МАВЗӮИ АСОСӢ | КИТОБЕ, КИ АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ
Китоби Муқаддас. Аз ҳама ҷиҳатҳо рост аст
Аз ҷиҳати илм
ҲАРЧАНД Китоби Муқаддас китоби илмӣ нест, лекин дар он дар бораи табиат маълумоти аниқ оварда шудааст. Биёед мисолҳоро аз соҳаи обуҳавошиносӣ ва генетика дида бароем.
ОБУҲАВОШИНОСӢ. ПАЙДО ШУДАНИ БОРОН
ОБУҲАВОШИНОСӢ
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ӯ қатраҳои обро ҷудо мекунад; онҳо андаруни буғ борони зулол мегардад, ки онро абрҳо фурӯ рехта, бар одамон фаровон меборонад» (Айюб 36:27, 28).
Китоби Муқаддас се давраи асосии гардиши обро тасвир мекунад. Худо Сарчашмаи гармии офтоб буда, «қатраҳои обро ҷудо мекунад», яъне 1) бо бухоршавӣ обро ҷудо мекунад ва оби бухоршуда 2) ҷамъ шуда, абрҳоро ташкил медиҳад ва баъд 3) боришот ба амал меояд. Ҳатто имрӯз обуҳавошиносон пайдоиши боронро ба пуррагӣ намефаҳманд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда»-и Ӯро дарк намояд? (Айюб 36:29). Аммо Офаридгор дар бораи пайдоиши борон ҳама чизро мефаҳмад ва Ӯ нависандаи Китоби Муқаддасро барангехт, ки ин маълумоти дақиқро нависад. Худо аз олимон ҳам пештар ин ҷараёнро фаҳмонда буд.
ГЕНЕТИКА. ИНКИШОФИ ҶАНИНИ ОДАМ
ГЕНЕТИКА
Нависандаи Китоби Муқаддас, шоҳ Довуд, гуфт: «Ҷанинамро чашмони Ту дидааст, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст» (Забур 138:16). Довуд бо забони шоирона оиди ҷанин гуфт, ки он мувофиқи дастуротҳои дар «дафтар» ё нақша навишташуда инкишоф меёбад. Ҷолиби диққат аст, ки ин суханон 3000 сол пеш навишта шудаанд.
Тақрибан дар байни солҳои 1800-ум ботаники австриягӣ Грегор Мендел принсипҳои асосии генетикаро кашф намуд. Ва танҳо моҳи апрели соли 2003 тадқиқотчиён муайян намудани пайдарпайии молекулаҳои КДН (геном)-и одамро, ки дар худ тамоми маълумоти генетикиро дорад ва барои ташкил ёфтани сохти бадан лозим аст, ба итмом расонданд. Олимон коди химиявию генетикиро чун луғати пур аз калимаҳое, ки аз ҳарфҳои алифбо сохта шудааст, тасвир мекунанд. Сохти калимаҳо дастуроти генетикӣ мебошад. Дар асоси ин дастурот қисмҳои ҷанин аз ҷумла майнаи сар, дил, шуш ва дасту пой бо пайдарҳамии аниқ ва дар вақти муайян инкишоф меёбанд. Олимон геноми одамиро чун «китоби ҳаёт» тасвир намуда, суханони дар Забур 138:16 навишташударо тасдиқ мекунанд. Чӣ тавр шоҳ Довуд тавонист чунин маълумоти дақиқро нависад? Ӯ фурӯтанона гуфт: «Рӯҳи Худо дар ман сухан ронд, ва каломи Ӯ бар забони ман аст» (2 Подшоҳон 23:2).
Аз ҷиҳати иҷрошавии пешгӯйиҳо
ПЕШАКӢ донистани он, ки кадом ҳокимиятҳо ё шаҳрҳо ба сари қудрат меоянд ё фурӯ меғалтанд, хеле мушкил аст ё ҳатто ғайриимкон аст. Лекин дар Китоби Муқаддас валангоршавии ҳокимиятҳову шаҳрҳои бузург аниқу батафсил пешгӯйӣ шудааст. Биёед ду мисолро дида бароем.
ЗАБТ ВА ХАРОБАЗОР ШУДАНИ БОБИЛ
Шаҳри қадими Бобил маркази империяи бузург буд, ки ба Осиёи ғарбӣ дар муддати якчанд аср таъсир мерасонд. Он як вақтҳо шаҳри калонтарини дунё буд. Лекин тақрибан 200 сол пеш аз забт шудани он, Худо ба воситаи Ишаъё-пайғамбар пешгӯйӣ кард, ки марде бо номи Куруш Бобилро муҳосира мекунад ва оқибат харобазор мешавад (Ишаъё 13:17–20; 44:27, 28; 45:1, 2). Оё ин пешгӯйӣ маҳз ҳамин тавр иҷро шуд?
ТАЪРИХ
Моҳи октябри соли 539-уми то милод Куруши Кабир Бобилро дар як шаб забт намуд. Бо гузашти вақт каналҳое, ки он минтақаҳои ҳосилхези гирду атрофро обёрӣ мекарданд, оҳиста-оҳиста аз беназоратӣ хушк шуданд. Қарибиҳои соли 200-уми милодӣ одамон он ҷойро макони беодам мегуфтанд. Имрӯз аз Бобил танҳо вайронаҳо боқӣ мондаанд. Чи тавре ки дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, Бобил «саросар ба харобазор табдил» ёфт (Ирмиё 50:13).
Нависандаи Китоби Муқаддас ҳамаи инро пешакӣ аз куҷо фаҳмид? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки он рӯъёе буд «дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст» (Ишаъё 13:1).
НИНВЕ МИСЛИ БИЁБОН ХУШК МЕШАВАД
Нинве пойтахти давлати Ашшур буда аз ҷиҳати меъморӣ хеле зебо буд. Шаҳр кӯчаҳои васеъ, боғҳои калон, маъбадҳо ва қасрҳои бошукӯҳ дошт. Лекин пайғамбар Сафанё пешгӯйӣ кард, ки ин шаҳри боҳашамат «ба саҳрои хушке, ки мисли биёбон» аст, табдил меёбад (Сафанё 2:13–15).
Дар асри 7-и то милод лашкари Бобил ва Модай дар якҷоягӣ шаҳри Нинверо ба хок яксон карданд. Мувофиқи як маълумотнома ин шаҳри мағлубгашта «дар муддати 2500 сол аз хотираи ҳама фаромӯш шуда буд». Дар ин муддат одамон ҳатто шубҳа мекарданд, ки оё Нинве ягон вақт вуҷуд дошт ё не. Танҳо дар миёнаи асри 19 бостоншиносон вайронаҳои шаҳри Нинверо ёфтанд. Имрӯз ин ҷой бо ҳар сабаб зарар дида истодааст. Фонди ҷаҳонӣ оид ба мерос (Global Heritage Fund) огоҳ мекунад: «Боқимондаҳои шаҳри Нинве метавонад аз нав зери хок шавад».
Сафанё ин маълумотро аз куҷо гирифт? Инро «каломи Худованд» ба ӯ ошкор кард (Сафанё 1:1).
Китоби Муқаддас ба саволҳои муҳими ҳаёт ҷавоб медиҳад
КИТОБИ МУҚАДДАС ба саволҳои муҳими ҳаёт ҷавобҳои қонеъкунанда медиҳад. Биёед намунаҳои зеринро дида бароем.
БАРОИ ЧӢ ДУНЁ ПУР АЗ РАНҶУ АЗОБ АСТ?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки чаро мо ранҷу азоб мекашем. Он мегӯяд:
«Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).
Ҳокимиятҳои бесалоҳияту порахӯр ба инсоният бадбахтӣ меоранд.
«Вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод» (Воиз 9:11).
Вақти номусоид ин дар ягон ҷой ё дар ягон вақт бо касалии ҷиддӣ, нохушӣ ё бадбахтӣ рӯ ба рӯ шудани шахсро дар назар дорад.
«Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад» (Румиён 5:12).
Дар аввал, вақте Худо марду занро офарид, нокомилӣ ва марг вуҷуд надошт. Ҳангоме ки онҳо дидаву дониста ба Офаридгор беитоатӣ карданд, гуноҳ «ба ҷаҳон дохил шуд».
Китоби Муқаддас ғайр аз фаҳмондани он ки чаро мо ранҷу азоб мекашем, чизи дигаре мегӯяд. Он ваъда медиҳад, ки Худо бадиро нест мекунад ва «ҳар ашкро аз чашмони онҳо [одамон] пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:3, 4).
БАЪД АЗ МАРГ БО ОДАМ ЧӢ МЕШАВАД?
Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки марг ҳолатест, ки шахс ягон кор карда наметавонад. Дар Воиз 9:5 гуфта шудааст: «Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд». Баъд аз марг «андешаҳои вай [одам] нест мешавад» (Забур 145:4). Вақте одам мемурад, кори майнаи сар ва ҳамаи узвҳои баданаш қатъ мегардад. Барои ҳамин баъди мурдан мо наметавонем чизеро ҳис кунем ё фикр кунем.
Китоби Муқаддас ғайр аз фаҳмондани ҳолати мурдагон боз чизи дигаре мегӯяд. Дар он гуфта шудааст, ки одамоне, ки дар хоби марг ҳастанд, зинда мешаванд (Ҳушаъ 13:14; Юҳанно 11:11–14).
МАЪНОИ ҲАЁТ ДАР ЧИСТ?
Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳуваa дар аввал марду занро офарид (Ҳастӣ 1:27). Одами аввалин чун писари Худо номида шудааст (Луқо 3:38). Худо одамонро бо мақсаде офарид, ки бо Ӯ муносибати наздик дошта бошанду хушбахтона то абад зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин Ӯ ба одамизод қобилияти дар бораи Ӯ дониш гирифтанро дод. Пас, маълум мегардад, ки чаро ин хоҳиш табиӣ аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Матто 5:3, Хушхабар).
Ғайр аз ин, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Хушо онҳое, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд» (Луқо 11:28). Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи Худо таълим медиҳад, балки ба мо кӯмак мекунад, ки ҳаёти хушбахтона ба сар барем ва барои оянда умед дошта бошем.
Муаллифи Китоби Муқаддас ва шумо
МИЛЛИОНҲО одамон дар тамоми ҷаҳон баъди бодиққат тадқиқот кардан, ба хулосае омаданд, ки Китоби Муқаддас танҳо асари бадеӣ нест. Онҳо ҳамчунин боварӣ ҳосил карданд, ки он Каломи Худо мебошад ва Худо ба воситаи он бо одамон, аз он ҷумла бо шумо низ муошират мекунад. Дар он Худо шуморо даъват мекунад, ки Ӯро шиносед ва дӯсти Ӯ гардед. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8).
Ҳангоми тадқиқи Китоби Муқаддас маълумотҳои муҳимро фаҳмида метавонед. Ин чӣ гуна маълумот аст? Чи хеле ки ҳангоми хондани ягон китоб фикри муаллиф маълум мешавад, ҳамин тавр ҳангоми хондани Китоби Муқаддас фикр ва ҳиссиёти Муаллифи он, Худо, ошкор мегардад. Фикр кунед, ки ин барои шумо чӣ маъно дорад. Тасаввур кунед, шумо метавонед фикру ҳиссиёти Офаридгори худро фаҳмед! Илова бар ин, аз Китоби Муқаддас фикрҳои зеринро фаҳмида метавонед:
Номи Худо, шахсият ва хислатҳои олиҷаноби Ӯ.
Мақсади Худо дар бораи одамизод.
Чӣ тавр бо Худо муносибати наздикро инкишоф додан мумкин аст.
Оё мехоҳед маълумоти бисёртар гиред? Шоҳидони Яҳува бо хурсандӣ ба шумо ёрдам мекунанд. Онҳо бо шумо омӯзиши бепули Китоби Муқаддас гузаронда метавонанд. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки бо Яҳува, Муаллифи Китоби Муқаддас, наздик шавед.
Дар ин мақола баъзе далелҳое оварда шудаанд, ки аз рӯйи илҳоми илоҳӣ навишта шудани Китоби Муқаддасро исбот мекунанд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба боби 2-юми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» нигоҳ кунед. Ин адабиёт аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гардидааст ва шумо онро аз сайти www.pr2711.com дастрас карда метавонед ё кодро сканер кунед.
Шумо ҳамчунин видеонавори «Муаллифи Китоби Муқаддас кист?»-ро аз сайти www.pr2711.com тамошо карда метавонед.
Ба АДАБИЁТҲО > ВИДЕО нигаред.
a Яҳува номи Худои Таолост, ки он дар Китоби Муқаддас навишта шудааст.