Суруди 1
Хислатҳои Яҳува
1. Ҳаст Яҳува бузург дар қудрат,
Ӯ Сарчашма ба ҳаёт ва нур аст.
Олам гӯяд аз қуввати беҳад,
Ҷанги Ту боз бештар гӯяд.
2. Бар адолат ҳаст тахтат пойдор,
Кардӣ ростӣ дар аҳкомат ошкор.
Каломат хонем ва шавад аён,
Ки ҳаст хирадат бепоён.
3. Ту саропо ҳастӣ муҳаббат,
Моро диҳӣ беҳисоб баракат.
Эълон карда хислатҳоятро мо,
Гӯем ба Ту ҳамду сано.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 35:10; 144:6–13; Яъқ. 1:17.)