти шумо беилоҷ тобад, фаромӯш накунед, ки шумо танҳо нестед ва имрӯз мутаасифона қариб ҳар як шахс дарду азоби худашро дорад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Тамоми офаридаҳо то имрӯз оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд» (Румиён 8:22). Ҳарчанд имрӯз ба назар чунин тобад, ки душвориҳои мо ҳеҷ гоҳ ҳал намешаванд, бо гузашти вақт осонтар мешавад. Лекин айни ҳол чӣ ёрдам дода метавонад?

Ҳиссиёти худро ба дӯсти бовариноку рӯҳан баркамолатон нақл кунед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Панднома 17:17). Марди одил Айюб, ки дар борааш дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дар вақтҳои тангӣ ҳиссиёташро баҷо намекард. Вақте ӯ аз ҳаёт безор шуд, чунин гуфт: «Дарду алами диламро мебарорам. Ғаму андуҳамро баён мекунам!» (Айюб 10:1). Вақте ба касе ҳиссиётатонро мегӯед, ин дардатонро сабук карда метавонад ва шумо ба душворӣ тамоман дигар хел назар мекунед.

Дилатонро дар дуо ба Худо холӣ кунед. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дуо ин як тарзи худоромкунӣ мебошад, лекин Китоби Муқаддас тамоман дигар чиз мегӯяд. Дар Забур 65:2 Яҳува «Шунавандаи дуоҳо» номида шудааст ва дар 1 Петрус 5:7 дар бораи Худо чунин гуфта шудааст: «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад». Дар Китоби Муқаддас якчанд маротиба қайд шудааст, ки то чӣ андоза ба Худо таваккал кардан муҳим аст. Масалан:

«Ба Яҳува бо тамоми дилат таваккал намо ва ба ақли худ такя накун. Дар ҳама роҳҳоят ӯро пеши назар дор ва ӯ роҳҳоятро ҳамвор хоҳад кард» (ПАНДНОМА 3:5, 6).

«Ӯ [Яҳува] хоҳиши тарсгоронашро ба ҷо меорад, фиғони онҳоро мешунавад ва ба додашон мерасад» (ЗАБУР 145:19).

«Дилпурии мо дар он аст, ки, агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад» (1 ЮҲАННО 5:14).

«Яҳува аз бадкорон дур аст, аммо дуои росткоронро мешунавад» (ПАНДНОМА 15:29).

Агар ба Худо душвориҳоятонро нақл кунед, ӯ ба шумо ҳатман кумак мерасонад. Беҳуда дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки «доимо ба Худо такя кунед. . . Дилатонро ба ӯ холӣ кунед» (Забур 62:8).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w20.04 саҳ. 17, сарх. 10

Ба бародару хоҳарон мисли Яҳува муносибат кунед

10 Мо бояд ба Яҳува пайравӣ карда ба якдигар фаҳмиш зоҳир кунем. Барои ин бародару хоҳаронро аз наздик шинохтан лозим аст. Пеш ва баъд аз ҷамъомад бо онҳо ҳамсӯҳбат шавед, дар хизмат бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва, агар имкон бошад, онҳоро ба меҳмонӣ даъват намоед. Вақте шумо ин корҳоро мекунед, мумкин фаҳмед, ки хоҳаре, ки ба назар номеҳрубон метобад, дар асл шармгин аст ё бародаре, ки пулдор аст, чизпараст не, балки меҳмондӯст мебошад ва ё модаре, ки бо кӯдаконаш бисёр вақт ба ҷамъомад дер карда меояд, зиддиятҳоро аз сар мегузаронад (Рум. 14:4). Албатта, мо набояд «ба корҳои дигарон» дахолат кунем (1 Тим. 5:13). Вале, хуб мебуд, ки оиди бародару хоҳарон ва вазъияти онҳо пурратар донем. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки онҳоро беҳтар фаҳмему гумони бад накунем.

23–29 ОКТЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 8–10

«Меҳру вафои Яҳува моро аз дурӯғи Шайтон ҳимоя мекунад»

w15 1.7 саҳ. 12, сарх. 3

Оё ба Худо писанд омадан мумкин аст?

Ба сари Айюб яку якбора якчанд бадбахтӣ фурӯ рехт ва ин аз рӯйи адолат наметофт. Айюб ба хулосаи нодуруст омада фикр кард, ки ба Худо фарқ надорад, ки ӯ имонашро нигоҳ медорад ё не (Айюб 9:20–22). Ӯ аз одил буданаш сахт дилпур буд ва ба назар чунин менамуд, ки гӯё худашро аз Худо одилтар меҳисобад (Айюб 32:1, 2; 35:1, 2).

w21.11 саҳ. 6, сарх. 14

Меҳру вафои Яҳува ба шумо чӣ аҳамият дорад?

14 Меҳру вафои Яҳува моро рӯҳан ҳимоя мекунад. Довуд ба Яҳува чунин дуо гуфт: «Ту паноҳгоҳи манӣ, маро аз ғаму андуҳ ҳимоя мекунӣ. Маро халос мекунӣ ва бо нидоҳои шодӣ иҳота менамоӣ». «Ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, меҳру вафояш ӯро нигаҳбон аст» (Заб. 32:7, 10). Чи тавре ки дар қадим деворҳои гирди шаҳр одамони онро ҳимоя мекард, ба ин монанд меҳру вафои Яҳува моро аз ҳар чизе, ки ба муносибати мову ӯ хатар меорад, муҳофизат мекунад. Ғайр аз ин, меҳру вафои Яҳува аст, ки ӯ моро ба худ ҷалб мекунад (Ирм. 31:3).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w10 15.10 саҳ. 9, 10, сарх. 19, 20

«Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад?»

19 Дар бораи «фикр», ё худ тарзи фикрронии Яҳува мо чиро омӯхтем? Барои дуруст фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува мо бояд ба Каломи Ӯ муроҷиат кунем. Мо ба Яҳува набояд ҳеҷ гоҳ аз рӯи нуқтаи назари маҳдуди худ ва меъёрҳову фикрҳои шахсиамон баҳо диҳем. Айюб гуфт: «[Худо] мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам ва якҷоя ба дорулқазо биравем» (Айюб 9:32). Вақте ки тарзи фикрронии Яҳуваро мефаҳмидагӣ мешавем, мо мисли Айюб хитоб хоҳем кард: «Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?» (Айюб 26:14).

20 Чӣ бояд кард, агар ҳангоми хондани Навиштаҳои Муқаддас мо ҷои душворфаҳмеро вохӯрем — хусусан агар он бо тарзи фикрронии Яҳува алоқаманд бошад? Агар баъди таҳқиқ ҳам мо ба ин савол ҷавоби қонеъкунанда наёбем, пас, мо метавонем ба ин чун ба имконияти ба Яҳува нишон додани эътимоди худ назар кунем. Дар ёд доред: чунин ҷойҳои Китоби Муқаддас ба мо имконият медиҳанд, ки ба хусусиятҳои Яҳува имони худро зоҳир намоем. Биёед фурӯтанона эътироф намоем, ки ҳамаи корҳои Ӯро мо фаҳмида наметавонем (Воиз 11:5). Ин моро бармеангезад, ки ба суханони Павлуси расул ҳамроҳ шавем: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ! Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад? Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад? Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин» (Рум. 11:33–36).

30 ОКТЯБР — 5 НОЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 11, 12

«Се роҳи ба даст овардани хирад»

w09 15.4 саҳ. 2, сарх. 17

Айюб исми Яҳуваро эҳтиром мекард

17 Барои нигоҳ доштани беайбӣ ба Айюб чӣ кӯмак кард? Ӯ ҳанӯз пеш аз ба сараш омадани мусибатҳо бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дода буд. Оё Айюб медонист, ки Шайтон Яҳуваро айбдор кардааст? Мо инро аниқ намедонем. Вале ба мо маълум аст, ки Айюб бо қатъият беайбиашро нигоҳ доштан мехост. Ӯ гуфт: «То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (Айюб 27:5). Чӣ тавр Айюб бо Худо чунин муносибати наздикро инкишоф дод? Бешубҳа, ӯ дар бораи муносибати Худо бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ки хешовандони дури вай буданд, медонист ва ин донишро қадр мекард. Ҳамчунин офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида намуда, Айюб дар онҳо бисёр хусусиятҳои Ӯро дида метавонист. (Айюб 12:7–9, 13, 16-ро бихонед.)

w21.06 саҳ. 10, 11, сарх. 10–12

Яҳува шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад

10 Бо ҳамимонон дӯстиро инкишоф диҳед. Дар ҷамъомад дӯстонеро пайдо кунед, ки аз онҳо чизе омӯхта метавонед, ҳатто бо онҳое дӯст шавед, ки синну сол ва маданияташон аз шумо фарқ мекунад. Китоби Муқаддас ба мо хотиррасон мекунад, ки хирад «дар пирон аст» (Айюб 12:12). Пиронсолон низ аз ҷавонони содиқ чизе омӯхта метавонанд. Довуд дар синну сол аз Йӯнотон хеле хурд буд, вале ин ба онҳо монеъ намешуд, ки дӯсти ҷонӣ шаванд (1 Подш. 18:1). Довуд ва Йӯнотон ба ҳамдигар кӯмак мекарданд, ки ба душвориҳои калон нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат кунанд (1 Подш. 23:16–18). «Ҳамимонон дар ҳақиқат барои мо мисли волидон ва бародарону хоҳарони худамон шуда метавонанд. Яҳува ба воситаи онҳо метавонад эҳтиёҷоти моро конеъ кунад»,— мегӯяд Ирина, хоҳаре, ки дар оила танҳо худаш Шоҳиди Яҳува мебошад.

11 Пайдо кардани дӯстони нав метавонад душвор бошад, махсусан агар шумо шармгин бошед. Фараҳноз ном хоҳари изокаш, ки ба зиддияти дигарон нигоҳ накарда ҳақиқатро қабул кард, мегӯяд: «Ман бояд дарк мекардам, ки ба дастгирии хоҳару бародарони ҷамъомад ниёз дорам». Бо касе дар бораи ҳиссиётатон сӯҳбат кардан душвор буда метавонад, лекин ин кӯмак мекунад, ки бо ӯ дӯсти наздик шавед. Дӯстонатон мехоҳанд шуморо рӯҳбаланд ва дастгирӣ кунанд, вале агар шумо ба онҳо нагӯед, ки ба чӣ мӯҳтоҷед, онҳо инро аз куҷо мефаҳманд.

12 Яке аз роҳҳои беҳтарини пайдо кардани дӯстон ин бо ҳамимонон дар кори мавъиза иштирок кардан мебошад. Камола, ки дар боло суханонашро овардем, мегӯяд: «Ман дар мавъиза ва дигар намудҳои хизмат бо хоҳарон ҳамкорӣ карда бисёр дӯстони хуб пайдо кардам. Яҳува дар давоми солҳои зиёд ба воситаи чунин дӯстон маро дастгирӣ мекард». Агар мо бо масеҳиёни содиқ дӯстиро инкишоф диҳем, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем. Яҳува ба воситаи чунин дӯстон ба шумо ёрдам мекунад, ки бо ҳисси рӯҳафтодагӣ, ба мисли танҳоӣ мубориза баред (Мас. 17:17).

it «Хирад»

Хиради Худо. Танҳо Яҳува ба маънои том бохирад аст, ӯ «хирадманди яктост» (Рм 16:27; Ошк 7:12). Дониш ин шиносоӣ бо далелҳо мебошад ва азбаски Яҳува Офаридгоре мебошад, ки «асрҳои аср» вуҷуд дорад (Зб 90:1, 2), ӯ дар бораи олам ҳама чизро медонад; медонад, ки он чӣ тавр сохта шудааст ва дар он ҳозир чӣ рӯй медиҳад. Ӯ қонунҳои физикӣ, давраҳо ва меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки одамон ҳангоми тадқиқот ва сохтани чизе ба он такя мекунанд ва бе ёрдами онҳо одамон бе дасту по мешуданд ва барои пешравӣ таҳкурсии мустаҳкам намедоштанд (Аб 38:34–38; Зб 104:24; Пнм 3:19; Ир 10:12, 13). Хуллас, барои одамон меъёрҳои ахлоқии Худо боз ҳам муҳимтаранд, бе онҳо ҳаёт бардавом, бомаънӣ ва бомуваффақ буда наметавонад (5Мс 32:4–6; ба «ИЕГОВА [Бог и его нравственные нормы]» нигаред). Ягон чизе нест, ки аз доираи фаҳмиши Худо баромада бошад (Иш 40:13, 14). Баъзан ӯ роҳ медиҳад, то чизҳое, ки зидди меъёрҳои одилонааш мебошанд, рӯй диҳанд ва ҳатто бомуваффақ бошанд. Аммо оянда пурра ба ӯ вобаста аст ва айнан ҳамон тавре хоҳад буд, ки ӯ ният кардааст ва ҳар чизе ки ӯ ваъда дод, ҳатман амалӣ мегардад (Иш 55:8–11; 46:9–11).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w08 1.8 саҳ. 11, сарх. 5

Чӣ тавр бо наврас суҳбат бояд кард?

▪ «Оё ман мефаҳмам, ки дар пушти суханони ӯ чӣ истодааст?» Дар Айюб 12:11 гуфта шудааст: «Магар гӯш суханонро намесанҷад, чи тавре ки забон таъми хӯрокро фарқ мекунад?» Аз ҳарвақта дида ҳозир хеле муҳим аст, ки шумо суханони духтар ё писаратонро «санҷед». Наврасон майл доранд, ки танқидомез гап зананд, масалан «Шумо ҳамавақт ба ман ранги кӯдак муносибат мекунед!» ё «Шумо ягон бор маро гӯш намекунед!» Ба ҷойи ба суханони «ҳамавақт» ва «ягон бор» норозигӣ баён кардан, беҳтараш кӯшиш кунед, то фаҳмед, ки ӯ бо ин суханонаш чӣ гуфтанӣ аст. Барои мисол, ибораи «Шумо ҳамавақт ба ман ранги кӯдак муносибат мекунед!» маънои «Ба назарам шумо ба ман бовар надоред»-ро дорад, ва ибораи «Шумо ягон бор маро гӯш намекунед!» бошад, маънои «Охир фаҳмед, ки ман чӣ гуфта истодаам!»-ро дошта метавонад. Аз ин рӯ ҳаракат кунед, то фаҳмед, ки дар пушти суханони онҳо чӣ истодааст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан