ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 11 саҳ. 14
  • Бо шавқу завқ гап занед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо шавқу завқ гап занед
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Ба дили кас роҳ ёбед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Бо шавқу завқ таълим диҳед
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Бо меҳрубонӣ гап занед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Суханони ҷолибу пурмазмун
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Маълумоти бештар
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 11 саҳ. 14

ДАРСИ 11

Бо шавқу завқ гап занед

Ояти овардашуда

Румиён 12:11

МАҚСАДИ ДАРС: Бо шавқу завқ ва ғайрати зиёд гап зада, ба дили шунавандагон таъсир расонед ва хоҳиши амал карданро дар онҳо бедор созед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Аз самими дил гап занед. Ҳангоми тайёрӣ фикр кунед, ки то чӣ андоза мавзӯатон муҳим аст. Маълумотеро, ки расондан мехоҳед, нағз омӯзед, то фикрҳое, ки мегӯед, на фақат аз забон, балки аз дил бароянд.

  • Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Фикру мулоҳиза кунед, ки қироат ё таълими шумо ба дигарон чӣ фоида меорад. Ҳамчунин дар бораи он андеша ронед, ки маълумотро ба шунавандагон чӣ тавр расонданиед, то миннатдории шунавандагон барои чизи фаҳмидаашон зиёдтар шавад.

  • Ба суханонатон ҷон бахшед. Бо шавқу завқ гап занед. Кӯшиш кунед, ки имову ишораатон табиӣ бошад ва бигзор аз қиёфаатон самимӣ будани шумо маълум гардад.

    Маслиҳат

    Ҳамон як имову ишораро аз рӯйи одат такрор накунед, чунки ин метавонад ба шунавандагонатон халал расонад. Бигзор имову ишораи шумо ба суханонатон мувофиқ бошад. Нишон додани шавқу ҳаяҷон асосан ҳангоми баён кардани фикрҳои асосӣ ва ба амал барангехтани ҳозирон бамаврид аст. Эҳтиёт шавед, ки аз аввал то охир бо завқу ҳаяҷон гап назанед, то шунавандагон хастаю дилгир нашаванд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан