ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?
Вохӯриҳои ҷамоат тавассути видеоконференсияҳо
26 ИЮНИ 2020
Бисёр давлатҳо дар саросари ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории Ковид-19 вохӯриҳои оммавиро манъ карданд ва қоида ҷорӣ намуданд, ки масофаи иҷтимоӣ риоя карда шавад. Шоҳидони Яҳува ин талаботи ҳукуматдоронро риоя мекунанд. Ҳамзамон онҳо ба таври бехатар гузаронидани вохӯриҳои худро давом медиҳанд. Барои ин Шоҳидон барномаҳоеро, ки ба гузаронидани видеоконференсияҳо имкон медиҳанд, масалан барномаи Zoom-ро, истифода бурда истодаанд.
Барои он ки ҷамоатҳо вохӯриҳои худро мунтазам гузаронда тавонанд, Ҳайати роҳбарикунанда иҷозат дод, ки хароҷот барои харидани литсензияҳои барномаи бехатари Zoom аз ҳисоби хайрияҳои фонди ташкилот рӯпӯш карда шаванд. Пеш, баъзе ҷамоатҳо имкон надоштанд, ки аз видеоконференсия истифода баранд, чунки хароҷоти видеоалоқа ҳатто ба андозаи 15-20 доллар ё андак зиёд барои онҳо хеле қимат буд. Барои ҳамин одатан онҳо аз барномаҳои бепул истифода мебурданд. Лекин камбудии он барномаҳо дар он буд, ки бехатар набуданд ва танҳо шумораи маҳдуди одамон ба конференсия пайваст шуда метавонистанд. Акнун он ҷамоатҳо метавонанд аз аккаунтҳои барномаи Zoom, ки ташкилот дастрас мекунад, истифода баранд. Ин аккаунтҳо бехатариро ба дараҷаи олӣ таъмин мекунанд ва имконият медиҳанд, ки миқдори зиёди одамон ба видеоконференсия пайваст шаванд. Айни замон аз чунин аккаунтҳо зиёда аз 65 000 ҷамоат дар беш аз 170 мамлакат истифода бурда истодаанд.
Ҷамоати «Каираги» дар шаҳри Манадо (дар шимоли ҷазираи Сулавеси, Индонезия) пеш барои видеоалоқа як барномаи бепулро истифода мебурд ва баъд ба барномаи Zoom гузашт. Бародар Хади Сантосо мегӯяд: «Ҳатто бародару хоҳароне, ки бо таҷҳизоти электронӣ ошно нестанд, бе ягон душворӣ ба вохӯриҳои ҷамоат пайваст мешаванд. Онҳо хурсанданд, ки акнун дар давоми вохӯрӣ якчанд бор аз алоқа канда намешаванд».
Пири ҷамоат Лестер Хихон аз ҷамоати «Гуаяканес Оэсте» (Гуаякил, Эквадор) мегӯяд: «Бисёр бародару хоҳарон дар маҳалли мо хеле қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамин баъзе ҷамоатҳо наметавонистанд аз намуди пулакии барномаи Zoom истифода баранд ва ҳамаи хоҳишмандонро ба вохӯрӣ пайваст кунанд. Акнун бо дастгирии ташкилот мо метавонем аз барномаи Zoom истифода барем. Ин имконият медиҳад, ки дигаронро бемалол ба вохӯриҳоямон таклиф кунем ва ташвиш накашем, ки шумораи ҳозирон аз ҳадди лозима мегузарад.
Пири ҷамоат Джонсон Мванза аз ҷамоати «Нгверере Норт» (Лусака, Замбия) навишт: «Бисёр бародару хоҳарон такрору ба такрор мегӯянд: “Ба туфайли барномаи Zoom мо на танҳо ба якдигар наздиктар шудем, балки ҳис кардем, ки то чӣ андоза Яҳува моро дӯст медорад ва дар бораи мо ғамхорӣ мекунад”».
Пул барои харидани чунин аккаунтҳои барномаи Zoom аз ҳисоби маблағҳое ҷудо карда шуд, ки барои кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гаштаанд. Ин маблағҳо қисми хайрияҳои ихтиёрӣ мебошанд, ки барои фаъолияти умумиҷаҳонӣ ирсол мешаванд. Аксари ин хайрияҳо тавассути сомонаи donate.jw.org ворид мешаванд. Раҳмат барои саховатмандиатон! Ба туфайли хайрияҳои шумо мо ба бародару хоҳарони ба кумак муҳтоҷ ёрдам карда метавонем (2 Қӯринтиён 8:14).