Боби 12
Ба арвоҳи шарир муқовимат кунед
1. Исо дар вақти бо арвоҳи шарир дучор шудан чӣ кор мекард?
ДЕРЕ нагузашта пас аз таъмид, Исои Масеҳ ба биёбонҷои Яҳудия рафт, то дуо ва фикру мулоҳиза кунад. Дар он ҷо Шайтон Иблис ӯро ба вайрон кардани қонуни Худо водор мекард. Аммо Исо васвасаи Шайтонро рад кард ва ба доми ӯ гирифтор нашуд. Дар таи хидмати рӯҳонии худ дар рӯи замин Исо ба арвоҳи шарири дигаре низ дучор мешуд. Бо вуҷуди ин, ӯ гаштаву баргашта онҳоро рад намуда, ба онҳо муқовимат мекард (Луқо 4:1–13; 8:26–34; 9:37–43).
2. Чӣ гуна саволҳоро муҳокима хоҳем кард?
2 Ҳодисаҳои дар Китоби Муқаддас омада, моро мӯътакид месозанд, ки қувваҳои шарири рӯҳӣ дар ҳақиқат вуҷуд доранд. Онҳо саъй мекунанд, ки одамонро фиреб диҳанд. Аммо ба онҳо муқовимат кардан мумкин аст. Вале аз куҷо арвоҳи шарир пайдо шуданд? Чаро онҳо саъй мекунанд, ки одамонро фиреб диҳанд? Ва барои ба мақсадашон расидан аз чӣ гуна усулҳо истифода мекунанд? Ҷавоби ин саволҳо шуморо ёрӣ медиҳад, ки ба қувваҳои бади рӯҳӣ муқовимат кунед.
АРВОҲИ ШАРИР — ПАЙДОИШ ВА МАҚСУДИ ОНҲО
3. Шайтон Иблис чӣ гуна ба вуҷуд омад?
3 Хеле пештар аз он ки инсонро биофарад, Йеҳӯва махлуқоти рӯҳии зиёдеро офарид (Айюб 38:4, 7). Ҳамон тавре ки дар боби 6 равшан шуд, яке аз ин фариштагон дар худ орзу парваронд, ки инсонҳо ба ҷои Йеҳӯва ӯро парастиш кунанд. Дар паи ин мақсад, ин фариштаи шарир ба муқобили Офаридгор бархост ва Ӯро тӯҳмат кард, ҳатто ба нахустин зан гуфт, ки Худо дурӯғгӯст. Ин махлуқи рӯҳии исёнгар барҳақ Шайтон — рақиб ва Иблис — тӯҳматгар номида шудааст (Ҳастӣ 3:1–5; Айюб 1:6).
4. Чӣ гуна дар айёми Нӯҳ баъзе фариштагон гуноҳ карданд?
4 Дертар фариштагони дигар тарафи Шайтон Иблисро гирифтанд. Дар рӯзҳои Нӯҳи одил, баъзеи онҳо хидмати худро дар осмон тарк карда, баданҳои ҷисмӣ ба худ гирифтанд, то ки шаҳвати худро қонеъ гардонида, бо занон алоқаи ҷинсӣ кунанд. Бешубҳа, роҳи нофармониро ин фариштагон зери таъсири Шайтон пеш гирифтанд. Дар натиҷа дорои фарзандоне шуданд, ки бузургҷусса ва зӯроварони бераҳм буданд. Дар вақти тӯфони азим, Йеҳӯва инсонияти бадахлоқ ва насли ғайритабии ин фариштаҳои саркашро нобуд кард. Фариштаҳои исёнгар аз нобудшавӣ гурехтанд: онҳо бадани ҷисмонии худро тарк карда, ба қаламрави рӯҳӣ баргаштанд. Аммо Худо ин девҳоро ба торикии рӯҳонӣ ронд (Ҳастӣ 6:1–7, 17; Яҳудо 6). Бо ин ҳама, Шайтон, «калони девҳо» ва фариштагони шарири ӯ ба роҳи исёни худ идома доданд (Луқо 11:15). Мақсади онҳо чист?
5. Шайтон ва девҳояш чӣ мақсад доранд ва барои ба дом андохтани одамон аз чӣ истифода мекунанд?
5 Ҳадафи палидонаи Шайтон ва девҳои ӯ ин аст, ки инсонҳоро бар зидди Йеҳӯва Худо барангезонанд. Бинобар ин, онҳо дар тӯли тамоми таърихи инсонӣ ба гумроҳ кардан, тарсонидан ва ҳамлаи инсонҳо машғул буданд (Ваҳй 12:9). Мисолҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки ҳамлаи девҳо имрӯз беш аз ҳар замони дигар ғазабноктар аст. Барои ба дом андохтани инсонҳо девҳо аксар вақт аз шаклҳои гуногуни робита бо арвоҳ истифода мекунанд. Девҳо чӣ гуна аз тӯъмаи назди дом истифода мекунанд ва шумо чӣ тавр метавонед худро муҳофизат кунед?
АРВОҲИ ШАРИР ЧӢ ГУНА МЕКӮШАНД, КИ ШУМОРО ГУМРОҲ КУНАНД
6. Робита бо арвоҳ чист ва шаклҳои он кадоманд?
6 Робита бо арвоҳ чист? Ин алоқа ва ҳамкорӣ бо девҳо ё арвоҳи шарир аст; чӣ мустақиман, ё чӣ ба воситаи касе. Алоқа бо арвоҳ барои девҳо монанди тӯъмае аст, ки шикорчиён аз он барои ҷалб кардани сайди худ истифода мекунанд. Чуноне ки шикорчӣ ҳилаҳои гуногунро барои ба дом андохтани ҳайвон истифода мебарад, арвоҳи шарир низ аз шаклҳои гуногуни робита бо арвоҳ барои зери фармон даровардани одамон истифода мебаранд (Қиёс кунед Забур 118:110). Баъзе аз шаклҳои робита бо арвоҳ — фолбинӣ, ҷоду, мушоҳидаи хосияту аломатҳо, азоимхонӣ, сеҳру афсун ва алоқа бо мурдагон аст.
7. Робита бо арвоҳ то кадом андоза паҳн шудааст ва чаро ҳатто дар кишварҳои ба ном масеҳӣ низ равнақ дорад?
7 Алоқа бо арвоҳ тӯъмаи қулай барои дом будааст, чунки он дар тамоми ҷаҳон диққати одамонро ба худ ҷалб кардааст. Сокинони деҳот назди азоимхон мераванд, шаҳрнишинон бошанд ба мунаҷҷимони толеъбин муроҷиат мекунанд. Алоқа бо арвоҳ ҳатто дар мамлакатҳои ба ном масеҳӣ низ ривоҷ дорад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки танҳо дар ИМА қариб 30 маҷалла, ки нашри умумиашон 10 000 000 нусха аст, ба шаклҳои гуногуни робита бо арвоҳ бахшида шудаанд. Аҳолии Бразилия ҳар сол беш аз 500 миллион долларро ба чизҳое, ки робита бо арвоҳ доранд, сарф мекунад. Бо ин ҳол, 80 фоизи касоне ки ба марказҳои парастиши робита бо арвоҳ мераванд, католикҳои таъмидгирифта ҳастанд, ки дар маросимҳои калисо низ ширкат мекунанд. Азбаски баъзе рӯҳониён даст ба робита бо арвоҳ мезананд, бисёр диндорон чунин мешуморанд, ки ин корро Худо раво медонад. Оё дар асл чунин аст?
ЧАРО КИТОБИ МУҚАДДАС РОБИТА БО АРВОҲРО МАҲКУМ МЕКУНАД
8. Китоби Муқаддас дар бораи робита бо арвоҳ чӣ мегӯяд?
8 Агар шуморо таълим дода бошанд, ки баъзе аз шаклҳои робита бо арвоҳ ин имкониятест барои муносибат бо арвоҳи хуб, пас шояд аз он чӣ ки Китоби Муқаддас дар ин бора мегӯяд, шумо дар тааҷҷуб афтед. Халқи Йеҳӯва огоҳонида шуда буд: «Ба ҷодугарон ва азоимхонон рӯ наоваред; аз паи он нашавед, ки худро аз онҳо наҷис гардонед» (Ибодат 19:31; 20:6, 27). Дар китоби Ваҳй огоҳие мавҷуд аст, ки оқибати «ҷодугарон» афтодан ба «кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад, ин мамоти дуюм [абадӣ] аст» (Ваҳй 21:8; 22:15). Йеҳӯва Худо ҳама шаклҳои робита бо арвоҳро маҳкум мекунад (Такрори Шариат 18:10–12). Чаро?
9. Барои чӣ хулоса метавон кард, ки “хабар”-ҳое, ки имрӯз аз олами рӯҳонӣ мерасанд, аз ҷониби Йеҳӯва нестанд?
9 Пеш аз он ки навиштани Китоби Муқаддас ба охир расад, Йеҳӯва барои муошират бо одамон арвоҳи хуб, яъне фариштагони одилро мефиристод. Аз он вақте ки Китоби Муқаддас пурра гашт, ба одамон ба воситаи Каломи Худо роҳнамоиҳои лозима барои хидмати писандида ба Йеҳӯва дода мешаванд (2 Тимотиюс 3:16, 17; Ибриён 1:1, 2). Худо бо фиристодани хабар ба воситаи медиумҳо ба Каломи муқаддас беэътиноӣ намекунад. Ҳамаи хабарҳое ки имрӯз аз олами рӯҳонӣ мерасанд, аз ҷониби арвоҳи шарир ҳастанд. Робита бо арвоҳ метавонад ба ҳамлаи девҳо ё тасарруф шудан ба воситаи арвоҳи шарир орад. Барои ҳамин, Худо аз рӯи меҳрубонӣ моро огоҳ мекунад, то ки аз ҳар гуна амали робита бо арвоҳ бипарҳезем (Такрори Шариат 18:14; Ғалотиён 5:19–21). Илова бар ин, агар назари Йеҳӯваро дар ин бора дониста, ба робита бо арвоҳ идома диҳем, мо тарафдори арвоҳи саркаши шарир ва душмани Худо мегардем (1 Подшоҳон 15:23; 1 Вақоеънома 10:13, 14; Забур 5:5).
10. Фол чист ва чаро бояд аз он парҳез кард?
10 Яке аз шаклҳои маъмули робита бо арвоҳ — фолбинӣ, яъне кӯшиши аз оянда бохабар гаштан ё фаҳмидани ягон чизи номаълум бо ёрии арвоҳ аст. Баъзе намудҳои фол чунинанд: астрология, нигоҳ кардани булӯри соҳирӣ, таъбири хоб, фол аз рӯи кафи даст ва фол аз рӯи қарта. Бисёре аз мардум фолро андармонии безарар меҳисобанд, вале Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки фолбинҳо ва арвоҳи шарир ба ҳам шариканд. Масалан, дар Аъмол 16:16–19 омадааст, ки «рӯҳи ғайбгӯ»-е ба духтаре қобилияти «ғайбгӯӣ» медод. Аммо вақте ки девро аз ӯ берун ронданд, қобилияти пешгӯии ӯ гум шуд. Равшан аст, ки фол — ин тӯъмае аст, ки девҳо аз он барои ба дом андохтани инсонҳо истифода мекунанд.
11. Кӯшишҳои робита бо мурдагон чӣ гуна инсонро ба дом меандозанд?
11 Агар шумо аз марги яке аз аъзоёни оила ё дӯсти наздик андӯҳгин бошед, шумо метавонед ба осонӣ ба доми дигаре ғалтед. Медиуме ки робита бо арвоҳ дорад, метавонад ба шумо хабари махсусе диҳад, ё бо овози каси фавтида бо шумо сухан гӯяд. Эҳтиёт шавед! Кӯшишҳои робита бо мурдагон ба дом мебаранд. Чаро? Зеро мурдагон наметавонанд сухан бигӯянд. Ҳамон тавре ки шояд дар хотир доред, Каломи Худо возеҳ мегӯяд, ки баъди марг инсон «ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад». Бале, мурдагон «чизе намедонанд» (Забур 145:4; Воиз 9:5, 10). Ғайр аз ин маълум аст, ки девҳо ба овози шахси мурда тақлид мекунанд ва ба медиуми бо арвоҳ робитадошта дар бораи шахси мурда маълумот медиҳанд (1 Подшоҳон 28:3–19). Бинобар ин, ҳар касе ки «мурдагонро даъват менамояд», ба доми арвоҳи шарир афтода, бархилофи иродаи Йеҳӯва Худо амал мекунад (Такрори Шариат 18:11, 12; Ишаъё 8:19).
АВВАЛ ФИРЕФТА ҶАЛБ КАРДАН ВА СИПАС ҲАМЛА
12, 13. Чӣ гуна далелҳо бар он вуҷуд доранд, ки девҳо ҳанӯз одамонро безобита карда, мавриди озмоиш қарор медиҳанд?
12 Вақте ки ба панди Китоби Муқаддас дар бораи робита бо арвоҳ гӯш медиҳед, шумо тӯъмаи назди доми девҳоро рад мекунед (Қиёс кунед Забур 140:9, 10; Румиён 12:9). Оё ин маънии онро дорад, ки арвоҳи шарир дигар кӯшиши зери даст кардани шуморо намекунанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Пас аз он ки Шайтон се маротиба Исоро озмуд, ӯ то «муддате аз ӯ дур шуд» (Луқо 4:13). Ба ҳамин тартиб, арвоҳи хирасар на танҳо одамонро фирефта ҷалб мекунанд, балки ба онҳо ҳамла мекунанд.
13 Муҳокимаамонро дар бораи ҳамлаи Шайтон ба ходими Худо Айюб ба хотир биоваред. Иблис ноил бар он гашт, ки Айюб аз рамаи ҳайвонот ва хидматгорони зиёди худ маҳрум гашт. Шайтон ҳатто фарзандони Айюбро аз байн бурд. Сипас бемории пуразобе бар сари худи Айюб овард. Вале Айюб дар назари Худо беайб монд ва баракатҳои зиёде гирифт (Айюб 1:7–19; 2:7, 8; 42:12). Аз ҳамон давра девҳо баъзе одамонро гунг ё нобино мекунанд ва ба лаззат бурдан аз ранҷу азоби инсоният давом медиҳанд (Матто 9:32, 33; 12:22; Марқӯс 5:2–5). Хабарҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки девҳо баъзе одамонро аз ҷиҳати ҷинсӣ ноором мекунанд, баъзеи дигарро то ба девонагӣ мерасонанд. Бар замми ин, онҳо баъзеҳоро ба куштор ё худкушӣ бармеангезанд, ки гуноҳ бар зидди Худост (Такрори Шариат 5:17; 1 Юҳанно 3:15). Бо вуҷуди ин, ҳазорон нафар аз онҳое ки замоне ба доми ин арвоҳи шарир афтода буданд, тавонистанд, ки раҳо гарданд. Чӣ гуна ин барояшон имконпазир шуд? Ба шарофати он ки қадамҳои муҳиме гузоштанд.
ЧӢ ТАВР ДАР МУҚОБИЛИ АРВОҲИ ШАРИР ИСТОДАГАРӢ КУНЕМ
14. Чӣ тавр метавонед бо пайравӣ ба намунаи масеҳиёни Эфес дар асри якум ба арвоҳи шарир муқовимат кунед?
14 Яке аз роҳҳои ба муқобили арвоҳи шарир истодан ва худ ва хонаводаи худро аз доми онҳо муҳофизат намудан кадом аст? Масеҳиёни асри аввал дар шаҳри Эфес, ки пеш аз имон овардан робита бо арвоҳ доштанд, қадамҳои мусбате гузоштанд. Дар Китоби Муқаддас мехонем, ки «бисёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда дар пеши назари ҳама сӯзонданд» (Аъмол 19:19). Ҳатто агар то ба ҳол робита бо арвоҳ надоштед, ҳар чизеро ки дар он истифода мешавад, ё ба тавре бо робита бо арвоҳ алоқа дорад, нест кунед. Ба ин дохил мешаванд китобҳо, маҷаллаҳо, видеонаворҳо, расмҳо, мусиқӣ ё чизҳое ки ба мақсади робита бо арвоҳ истифода мегарданд. Ҳамин тавр ҳар гуна бут, тӯмор ва чизҳои дигареро, ки барои муҳофизат доред ва ҳадяҳоеро, ки аз касони робита бо арвоҳ дошта гирифтаед, аз миён бибаред (Такрори Шариат 7:25, 26; 1 Қӯринтиён 10:21). Масалан, зану шавҳареро дар Таиланд муддати зиёде девҳо безобита мекарданд. Он гоҳ онҳо ашёеро ки марбут ба робита бо арвоҳ буд, нобуд сохтанд. Натиҷаи ин кор чӣ шуд? Онҳо аз ҳамлаи девҳо озод гашта, пас аз он воқеан аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешрафт карданд.
15. Барои муқовимат ба қувваҳои рӯҳии шарир боз кадом қадами заруриро бояд гузошт?
15 Барои муқовимат ба арвоҳи шарир, қадами дигаре бояд ниҳод — панди Павлуси ҳаввориро гирифта, зиреҳи куллии рӯҳонии худододро дар бар бояд кард (Эфсӯсиён 6:11–17). Масеҳиён воситаҳои ҳифзи худро аз арвоҳи шарир бояд мустаҳкам кунанд. Ин чӣ маъно дорад? Павлус чунин гуфт: «Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед». Оре, ҳар қадар имони шумо қавитар бошад, қобилияти шумо барои муқовимат ба қувваҳои шарири рӯҳӣ бештар хоҳад буд (Матто 17:14–20).
16. Чӣ гуна метавонед имони худро қавӣ созед?
16 Чӣ тавр метавонед имони худро мустаҳкам намоед? Бо идома додани омӯзиши Китоби Муқаддас ва ба кор бурдани пандҳои он дар зиндагӣ. Устувории имон асосан аз мустаҳкамии таҳкурсии он, яъне дониш дар бораи Худо вобаста аст. Оё розӣ нестед, ки бо шарофати донише ки шумо аз омӯзиши Китоби Муқаддас гирифтед ва ба он дил бастед, имони шумо афзуд? (Румиён 10:10, 17). Бинобар ин, шубҳае нест, ки агар ба омӯзиши Китоби Муқаддас идома диҳед ва дар ҷамъомадҳои Шоҳидони Йеҳӯва ширкат варзиданро одати худ созед, имони шумо қавитар хоҳад шуд (Румиён 1:11, 12; Қӯлассиён 2:6, 7). Ин девори пуриқтидоре хоҳад буд дар муқобили ҳамлаи девҳо (1 Юҳанно 5:5).
17. Барои ба қувваҳои шарири рӯҳӣ муқовимат кардан, гузоштани чӣ гуна қадамҳои дигар шояд лозим гардад?
17 Касе ки қарор кард, то бар қувваҳои арвоҳи шарир муқовимат намояд, чӣ гуна қадамҳои дигарро ниҳода метавонад? Масеҳиёни Эфес ба муҳофизат ниёз доштанд, зеро шаҳре ки онҳо зиндагӣ мекарданд, аз девпарастӣ пур буд. Аз ин сабаб, Павлус ба онҳо гуфт: «Дар ҳар вақт дар Рӯҳ ... дуо гӯед» (Эфсӯсиён 6:18). Азбаски мо дар ҷаҳоне, ки пур аз девҳост, зиндагӣ мекунем, хеле муҳим аст, ки дар дуо аз Худо пуштибонию муҳофизат пурсем (Матто 6:13). Дар ин маврид ёрии рӯҳонӣ ва дуоҳои пирони таъиншуда дар ҷамъомади масеҳӣ муфид аст (Яъқуб 5:13–15).
БО АРВОҲИ ШАРИР МУБОРИЗА БАРЕД
18, 19. Агар девҳо дубора шахсеро озору азият диҳанд, ӯ чӣ кор карда метавонад?
18 Ба ҳар ҳол, баъзе одамонро ҳатто пас аз гузоштани ин қадамҳои асосӣ ҳанӯз ҳам арвоҳи шарир озору азият медиҳанд. Чунончӣ, марде аз Кот-д’Ивуар, ки Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Йеҳӯва меомӯхт, ҳама тӯмору тилисмҳояшро нест кард. Пас аз ин ӯ пешрафти хубе кард, ҳаёти худро ба Йеҳӯва бахшид ва таъмид гирифт. Аммо пас аз як ҳафтаи таъмид девҳо дубора ба азияту озори вай шурӯъ карданд; ӯ овозҳое мешунид, ки фармон ба тарки имони навпояи ӯ медоданд. Агар бо шумо низ чунин рӯй диҳад, оё ин ба он маъност, ки дигар аз ҷониби Йеҳӯва муҳофизат намешавед? На ҳамеша.
19 Бо вуҷуди он ки Исои Масеҳ — инсони комил муҳофизати Илоҳиро дошт, ӯ садои махлуқи рӯҳии шарир — Шайтон Иблисро шунид. Исо нишон дод, ки дар чунин ҳолат чӣ бояд кард. Ӯ ба Иблис гуфт: «Аз Ман дур шав, эй Шайтон» (Матто 4:3–10). Ба ҳамин минвол, аз гӯш кардани овозҳое ки аз ҷаҳони рӯҳӣ меоянд, худдорӣ бояд кард. Йеҳӯваро ба ёрӣ хонда, ба муқобили арвоҳи шарир истодагарӣ кунед. Оре, бо овоз дуо гуфта, номи Йеҳӯваро бигиред. Дар Масалҳо 18:10 омадааст: «Исми Худованд [«Йеҳӯва», ТОН] бурҷи қувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад». Он марди масеҳие, ки дар Кот-д’Ивуар зиндагӣ мекард, ҳамин тавр кард ва арвоҳи шарир аз озори ӯ даст бардоштанд (Забур 123:8; 144:18).
20. Хулоса, барои муқовимат ба арвоҳи шарир чӣ кор карда метавонед?
20 Ҳарчанд ки Йеҳӯва ба мавҷудияти арвоҳи шарир иҷозат дод, Ӯ қудрати худро нишон медиҳад (бахусус дар мавриди қавми худ) ва номи Вай дар тамоми ҷаҳон эълон мешавад (Хуруҷ 9:16). Агар шумо ба Йеҳӯва наздик бошед, набояд аз арвоҳи шарир битарсед (Ададҳо 23:21, 23; Яъқуб 4:7, 8; 2 Петрус 2:9). Қудрати онҳо маҳдуд аст. Онҳо дар рӯзҳои Нӯҳ ҷазо дода шуда буданд, муддате пеш аз осмон сарнагун шуданд ва ҳоло интизори доварии охирин ҳастанд (Яҳудо 6; Ваҳй 12:9; 20:1–3, 7–10, 14). Дарвоқеъ, онҳо аз нобудие ки интизорашон аст, тарсону ларзонанд (Яъқуб 2:19). Бинобар ин, арвоҳи шарир хоҳ бо тӯъмае шуморо ҷалб кунанд ва хоҳ бо ягон тарзи дигаре ба шумо ҳамла кунанд, шумо метавонед дар муқобили онҳо истодагарӣ кунед (2 Қӯринтиён 2:11). Аз ҳар навъи робита бо арвоҳ парҳез кунед, панди Каломи Худоро ба кор баред ва дар паи ризоияти Йеҳӯва бошед. Ба ин кор таъхир накунед, зеро аз муқовимати шумо ба арвоҳи шарир ҳаёти шумо вобаста аст.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Арвоҳи шарир чӣ гуна кӯшиши гумроҳ кардани одамонро доранд?
Чаро Китоби Муқаддас робита бо арвоҳро маҳкум мекунад?
Чӣ тавр инсон метавонад аз чанголи қувваҳои арвоҳи шарир халосӣ ёбад?
Чаро шумо бояд минбаъд ҳам ба арвоҳи шарир муқовимат кунед?
[Тасвири саҳифаи 110]
Муносибати шумо ба ҳар гуна шаклҳои робита бо арвоҳ чӣ гуна аст?