ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 6 саҳ. 9
  • Сабаби истифода бурдани оят

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сабаби истифода бурдани оят
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Сарсухан пеш аз оят
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Хулосаи хуб
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Суханони ҷолибу пурмазмун
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 6 саҳ. 9

ДАРСИ 6

Сабаби истифода бурдани оят

Ояти овардашуда

Юҳанно 10:33–36

МАҚСАДИ ДАРС: Оятро хонда, зуд ба фикри дигар нагузаред. Боварӣ ҳосил кунед, ки шунавандагон алоқаи байни оят ва фикреро, ки шумо ба онҳо расонданиед, нағз фаҳмиданд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Калимаҳои асосиро қайд кунед. Баъд аз хондани оят диққати шунавандагонро ба калимаҳои даркорӣ равона кунед. Барои ин метавонед он калимаҳоро такрор кунед ё саволе диҳед, ки ҷавобашро аз оят ёфтан мумкин аст.

    Маслиҳат

    Агар шумо оятро бо гапҳои худ такрор кунед, кӯшиш намоед, ки шунавандагон алоқаи байни калимаҳои оят ва фикри асосиро пай баранд.

  • Фикри асосиро таъкид кунед. Агар шумо пеш аз хондани оят сабаби овардани онро гуфта бошед, фаҳмонед, ки чӣ тавр калимаҳои даркории оят фикри асосиро тасдиқ мекунанд.

    Маслиҳат

    Ҳангоми муҳокима кардани оят Китоби Муқаддасро дар дасти худ кушода доред. Инро дида ҳозирон низ китоби худро намепӯшанд ва дар рафти шарҳ додани шумо боз ба оят нигоҳ мекунанд.

  • Осон фаҳмонед. Он қисмҳои оятро, ки бо фикри асосӣ алоқаманд нестанд, шарҳ надиҳед. Дониши шунавандагонро оид ба мавзӯе, ки муҳокима мекунед, ба назар гирифта қарор кунед, ки барои равшан кардани фикри асосӣ чӣ қадар далел овардан лозим аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан