ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g18 № 2 саҳ. 13
  • 10 Боваринок будан

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 10 Боваринок будан
  • Бедор шавед!—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
  • ЧАРО БОВАРИНОК БУДАН МУҲИМ АСТ?
  • ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
  • Аз бародару хоҳарон дилпур бошед!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошед
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Одами боваринок бошед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Дар вақти хушксолӣ шумо чӣ кор мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2018
g18 № 2 саҳ. 13
Духтараке дар бонк пул пардохт мекунад

Ба волидон итоат кардан мисли баргардонидани қарзи бонк аст. Чи қадаре ки ту масъулиятнок бошӣ, ҳамон қадар бештар ба ту бовар мекунанд

БАРОИ ҶАВОНОН

10 Боваринок будан

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Одами боваринок боварии волидон, дӯстон ва сардори корхонаашро ба даст меорад. Вай бо иродаи қавӣ тартибу қоидаҳоро риоя мекунад, ба ваъдаҳояш вафо мекунад ва ҳамеша гапи ростро мегӯяд.

ЧАРО БОВАРИНОК БУДАН МУҲИМ АСТ?

Одатан ба ту ҳамон вақт озодии бештар медиҳанд, агар ту одами боваринок буданатро нишон диҳӣ.

«Барои ба боварии волидонат даромадан, ту бояд на танҳо дар назди онҳо, балки ҳамчунин вақте ки онҳо туро намебинанд, чун шахси баркамол ва бомасъулият рафтор кунӣ» (Сабрина).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Худро тафтиш кунед» (2 Қӯринтиён 13:5).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Агар ту хоҳӣ, ки дигарон ба ту бештар бовар кунанд ё боварии гумшудаи онҳоро аз нав ба даст овардан хоҳӣ, корҳои зеринро кун.

Ростгӯ ва ростқавл бош. Ҳатто як борак дурӯғ гӯйӣ ҳам, аз боварии дигарон мебароӣ. Ва баръакс, агар ту ростқавл бошӣ ва хатогиҳоятро пинҳон накунӣ, дигарон ба ту бовар мекунанд.

«Вақте ҳама кор хуб рафта истода бошад, ростқавл будан осон аст. Лекин ҳолатҳое мешаванд, ки барои гапи ростро гуфтан ту бояд айбатро ба гардан гирӣ. Аммо, агар дар ин мавридҳо низ ҳаққи гапро гӯйӣ, дар натиҷа дигарон ба ту бисёртар бовар мекунанд» (Кайман).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем» (Ибриён 13:18).

Масъулиятнок бош. Мувофиқи як таҳқиқоте, ки дар ИМА гузаронда шуд, 78 фоизи мутахассисоне, ки коргарони бетаҷрибаро ба кор қабул мекунанд, масъулиятнокиро яке аз хислатҳои муҳимтарин меҳисобанд. Агар ту шахси масъулиятнок буданро ёд гирӣ, ин дар оянда ба ту даркор мешавад.

«Волидонам хурсанд мешаванд, вақте ман корҳои хонаро бе доимо ёдраскунии онҳо нағз ба ҷо меорам. Чи қадаре ки ман худро масъулиятнок нишон диҳам, онҳо ба ман ҳамон қадар бештар боварӣ мекунанд» (Сара).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Боварӣ дорам, ки хоҳиши маро ба ҷо меорӣ, ва медонам, ки аз ин ҳам зиёдтар мекунӣ» (Филемӯн 21).

Пурсабр бош. Одатан баланд шудани қадатро дигарон даррав пай мебаранд. Вале барои он ки онҳо ба ту чун ба одами баркамол ва масъулиятнок нигаранд, вақт даркор аст.

«Танҳо бо як корат боварии волидон ва атрофиёнро ба даст оварда наметавонӣ. Барои ин ту бояд ҳар рӯз бо рафторат нишон диҳӣ, ки ба ту бовар кардан мумкин аст» (Брэндон).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Пурсабриро дар бар кунед» (Қӯлассиён 3:12).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан