Бигзор «дастури меҳрубонӣ» дар дилатон бошад!
ЛИСАa ном хоҳар мегӯяд, ки чӣ ӯро ба ҳақиқат ҷалб кард: «Асосан меҳрубонии бародарону хоҳарон ба ман таъсир расонд». Анн низ чунин мегӯяд: «Назар ба таълимоти Шоҳидон меҳрубониашон ба дилам асар гузошт». Ҳардуи ин хоҳарон ҳозир Китоби Муқаддас мехонанд, лекин маҳз меҳрубонӣ онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард.
Чӣ тавр мо бо меҳрубониамон ба дили дигарон таъсир карда метавонем? Биёед ду роҳашро дида бароем: дар гуфтор ва дар рафтор. Сипас мефаҳмем, ки мо бояд ба кӣ меҳрубонӣ нишон диҳем.
«ДАСТУРИ МЕҲРУБОНӢ» ДАР ЗАБОНАТОН БОШАД
Зани некукоре, ки дар борааш дар китоби Панднома, боби 31 гуфта шудааст, бар забон «дастури меҳрубонӣ» дорад (Пнм. 31:26). Ӯ кӯшиш мекунад, ки аз рӯйи ин «дастур» сухан гӯяд. Хуб мебуд, ки падарон низ мувофиқи ин «дастур» амал кунанд. Бисёр волидон аз таҷрибаи худ медонанд, ки суханони сахт ба фарзандонашон таъсири бад мекунанд. Агар волидон гапҳои сахт ва хунук гӯянд, фарзандон ба суханони онҳо гӯш намедиҳанд. Барои ҳамин, волидони азиз, агар хоҳед, ки фарзандонатон итоаткор бошанд, ба онҳо меҳрубонона сухан гӯед.
Хоҳ волид бошед, хоҳ не, чӣ тавр шумо бо меҳрубонӣ гап заданро ёд гирифта метавонед? Ҷавоби ин савол дар қисми якуми Панднома 31:26 оварда шудааст: «Ӯ даҳонашро бо хирад мекушояд». Яъне, одами хирадманд ба сухан ва тарзи гапзаниаш аҳамият медиҳад. Барои ҳамин аз худ пурсед: «Оё суханоне, ки ман гуфтаниам, дигаронро ба ғазаб меорад ё ба онҳо оромӣ мебахшад?» (Пнм. 15:1). Бале, беҳуда нагуфтаанд: «Аввал андеша баъд гуфтор».
Дар Панднома 12:18 гуфта шудааст: «Сухани беандеша мисли зарби шамшер аст». Агар мо фикр кунем, ки чӣ тавр суханон ва оҳанги овозамон ба дигарон таъсир мекунад, эҳтимол ин ба мо ёрдам кунад, ки ҷилави забонамонро кашем. Вақте мо «дастури меҳрубонӣ»-ро ба кор мебарем, ҳеҷ гоҳ суханони сахт ва дағалро ба забон намеорем (Эфс. 4:31, 32). Хуб мебуд, ки ба ҷойи фикрҳои манфӣ суханони меҳрубонона ва некро бо оҳанги мулоим ба забон орем. Аз ин ҷиҳат Яҳува бароямон намунаи ибрат аст: Вақте пайғамбар Илёс ба тарс омада буд, фаришта ба ӯ бо «овози пасти ороме» суханони Яҳуваро расонда, ӯро рӯҳбаланд кард (3 Подш. 19:12). Лекин меҳрубон будан маънои танҳо суханони ширин гуфтанро надорад, мо бояд меҳрубониро дар амал нишон диҳем. Чӣ тавр?
АМАЛИ МЕҲРУБОНОНА БЕТАЪСИР НАМЕМОНАД
Вақте мо бо ширинзабонӣ ва амаламон меҳрубонӣ нишон медиҳем, ба Яҳува пайравӣ мекунем (Эфс. 4:32; 5:1, 2). Лиса, ки дар борааш дар боло гуфтем, дар бораи меҳрубонии Шоҳидон мегӯяд: «Вақте оилаи мо бояд дарҳол мекӯчид, ду ҷуфт аз ҷамоат аз корашон ҷавоб гирифта барои кӯчидан ба мо ёрдам доданд. Он вақт ман ҳатто Китоби Муқаддасро намеомӯхтам». Ин амали меҳрубононаи онҳо Лисаро ба ҳақиқат ҷалб кард.
Анн низ, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, аз меҳрубоние, ки Шоҳидон нишон доданд, хеле миннатдор буд. Ӯ мегӯяд: «Рафтори одамонро дида дилам аз ҳама монда буд. Барои ҳамин, вақте бо Шоҳидон вохӯрдам, ба онҳо низ бовар намекардам. Хавотир будам, ки чаро онҳо ба ман муҳаббат нишон медиҳанд. Лекин меҳрубонии ҳақиқии хоҳаре, ки бо ман омӯзиш мегузаронд, ёрдам дод, ки шубҳаҳоямро бартараф кунам». Ин чӣ натиҷа овард? «Баъдтар ман диққатамро ба чизҳое, ки меомӯхтам, равона кардам» — мегӯяд Анн.
Чи хеле мебинед, меҳрубонии баъзе бародару хоҳарон ба Лиса ва Анн бетаъсир намонд ва онҳоро ба ҳақиқат ҷалб сохт. Меҳрубонии аҳли ҷамоат бошад, ба онҳо кумак кард, ки ба Яҳува ва халқаш бовар кунанд.
БА ХУДО ПАЙРАВӢ КАРДА БО ДИГАРОН МЕҲРУБОН БОШЕД
Баъзеҳо аз сабаби тарбия ва маданияташон ширинсухан ва чеҳракушоданд. Ҳарчанд чунин одамон барои ин гуна рафторашон шоёни таҳсинанд, гуфта намешавад, ки онҳо ба меҳрубонии Яҳува пайравӣ мекунанд. (Бо Корнома 28:2 муқоиса кунед.)
Меҳрубонии ҳақиқӣ самари рӯҳи Худо мебошад (Ғал. 5:22, 23). Аз ин рӯ барои инкишоф додани он мо бояд гузорем, ки рӯҳи муқаддас ба фикрронӣ ва амалҳоямон таъсир кунад. Дар ин сурат мо ба Яҳува ва Исо пайравӣ карда метавонем. Мо мисли Исо нисбати дигарон бепарво нестем. Азбаски Яҳува ва одамонро дӯст медорем, ба дигарон меҳрубонӣ нишон медиҳем. Барои ҳамин меҳрубонии мо аз дил мебарояд ва Худо аз ин розӣ аст.
БА КӢ МЕҲРУБОНӢ КУНЕМ?
Одатан ба касоне, ки нисбати мо меҳрубонанд ва онҳое, ки мешиносем, меҳрубонӣ ва сипосгузорӣ кардан осон аст (2 Подш. 2:6; Қӯл. 3:15). Лекин агар фикр кунем, ки касе лоиқи меҳрубонии мо нест, он гоҳ чӣ?
Як фикр кунед: Яҳува дар нишон додани лутфу марҳамат намунаи беҳтарин аст ва дар Каломаш моро таълим медиҳад, ки ин хислатро зоҳир кунем. Ибораи «лутфу марҳамат» дар Навиштаҳои Юнонӣ борҳои зиёд омадааст. Чӣ тавр Худованд ин хислатро нишон медиҳад?
Яҳува ҳар рӯз барои нигоҳ доштани ҳаёти миллионҳо одамон чизҳои заруриро муҳайё гардонда меҳрубониашро нишон медиҳад (Мат. 5:45). Ҳатто пеш аз он ки одамон Яҳуваро шиносанд, ӯ ба онҳо меҳрубонӣ зоҳир кард (Эфс. 2:4, 5, 8). Масалан, ӯ чизи беҳтарин, яъне Писари нахустзодаашро барои тамоми одамизод дод. Павлуси расул навишт, ки Яҳува товонро дода «лутфи фаровони» худро нишон дод (Эфс. 1:7). Ғайр аз ин, мо гуноҳ карда Яҳуваро бисёр хафа мекунем, бо вуҷуди ин, ӯ моро роҳнамоӣ карда таълим медиҳад. Роҳнамоӣ ва таълими ӯ мисли «қатраҳои борони маҳин» мебошад (5 Мӯсо 32:2). Албатта, мо ҳамаи некиҳои Яҳуваро баргардонда наметавонем. Бояд қайд кард, ки агар лутфу марҳамати Яҳува намебуд, мо ба оянда умед намедоштем. (Бо 1 Петрус 1:13 муқоиса кунед.)
Бешубҳа, меҳрубонии Яҳува дилгармкунанда аст. Барои ҳамин ба ҷойи одамонро ҷудо кардан хуб мебуд, ки ба Яҳува пайравӣ кунему ҳамеша ба ҳама меҳрубонӣ нишон диҳем (1 Тас. 5:15). Вақте мо ин хислатро пайваста зоҳир мекунем, мисли офтобаки гарм дар фасли сармо мегардем. Бо нишон додани меҳрубонӣ мо аъзои оила, ҳамимонон, ҳамкорон, ҳамсинфон ва ҳасмояҳоро обод мекунем.
Дар бораи аъзои оила ва ҳамимононе фикр кунед, ки ба сухани хуш ва дастгирии шумо муҳтоҷанд. Шояд ягон кас дар ҷамоататон муҳтоҷ аст, ки дар рӯбучини хона, корҳои боғаш ё бозорӣ кардан ба ӯ кумак кунанд. Ғайр аз ин, дар хизмат аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ба онҳое, ки муҳтоҷи кумаканд, ёрӣ дода метавонед.
Пас, биёед ба Яҳува пайравӣ карда аҳамият диҳем, ки сухану рафтори мо ҳамеша аз рӯйи «дастури меҳрубонӣ» бошад.
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.