ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
    • Исо мизҳои пуливазкунандагонро чаппа мекунад

      БОБИ 103

      Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад

      МАТТО 21:12, 13, 18, 19 МАРҚӮС 11:12–18 ЛУҚО 19:45–48 ЮҲАННО 12:20–27

      • ИСО ДАРАХТИ АНҶИРРО ЛАЪНАТ МЕХОНАД ВА МАЪБАДРО ТОЗА МЕКУНАД

      • ИСО БОЯД БИМИРАД, ТО БА БИСЁРИҲО ҲАЁТ БАХШАД

      Исо ва шогирдонаш аз Ериҳӯ ба Байт-Ҳинӣ омада, се шаб дар он ҷо меистанд. Ҳоло саҳарии рӯзи душанбе, 10-и нисон аст, ва Исо ҳамроҳи шогирдонаш сӯйи Ерусалим равона аст. Исо гурусна аст, аз ин рӯ, вақте дар роҳ дарахти анҷирро мебинад, ба наздаш меравад, то бинад, ки оё он мева дорад ё не.

      Асосан анҷир бояд моҳи июн пазад, ҳоло бошад, охирҳои моҳи март аст. Лекин ин дарахти анҷир пеш аз вақт барг баровардааст. Барои ҳамин Исо баргҳои онро дида фикр мекунад, ки дарахт мева ҳам дорад. Лекин, вақте ӯ ба назди дарахт меравад, мебинад, ки фиреб хӯрдааст. Он гоҳ Исо мегӯяд: «Бигзор ҳеҷ гоҳ касе аз меваи ту нахӯрад» (Марқӯс 11:14). Ҳамон лаҳза дарахт хушк шудан мегирад ва шогирдон инро танҳо саҳари рӯзи дигар мефаҳманд.

      Чанде пас Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба Ерусалим меояд ва ба маъбад медарояд. Дирӯз Исо маъбадро бодиққат аз назар гузаронда буд, имрӯз бошад, ӯ кореро мекунад, ки се сол пеш дар иди Раҳоии соли 30-и милодӣ карда буд (Юҳанно 2:14–16). Ин дафъа Исо «онҳоеро, ки машғули харидуфурӯш»-анд, аз маъбад пеш мекунад ва «мизҳои пуливазкунандагону курсиҳои кафтарфурӯшонро» чаппа мекунад (Марқӯс 11:15). Ӯ ҳатто ба касоне, ки роҳро миёнабур мекунанд ва аз саҳни маъбад гузашта, ба тарафи дигари шаҳр чиз мебаранд, иҷозат намедиҳад, ки гузаранд.

      Барои чӣ Исо бо касоне, ки пул иваз мекунанд ва дар маъбад ҳайвонҳоро мефурӯшанд, ин тавр амал мекунад? Ӯ мегӯяд: «Магар навишта нашудааст: “Хонаи Ман ҷойи дуогӯйии тамоми халқҳо номида хоҳад шуд”? Шумо бошед, онро ба хонаи ғоратгарон табдил додаед» (Марқӯс 11:17). Барои чӣ Исо онҳоро ғоратгар меномад? Сабаб дар он аст, ки одамон маҷбуранд барои қурбонӣ аз маъбад ҳайвон харанд. Ин савдогарони бешарму беҳаё бошанд, ҳайвонҳоро бо нархи хеле баланд мефурӯшанд ва ҳамин тавр мардумро ғорат мекунанд.

      Коҳинони калон, шариатдонон ва дигар шахсони соҳибмартаба аз кори Исо хабардор мешаванд ва боз қасди куштани ӯро мекунанд. Лекин ба мақсад расидани онҳо душвор аст, чунки мардуми зиёде барои гӯш кардани Исо дар наздаш ҷамъ мешаванд.

      Барои ҷашн гирифтани иди Раҳоӣ на танҳо яҳудиён, балки ҳамчунин ғайрияҳудиёне меоянд, ки дини яҳудиро қабул кардаанд. Дар байни онҳо юнониҳое ҳастанд, ки барои ибодат ба Ерусалим омадаанд. Онҳо ба назди Филиппус меоянд (шояд, барои он ки ӯ номи юнонӣ дорад) ва мегӯянд, ки мехоҳанд Исоро бинанд. Филиппус намедонад, ки ба онҳо чӣ ҷавоб диҳад, барои ҳамин рафта, бо Андриёс маслиҳат мекунад. Он гоҳ ин ду расул ба назди Устодашон, ки, аз афташ, то ҳол дар маъбад аст, мераванд ва масъаларо ба вай мефаҳмонанд.

      Исо медонад, ки баъди чанд рӯз кушта мешавад, барои ҳамин фикр мекунад, ки ҳоло вақти қонеъ кардани кунҷкобии одамон ё шӯҳрат ёфтан нест. Ӯ дар ҷавоб ба ин ду шогирдаш чунин мисоле меорад: «Вақти он расидааст, ки Писари одам ҷалол ёбад. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар донаи гандум ба замин афтода намирад, танҳо худаш мемонад, вале, агар бимирад, ҳосили фаровон меорад» (Юҳанно 12:23, 24).

      Як донаи гандум ба назар ночиз метобад. Лекин, вақте он дар замин кошта мешавад ва гӯё мемирад, метавонад сабзад ва хӯша баста гандуми бисёр ба бор орад. Ба ин монанд, Исо низ ягона шахси комил аст. Лекин то дами марг ба Худо содиқ монда ӯ барои бисёр касоне, ки мисли худаш фидокоранд, ба сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳ мекушояд. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ ҷони худро азиз дорад, онро барбод медиҳад, вале ҳар кӣ дар ин ҷаҳон аз ҷони худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти ҷовидонӣ нигоҳ медорад» (Юҳанно 12:25).

      Баъд ӯ давом медиҳад: «Ҳар касе, ки ба ман хизмат кардан хоҳад, бигзор маро пайравӣ намояд ва ҳар ҷое, ки ман бошам, хизматгори ман низ ҳамон ҷо хоҳад буд. Ҳар касе, ки ба ман хизмат кунад, Падар ӯро иззат хоҳад кард» (Юҳанно 12:26). Касоне, ки Падар онҳоро иззат мекунад, дар Подшоҳии осмон ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд. Чӣ мукофоти пурарзише!

      Исо медонад, ки бояд бисёр азоб кашад ва бо марги пурдард бимирад. Барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Ҳоло ман дар изтироб ҳастам. Чӣ гӯям? Эй Падар, маро аз он чӣ дар пеш аст, наҷот деҳ». Лекин Исо ҳаргиз намехоҳад аз иҷрои хости Худо сар печад. Аз ин рӯ ӯ илова мекунад: «Аммо ман маҳз барои ҳамин омадаам» (Юҳанно 12:27). Бале, Исо тайёр аст нияти Худоро ба пуррагӣ иҷро кунад ва ҳатто марги пуразобро қабул дорад.

      • Барои чӣ Исо фикр мекунад, ки дарахти анҷир мева бастааст, ҳол он ки мавсими анҷир ҳоло нарасидааст?

      • Барои чӣ Исо касонеро, ки дар маъбад савдо мекунанд, «ғоратгарон» меномад?

      • Аз кадом ҷиҳат Исо ба донаи гандум монанд аст ва ӯ дар бораи азобҳову марги худ чӣ фикр дорад?

  • Оё яҳудиён имон меоранд?
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
    • Исо мегӯяд: «Эй Падар, номи Худро ҷалол деҳ» ва яҳудиёне, ки дар гирду атроф буданд овози Худоро мешунаванд

      БОБИ 104

      Оё яҳудиён имон меоранд?

      ЮҲАННО 12:28–50

      • БИСЁР ОДАМОН ОВОЗИ ХУДОРО МЕШУНАВАНД

      • ДАР КАДОМ АСОС ОДАМОН ДОВАРӢ МЕШАВАНД?

      Рӯзи душанбеи даҳуми нисон аст. Исо дар маъбад асту дар бораи он гап мезанад, ки ба наздикӣ бояд кушта шавад. Ӯ хавотир аст, ки ин воқеа ба номи Худо доғ оварданаш мумкин аст. Барои ҳамин ӯ аз Худо хоҳиш мекунад: «Эй Падар, номи Худро ҷалол деҳ». Овози боҳашамате аз осмон шунида мешавад: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол хоҳам дод» (Юҳанно 12:27, 28).

      Мардум инро шунида ҳайратзада мешаванд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин овози раъд аст. Дигарон мегӯянд: «Бо ӯ фариштае гап зад» (Юҳанно 12:29). Лекин ин на раъд буду на фаришта, балки овози Яҳува Худо! Дар ин се соли хизмати Исо мардум на як бор овози Худоро мешунаванд.

      Сею ним сол пеш, вақте Исо таъмид мегирифт, Яҳё-пайғамбар аз осмон ин суханони Худоро шунида буд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям». Баъдтар бошад, баъд аз иди Раҳоии соли 32-и милодӣ, Яъқуб, Юҳанно ва Петрус шоҳиди он буданд, ки чӣ тавр Исо дар пеши назарашон дигаргун шуд. Ҳамон замон онҳо аз осмон овози Худоро шуниданд, ки чунин гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Матто 3:17; 17:5). Бори сеюм, яъне ҳозир, Яҳува тавре сухан мегӯяд, ки ҳама овозашро мешунаванд.

      Исо ба одамон мегӯяд: «Ин садо на барои ман, балки барои шумо буд» (Юҳанно 12:30). Ин исботи он аст, ки Исо, дар ҳақиқат, Писари Худо ва Масеҳи ваъдашуда аст.

      Исо то охири умр ба Худо содиқ монда ба ҳамаи мо намунаи ибрат гузошт. Ҳамчунин ӯ бо тарзи ҳаёташ исбот кард, ки ҳокими ин ҷаҳон — Шайтон бояд ҷазои худро бинад. Исо мегӯяд: «Вақти доварӣ кардани ин ҷаҳон расидааст, акнун ҳокими ин ҷаҳон ронда хоҳад шуд». Марги Исо нишони шикаст неву нишони ғалабаи ӯст. Исо мегӯяд: «Вақте ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳар гуна одамонро назди худ ҷалб мекунам» (Юҳанно 12:31, 32). Исо ҷони худро қурбон карда одамонро ба худ ҷалб месозад ва барои ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд.

      Вақте Исо мегӯяд, ки боло бардошта мешавад, мардум ҷавоб медиҳанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад. Чӣ тавр ту мегӯӣ, ки Писари одам бояд боло бардошта шавад? Писари одам кист?» (Юҳанно 12:34). Ин одамон исботи бисёреро бо чашмони худ диданд, ҳатто овози худи Худоро шуниданд, лекин аксари онҳо ҳанӯз имон намеоранд. Онҳо ҳанӯз ҳам бовар намекунанд, ки Исо Писари одам, яъне Масеҳ, аст.

      Мисли пештара Исо худашро «нур» меномад (Юҳанно 8:12; 9:5). Ӯ мардумро огоҳ мекунад: «Нур боз муддати кӯтоҳе дар миёни шумо хоҳад буд. То даме ки равшанӣ доред, дар он роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад... То даме ки нур бо шумост, ба он имон оред, то писарони нур шавед» (Юҳанно 12:35, 36). Баъд аз гуфтани ин суханон Исо аз он ҷо меравад, чунки ҳоло 10-уми нисон аст ва соати маргаш ҳанӯз фаро нарасидааст. Ӯ бояд 14-уми нисон, ҳангоми иди Раҳоӣ «боло бардошта» шавад, яъне дар сутун мехкӯб карда шавад (Ғалотиён 3:13).

      Исо муддати чанд сол ба яҳудиён мавъиза мекард, лекин онҳо ба суханонаш гӯш намедоданд ва ба вай имон намеоварданд. Ҳамин тавр пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро гардид. Ӯ пешгӯӣ карда буд, ки чашмони ин одамон кӯру дилҳояшон сахт мешавад ва онҳо ба Худо рӯ намеоранду шифо намеёбанд (Ишаъё 6:10; Юҳанно 12:40). Дар ҳақиқат, аксари яҳудиён Исоро рад мекунанд. Онҳо ба далелҳои раднопазир нигоҳ накарда эътироф намекунанд, ки ӯ Халосгари онҳост, ки дар борааш дар Навиштаҳо пешгӯйӣ шудааст.

      Ниқӯдимус, Юсуфи аромотӣ ва дигар роҳбарон ба Исо имон меоранд. Лекин оё онҳо далерона амал мекунанд? Ва ё аз тарси он ки онҳоро аз ибодатгоҳ пеш мекунанд ва ё обрӯйи худро дар назди мардум аз даст медиҳанд, имонашонро нишон намедиҳанд? (Юҳанно 12:42, 43).

      Исо мефаҳмонад, ки ба вай имон овардан чӣ маъно дорад: «Ҳар кӣ ба ман имон меорад, на танҳо ба ман, балки ҳамчунин ба Фиристандаи ман имон меорад ва ҳар кӣ маро мебинад, Фиристандаи маро низ мебинад». Худо ба Исо фармудааст, ки ҳақиқатро ба одамон таълим диҳад. Чизҳое, ки Исо таълим медиҳад, то дараҷае муҳим ҳастанд, ки ӯ мегӯяд: «Барои касе, ки маро ҳурмат намекунаду суханонамро қабул наменамояд, доваре ҳаст. Сухане, ки ман гуфтаам, ӯро дар рӯзи охирин доварӣ хоҳад кард» (Юҳанно 12:44, 45, 48).

      Исо суханашро тамом карда мегӯяд: «Ман аз пеши худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки маро фиристодааст, ба ман амр дод, ки маҳз чиро бояд гӯям. Ва ман медонам, ки амри Ӯ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад» (Юҳанно 12:49, 50). Исо медонад, ки каме пас ӯ ҷони худро барои шахсоне, ки ба ӯ имон доранд, фидо мекунад (Румиён 5:8, 9).

      • Дар давоми хизмати Исо дар кадом се маврид овози Худо шунида шуд?

      • Кадом роҳбарон ба Исо имон оварданд, лекин чӣ сабаб шуда метавонад, ки инро аз дигарон пинҳон кунанд?

      • Дар кадом асос одамон «дар рӯзи охирин» доварӣ карда мешаванд?

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан