Волидон бо намунаи худ ба фарзандонашон дӯст доштанро ёд медиҳанд
ҚАДАМ СӮЙИ ҲАЛЛИ ДУШВОРӢ
Таълиму тарбияи ахлоқӣ
Вақте мактаббачагон ба саёҳат мерафтанд, якчанд писарбачаҳо ҳамсинфашонро, ки ӯ низ писар буд, таҷовуз карданд. Ҳамаи онҳо дар яке аз мактабҳои хусусӣ ва номдори Канада мехонданд. Як рӯзноманигори Канада дар ин бора чунин навишт: «Ягон чиз на хирад, на таълим, на таҳсил дар мактаби номдор ин наврасонро аз кардани чунин рафтори бадахлоқона бознадошт» (рӯзномаи «Ottawa Citizen»).
Ин рӯзноманигор ҳамчунин қайд кард: «Одатан аз волидон интизор мешавӣ, ки ба фарзандонашон одобу ахлоқро ёд медиҳанд. Лекин онҳо бисёртар дар бораи баҳо ва дар оянда кори сердаромад ёфтани фарзандонашон ташвиш мекашанд».
Бешубҳа, дар мактаб таҳсил кардан муҳим аст, аммо таҳсилоти беҳтарин ҳам ёрдам карда наметавонад, ки кас аз майлу хоҳиш ва амалҳои нодуруст даст кашад. Пас, чӣ ба мо ёрдам карда метавонад?
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ОЛИТАРИН
Китоби Муқаддас чун оина аст. Вақте ки мо онро мехонем, маҳдудиятҳо ва камбудиҳоямонро хубтар мебинем (Яъқуб 1:23–25). Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки дигар шавему хислатҳоеро дар худ инкишоф диҳем, ки сулҳу оромӣ меоранд. Ба ин хислатҳо некӯкорӣ, меҳрубонӣ, сабру тоқат, худдорӣ ва муҳаббат дохил мешаванд. Дар ин китоб дар бораи муҳаббат ҳатто гуфта шудааст, ки «он ягонагии пурра меорад» (Қӯлассиён 3:14). Чаро муҳаббат хислати беҳамто мебошад? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст:
«Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст, муҳаббат рашк намекунад, манманӣ намекунад, мағрур намешавад, беодобона рафтор намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз бадӣ хурсанд намешавад, балки аз ростӣ шод мегардад. Муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад... ба ҳама чиз тоб меорад. Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад» (1 Қӯринтиён 13:4–8).
«Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад» (Румиён 13:10).
«Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Петрус 4:8).
Шумо одатан дар байни дӯстон ва наздикон худро озод, дилпур ва дар бехатарӣ ҳис мекунед. Барои чӣ? Чунки медонед, ки онҳо беҳбудии шуморо мехоҳанд ва ҳеҷ гоҳ дидаю дониста ба шумо зарар намерасонанд.
Муҳаббат инчунин метавонад одамонро барангезад, ки барои манфиати дигарон ҳаёташонро дигар карда одатҳои бади худро партоянд. Масалан, Ҷорҷ ном марде соҳиби набера шуд ва мехост бо ӯ бисёртар вақт гузаронад. Лекин як душворӣ буд. Ҷорҷ бисёр сигор мекашид ва домодаш намехост, ки ӯ дар назди кӯдак сигор кашад. Ӯ чӣ кор кард? Ҳарчанд ӯ 50 сол боз сигор мекашид, ба хотири наберааш ин одаташро партофт. Бинед, муҳаббат ба чӣ корҳо қодир аст!
Китоби Муқаддас ёрдам мекунад, ки хислатҳои некӯкорӣ, меҳрубонӣ ва хусусан муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем
Муҳаббатро инкишоф додан даркор. Волидон барои инкишоф додани муҳаббати фарзандонашон нақши калон мебозанд. Онҳо фарзандонашонро мехӯронанд, муҳофизат мекунанд ва агар ягон ҷояшон дард кунад ё касал шаванд, ба ёрдам мешитобанд. Волидони дилсӯз бо кӯдаконашон сӯҳбат карда онҳоро таълим медиҳанд. Ҳамчунин онҳо фарқи неку бадро фаҳмонда кӯдаконро тарбия мекунанд. Илова бар ин, чунин волидон ба фарзандонашон намуна мегузоранд.
Мутаассифона, баъзе волидон вазифаи худро иҷро намекунанд. Оё ин маънои онро дорад, ки аз чунин волидон фарзандони нағз ба воя намерасанд? Не, албатта! Ҳатто калонсолон, аз ҷумла касоне, ки дар оилаҳои нотинҷ ва носолим ба воя расиданд, тавонистанд, ки ҳаёташонро дигар карда шахсони боваринок ва фоиданоки ҷомеа гарданд. Дар мақолаи навбатӣ мо бо касоне шинос мешавем, ки аз нуқтаи назари дигарон ислоҳ шудани онҳо ғайриимкон метофт.