ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp20 № 2 саҳ. 14-15
  • Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОЁ ШУМО АВВАЛ ПОДШОҲИИ ХУДОРО МЕҶӮЕД?
  • Подшоҳии Худо чист?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Аввал Малакути Худоро биҷӯед
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • «Бигзор Подшоҳии Ту биёяд» — Бо ин суханон миллионҳо одамон дуо мегӯянд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Салтанате, ки «то абад барҳам нахоҳад хӯрд»
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
wp20 № 2 саҳ. 14-15
Марде пеш аз хондани Китоби Муқаддас дуо мегӯяд

Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?

Тасаввур кунед, ки тӯфони харобиоваре ба маҳалли шумо наздик шуда истодааст. Аз ҳамаи воситаҳои хабарӣ чунин огоҳӣ садо медиҳад: «МАРДУМ, ЗУДТАР ИН МАҲАЛРО ТАРК КУНЕД! БА ҶОЙИ БЕХАТАРЕ ПАНОҲ ЁБЕД». Шумо дар ин ҳолат чӣ кор мекардед? Албатта, барои худ паноҳгоҳ меҷустед.

Гуфтан мумкин аст, ки ба ҳаёти ҳар яки мо «тӯфон»-и харобиоваре таҳдид мекунад, ки Исо онро «мусибати бузург» номид (Матто 24:21). Мо аз ин воқеа даргурез буда наметавонем. Лекин мо тамоман бе илоҷ нестем ва барои зинда мондан паноҳгоҳ ёфта метавонем. Чӣ хел?

Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исои Масеҳ чунин дастурот дод: «Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред» (Матто 6:33). Мо инро чӣ тавр карда метавонем?

Аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Подшоҳии Худоро аз ҳамаи дигар чизҳо муҳимтар шуморем. (Матто 6:25, 32, 33). Чаро? Зеро одамон қодир нестанд, ки душвориҳои печ дар печи инсониятро ҳал кунанд. Танҳо Подшоҳии Худо инро карда метавонад.

Он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред. Мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш кунем, ки мувофиқи қонуну принсипҳои одилонаи Худо зиндагӣ кунем. Барои чӣ? Агар ҳар кас чизеро, ки худаш дуруст мешуморад, кунад, ба сараш бадбахтӣ меорад (Масалҳо 16:25). Аз дигар тараф, агар мо аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунем, на танҳо Худоро хурсанд мекунем, балки ба худамон низ фоида мерасонем (Ишаъё 48:17, 18).

Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред. Исо огоҳ кард, ки диққати баъзе касонро дигар чизҳо ба худ ҷалб карда метавонад. Масалан, баъзе одамон аз қафои чизу чора медаванд, чунки фикр мекунанд, ки пули зиёд онҳоро муҳофизат мекунад. Баъзеҳо ба ташвишҳои зиндагӣ чунон дода мешаванд, ки барои ҷустани Подшоҳии Худо вақт надоранд (Матто 6:19–21, 25–32).

Лекин Исо ваъда дод, ки онҳое ки Подшоҳии Худоро меҷӯянд, ҳамаи чизҳои зарурии ҳаётро хоҳанд дошт ва дар оянда аз баракатҳои беохир баҳра хоҳанд бурд (Матто 6:33).

Ҳарчанд шогирдони Исо дар асри як пеш аз ҳама Подшоҳии Худоро меҷустанд ва он чиро, ки ба назари Худо дуруст буд, ба амал меоварданд, дар ҳаёти худ тамомшавии ҳамаи дарду азобҳоро надиданд. Лекин онҳо паноҳгоҳи ҳақиқӣ доштанд. Ин чӣ буд?

Аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Худо зиндагӣ кардан онҳоро аз мушкилиҳое, ки одамони худобехабар ба сари худ меоварданд, муҳофизат мекард. Онҳо имони қавӣ доштанд, ки Подшоҳии Худо ҳатман меояд. Чунин имон ба онҳо кӯмак мекард, ки ба душвориҳои сахттарин тоб оранд. Инчунин Яҳува ба онҳо «қувваи барзиёд» медод, то истодагарӣ кунанд (2 Қӯринтиён 4:7–9).

ОЁ ШУМО АВВАЛ ПОДШОҲИИ ХУДОРО МЕҶӮЕД?

Масеҳиёни асри як ба амри Исо ҷиддӣ муносибат карда пеш аз ҳама Подшоҳии Худоро меҷустанд; онҳо хушхабарро дар тамоми гӯшаю канори дунёи онвақта паҳн намуданд (Қӯлассиён 1:23). Оё дар рӯзҳои мо низ касе ин корро ба ҷо меорад?

Бале! Шоҳидони Яҳува медонанд, ки ба тамомшавии ин тартибот вақт хеле кам мондааст, барои ҳамин онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда супориши зерини Исоро иҷро мекунанд: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).

Оё шумо хушхабарро қабул мекунед? Мо шуморо даъват мекунем, ки мисли сокинони шаҳри қадимаи Бирия, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, рафтор кунед. Вақте онҳо аз Павлуси расул хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо шуниданд, онро «бо хоҳиши зиёд қабул карданд». Сипас барои боварӣ ҳосил кардан «ҳар рӯз Навиштаҳои Муқаддасро бодиққат меомӯхтанд» ва аз рӯйи дониши гирифтаашон амал мекарданд (Аъмол 17:11, 12).

Миллионҳо одамон аз тамоми дунё барои дастгирӣ кардани Подшоҳии Худо чунин амал мекунанд:

  1. Шоҳидони Яҳува бо марде дар назди дараш сӯҳбат доранд.

    Хушхабарро гӯш мекунанд

  2. Он мард дар хонааш бо яке аз Шоҳидон омӯзиш карда истодааст.

    Навиштаҳоро бодиққат меомӯзанд

  3. Он омӯзанда ба ибодатгоҳ ба вохӯрии ҷамъомад меояд.

    Бо онҳое, ки аввал Подшоҳии Худоро меҷӯянд, муошират мекунанд

  4. Марде пеш аз хондани Китоби Муқаддас дуо мегӯяд.

    Барои хизматгори Худо шудан қадамҳои лозима мегузоранд

Шумо низ мисли онҳо амал карда метавонед. Агар аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст аст, ба ҷо оред, ҷони худро имрӯз дар паноҳ нигоҳ медоред ва оянда аз оромиву осудагии бардавом баҳраманд мегардед.

Барои зиёдтар фаҳмидан оиди фаъолияти Шоҳидони Яҳува ба сайти расмии мо jw.org дароед.

Дар он ҷо ба беш аз 1000 забон маълумот дастрас аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан