Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
© 2023 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
6–12 НОЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 13, 14
«Агар инсон бимирад, оё метавонад аз нав зиндагӣ кунад?»
w99 10.15 саҳ. 3, сарх. 1–3
Ҷустуҷӯйи асрори дарозумрӣ
ИМРӮЗ аксарият бо ин суханон, ки қариб 3500 сол пеш навишта шуда буданд, розӣ мешуданд, охир умри одам дар ҳақиқат зудгузар аст. Одамизод акнун шаҳди ҳаётро мечашам мегӯяд, ки аллакай пирӣ ва марг фаро мерасад. Ин, албатта, барои ӯ аламовар аст. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки одамон асрҳои аср дар ҷустӯҷӯйи дарозумрӣ буданд.
Дар рӯзҳои пайғамбар Айюб мисриён ба хотири ҷавон шудан ғадуди узви ҷинсии ҳайвонҳои наринаро дар ғизо истифода мебурданд. Дар асрҳои миёна яке аз ҳадафҳои асосии кимиёгарон ихтироъ намудани оби ҳаётбахш буд. Аксари онҳо бовар доштанд, ки бо роҳи кимиёвӣ ба даст овардани тилло умри одамро намиранда карда метавонад ва аз зарфҳои тиллоӣ хӯрдани хӯрок ба инсон дарозумрӣ мебахшад. Дар Чини қадим пайравони равияи даосизм ихлос доштанд, ки бо ёрии мулоҳизаи чуқур (медитатсия), машқҳои роҳи нафас ва парҳез ба мубодилаи моддаҳои организм таъсир намуда, намиранда шудан мумкин аст.
Саёҳатчии испанӣ Понсе де Леон, чи хеле ба ҳамагон маълум аст, сарчашмаи ҷавониро боисрор ҷустуҷӯ мекард. Дар асри 18 табибе дар як китоби худ («Hermippus Redivivus») маслиҳат дод, ки дар фасли баҳор ҷавондухтарони бокираро дар хонаи хурдакаке ҷамъ оранд ва зарфҳоро аз нафасе, ки онҳо мебароранд пур карда, онро чун маҳлули ҷавонкунанда истифода баранд. Албатта, ҳама роҳҳои дар боло зикршуда ягон натиҷа надоданд.
Оё дарахти бурида аз нав сабзида метавонад?
ДАР муқоиса бо дарахтони арзи Лубнон дарахти зайтун [Olea europaea], ки каҷу килеб ва шохаҳои печ дар печ дорад, он қадар зебо ва боҳашамат наметобад. Лекин дарахти зайтун дорои як хосияти аҷоиб мебошад. Он ба барфу борон ва нури офтоб чунон тобовар аст, ки баъзе дарахтони он ҳатто то ҳазор сол умр дидаанд. Дарахти зайтун дорои решаи дарозу паҳн мебошад, ки ҳатто вақти нест шудани танааш ба дарахт ғизо дода метавонад. То вақте ки решааш зинда аст, он аз нав рӯида метавонад.
Пайғамбар Айюб боварӣ дошт, ки ҳатто баъд аз он ки бимирад, аз нав зинда мешавад (Айюб 14:13–15). Ӯ боварӣ дошт, ки Худо метавонад ӯро зинда кунад ва барои ин ӯ мисоли дарахтро истифода бурд, ки он эҳтимол дарахти зайтун буд. Айюб навишт: «Барои дарахт умеде ҳаст: агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид». Баъди хушксолии сахт, вақте ки борон заминро сероб мегардонад, дарахти зайтуни хушкшуда аз нав зинда шуда месабзад ва он «мисли ниҳоле ки нав шинонда бошад, шохаҳо хоҳад расонид» (Айюб 14:7–9).
w11 15.4 саҳ. 28, сарх. 5
Худо «амали дастҳои худ»–ро сахт ёд хоҳад кард
Суханони Айюб нишон медиҳанд, ки Яҳува то чӣ андоза дилсӯзу меҳрубон аст. Худо ба онҳое, ки мисли Айюб худро ба дасти Ӯ месупоранд ва мегузоранд, ки Ӯ чун кӯзагар аз онҳо шахси барояш писандро шакл диҳад, дилбастагии махсус дорад (Ишаъё 64:8). Барои Яҳува хизматгорони содиқаш азизу қимматанд. Ӯ он шахсони содиқро, ки мурдаанд, сахт ёд мекунад. Як олим мегӯяд, ки калимаи иброние, ки «иштиёқманд» тарҷума шудааст, «бешубҳа яке аз калимаҳои пуртаъсиртаринест, ки хоҳиши сахтро ифода мекунад». Бале, Яҳува ходимонашро на танҳо дар хотир дорад, балки Ӯ ҳамчунин онҳоро ёд мекунад ва сахт мехоҳад, ки онҳоро ба ҳаёт баргардонад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
it «Хокистар»
Хокистар ҳамчунин рамзи ягон чизи ночиз ё беқадру қимат ҳисоб меёфт. Аз ин рӯ Иброҳим дар пеши Яҳува мавқеашро дарк намуда чунин гуфт: «Ман. . . хоку хокистар ҳастам» (1Мс 18:27; боз ба Иш 44:20 нигаред; Аб 30:19). Айюб низ ба ҳамин хотир суханони тассалидиҳандагони ғамовари худро «мисли хокистар» ҳеҷ номид (Аб 13:12).
13–19 НОЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 15–17
«Алифоз тасаллидиҳандаи бардурӯғ буд»
w05 15.9 саҳ. 26, сарх. 4, 5
Нагузоред, ки фикрҳои нодуруст дар саратон лона кунанд!
Дар ҳар се суханронии худ Алифоз чунин фикрро талқин карданӣ шуд, ки гӯё Худо аз ҳад серталаб мебошад ва чи қадаре ки барои ӯ накунӣ кам аст. Алифоз ба Айюб гуфт, ки Худо ба бандагонаш бовар надорад ва «дар фариштагонаш айб меёбад» (Айюб 4:18). Алифоз баъдтар дар бораи Худо боз чунин гуфт: «Ӯ ба фариштагони муқаддаси худ бовар надорад ва ҳатто осмон дар назараш пок нест» (Айюб 15:15). Ҳамчунин ӯ аз Айюб пурсид, ки «оё Худои Тавоно парвои онро дорад, ки ту росткорӣ?» (Айюб 22:3). Билдод ҳам суханони Алифозро об дода суханони зеринро гуфт: «Ҳатто моҳ дар чашми ӯ хира аст ва ситорагон дар назараш тоза нестанд» (Айюб 25:5).
Мо бояд аз чунин фикрҳо дурӣ ҷӯем. Дар акси ҳол ба таъсири ин ақидаҳо дода шуда, мо ҳам фикр карда метавонем, ки Худо нисбатамон серталаб аст. Аз ин гуна фикрронӣ муносибати бебаҳоямон бо Яҳува зарар мебинад. Агар шахс ба чунин андешаронӣ роҳ диҳаду касе ӯро ислоҳу насиҳат кунад, рафтораш чӣ гуна мешавад? Ба ҷойи маслиҳати хубро қабул кардан, эҳтимол, «дили ӯ аз Яҳува хашмгин мешавад» ва дар он кинаю адоват ҷой мегирад (Панднома 19:3). Он гоҳ муносибати ӯ бо Яҳува зери хатар қарор мегирад.
Мисли Исо фурӯтан ва меҳрубон бошед
16 Меҳрубонӣ дар гуфтори мо. Меҳрубонӣ нисбати дигарон моро бармеангезад, ки рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳем (1 Тас. 5:14). Барои рӯҳбаланд кардани чунин шахсон мо чӣ гуфта метавонем? Агар мо аз таҳти дил ба онҳо таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир кунем, мо онҳоро рӯҳбаланд карда метавонем. Вақте мо онҳоро самимона таърифу таҳсин мекунем, онҳо хислату сифатҳои хуби худро дида хурсанд мешаванд. Ҳамчунин мо ба онҳо хотиррасон карда метавонем, ки Яҳува Худо онҳоро ба назди Писараш ҷалб кардааст, пас бешак онҳо дар назари Ӯ хеле қиматбаҳо мебошанд (Юҳ. 6:44). Мо онҳоро дилпур карда метавонем, ки Яҳува ба «дилшикастагон» ва «рӯҳафтодагон» бениҳоят ғамхор аст (Заб. 33:19). Суханони нарму ширини мо метавонанд шахсони ба тасаллӣ мӯҳтоҷро шифо бахшанд (Мас. 16:24).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w06 15.3 саҳ. 14, сарх. 11
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Айюб
7:9, 10; 10:21; 16:22 — Оё ин суханони Айюб маънои онро доштанд, ки ӯ ба зиндашавӣ бовар надошт? Айюб ин ҷо дар бораи ояндаи наздики худ гап зад. Эҳтимол, ӯ гуфтанӣ буд, ки агар ӯ бимирад, ҳамзамононаш дигар ӯро намебинанд. Агар ба вазъият аз нигоҳи одамони ҳамонвақта баҳо диҳем, пас Айюб баъд аз марг акнун ҳеҷ гоҳ ба хонааш барнамегардад ва ҳеҷ кас то вақти муқараркардаи Худо дар бораи ӯ чизе фаҳмида наметавонад. Шояд Айюб бо ин суханонаш ҳамчунин гуфтанӣ буд, ки ҳеҷ кас бо хоҳиши худ аз қабр зинда шуда омада наметавонад. Ба зиндашавӣ бовар доштани Айюбро аз китоби Айюб 14:13–15 фаҳмидан мумкин аст.
20–26 НОЯБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 18, 19
«Дастгирӣ кардани бародару хоҳаронро бас накунед»
Аз ашкрезии Исо дарси ибрат гиред
9 Онҳоеро, ки андӯҳгинанд, дастгирӣ кунед. Исо ҳамроҳи Маряму Марто на танҳо гиря кард, балки онҳоро гӯш карда дилбардорӣ намуд. Мо низ бо ғамзадагон чунин карда метавонем. Бародар Ден, ки аз Австралия ҳасту чун пири ҷамоат хизмат мекунад, ба ёд меорад: «Вақте ҳамсарам аз дунё гузашт ба ман кумак лозим шуд. Бинобар ин бисёр бародарон ҳамроҳи ҳамсарашон вақт ҷудо намуда доим маро гӯш мекарданд. Ман ба онҳо дарди дил мекардам, онҳо бошанд, маро гирён дида дар хиҷолат намешуданд. Ба болои ин, вақте бемадор будам, мошинамро мешустанд, ба ҷоям бозорӣ мекарданд ва ҳатто бароям хӯрок мепухтанд, инчунин ҳамроҳам дуо мегуфтанд. Онҳо воқеан ҳам дӯсте буданд, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Пнм. 17:17).
Вақте шахси наздикамон аз ҳақиқат меравад
16 Минбаъд низ аъзои оилаи чунин шахсонро дастгирӣ кунед. Махсусан ҳозир онҳо ба муҳаббат ва рӯҳбаланд кардани шумо муҳтоҷанд (Ибр. 10:24, 25). Баъзан аъзои оилаи онҳое, ки хориҷ шудаанд, ҳис мекунанд, ки баъзеҳо дар ҷамоат бо онҳо дигар гап намезананд, гӯё, ки онҳо низ хориҷ шуда бошанд. Мо асло намехоҳем, ки онҳо худро чунин ҳис кунанд. Мо бояд ҷавононеро, ки волидонашон хизмати Яҳуваро бас карданд, таъриф ва рӯҳбаланд кунем. Мария, ки шавҳараш аз ҷамоат хориҷ шуда буд ва оилаашро низ партофта рафт, чунин мегӯяд: «Баъзе ҳамимононам ба хонаам омада хӯрок мепухтанд ва барои гузарондани омӯзиши оилавӣ ёрдам медоданд. Онҳо дарди маро ҳис карда бо ман гиря мекарданд. Вақте одамон дар бораи ман гапҳои ноҳақ мезаданд, онҳо маро тарафгирӣ мекарданд. Дӯстонам аз ҷамоат ба ман болу пар мебахшиданд!» (Рум. 12:13, 15).
w90 1.9 саҳ. 22, сарх. 20
Оё шумо барои гирифтани таъинот ҳаракат мекунед?
20 Ҳайати пирон бояд дарк кунанд, ки вақте нозир ё хизматгузори ҷамоатро аз таъйиноташ мегиранд, (ҳатто агар ин бо хоҳиши худи бародар бошад) ин барояш вазнин буда метавонад. Агар ӯ аз ҷамоат хориҷ нашуда бошад ва пирон бинанд, ки ӯ рӯҳафтода аст, бояд бо меҳрубонӣ аз ҷиҳати рӯҳонӣ ёрдам кунанд (1 Таслӯникиён 5:14). Онҳо бояд ба ӯ кумак кунанд, то фаҳмад, ки бародару хоҳарон ӯро қадр мекунанд. Ҳатто агар маслиҳат дода шавад, барои одами фурӯтану миннатдор вақти кам лозим аст, то ки пирон боз ба ӯ дар ҷамоат супоришҳои иловагиро бовар кунанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w94 1.10 саҳ. 32
Сухани хуб таъсири пурзӯр дорад
Аммо дар вақти ба дастгирӣ муҳтоҷ буданаш Айюб аз Алифоз ва дӯстонаш як гапи хуш ҳам нашунид. Онҳо ба кори ниҳонии Айюб киноя карда ӯро сабабгори ҳама бадбахтиҳояш медонистанд (Айюб 4:8). Дар як сарчашма гуфта шуда буд, ки «Айюб ба ҳамдардӣ ниёз дошт. Вале ба ҷойи ин ӯ як дунё панду насиҳати динӣ шунид» («The Interpreter’s Bible»). Айюб аз суханронии Алифозу рафиқонаш ҳайратзадаву лол гашта чунин фиғон кард: «То ба кай ҷони маро азоб медиҳед? То ба кай бо забонатон маро озор медиҳед?» (Айюб 19:2).
Мо ҳеҷ вақт набояд гузорем, ки хизматгори Худо аз суханони ноҷою сахти мо дилафкор гардида гиря кунад. (Бо 5 Мӯсо 24:15 муқоиса кунед.) Зеро дар китоби Панднома чунин омадааст: «Зиндагониву марг дар дасти забон аст, касе кор фармудани онро дӯст дорад, аз мевааш мечашад» (Панднома 18:21).
27 НОЯБР — 3 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 20, 21
«Росткориро сарват муайян намекунад»
w07 1.8 саҳ. 29, сарх. 12
Оё шумо дар назари Худо бой ҳастед?
12 Исо кӯшиш дар назди Худо бой шуданро бо ҷамъ овардани ганҷ, яъне аз ҷиҳати моддӣ сарватманд шудан муқоиса мекунад. Ин тавр карда ӯ гуфтанӣ буд, ки мақсади асосии мо дар ҳаёт набояд ҷамъ кардани боигарӣ ё ҳаловат бурдан аз чизу чораамон бошад. Мо бояд дороиямонро тавре истифода барем, ки муносибатамон бо Яҳува наздиктар шаваду ҳамзамон ҳаётамон пурмазмун гардад. Чунин карда мо дар назди Яҳува сарватманд мегардем. Барои чӣ? Чунки Яҳува моро бо фаровонӣ баракат медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Одамро баракати Яҳува бой мекунад, ки бо худ дарду ғам намеорад» (Панднома 10:22).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w95 1.1 саҳ. 9, сарх. 19
Бар Шайтон ва ҳиллаву найранги ӯ ғолиб оед
19 Ҷолиб аст, ки ба хизматгори Худо — Айюб, лозим омад, то бо фикрҳои «ташвиш»-оваре, ки Шайтон ба воситаи Алифозу рафиқонаш дод, мубориза барад (Айюб 4:13–18; 20:2, 3). Айюб аз ин «дард» мекашид ва дар бораи «даҳшат»-е, ки ӯро фаро гирифт, «девонавор сухан мегуфт» (Айюб 6:2–4; 30:15, 16). Элиҳу оромона Айюбро гӯш карда ба ӯ ёрдам дод, ки ба вазъияташ бо чашми Яҳува, ки хиради ақлнорас дорад, нигарад. Имрӯз низ пирони ҷамоат фаҳмиш зоҳир карда, бори шахсони рӯҳафтодаро «гарон» намекунанд ва бо ин роҳ ғамхориашонро нишон медиҳанд. Онҳо мисли Элиҳу бодиққат ба суханони бародар ё хоҳари рӯҳафтода гӯш дода ба воситаи Каломи Худо онҳоро тасаллӣ медиҳанд (Айюб 33:1–3, 7; Яъқуб 5:13–15). Бо ин роҳ ҳар касе, ки аз захми дил азоб мекашад, хоҳ ранҷаш асоснок бошад, хоҳ беасос, ё касе ки мисли Айюб аз «хобҳо» ва «рӯъёҳо» метарсад, дар ҷамоат тасаллӣ ёфта метавонад (Айюб 7:14; Яъқуб 4:7).
4–10 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 22–24
«Оё инсон ба Худо даркор аст?»
w05 15.9 саҳ. 27, сарх. 1–3
Бо фикрҳои бад мубориза баред
Бераҳму бешафқат ҳисобидани Худо ба он баробар аст, ки мо одамон гӯё барои ӯ ягон арзишу қимате надорем. Дар суханронии сеюми худ Алифоз чунин савол медиҳад: «Оё инсон ба Худо даркор аст? Оё оқил ба ӯ фоидае мерасонад?» (Айюб 22:2). Ба гуфти Алифоз инсон барои Офаридгораш арзише надорад. Билдод низ суханони ба ин монандро гуфт: «Чӣ тавр инсони хокӣ дар назари ӯ метавонад росткор бошад ва касе, ки аз зан зода шудааст, беайб бошад?» (Айюб 25:4). Онҳо бо ин суханон Айюбро ба он маҳкум мекарданд, ки ӯ одами хокӣ шуда боз мехоҳад, ки дар пеши Худо худашро росткор тарошад.
Имрӯз баъзеҳо, эҳтимол, аз сабаби тарбия, руйдодҳои дардовари ҳаёт ва бадгумонии нажодӣ худро беқадру ночиз ва ноуҳдабаро ҳис мекунанд. Вақте Шайтону девҳояш мебинанд, ки шахс худро хору зор ва нодаркор ҳис мекунад, ҳаловат мебаранд. Агар онҳо ба ходими Худо талқин карда тавонанд, ки кӯшишу ғайрати ӯ дар хизмати Офаридгораш беҳуда аст, он гоҳ ӯро аз по задан барояшон ду карат ду мешавад. Бо гузашти вақт ин шахс аз имон дур шуда ҳатто аз Худои зинда рӯ тофта метавонад (Ибриён 2:1; 3:12).
Вақте синну соли одам меравад, дар назараш шояд чунин тобад, ки ӯ дар кори Худо мисли солҳои ҷавониаш, ки тансиҳату бақувват буд, саҳм намегузорад. Дар ин ҳолат хуб мебуд, фаромӯш накунем, ки Шайтон ва девҳояш мехоҳанд, мо фикр кунем, ки кӯшиши ба Худо писанд омадан фоидае надорад. Барои ҳамин ин гуна фикрро дарҳол аз сари худ дур кунед!
w95 15.2 саҳ. 27, сарх. 6
Панде, ки барои ҳалли мушкилӣ бояд аз худ кард
Се дӯсти Айюб ба ӯ на хиради Худо, балки фикру ақидаи худро гуфта болои сӯхта намакоб рехтанд. Алифоз аз ҳад гузаронда гуфт, ки «[Худо] ба хизматгоронаш бовар надорад» ва дар асл ба Яҳува росткории Айюб аҳамияти калон надорад (Айюб 4:18; 22:2, 3). Чӣ хел суханони ноҳақу дилшикан гуфт ӯ. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки Яҳува Алифоз ва дӯстони ӯро барои куфргӯйиашон сарзаниш кард. Яҳува ба онҳо гуфт: «Шумо. . . дар ҳаққи ман суханони рост нагуфтед» (Айюб 42:7). Лекин ҳоло бадномкуниҳо дар пеш буд.
w03 15.4 саҳ. 14, 15, сарх. 10–12
Ҷавононе, ки дили Яҳуваро шод мегардонанд
10 Чи хеле Китоби Муқадас мегӯяд, Шайтон на танҳо вафодории Айюб, балки вафодории ҳар як хизматгори Худо, аз ҷумла туро низ зери шубҳа мондааст. Шайтон ҳама одамонро дар назар дошта ба Яҳува гуфт, ки «одам [на фақат Айюб, балки тамоми одамизод] барои ҷони худ тайёр аст аз баҳри ҳама чиз барояд» (Айюб 2:4). Оё ту дар ин саволи баҳсноки Шайтон нақши худро мебинӣ? Мувофиқи Панднома 27:11 Яҳува ба ту мегӯяд, ки барояш як кори муҳимро карда метавонӣ. Медонӣ ин чӣ кор аст? Дар пеши Шайтон Яҳуваро сархам накардан. Лаҳзае тасаввур кун: Офаридгори олам туро даъват мекунад, ки дар ҳалли масъалаи муҳимтарини ҳама давру замон иштирок намоӣ. Магар ин ҳам уҳдадорӣ ва ҳам шараф нест?! Оё ту ин хоҳиши Яҳуваро иҷро карда метавонӣ? Айюб тавонист (Айюб 2:9, 10). Исо низ аз уҳдаи ин кор баромад. Ҳамчунин хизматгорони бешумори даврони қадим, аз ҷумла ҷавонони зиёд ин корро карда тавонистанд (Филиппиён 2:8; Ошкорсозӣ 6:9). Ту ҳам метавонӣ! Асло фаромӯш накун, ки дар ҳалли ин саволи баҳснок ду дастро дар бағал карда истодан илоҷи кор нест. Бо рафтори худ ту ё туҳмату бадгӯйии Шайтонро дастгирӣ мекунӣ ё пушти Яҳуваро мегирӣ. Ту чиро интихоб мекунӣ?
Яҳува ба шумо мунису ғамхор аст!
11 Оё ба Яҳува аҳамият дорад, ки ту чиро интихоб мекунӣ? Магар содиқии вафопешагон ба саволи баҳсноки Шайтон аллакай посух нест? Бале, Иблис даъво карда буд, ки ягон одам ба Яҳува аз муҳаббат хизмат намекунад ва дурӯғ будани ин суханон кайҳо исбот шуд. Вале ба ҳар ҳол, Яҳува мехоҳад, ки ту низ дар саволи баҳсноке, ки Шайтон бардошт, ӯро тарафдорӣ намоӣ, чунки ӯ ғами туро мехӯрад. Исо гуфта буд: «Падари осмонии ман. . . намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Матто 18:14).
12 Бале, интихоби ту ба Яҳува аҳамият дорад. Ғайр аз ин, роҳе ки ту интихоб мекунӣ, ба ӯ таъсир мерасонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳам рафтори хуб ва ҳам бади одамон ба Худо беътасир намемонад. Масалан, вақте исроилиён маротибаҳои зиёд муқобили Яҳува исён мебардоштанд, ӯ «андуҳгин» мешуд (Забур 78:40, 41). Пеш аз Тӯфони замони Нӯҳ, вақте «замин аз бадкории одамизод пур» шуд, дили Яҳува реш-реш гардид (1 Мӯсо 6:5, 6). Дар бораи маънои ин суханон фикр кун. Агар ту роҳи бадро пеша мекардӣ, ба Офаридгорат ҷабру ситам менамудӣ. Албатта, аз ин гуфтаҳо набояд хулоса кард, ки Худованд аз ҳад ҳассосу ранҷур аст. Баръакс, ӯ туро дӯст медорад ва дар бораи беҳбудиат ғам мехӯрад. Вақте ту ягон кори хуб мекунӣ, дили ӯро хурсанд месозӣ. Яҳува на танҳо аз он шод мешавад, ки ту дар саволи баҳснок ӯро тарафдорӣ кардӣ ва ӯ ба Шайтон ҷавоб дода метавонад, балки ҳамчунин барои он ки акнун ба ту мукофот дода метавонад. Ӯ инро сахт мехоҳад (Ибриён 11:6). Оҳ, чӣ хел Падари пурмеҳр дорӣ ту!
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w04 15.7 саҳ. 21, 22
Мақсадҳои рӯҳонӣ гузошта Офаридгори худро ҷалол диҳед
Биёед ба ёд орем, ки Яҳува чӣ гуна коинотро офарид. Ба ин офариниши замин дохил мешуд. Бо суханони «шом буду саҳар буд», Яҳува марҳилаи офаринишро аз якдигараш ҷудо кард (1 Мӯсо 1:5, 8, 13, 19, 23, 31). Дар саршавии ҳар марҳилаи офариниш, ӯ аниқ медонист, ки чӣ мақсад дорад ва дар он «рӯз» кадом корро ба анҷом расониданист. Сипас ӯ чизеро, ки ният карда буд, амалӣ мегардонд (Ошкорсозӣ 4:11). Айюб пайғамбар дар бораи Худо чунин гуфта буд: «[Яҳува] ҳар он чӣ дилаш хоҳад, мекунад» (Айюб 23:13). Офаридгор, эҳтимол, аз чизҳои офаридааш хеле хурсанд буд ва гуфт: «Хеле хуб аст» (1 Мӯсо 1:31).
Барои он ки мақсадҳоямон ҷомаи амал пӯшанд, мо бояд хоҳишу азми қавӣ дошта бошем, зеро беҳуда нагуфтаанд: «Агар азм қавист, мурод ҳосил гардад». Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки чунин азму хоҳиш дошта бошем? Вақте замин ҳанӯз шакл надошту бодия буд, Яҳува натиҷаи корашро тасаввур мекард. Ӯ дар фазои коинот дурдонаи зеботаринро медид, ки чӣ хел ӯро васфу ситоиш карда ҷалол медиҳад. Мо низ маҳсулу натиҷаи мақсадҳоямонро тасаввур карда хоҳишу азми ба он расиданро қавӣ гардонда метавонем. Бародар Тони, ки 19-сола аст, ин маслиҳатро ба кор бурд. Вақте ӯ бори аввал Байт-Или Шоҳидони Яҳуваро дар Аврупои Ғарбӣ тамошо кард, бисёр ба ҳайрат омад. Аз ҳамон вақт сар карда як савол ӯро ором намегузошт: «Дар ин ҷо зиндагӣ ва хизмат кардан чӣ хел бошад?» Тони дар ин бора доимо фикр мекард ва ҷидду ҷаҳд менамуд, ки ба мақсадаш расад, яъне рӯзе ходими Байт-Ил шавад. Чанд сол пас, вақте Тониро ба Байт-Ил даъват намуданд, хурсандии ӯ ҳадду канор надошт.
11–17 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 25–27
«Беайбӣ комил буданро талаб намекунад»
it «Беайбӣ»
Айюб. Дар бораи Айюб, ки аз афташ дар давраҳои байни марги Юсуфу аввали хизмати пайғамбар Мӯсо зиндагӣ карда буд, гуфта шудааст, ки ӯ «марди беайбу [ибр. «там»] росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд» (Айюб 1:1; ба «ИОВ» нигаред). Саволе, ки Шайтон дар бораи беайбии одамизод бардошт, ба саволи баҳснок низ дахл дорад. Зеро дар вақти ба вохӯрии Худо бо фариштаҳояш омадани Шайтон, Яҳува ба душманаш дар бораи Айюб гап зад. Он вақт Шайтон даъво кард, ки Айюб Худояшро на аз вафодорӣ, балки ба хотири нафъу нафси худ ибодат мекунад. Ҳамин тавр Шайтон беайбии Айюбро зери шубҳа гузошт. Ҳарчанд бо иҷозати Худо Шайтон Айюбро аз молу мулк ва ҳатто аз ҷигарбандонаш маҳрум кард, вай натавонист Айюбро маҷбур созад, ки аз Худо рӯ гардонад (Айюб 1:6–2:3). Чун Шайтон дид, ки ба мақсадаш нарасид, ба Яҳува эътироз кард, ки Айюб гӯё аз худбинӣ ба талафоти чизу чора ва фарзандонаш тан додааст, чунки ҳоло тансиҳату саломат мебошад (Айюб 2:4, 5). Вале Айюб ҳатто нигоҳ накарда ба бемории ҷонгудозу тоқатфарсо, маломату таҳқир карда «аз Яҳува рӯ гардон» гуфтани занаш, айбдоркунию пичингҳои дӯстонаш, ки меъёру нияти Худоро нодуруст маънидод карданд (Айюб 2:6–13; 22:1, 5–11), то охир дар беайбияш устувор монд. Ӯ ба таври қатъӣ чунин гуфт: «То дами марг аз беайбиям даст намекашам! Росткориямро нигоҳ медорам ва ҳеҷ гоҳ онро сар намедиҳам. То даме ки зиндаам, дилам маро айбдор намекунад» (Айюб 27:5, 6). Бейабиашро нигоҳ дошта Айюб дурӯғчӣ будани душмани Худоро исбот кард.
Беаб монед!
3 Хизматгорони Худо беайбиашонро чӣ тавр нишон медиҳанд? Агар бо тамоми ҳастии худ Яҳуваро дӯст доранд ва нисбати Ӯ садоқати пойдор дошта бошанд. Ин онҳоро бармеангезад, ки дар ҳама кору қарорҳояшон ба таври ба Яҳува писанд амал кунанд. Биёед бо ёрии баъзе мисолҳо фаҳмем, ки калимаи «беайбӣ» дар Китоби Муқаддас чӣ тавр истифода шудааст. Он асосан ба маънои солим, бутун ва бенуқсон омадааст. Масалан, дар Шариати Мӯсо-пайғамбар гуфта мешуд, ки исроилиён ба Яҳува бояд ҳайвонҳои бенуқсон ва солимро тақдим кунанд (Ибд. 22:21, 22). Халқи Худо набояд ҳайвонҳои касалӣ, ланг, кӯр ё якгӯшаро ба қурбонӣ меовард. Барои Яҳува муҳим буд, ки ҳайвон ягон камбудӣ надошта бошад (Мал. 1:6–9). Фаҳмост, ки чаро Яҳува чунин талабот дорад. Масалан, худи мо китоберо, ки баъзе саҳифаҳояш нест, ё асбоберо, ки як тарафаш шикастааст, намехарем. Ё агар мева хариданӣ бошем, намехостем, ки он пачақ ё кирмзада бошад. Мо меваҳои нағз ва беайбро ҷудо карда мегирем. Ҳамин тавр Яҳува низ мехоҳад, ки мо беайб бошем, яъне бо тамоми диламон Ӯро дӯст дорем ва ба Ӯ пурра содиқ бошем.
4 Магар ин маънои онро дорад, ки барои беайб будан шахс бояд комил бошад? Албатта, не. Охир одам бе камбудӣ намешавад, ҳама хато мекунад. Чаро мо набояд фикр кунем, ки барои беайб будан комил шудан лозим аст? Барои ин ду сабаб ҳаст. Якум ин ки Яҳува диққаташро ба камбудиҳои мо равона намекунад. Дар Каломаш гуфта шудааст: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?» (Заб. 129:3). Яҳува медонад, ки мо одамони нокомил ва гунаҳкор ҳастем ва моро бо омодагӣ мебахшад (Заб. 85:5). Дуюм, Ӯ маҳдудиятҳои моро медонад ва аз қувватамон зиёд чизеро талаб намекунад. (Забур 102:12–14-ро хонед.) Набошад ба кадом маъно мо бояд дар назари Ӯ бенуқсон бошем?
5 Хизматгорони Яҳуваро муҳаббат бармеангезад, ки беайб монанд. Мо бояд Падари осмониамонро бо тамоми ҳастию ҷон дӯст дорем ва ба Ӯ сад фоиз содиқ монем. Агар муҳаббати мо ҳатто дар вақти озмоиш ба Ӯ пурзӯр бошад, пас гуфтан мумкин аст, ки мо беайб ҳастем (1 Вақ. 28:9; Мат. 22:37). Биёед боз ба мисоли он Шоҳидоне баргардем, ки дар аввали мақола дар бораашон гуфтем. Чӣ онҳоро барангехт, ки ба Яҳува содиқ монанд? Оё он хоҳараки мо мехост, ки ӯро дар мактаб масхара кунанд ё магар он бародари ҷавон мехост, ки дар назди дар шарманда шавад? Ва оё бародари оиладор мехост, ки корашро аз даст диҳад? Не, албатта. Онҳо меъёрҳои Яҳуваро медонистанд ва мехостанд, ки дили Ӯро шод кунанд. Муҳаббат ба Худо онҳоро водор намуд, ки Ӯро дар ҷойи аввал гузоранд. Ҳамин тавр онҳо беайбии худро дар амал нишон доданд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
Мувофиқи Каломи Худо нағз ташкил ёфтаем
3 Офариниш исбот мекунад, ки Яҳува Худои тартибу низом аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд заминро бо ҳикмат бунёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд» (Мас. 3:19). Мо танҳо қисми «роҳҳои Ӯ [Худо]-ро» медонем ва «андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем!» (Айюб 26:14). Он донише ки мо дар бораи сайёраҳо, ситораҳо ва галактикаҳо дорем, моро бармеангезад, ки бо тартибу низом офарида шудани онҳоро эътироф кунем (Заб. 8:4, 5). Галактикаҳо аз миллионҳо ситорагон иборат буда аз рӯи тартиби муайян ҳаракат мекунанд. Сайёраҳои Системаи офтобӣ дар гирди худ ва офтоб давр зада ба қонуни ҳаракат итоат менамоянд. Бешубҳа бо чунин тартиб офарида шудани коинот ба мо кӯмак мерасонад, то бубинем, ки то чӣ андоза Яҳува, ки замину «осмонро хирадмандона офаридааст» сазовори ҳамду сано, вафодорӣ ва ибодати мост (Заб. 135:1, 5–9).
18–24 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 28, 29
«Оё шумо мисли Айюб номи нек доред?»
w02 15.5 саҳ. 22, сарх. 19
Ба муҳтоҷон лутфу марҳамат кунед
19 Шавқовар аст, ки дар воқеаҳое, ки аз Китоби Муқаддас дида баромадем, лутфу марҳамат ба одамони муҳтоҷ нишон дода шуд. Масалан, барои он ки наслаш давом ёбад, ба Иброҳим кумаки Батуил даркор буд. Яъқуб бошад, барои он ки ӯро дар Канъон гӯр кунанд, ба кумаки Юсуф ниёз дошт. Ноомӣ бе ёрдами Рут меросхӯр дошта наметавонист. На Иброҳим, на Яъқуб ва на Ноомӣ бе ёрдами дигарон ниёзи худро қонеъ карда наметавонистанд. Ба ин монанд, имрӯз мо бояд хусусан ба касоне, ки ба кумак ниёз доранд, лутфу марҳамат нишон диҳем (Панднома 19:17). Мо бояд мисли Айюб рафтор кунем. Ӯ ба «доди бечора» мерасид, «ятим ва шахси бепушту паноҳ» ва касонеро, ки бо марг дучор мешуданд, наҷот медод. Ғайр аз ин, Айюб «дили бевазанро шод» мегардонд ва «барои кӯр чашм» мешуду «барои ланг пойи равон» (Айюб 29:12–15).
it «Сару либос»
Дар Китоби Муқаддас боз бисёр мавридҳое ҳастанд, ки сару либос ба маънои маҷозӣ омадааст. Чи хеле ки аз сару либос ба кадом ташкилот тааллуқ доштани шахс ё чиро дастгирӣ карданашро фаҳмидан мумкин аст, ҳамин хел ҳам аз сару либоси маҷозие, ки дар Китоби Муқаддас ёдовар шудааст, мақоми шахс ва бо кадом корҳояш ӯ инро нишон медиҳад, муайян кардан мумкин аст. Инро дар мисоли Исо дар мавриди либоси тӯёна дида метавонем (Мт 22:11, 12; ба «ГОЛОВНОЙ УБОР; САНДАЛИИ» нигаред). Дар Ошкорсозӣ 16:14, 15 Ҳазрати Исо огоҳ мекунад, ки масеҳӣ метавонад рӯҳан хобаш барад ва сару либосашро, ки ӯро ҳамчун хизматгори вафодори Худои ҳақиқӣ аз дигарон фарқ мекунонад, аз даст диҳад. Вақте «рӯзи бузурги Худои Тавоно» меояд, оқибати ин вой шуда метавонад.
w09 2.1 саҳ. 15, сарх. 3, 4
Маънои номи инсон
Ҳеҷ кадоми мо аз таваллуд барои худ ном интихоб накардаем. Лекин ҳар яки мо метавонем ба обрӯйи ин ном таъсир расонем (Панднома 20:11). Аз худ пурсед: «Агар чунин имкон мебуд, Исо ё расулонаш ба ман чӣ хел ном мемонданд? Кадом ном беш аз ҳама феълу хӯ ё чӣ гуна шахс будани маро нағз инъикос мекард?»
Дар бораи ин саволҳо ҷиддӣ фикр кардан лозим аст, чунки «номи нек беҳ аз дороии бузург» навишта буд шоҳи бохирад, Сулаймон (Панднома 22:1). Бешубҳа, дар чашми дигарон номи нек ё обрӯйи хуб доштан хеле қадр карда мешавад. Лекин агар мо дар назари Худо номи нек пайдо кунем, ин аз ҳама ганҷи бебаҳо мебошад. Чаро? Худо ваъда медиҳад, ки номи одамони худотарсро дар «китоби ёддошт» менависад ва ба онҳо ҳаёти ҷовидонаро туҳфа мекунад (Малокӣ 3:16; Ошкорсозӣ 3:5; 20:12–15).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
g00 7.8 саҳ. 11, сарх. 3
Табассум ба шумо мезебад!
Оё аз табассум кардан ягон чиз тағйир меёбад? Як фикр кунед. Оё ягон бор ҳамин хел шуда буд, ки шумо табасуми дигар касро дидеду нафаси озод кашида ором шудед? Ё баръакс, вақте дигар шахс табассум намекард, шумо нороҳат мешудед? Бале, табассум бисёр чизро тағйир медиҳад. Он ҳам ба шахсе, ки табассум мекунад ва ҳам ба касе, ки сӯяш табассум мекунанд, таъсир мерасонад. Дар замонҳои қадим Айюб ном марде ба душманонаш чунин гуфта буд: «Вақте ба онҳо табассум мекардам, боварашон намеомад. Нури рӯйи ман онҳоро дилпур мекард» (Айюб 29:24). «Нури рӯйи» Айюб метавонист ба самимият ва чеҳраи кушоди ӯ ишора кунад.
25–31 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 30, 31
«Чӣ ба Айюб ёрдам медод, ки ахлоқан пок монад?»
w10 15.4 саҳ. 5, сарх. 8
Чашмонатонро аз дидани чизҳои ношоям нигоҳ доред!
8 Масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҳавасҳои чашм ва хоҳишҳои ҷисм эмин нестанд. Аз ин рӯ, Каломи Худо моро бармеангезад, ки нисбати ба чӣ нигаристану чиро хостан худдорӣ зоҳир намоем (1 Қӯр. 9:25, 27; 1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед). Айюби одил хуб мефаҳмид, ки байни он чи ки мо мебинем ва он чи ки мо мехоҳем алоқамандии зич вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам» (Айюб 31:1). Айюб на танҳо қарор дод, ки ба зан ба таври ношоиста даст намерасонад, ӯ ҳатто фикри инро ба сараш роҳ намедод. Исо таъкид намуд, ки мо бояд ақли худро аз фикрҳои бадахлоқона пок нигоҳ дорем. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Мат. 5:28).
w08 1.9 саҳ. 11, сарх. 4
«Оқибатандеш» бошед
Пеш аз он ки ба ягон роҳ қадам монед, аз худ пурсед: «Он маро ба куҷо мебарад?» Баъзан барои пешгирӣ кардани ягон бало, мо бояд истем ва фикр кунем, ки оқибати ин кор чӣ мешавад. Нафароне, ки дидаву дониста ба огоҳиҳо гӯш намедиҳанд, ҳаёташонро барбод медиҳанд ва ба сарашон бисёр балоҳо меоранд. Масалан онҳо метавонанд ба бемории СПИД ва дигар касалиҳое, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, гирифтор шаванд, нохост ҳомиладор гарданд, аборт кунанд, муносибаташон бо касе вайрон шавад ва ё виҷдонашон нопок гардад. Павлуси расул рӯйрост гуфт, ки бадахлоқонро чӣ гуна оқибат интизор аст. Онҳо «Подшоҳии Худоро мерос намегиранд» (1 Қӯринтиён 6:9, 10).
w10 15.11 саҳ. 5, 6, сарх. 15, 16
Ҷавонон, мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал намоед
15 Ба фикри шумо садоқатмандии шумо ба Худо бештар кадом вақт зери озмоиш қарор мегирад: вақте ки дар гирду атрофи шумо одамон ҳастанд ё вақте ки шумо танҳоед? Азбаски шумо медонед, ки дар мактаб ё дар ҷои кор хатари рӯҳонӣ пайдо шуда метавонад, шумо эҳтимол аз ҷиҳати рӯҳонӣ худро бештар ҳушёру бедор нигоҳ медоред. Лекин ҳангоми истироҳат шумо шояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ чандон ҳушёру бедор набошед ва дар ин лаҳзаҳо ба меъёрҳои ахлоқии шумо ҳамла кардан осон аст.
16 Чаро шумо ҳатто ҳангоми танҳо будан бояд хоҳиши ба Яҳува итоат карданро дошта бошед? Дар хотир доред, ки шумо метавонед дили Яҳуваро ё ранҷонед ё шод кунед (Ҳас. 6:5, 6; Мас. 27:11). Яҳува нисбати рафтори шумо бепарво нест, зеро «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7). Худо мехоҳад, ки шумо ба суханони Ӯ гӯш кунед ва манфиати инро эҳсос кунед (Иш. 48:17, 18). Баъзе аз ходимони Худо дар Исроили қадим ба маслиҳатҳои Яҳува бепарвоӣ зоҳир мекарданд ва ин дили Ӯро хафа мекард (Заб. 77:40, 41). Аз тарафи дигар, Яҳува Дониёл-пайғабарро хеле дӯст медошт. Ин аз он маълум аст, ки фариштаи Худо ӯро «марди дилписанд» номид (Дон. 10:11). Чаро? Дониёл на танҳо дар назди дигарон, балки ҳангоми танҳо буданаш низ ба Худо садоқатмандӣ зоҳир мекард. (Дониёл 6:10–ро бихонед.)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w05 15.11 саҳ. 11, сарх. 3
Бо меҳрубонӣ гӯш кунед
Дӯстони Айюб на кам аз даҳ суханронии Айюбро шунида буданд. Лекин Айюб гила карда гуфт: «Эй кош касе маро гӯш мекард!» (Айюб 31:35). Барои чӣ? Чунки ҳарчанд дӯстонаш ӯро гӯш мекарданд, ин Айюбро тасаллӣ надод. Онҳо ғами Айюбро намехӯрданд ва кӯшиш намекарданд, ки дарди дилашро фаҳмида ҳамдардӣ кунанд. Лекин Павлуси расул чунин маслиҳат дод буд: «Ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз ва хоксор бошед» (1 Петрус 3:8). Пас, чӣ тавр ҳамдардӣ кардан мумкин аст? Мо метавонем, ба шахс нишон диҳем, ки нисбати ҳиссиёташ бепарво нестем ва ҳаракат карда ӯро фаҳмем. Чунин суханон ба мисли «ба ту осон набуд» ё «вақте туро намефаҳманд, ин осон не» ҳамдардии моро ба ӯ нишон медиҳанд. Ё шумо метавонед фикрҳои ӯро бо суханони худатон гӯед. Ҳамин тавр шумо нишон медиҳед, ки ӯро фаҳмида истодаед. Бо меҳрубонӣ гӯш кардан на танҳо маънои онро дорад, ки ба суханони шахс сарфаҳм равем, балки ба ҳиссиёте, ки дар паси он истодааст, аҳамият диҳем.