ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 19 саҳ. 181-191
  • Ҳангоме ки маърифати худоӣ заминро пур мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳангоме ки маърифати худоӣ заминро пур мекунад
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БАЪДИ ҲАРМИҶИДӮН — ЗАМИНИ БИҲИШТӢ
  • ДИГАРГУНИҲО ДАР ҶАМЪИЯТИ ИНСОНӢ
  • ЭҲЁШАВИИ ШОДИОВАР
  • НИҲОЯТ КОМИЛИЯТ!
  • ШУМО ЧӢ КОР ХОҲЕД КАРД?
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Эҳёшавӣ — нишонаи муҳаббат, хирад ва пурсабрии Яҳува аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 19 саҳ. 181-191

Боби 19

Ҳангоме ки маърифати худоӣ заминро пур мекунад

1, 2. Ба офаридаи Йеҳӯва чӣ гуна осеб расид?

РАССОМИ моҳиреро тасаввур кунед, ки ҳоло кашидани тасвири олиеро ба поён расонид. Ӯ онро ба ҳақ бисёр зебо меҳисобад,— шоҳасари ҳақиқӣ! Аммо шабонгоҳ рақиби ҳасадхӯр ба он осеб расонид. Фаҳмост, ки ин кор рассомро хеле озурдахотир кард. Ӯ чӣ хоҳиши бузурге дорад, ки ин ҷоҳил дастгир шавад! Ва метавон тасаввур кард, ки рассом чӣ қадар иштиёқманд аст барои бозгардонидани зебоии пешини офариниши худ.

2 Мисли ин рассом, Йеҳӯва шоҳасари ҳақиқие сохт бо офаридани Замин ва бар он маскун кардани инсоният. Пас аз офаридани мард ва зан, ӯ кори худро дар рӯи Замин ҷамъбаст карда, гуфт: «Хеле хуб аст» (Ҳастӣ 1:31). Одаму Ҳавво фарзандони Худо буданд ва Ӯ онҳоро дӯст медошт. Ӯ барои онҳо ояндаи хушбахтона ва бошукӯҳ дар назар дошт. Ва ҳарчанд ки Шайтон онҳоро ба исён моил кард, офаридаи боҳашамати Худо то ҳадди ислоҳнопазирӣ осеб надид (Ҳастӣ 3:23, 24; 6:11, 12).

3. “Ҳаёти ҳақиқӣ” чист?

3 Худо қарор дод ин корро ислоҳ кунад. Худо хеле мехоҳад, ки мо ҳамон тавре зиндагӣ кунем, ки Ӯ дар ибтидо ният карда буд. Зиндагии кӯтоҳмуддат ва ноороми мо бо “ҳаёти ҳақиқӣ”-е, ки Йеҳӯва дар назар дорад, ҳеҷ умумияте надорад. “Ҳаёти ҳақиқӣ”-е, ки Йеҳӯва барои мо мехоҳад, «ҳаёти ҷовидонӣ» дар шароитҳои комил аст (1 Тимотиюс 6:12, 19).

4, 5. a) Ба туфайли чӣ умеди зиндагӣ кардан дар Биҳишт амалӣ хоҳад шуд? б) Барои чӣ мо бояд дар бораи умед ба оянда андеша намоем?

4 Дониш доир ба Худо бо масъулият дар назди Йеҳӯва алоқаманд аст (Яъқуб 4:17). Аммо дар бораи баракатҳое, ки шумо аз ба кор бурдани ин дониш ва аз кӯшидан ба ҳаёти ҷовидонӣ хоҳед гирифт, андеша намоед! Дар Каломи Худо — Китоби Муқаддас, Йеҳӯва Худо тасвири зебоии зиндагиро дар биҳишти заминӣ, ки ба зудӣ барқарор хоҳад шуд, овардааст. Албатта, чун халқи Йеҳӯва Худо, мо ба Ӯ танҳо барои инъом хидмат намекунем. Мо ба Худо барои он хидмат мекунем, ки Ӯро дӯст медорем (Марқӯс 12:29, 30). Илова бар ин, мо наметавонем бо хидмат ба Йеҳӯва ба ҳаёти ҷовидонӣ сазовор шавем. Ҳаёти ҷовидонӣ — ҳадя аз Худост (Румиён 6:23). Хуб аст, ки дар бораи ин ҳаёт андеша намоем, чунки умед бар Биҳишт моро ёдовар мекунад, ки Йеҳӯва Худо, бо меҳр «ба толибони худ мукофот хоҳад дод» (Ибриён 11:6). Умеде ки дар дилҳо ва фикрҳои мо зинда аст, моро қодир месозад, ки дар муқобили ҳамаи сахтиҳои ин дунёи Шайтон истодагӣ кунем (Ирмиё 23:20).

5 Биёед, ҳоло ба умеди зиндагии ҷовидона дар Биҳишти заминии оянда, ки мутобиқ ба Китоби Муқаддас аст, таваҷҷӯҳ кунем. Зиндагӣ чӣ гуна хоҳад буд, дар он ҳангоме ки маърифати худоӣ заминро пур мекунад?

БАЪДИ ҲАРМИҶИДӮН — ЗАМИНИ БИҲИШТӢ

6. Ҳармиҷидӯн чист ва он барои одамон чӣ маъно дорад?

6 Ҳамон тавре ки пештар нишон дода шуд, Йеҳӯва Худо ба зудӣ ин тартиботи шариронаи ҳозираро нобуд хоҳад сохт. Дунё бо суръат ба он чӣ ки Китоби Муқаддас Ҳармиҷидӯн меномад, наздик мешавад. Ин калима шояд баъзеҳоро ба фикри нобудӣ аз яроқи ядроӣ, ки дар осори ҷанги байни миллатҳо ба вуҷуд меояд, биандозад, аммо ин тасаввурот дар бораи Ҳармиҷидӯн тамоман нодуруст аст. Ҳамон тавре ки Ваҳй 16:14–16 нишон медиҳад, Ҳармиҷидӯн — «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» аст. Ин ҷанг «подшоҳони тамоми ҷаҳон», ё ҳамаи миллатҳоро дар бар мегирад. Писари Йеҳӯва, Подшоҳи таъиншуда ба зудӣ раҳсипори набард хоҳад шуд. Натиҷаи набард қаблан муайян аст. Ҳамаи касоне ки ба Салтанати Худо мухолифат мекунанд ва ҷузъи системаи шариронаи Шайтон ҳастанд, нобуд хоҳанд шуд. Фақат онҳое ки ба Йеҳӯва содиқанд, боқӣ хоҳанд монд (Ваҳй 7:9, 14; 19:11–21).

7. Шайтон ва девҳои ӯ дар замони ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ дар куҷо хоҳанд буд ва ин чӣ гуна ба манфиати инсоният хидмат мекунад?

7 Тасаввур намоед, ки шумо аз ин фалокати бузург ҷон ба саломат бурдед. Зиндагӣ дар олами наве ки Худо ваъда додааст, чӣ гуна хоҳад буд? (2 Петрус 3:13). Моро дар фарзу тахминҳо раҳгум задан нашояд, чунки Китоби Муқаддас худ дар бораи он вақт нақл мекунад ва хабари он ҳаяҷонангез аст. Мо хабардор мешавем, ки Шайтон ва девҳояш аз фаъолият боздошта ва дар таи ҳазорсолаи ҳукмронии Исои Масеҳ дар вартаи бефаъолиятӣ маҳбус хоҳанд шуд. Дигар ин махлуқоти шарир ва хабис, ки аз паси парда бесарусомониҳо ба вуҷуд меоранд ва дар паи онанд, ки моро ба корҳои нодуруст ба зидди Худо водор кунанд, вуҷуд нахоҳанд дошт. Чӣ раҳоиест! (Ваҳй 20:1–3).

8, 9. Дар олами нав бо андӯҳ, беморӣ ва пирӣ чӣ рӯй медиҳад?

8 Дар вақти худ, тамоми бемориҳо нест карда хоҳанд шуд (Ишаъё 33:24). Дар он ҳангом лангон бо пои солим меистанд, роҳ мераванд, медаванд ва мерақсанд. Ношунавоён пас аз солҳои зиёди зиндагӣ дар дунёи хомӯшӣ садоҳои шодиовари атрофро мешунаванд. Нобиноён бо ҳаяҷон чашмони худро бар олами бой аз рангҳову шаклҳо боз хоҳанд кард (Ишаъё 35:5, 6). Ва билохир, онҳо чеҳраҳои наздиконашонро хоҳанд дид! Дар аввал шояд чашмони онҳо лаҳзае аз ашки шодӣ тира гардад.

9 Лаҳзае тасаввур кунед; дигар айнакҳову асоҳо, доруҳову ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ва беморхонаҳо лозим намешаванд! Дигар ҳеҷ гоҳ бемориҳои рӯҳӣ ва афсурдаҳолӣ, одамонро аз шодӣ маҳрум нахоҳанд кард. Даврони кӯдакии ҳеҷ кас дар асари беморӣ ҳузновар нахоҳад шуд. Таъсири вайронкунандаи пирӣ роҳи қафоро хоҳад гирифт (Айюб 33:25). Мо саломаттар ва қавитар хоҳем шуд. Ҳар субҳ аз хоби фараҳбахши шаб бо нерӯҳои тоза хоҳем бархост, то ки бо майли том рӯзи навро истиқбол намоем, барои он ки ба зиндагии пурҷӯшу хурӯш ғӯтавар шавем ва ба кори дилписанд пардозем.

10. Онҳое ки Ҳармиҷидӯнро аз сар мегузаронанд, дар кадом кор иштирок мекунанд?

10 Онҳое ки Ҳармиҷидӯнро аз сар гузарониданд, корҳои шавқовари зиёде барои анҷом хоҳанд дошт. Онҳо заминро ба биҳишт мубаддал хоҳанд кард. Ҳамаи боқимондаҳои тартиботи нопоки кӯҳна нест карда мешаванд. Ба ҷои маҳалҳои нообод боғҳо сабз хоҳанд шуд. Ҳама хонаҳои бароҳат ва хуб хоҳанд дошт (Ишаъё 65:21). Тадриҷан Замин саросар ба биҳиште ки бо зебоӣ ба нақшаи ҳанӯз дар боғи Адан сохтаи Офаридгор мувофиқ аст, мубаддал мешавад. Иштирок дар ин кори барқарорӣ хеле хурсандибахш хоҳад буд!

11. Муносибати одамон ба муҳити атроф ва ҳайвонот чӣ гуна хоҳад буд?

11 Таҳти роҳнамоии Илоҳӣ ҳамаи инҳо чунон анҷом хоҳанд ёфт, ки муҳити атроф осеб набинад. Одамон бо ҳайвонот дар сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Инсоният оқилона бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард ва ба ҷои куштор ба ҳайвонот ғамхорӣ хоҳад намуд. Тасаввур кунед, ки гург бо барра, шер бо гӯсола хӯрок мехӯранд — он вақт ҳайвонҳои хонагӣ дар амният хоҳанд буд. Ҳатто кӯдакони хурдро лозим намеояд, ки аз ҳайвонҳои ваҳшӣ ба тарс оянд, олами навро одамони бераҳму золим дигар халалдор нахоҳанд кард (Ишаъё 11:6–8). Чӣ осоиштагие хоҳад буд дар дунёи нав!

ДИГАРГУНИҲО ДАР ҶАМЪИЯТИ ИНСОНӢ

12. Гуфтаҳои Ишаъё 11:9 имрӯз чӣ гуна иҷро мешаванд ва чӣ тавр онҳо дар Биҳишт иҷро хоҳанд шуд?

12 Дар Ишаъё 11:9 гуфта шудааст, ки чаро дар замин дигар ранҷу азоб нахоҳад буд. Дар он ҷо омадааст: «Замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост». Ин калимаҳо танҳо ба одамон ишора мекунанд, зеро ҳайвонот, ки бар онҳо инстинкт ҳоким аст, наметавонанд «Худовандро бишносанд» ва мувофиқи ин дониш дар худ тағирот ба вуҷуд оваранд. Аммо дониш доир ба Офаридгори мо инсонҳоро тағир медиҳад. Бо ба кор бурдани дониш доир ба Худо дар зиндагии худ, шумо шояд аллакай дар худ баъзе дигаргуниҳоро ба вуҷуд оварда бошед. Миллионҳо нафари дигар низ чунин карданд. Ҳамин тариқ, нубувват аллакай дар онҳое ки ба Йеҳӯва хидмат мекунанд, ба иҷро расидан оғоз кардааст. Боз ин нубувват ба замоне ишора мекунад, ки одамон дар тамоми ҷаҳон аз хислатҳои ҳайвонӣ, майл ба зӯроварӣ озод шуда, барои ҳамешагӣ сулҳдӯст хоҳанд шуд.

13. Чӣ гуна барномаи таълимӣ дар рӯи замин гузаронида мешавад?

13 Чӣ қадар олӣ хоҳад буд, замоне ки дониш доир ба Худо тамоми заминро фаро мегирад! Он вақт таҳти роҳбарии Исои Масеҳи Подшоҳ ва 144 000 нафаре, ки бо ӯ подшоҳӣ мекунанд, барномаи васеи таълимӣ гузаронида мешавад. Дар он «дафтарҳо»-и нав ба истифода мебароянд. Яқинан, ин дастурҳои мактубии Худост, ки бар омӯзонидани сокинони замин асос мегарданд (Ваҳй 20:12). Одамон на ҷанг, балки дар сулҳу амният зиндагӣ карданро хоҳанд омӯхт. Тамоми силоҳи марговар абадан аз байн меравад (Забур 45:10). Сокинони олами нав ба якдигар бомуҳаббат ва боҳурмату иззат муносибат карданро хоҳанд омӯхт.

14. Ҷаҳон чӣ гуна тағир меёбад, дар замоне ки инсоният як оилаи муттаҳид мешавад?

14 Инсоният ба як оилаи аҳл муттаҳид хоҳад шуд. Дигар чизе ба ягонагиву бародарӣ монеъ намешавад (Забур 132:1–3). Дигар хонаеро барои муҳофизат аз дуздон қулф кардан лозим намеояд. Дар ҳар дил, дар ҳар хона, дар ҳар гӯшаи замин сулҳу оромӣ ҳукмфармо хоҳад шуд (Мико 4:4).

ЭҲЁШАВИИ ШОДИОВАР

15. Кадом ду гурӯҳи одамон дар рӯи замин эҳё хоҳанд шуд?

15 Дар таи ҳокимияти Ҳазорсола эҳё ба вуқӯъ меояд. Онҳое ки дидаву дониста бар зидди рӯҳулқудс ё нерӯи фаъоли Худо гуноҳ мекарданд ва тавба накарда бар хилофи иродаи возеҳи Худо амал менамуданд, эҳё нахоҳанд шуд (Матто 23:15, 33; Ибриён 6:4–6). Албатта, Худо худ муайян хоҳад кард, ки кӣ бар зидди рӯҳӯлқудс гуноҳ кадаасту кӣ не. Вале ду гурӯҳи одамон аниқ эҳё хоҳанд шуд — «одилон ва золимон» (Аъмол 24:15). Аз он ҷой ки дар эҳё бояд тартибе бошад, фарз кардани он оқилона мебуд, ки аввалин касоне ки ба зиндагӣ баргардонида мешаванд, одилон, яъне онҳое ки содиқона ба Йеҳӯва хидмат кардаанд, хоҳанд буд (Ибриён 11:35–39).

16. a) Дар байни «одилон»-и эҳёшуда киҳо хоҳанд буд? б) Бо кадоме аз одилони давраҳои қадим шумо мехостед, ки шахсан шинос шавед ва чаро?

16 Ба ҷои шунидани хабарҳои ҷангҳо, фоҷиаҳо ва марг ходимони Йеҳӯва хабарҳои хуши эҳёшавиро хоҳанд шунид. Хабардор шудан аз эҳёи мардон ва занони содиқе чун Ҳобил, Ҳанӯх, Нӯҳ, Иброҳим, Соро, Айюб, Мусо, Роҳоб, Рут, Довуд, Илёс, Эстер баваҷдоваранда хоҳад буд. Онҳо чӣ қадар ҷузъиёти ҳаяҷонбахши воқеаҳои Китоби Муқаддасро нақл карда метавонанд! Бешак, онҳо ва одилоне ки дар давраи охир даргузаштанд, муштоқи донистани он хоҳанд буд, ки тартиботи Шайтон чӣ гуна поён ёфт ва чӣ тавр Йеҳӯва номи худро муқаддас ва ҳақ будани Салтанати хешро исбот кард.

17. Ходимони содиқи Худо чӣ гуна кӯмакро ба эҳёшудагони дигар мерасонанд?

17 Ин ходимони содиқ дар марҳилаи минбаъдаи эҳё, вақте ки миллиардҳо «золимон» аз банди марг раҳо мешаванд, хеле муфид хоҳанд буд. Аксари одамон ҳеҷ гоҳ имконияти шинохтани Йеҳӯваро надоштанд. Шайтон «зеҳнашонро кунд карда буд» (2 Қӯринтиён 4:4). Аммо кӯшишҳои Иблис беҳуда хоҳанд буд. «Золимон» ба замини зебо ва ором боз хоҳанд гашт. Онҳоро халқи ба хубӣ созмоншуда пешвоз мегирад, то ки барояшон доир ба Йеҳӯва ва Писари ҳукмрони Ӯ — Исои Масеҳ дониш омӯзонад. Замоне ки миллиардҳо нафар эҳёшудагон Офаридгори хешро шинохта ба Ӯ муҳаббат меварзанд, дониш доир ба Йеҳӯва ба дараҷае ки ҳеҷ замони дигар набуд, заминро пур хоҳад кард.

18. Ба фикри шумо, дар вақти пешвози наздикони эҳёшуда чиро эҳсос хоҳед кард?

18 Эҳё чӣ шодӣ ва суруре ба дилҳои мо хоҳад овард! Кадоме аз мо аз душмани умумиямон — марг азият накашидааст? Ба кӣ алам намекунад, вақте ки марг бо сабаби беморӣ, пирӣ, ҳодисаи ногувор ё таҷовуз риштаҳои муҳаббату дӯстиро канда, шахси наздикеро бо худ мебарад? Хурсандиеро, ки дубора ба ҳам расидан бо онҳо дар Биҳишт меорад, тасаввур кунед. Падарону модарон, писарону духтарон, дӯстон ва хешон бо ханда ва ашки шодӣ ба оғӯши ҳамдигар хоҳанд шитофт.

НИҲОЯТ КОМИЛИЯТ!

19. Дар таи Ҳазорсола кадом мӯъҷиза рӯй медиҳад?

19 Дар муддати Салтанати ҳазорсолаи Масеҳ мӯъҷизаҳои ҳайратовар ба вуқӯъ меоянд. Барои одамон ин мӯъҷизаҳо шояд ҳаяҷонангезтарин ҷанбаи Салтанати ҳазорсолаи Масеҳ шаванд. Таҳти роҳнамоии Йеҳӯва, Писари Ӯ баҳои қурбонии фидияи худро ба манфиати ҳар як шахси содиқ ва итоаткор ба кор хоҳад бурд. Ба ин васила, гуноҳ бартараф мешавад ва одамон ба комилият хоҳанд расид (1 Юҳанно 2:2; Ваҳй 21:1–4).

20. a) Комил будан чӣ маъно дорад? б) Онҳое ки Ҳармиҷидӯнро аз сар гузарониданд ва эҳёшудагон кай ба маънои том зинда мешаванд?

20 Комилият! Он чист? Комилият маънои бозгашт ба зиндагиеро дорад, ки Одаму Ҳавво то гуноҳ кардан бар зидди Йеҳӯва Худо доштанд. Одамони ҷисман, ақлан, эҳсосан, ахлоқан, рӯҳан ва аз ҳар ҷиҳати дигар комил — пурра ба меъёрҳои Худо мувофиқат хоҳанд кард. Вале оё ҳама як хел хоҳанд буд? Ҳаргиз на! Офаридаҳои Йеҳӯва дарахтон, гулҳо, ҳайвонот — ҳама шаҳодат медиҳанд, ки Худо рангорангиро дӯст медорад. Ҳамаи одамони комил хулқу атвори такрорнашаванда ва истеъдодҳои худро хоҳанд дошт. Ҳар яки онҳо аз зиндагие, ки Худо пешкаш мекунад, лаззат хоҳанд бурд. Дар Ваҳй 20:5 гуфта шудааст: «Боқии мурдагон эҳё нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад». Чун анбӯҳи бузурги одамоне ки Ҳармиҷидӯнро аз сар гузаронидаанд, эҳёшудагон низ вақте ки ба комилият мерасанд, ба маънои том зинда мешаванд.

21. a) Дар охири ҳукмронии ҳазорсолаи Исо чӣ рӯй медиҳад? б) Бо Шайтон ва ҳамаи онҳое ки ӯро дастгирӣ мекунанд, ниҳоят чӣ рӯй медиҳад?

21 Одамони комил бо озмоиши охирин рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар охири Ҳазорсола Шайтон ва девҳои ӯ аз варта ба муддати кӯтоҳ раҳо мегарданд ва барояшон имконияти бори охир кӯшиши аз Йеҳӯва дур кардани одамон дода мешавад. Баъзеҳо муҳаббат ба Худоро фаромӯш мекунанд ва аз паи хоҳишҳои ҳалокатовари худ мераванд, лекин исёни онҳо зуд пахш хоҳад шуд. Йеҳӯва одамони худпараст ва ҳамчунин Шайтон ва ҳамаи девҳои ӯро ҷазо хоҳад дод. Тамоми бадкорон абадан нест хоҳанд шуд (Ваҳй 20:7–10).

ШУМО ЧӢ КОР ХОҲЕД КАРД?

22. Шумо дар Биҳишт машғули чӣ кор будан мехостед?

22 Абадият барои онҳое ки дар замини биҳиштӣ зиндагӣ мекунанд ва Йеҳӯва Худоро дӯст медоранд, дарҳои худро боз мекунад. Ба мо тасаввур кардани хурсандие, ки он ҷо ҳукмронӣ хоҳад кард, душвор аст ва шумо низ метавонед ба ин шодӣ шарик бошед. Асарҳои одамони комил дар мусиқӣ, санъат ва ҳунарҳои дигар аз шоҳасарҳои беҳтарини устодони бузурги ҷаҳони кӯҳна бартарӣ хоҳанд дошт. Охир одамон комил мешаванд ва дигар аз вақт маҳдудият нахоҳанд дошт. Тасаввур кунед, ки одами комил шуда, шумо ба чӣ қодир мешавед. Ва дар бораи он ҳам, ки шумо ва одамони дигар чӣ қадар дар бораи офаридаҳои Йеҳӯва хоҳед фаҳмид — аз миллиардҳо галактикаҳои Коинот сар карда, то ҷузъҳои хурдтарини субатомӣ, биандешед. Ҳамаи чизҳое ки инсоният бар он ноил мегардад, дили Падари меҳрубони осмонии мо — Йеҳӯваро хурсанд хоҳад кард (Забур 150:1–6).

23. Чаро зиндагӣ дар Биҳишт ҳеҷ гоҳ дилгиркунанда намешавад?

23 Зиндагӣ дилгиркунанда нахоҳад буд. Ҳар қадаре дуртар меравед, ҳаёт шавқовартар мешавад. Инак, шумо мебинед, ки дониш доир ба Худо поён надорад (Румиён 11:33). Дар таи абадият имкониятҳои беҳудуд барои тадқиқотҳои нав пайдо мешаванд (Воиз 3:11). Ва ба шинохтани Йеҳӯва идома дода, шумо давомнокии ҳаёти худро дароз мекунед — на ба чанд сол, балки барои абадият! (Забур 21:27).

24, 25. Чаро аллакай ҳоло шумо бояд бар тибқи дониш доир ба Худо зиндагӣ кунед?

24 Оё ояндаи хушбахтона дар замини биҳиштӣ ба ҳар гуна қурбониву кӯшишҳои шумо намеарзад? Бешубҳа, меарзад. Йеҳӯва ба шумо калиди ояндаи хушбахтонаро медиҳад. Ин калид — дониш доир ба Худост. Аз он истифода мекунед?

25 Агар Йеҳӯваро дӯст доред, аз иҷрои иродаи Ӯ хурсандӣ хоҳед ёфт (1 Юҳанно 5:3). Ин роҳро интихоб карда, шумо баракатҳои аҷибе хоҳед гирифт! Дониш доир ба Худоро ба кор бурда, шумо ҳатто дар ин ҷаҳони миранда хушбахттар хоҳед шуд. Инъоми оянда бошад, бебаҳост, чунки ин дониш ба ҳаёти ҷовидона мебарад! Ҳоло айнан вақти амал аст. Қарори қатъӣ диҳед, ки тибқи дониш доир ба Худо зиндагӣ кунед. Муҳаббати худро ба Йеҳӯва зоҳир кунед. Номи муқаддаси Ӯро эҳтиром кунед ва исбот намоед, ки Шайтон — дурӯғгӯй аст. Ва Йеҳӯва Худо — Сарчашмаи хиради ҳақиқӣ ва дониш, дар бобати шумо бо дили бузурги пурмуҳаббаташ хурсандӣ хоҳад кард (Ирмиё 31:3; Сафанё 3:17). Ва Ӯ абадан шуморо дӯст хоҳад дошт!

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

“Ҳаёти ҳақиқӣ” чист?

Баъди Ҳармиҷидӯн дар рӯи замин чӣ мешавад?

Киҳо дар рӯи замин эҳё мешаванд?

Инсоният чӣ гуна ба комилият мерасад ва чӣ тавр дар охир озмуда мешавад?

Дар бораи Биҳишт андеша карда, шумо чӣ орзуҳо мекунед?

[Тасвири саҳифаи 188, 189]

Оё умед доред, ки дар Биҳишт вақте ки дониш доир ба Худо рӯи Заминро фаро мегирад, зиндагӣ кунед?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан