Муҳаббат хислати беҳамтост
ЗЕРИ илҳоми Худо Павлуси ҳавворӣ дар бораи нӯҳ хислате навишт, ки шахс онро дар натиҷаи таъсири рӯҳи муқаддас инкишоф дода метавонад (Ғал. 5:22, 23). Дар якҷоягӣ ин хислатҳо «самари рӯҳ»a номида шудаанд. Ин хислатҳо ба «одами нав» хосанд, ки масеҳӣ бояд онро дар бар кунад (Қӯл. 3:10). Агар ба дарахт нағз нигоҳубин кунем, он самар меорад, ба ин монанд, агар шахс ба рӯҳи муқаддас роҳ диҳад, ки ба ҳаёташ таъсир расонад, он гоҳ ӯ самари рӯҳро зоҳир карда метавонад (Заб. 1:1–3).
Якум хислате, ки Павлус қайд кард, муҳаббат мебошад. Ин хислати бебаҳост. Чаро? Павлус гуфт, ки бе муҳаббат ӯ «ҳеҷ» аст (1 Қӯр. 13:2). Лекин муҳаббат чист ва чӣ тавр мо онро инкишоф дода, ҳар рӯз зоҳир карда метавонем?
МУҲАББАТ ЧИСТ?
Муҳаббатро бо як сухан фаҳмонидан осон нест, вале дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки он дар чӣ зоҳир мегардад. Масалан, мо мехонем, ки «муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст». Инчунин он «аз ростӣ хурсанд мешавад» ва «ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад». Муҳаббат ҳамчунин ёрдам мекунад, ки ба дигарон меҳру дилбастагӣ дошта бошем, нисбати онҳо самимона ғамхорӣ кунем ва дӯсти ҳақиқӣ бошем. Аммо, агар шахс муҳаббат надошта бошад, вай ҳасад мебарад, мағрур мешавад, бадкирдор ва худхоҳ мегардад ва касеро бахшида наметавонад. Ба ҷойи ин гуна хислатҳои бадро зоҳир кардан мо мехоҳем, ки ба дигарон муҳаббати ҳақиқиро, ки «нафъи худро толиб нест», зоҳир намоем (1 Қӯр. 13:4–8).
ЯҲУВА ВА ИСО ДАР ЗОҲИР КАРДАНИ МУҲАББАТ НАМУНА МЕБОШАНД
«Худо муҳаббат аст». Дар ҳақиқат, Яҳува саропо муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:8). Ҳама корҳои Ӯ аз ин шаҳодат медиҳанд. Масалан, Яҳува Исоро ба замин фиристод, то барои мо ҷонашро қурбон кунад. Ин нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Яҳува моро дӯст медорад. Юҳаннои ҳавворӣ гуфт: «Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод» (1 Юҳ. 4:9, 10). Маҳз аз рӯйи муҳаббаташ Худо гуноҳҳои моро бахшида ба ҳаёти ҷовидонӣ умед мебахшад.
Исо бо омодагӣ ҷонашро қурбон кард ва бо ин муҳаббаташро ба одамизод нишон дод. Павлус навишт: «[Исо] гуфтааст: “Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам”... Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем» (Ибр. 10:9, 10). Ягон одам муҳаббати аз ин бузургтарро зоҳир карда наметавонад. Исо гуфт: «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад» (Юҳ. 15:13). Оё мо, одамони нокомил, мисли Яҳува ва Исо муҳаббат зоҳир карда метавонем? Бале! Биёед фаҳмем, ки барои ин чӣ кор кардан даркор аст.
«ДАР МУҲАББАТ РАФТОР КУНЕД»
Павлус моро барангехт: «Чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо... таслим намуд» (Эфс. 5:1, 2). «Дар муҳаббат рафтор кардан» чӣ маъно дорад? Ин маънои ҳама вақт зоҳир кардани муҳаббатро дорад. Муҳаббати мо бояд на фақат дар сухан, балки дар амал низ зоҳир гардад. Юҳанно навишт: «Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем» (1 Юҳ. 3:18). Масалан, агар мо Худо ва одамонро дӯст дорем, ин моро бармеангезад, ки хушхабарро ба дигарон расонем (Мат. 24:14; Луқ. 10:27). Ҳамчунин агар мо пурсабр, нек ва бахшанда бошем, «дар муҳаббат рафтор» мекунем. Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32).
Муҳаббати ҳақиқӣ маънои онро надорад, ки мо бояд аз ҳад мулоим бошем. Масалан, баъзе волидон барои ором кардани кӯдаки гирёнашон ҳама хоҳишҳои ӯро иҷро мекунанд. Вале он волидоне, ки, дар ҳақиқат, фарзандонашонро дӯст медоранд, ба гиряи онҳо дода намешаванд ва, агар лозим шавад, ҷазо дода ислоҳ мекунанд. Ба ин монанд, ҳарчанд Яҳува Худои муҳаббат аст, Ӯ «ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медиҳад» (Ибр. 12:6). Агар мо касеро дар вақти лозима ислоҳ кунем, мо «дар муҳаббат рафтор» мекунем (Мас. 3:11, 12). Вале дар ёд доред, ки ҳамаи мо нокомилем ва бароямон зоҳир кардани муҳаббат на ҳама вақт осон аст. Аз ин рӯ ҳамаи мо бояд бештар зоҳир кардани муҳаббатро ёд гирем. Чӣ тавр мо муҳаббатро инкишоф дода метавонем? Биёед се қадамро дида бароем.
ЧӢ ТАВР МУҲАББАТРО ИНКИШОФ ДИҲЕМ?
Якум, аз Худо рӯҳи муқаддас пурсед. Исо гуфт, ки Яҳува ба касоне, ки аз Ӯ рӯҳулқудс мепурсанд, онро медиҳад (Луқ. 11:13). Агар мо дар дуо рӯҳи муқаддас пурсем ва иҷозат диҳем, ки он ба мо таъсир расонад, он гоҳ муҳаббатамон дар корҳоямон бештар маълум мегардад (Ғал. 5:16). Масалан, агар шумо пири ҷамъомад бошед, аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, то ҳангоми ба касе аз Китоби Муқаддас маслиҳат додан ё ислоҳ карданатон ба шумо ёрдам кунад, ки меҳрубон бошед. Ё ин ки агар шумо волид бошед, аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, то ба шумо кӯмак расонад, ки фарзандатонро на бо қаҳру ғазаб, балки бо муҳаббат тарбия кунед.
Дуюм, дар бораи он фикр кунед, ки, вақте Исоро ба хашм меоварданд, ӯ чӣ кор мекард. Исо ҳамеша аз рӯйи муҳаббат амал мекард (1 Пет. 2:21, 23). Вақте ягон кас шуморо хафа мекунад ё нисбататон беадолатона рафтор менамояд, аз худ пурсед: «Исо ба ҷойи ман мебуд, чӣ кор мекард?» Хоҳаре бо номи Лей мегӯяд, ки ин савол ба ӯ ёрдам кард, то пеш аз ягон кор кардан аввал фикр кунад. Ӯ мегӯяд: «Боре як ҳамкорам ба дигар ҳамкоронам ба воситаи почтаи электронӣ нома фиристода дар он дар бораи ман ва корам гапҳои беҷо задааст. Ин кори вай ба ман сахт расид. Вале аз худ пурсидам, ки “чӣ тавр дар ин вақт мисли Исо рафтор карда метавонам?” Баъд ман қарор кардам, ки ба Исо пайравӣ карда ба ин аҳамият намедиҳам. Чанде пас фаҳмидам, ки ин ҳамкорам ба касалии сахт гирифтор асту он вақт асабонӣ будааст. Барои ҳамин хулоса кардам, ки шояд ӯ бо он чизе ки навишт, маро хафа кардан намехост. Вақте туро ба хашм меоранд, худро қапидан осон нест, лекин ба намунаи Исо пайравӣ намудан ба ман ёрдам кард, ки ба ҳамкорам муҳаббат зоҳир кунам». Агар мо ҳам ба Исо пайравӣ кунем, ҳамеша аз рӯйи муҳаббат амал хоҳем кард.
Сеюм, зоҳир кардани муҳаббати фидокоронаро ёд гиред. Маҳз бо зоҳир кардани ин муҳаббат шогирдони Исо аз дигарон фарқ мекунанд (Юҳ. 13:34, 35). Худи Исо дар зоҳир кардани муҳаббати фидокорона ба мо намуна гузошт. Чӣ тавр? Ӯ барои мо аз осмон ба замин омад ва «то вақти мамот» «худро кам донист» (Флп. 2:5–8). Ҳар қадаре ки мо ба муҳаббати фидокоронаи Исо пайравӣ кунем, ҳамон қадар фикру ҳиссиётамон бештар ба ӯ монанд мешавад ва мо хоҳишҳои дигаронро аз худамон болотар мемонем. Зоҳир кардани муҳаббат боз чӣ манфиат меорад?
МАНФИАТИ МУҲАББАТ
Зоҳир кардани муҳаббат манфиати зиёд меорад. Баъзе аз ин манфиатҳо инҳоянд:
Зоҳир кардани муҳаббат чӣ манфиат меорад?
БАРОДАРИЯТИ УМУМИҶАҲОНӢ: Азбаски мо якдигарро дӯст медорем, мо медонем, ки ба кадом мамлакати рӯйи дунё наравем, бародару хоҳарон моро хуш пазироӣ мекунанд. Чӣ баракати бузург аст донистани он ки туро бародарону хоҳарон дар тамоми дунё дӯст медоранд (1 Пет. 5:9). Мо ин гуна муҳаббатро танҳо дар байни халқи Худо ёфта метавонем.
СУЛҲ: «Якдигарро дар муҳаббат таҳаммул» намудан ба мо кӯмак мерасонад, ки «иттифоқи осоиштагӣ»-ро нигоҳ дорем (Эфс. 4:2, 3). Мо чунин сулҳу ягонагиро дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо ҳис карда метавонем. Имрӯз дар ин дунёи пур аз душманиву ҷудоӣ чунин рӯҳияи ягонагӣ камёфт аст (Заб. 118:165; Иш. 54:13). Бо одамон сулҳу ягонагиро нигоҳ дошта мо нишон медиҳем, ки, дар ҳақиқат, онҳоро дӯст медорем. Ин рафтори мо дили Падари осмониамонро хеле хурсанд мегардонад (Заб. 132:1–3; Мат. 5:9).
«МУҲАББАТ ОБОД МЕКУНАД»
Павлус навишт: «Муҳаббат обод мекунад» (1 Қӯр. 8:1). Ин чӣ маъно дорад? Дар 1 Қӯринтиён, боби 13, ки баъзеҳо онро «Таронаи муҳаббат» меноманд, Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки чӣ тавр муҳаббат обод мекунад. Муҳаббат фақат дар бораи худаш фикр намекунад (1 Қӯр. 10:24; 13:5). Илова бар ин, азбаски муҳаббат боандеша, бодиққат, пурсабр ва ғамхор аст, ба туфайли он дар ҷамъомад ягонагӣ пойдор мешавад ва оилаҳо хушбахт мегарданд (Қӯл. 3:14).
Муҳаббат ба Худо хеле пурарзиш аст ва манфиати зиёд меорад. Чаро? Зеро муҳаббат ба Ӯ моро муттаҳид месозад. Он ёрдам мекунад, ки одамони ҳар халқу миллат ва забон Яҳуваро «якдилона ибодат намоянд» (Саф. 3:9). Биёед ҳар рӯз барои зоҳир кардани ин хислати беҳамто, ки самари рӯҳ аст, ҷидду ҷаҳд кунем.
a Дар ин мақола яке аз хислатҳои самари рӯҳ муҳокима мешавад. Дар шумораҳои навбатӣ бошад, ҳашт хислати боқимонда муҳокима мегардад.