ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g21 № 1 саҳ. 8-9
  • Сирри қаноатмандӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сирри қаноатмандӣ
  • Бедор шавед!—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Аз таҳти дил меҳнат кунед
  • Ростқавл бошед
  • Ба пул назари дуруст дошта бошед
  • Таълими беҳтаринро интихоб кунед
  • Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Чӣ тавр пулро бояд сарфакорона истифода бурд?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Назари Худо ба кор ва пул
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Қаноат ва саховат
    Бедор шавед!—2018
Бедор шавед!—2021
g21 № 1 саҳ. 8-9
Модаре бо писараш аз пеши мағозаҳои серодами Ҳиндустон мегузаранд, ки ҳуши одамон ба зару зевар аст.

Сирри қаноатмандӣ

Ҳамаи мо хоҳ муҷаррад бошем, хоҳ оиладор, хоҳ ҷавон бошем ё пир мехоҳем, ки хушбахту қаноатманд бошем. Офаридгори мо низ инро мехоҳад, барои ҳамин ӯ ба мо маслиҳати беҳтарин додааст.

Аз таҳти дил меҳнат кунед

«Бисёр меҳнат карда, бо дастони худ некӣ кунад, то тавонад ба муҳтоҷе чизе бидиҳад» (ЭФСӮСИЁН 4:28).

Офаридгорамон мехоҳад, ки мо ба кору меҳнат назари дуруст дошта бошем. Чаро? Шахсе, ки боғайратона кор мекунад, хушбахт аст, чунки ӯ худаш ва оилаашро таъмин карда метавонад. Ӯ ҳатто ба шахси муҳтоҷе ёрдам доданаш мумкин. Ғайр аз ин сардораш кори ӯро қадр мекунад. Барои ҳамин эҳтимоли бештаре ҳаст, ки коргари хуб корашро аз даст намедиҳад. Беҳуда дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки натиҷаи кори меҳнаткаш «атои Худост» (Пандгӯ 3:13).

Ростқавл бошед

«Бовар дорем, ки виҷдонамон пок аст, чунки мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем» (ИБРИЁН 13:18).

Агар мо ростқавл бошем, худамонро эҳтиром мекунем, хотирҷамъ мегардем ва хобамон нағзтар мебарад. Илова бар ин дигарон ба мо бовар мекунанд ва моро эҳтиром менамоянд. Одамоне, ки ростқавл нестанд, худро аз ин чизҳои хуб маҳрум мекунанд. Ҳамчунин онҳо шояд пайваста аз ҳисси гунаҳкорӣ азоб кашанд ва тарсанд, ки як рӯз не, як рӯз, дурӯғи онҳо фош мешавад.

Ба пул назари дуруст дошта бошед

«Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (ИБРИЁН 13:5).

Барои хӯрду хӯрок ва дигар чизҳои муҳим ба мо пул лозим аст. Вале «пулпарастӣ» хеле хатарнок аст. Касе, ки пулро нағз мебинад, вақту қуввати зиёдашро барои бисёртар пул кор кардан сарф мекунад. Азбаски ҳушу ёди ӯ ба пул банд аст, муносибати ӯ бо ҳамсараш хунук шуда метавонад, шояд, ки вақти кофиро барои фарзандонаш ҷудо накунад ва ҳатто саломатиашро аз даст диҳад (1 Тимотиюс 6:9, 10). Ғайр аз ин, дар дили чунин шахс васваса пайдо шуда метавонад, ки беинсофона рафтор кунад. Марди хирадманде гуфта буд: «Одами боваринок баракати зиёд меёбад, аммо ҳар кӣ барои бой шудан шитоб кунад, бегуноҳ намемонад» (Панднома 28:20).

Таълими беҳтаринро интихоб кунед

«Ақлу хирадро нигоҳ дор» (ПАНДНОМА 3:21).

Таълими хуб ба мо ёрдам мекунад, ки шахси боваринок ва волиди хуб шавем. Вале танҳо соҳибмаълумот будан кафолат намедиҳад, ки мо ҳамеша ҳаматарафа таъмин ва хушбахт мешавем. Агар хоҳем, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт комёб шавем, мо бояд аз Худо таълим гирем. Дар Навиштаҳо дар бораи шахсе, ки ба Худо гӯш медиҳад, чунин гуфта шудааст: «Ҳар кори ӯ барор меёбад» (Забур 1:1–3).

Ман хушбахту қаноатмандам

«Дар ҷойи мо одамон барои таҳсили хуб гирифтан ва бою машҳур шудан бисёр ҷон мекананд. Лекин ҳатто баъди ба ин мақсадҳояшон расидан онҳо на ҳама вақт худро хушбахт ҳис мекунанд. Китоби Муқаддас ба ман ёрдам кард, то фаҳмам, ки дар ҳаёт чӣ аз ҳама муҳим аст. Ман аз он фаҳмидам, ки пул одамро аз баъзе ҷиҳатҳо ҳимоя мекунад, вале бо он ту хушбахтӣ ва муҳаббати ҳақиқиро харида наметавонӣ. Ман хушбахту қаноатмандам, чунки Китоби Муқаддас ба ман ёрдам мекунад, ки дар бобати пул ва кор қарорҳои бохирадона қабул кунам» (Кишор).

Kishore.

Бисёртар фаҳмед:

Барои бештар фаҳмидани маслиҳатҳои Худо дар бораи кор, пул ва гирифтани маълумот ба сомонаи jw.org ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС > БА САВОЛҲОИ ХУД ҶАВОБ ЁБЕД, ба мақолаи «Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?» ва ба «Бедор шавед!»-и №1 2018 бо номи «Роҳ ба сӯйи хушбахтӣ» нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан