ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fy боби 1 саҳ. 4-12
  • Сирри хушбахтии оила дар чист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сирри хушбахтии оила дар чист?
  • Сирри хушбахтии оила
  • Зерсарлавҳаҳо
  • ОИЛА ЧИСТ?
  • ОИЛА ЗЕРИ ФИШОР АСТ
  • СИРРИ ХУШБАХТИИ ОИЛА
Сирри хушбахтии оила
fy боби 1 саҳ. 4-12
Тасвири пурра дар саҳифаи 4

БОБИ ЯК

Сирри хушбахтии оила дар чист?

Тасвир дар саҳифаи 5

1. Чаро қавӣ будани оилаҳо барои ҷамъияти инсонӣ муҳим аст?

ОИЛА сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷамъияти инсонӣ мебозад. Тӯли таърих оилаҳои қавӣ дар бунёди ҷамъиятҳои қавӣ саҳм гузоштаанд. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол кардани фарзандон аст.

2–5. а) Амниятеро, ки кӯдак дар оилаи хушбахт эҳсос мекунад, тасвир намоед. б) Ба чӣ гуна мушкилиҳо баъзе оилаҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

2 Оилаи хушбахт ошёни осоишу бехатарӣ мебошад. Як хонаводаи идеалиро тасаввур намоед. Вақти хӯрдани хӯроки шом, волидони ғамхор бо фарзандони худ нишастаанд ва дар бобати воқеаҳои рӯз сӯҳбат менамоянд. Бачаҳо бо ҳаяҷон рӯйдодҳои мактабро ба падару модар нақл мекунанд. Ин лаҳзаҳои тароватбахше, ки ҳамроҳ гузарониданд, ҳар яке аз аҳли оиларо барои рӯзи дигаре дар дунёи берун аз хона омода месозад.

3 Дар оилаи хушбахт, фарзанд медонад, ки падар ва модар ҳангоми бемориаш ба ӯ ғамхорӣ хоҳанд кард, ҳатто агар лозим ояд, бо навбат дар сари болинаш шабзиндадорӣ менамоянд. Вай мутмаин аст; бо ҳар мушкилие, ки ба сари ҷавонаш наояд, ӯ ба волидон муроҷиат карда, аз онҳо маслиҳату дастгирӣ хоҳад ёфт. Бале, новобаста аз авзое, ки дунёи берунаи пурошӯб дорад, кӯдак худро осуда эҳсос хоҳад кард.

4 Вақте ки фарзандон ба воя мерасанд, одатан издивоҷ карда, оилаҳои худро бунёд месозанд. “Худ, ки фарзанддор шудӣ, ба қадри падару модар зиёдтар мерасӣ”,— мегӯяд зарбулмасали шарқие. Бо эҳсоси амиқи миннатдорӣ ва муҳаббат онҳо мекӯшанд, ки оилаҳои худро хушбахт созанд ва ҳамчунин дар бобати волидони солхӯрдаи худ, ки аз улфати набераҳо лаззат мебаранд, ғамхорӣ намоянд.

5 Эҳтимол ҳоло чунин фикр аз саратон мегузарад: “Хуб, ман оилаи худро дӯст медорам, вале он ба хонаводае, ки дар ин ҷо тасвир шуд, тамоман монанд нест. Реҷаи кории ману ҳамсарам гуногун аст ва ҳамдигарро қариб намебинем. Аксари вақт мавзӯи сӯҳбатамон мушкилиҳои пулию молист”. Ё шояд ин тавр бигӯед: “Фарзандон ва набераҳои ман дар шаҳри дигар зиндагӣ мекунанд ва дастёбӣ ба имконияти дидори онҳо мушкил аст”. Оре, бо сабабҳое, ки аксаран аз мо вобаста нестанд, ҳаёти оилаҳои зиёде аз зиндагии идеалӣ дур аст. Аммо ба ҳар ҳол хонаводаҳои хушбахт мавҷуданд. Онҳо чӣ тавр ба хушбахтии оила муваффақ шудаанд? Оё сирри хушбахтии оила вуҷуд дорад? Бале, вуҷуд дорад. Вале пеш аз он ки ин сирро мавриди муҳокима қарор диҳем, ба як саволи муҳиме ҷавоб бояд дод.

ОИЛА ЧИСТ?

6. Дар хусуси кадом шакли оила дар нашрияи мазкур сухан меравад?

6 Дар кишварҳои Ғарб, аксарияти оилаҳо аз падар, модар ва фарзандон иборатанд. Бобою бибӣ одатан то даме, ки тавоноиашон барҷост, мустақилона зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд ки аҳли оила бо хешовандони дигар робита дорад, ба ҳар ҳол масъулиятҳои нисбати онҳо доштаашон маҳдуданд. Дар нашрияи мазкур сухан асосан дар хусуси ин гуна оилаҳо меравад. Лекин солҳои охир, шаклҳои дигари оила зиёд мегарданд — оилаҳое, ки фақат яке аз волидонро дороянд, ё хонаводаҳое, ки натиҷаи аз нав издивоҷ кардан ҳастанд, ё оилаҳое, ки дар онҳо падару модар аз сабабе бо ҳамдигар зиндагӣ намекунанд.

7. Чӣ гуна оиларо калон меноманд?

7 Ба маданияти баъзе халқҳо доштани оилаҳои калон хос аст. Дар чунин хонаводаҳо, фарзандон ҳаррӯза дар бобати бобою бибиҳо ғамхорӣ мекунанд ва робитаҳои қавию масъулиятҳо бо хешовандони дур ҳам вуҷуд доранд. Масалан, аъзоёни оила барои таъмину ба воя расонидан ва маълумот гирифтани ҷиянҳо ё хешовандони дуртар ҳам кӯмак мекунанд. Принсипҳое, ки дар ин китоб мавриди баррасӣ қарор мегиранд, барои оилаҳои калон низ лоиқи корбурданд.

ОИЛА ЗЕРИ ФИШОР АСТ

8, 9. Кадом мушкилиҳо дар баъзе кишварҳо нишонгари тағйирёбии оилаҳо ҳастанд?

8 Имрӯз, мутаассифона ҳаёти оилавӣ ба тарафи манфӣ тағйир меёбад. Ҳиндустон ба ин мисол аст, ки дар он ҷо зан бо хонаводаи шавҳараш зиндагӣ мекунад ва зери назорати онҳо корҳои хонаро ба ҷо меорад. Бо вуҷуди ин, шумораи занони ҳиндие, ки мехоҳанд шуғле берун аз хона дошта бошанд, имрӯз зиёд аст. Вале зоҳиран, ҳоло низ аз онҳо мунтазиранд, ки вазифаҳояшонро дар хона ҳам иҷро кунанд. Саволе, ки дар кишварҳои зиёд бармехезад, ин аст; зане, ки ба шуғли берун аз хона ҳам банд аст, дар муқоиса бо аъзоёни дигари оила дар хона чӣ қадар кор карданаш лозим аст?

9 Дар мамлакатҳои Шарқ оилаҳо одатан калон ва хеле аҳланд. Вале зери таъсири фардигароии Ғарб ва фишори иқтисодӣ, оилаҳои калон ҳам суст мешаванд. Аз ин рӯ, барои бисёриҳо нигоҳубини волидони солхӯрда дигар на ин ки қарз ва имтиёз, балки як бори гарон шудааст. Баъзеҳо бо падару модари солхӯрдаашон таҳқиромез муносибат мекунанд. Чунин муносибати хунукназаронаву сангдилона бешубҳа дар кишварҳои зиёде мавҷуд аст.

10, 11. Кадом санадҳо тағйирёбии оилаҳоро дар Аврупо нишон медиҳанд?

10 Теъдоди талоқ торафт бештар мешавад. Дар Испаниё дар даҳаи охири асри XX шумораи талоқ хеле афзоиш ёфт; аз ҳар 8 издивоҷ яке бо талоқ анҷом меёбад, ин як ҷаҳиши бузургест дар муқоиса бо танҳо 25 сол пеш аз ин, ки он вақт ба 100 издивоҷ 1 талоқ рост меомад. Дар Бритониё, ки аз рӯи иттилоот шумораи талоқ дар он баландтарин дар Аврупост (аз ҳар 10 издивоҷ 4–тои он бо талоқ анҷом меёбад), афзоиши босуръати оилаҳое дида мешавад, ки танҳо яке аз волидонро доранд.

11 Дар Олмон аксарияти мардум оини оиласозиро ба канор гузоштаанд. Солҳои 1990, 35 фоизи хонадони ин кишвар аз як шахс ва 31 фоизи дигар танҳо аз ду нафар иборат буд. Ҳамчунин дар Фаронса хоҳишмандони издивоҷ камтар ва аз теъдоди издивоҷкардагон бошад, адади талоқгирифтагон зиёдтар ва вақти талоқгирӣ барвақттар шудааст. Шумораи онҳое, ки мехоҳанд бо ҳам зиндагӣ кунанд, вале масъулияти издивоҷро ба дӯш нагиранд, торафт зиёд мешавад. Ҳамин гуна тамоюлот дар тамоми дунё ба чашм мерасанд.

12. Аз сабаби тағйирёбии оилаҳои муосир кӯдакон чӣ тавр азият мекашанд?

12 Дар бораи фарзандон чӣ метавон гуфт? Дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои зиёди дигар беш аз пеш кӯдакон бидуни издивоҷи волидонашон таваллуд мешаванд, ки баъзан модарони онҳо ҳанӯз худ наврасанд. Бархе аз чунин духтарони наврас чанд фарзанд аз мардони гуногун доранд. Аз ақсои ҷаҳон хабарҳо оиди миллионҳо кӯдакони бехонумон ва оворагард садо медиҳанд; аксарияти онҳо аз хона гурехтаанд, зеро он ҷо мавриди азият қарор мегиранд ё эшонро аз оила пеш кардаанд, чунки дигар имконияти таъмини ин кӯдаконро надоранд.

13. Кадом мушкилиҳои дар олам паҳнгашта оиларо аз хушбахтӣ маҳрум мекунанд?

13 Бале, оила дар бӯҳрон аст. Ба ғайр аз он чизҳое, ки дар боло ёдовар шуданд, — исёни наврасон бар волидон, азияти кӯдакон дар оила, зӯроварӣ бар ҳамсар, сӯиистеъмоли машруботи спиртӣ ва мушкилиҳои даҳшатбори дигар вуҷуд доранд, ки оиларо аз хушбахтӣ маҳрум мекунанд. Барои теъдоди бузурги кӯдакон ва калонсолон оила дигар ошёни орому паноҳгоҳ нест.

14. а) Ба ақидаи баъзеҳо сабаби дар бӯҳрон будани оила дар чист? б) Ҳуқуқшиноси асри як ҷаҳони имрӯзаро чӣ гуна тасвир намуд ва иҷроиши суханҳои ӯ ба оила чӣ тавр таъсир мекунад?

14 Чаро оила дар бӯҳрон аст? Баъзеҳо дар бӯҳрони муосири оила ба кори ҷамъиятӣ баромадани занро сабаб мебинанд. Дигарон ба бадшавии инзамонаи ахлоқ ишора мекунанд. Сабабҳои дигар ҳам номбар мешаванд. Тақрибан 2 000 сол пеш, ҳуқуқшиноси машҳуре пешгӯӣ намуд, ки омилҳои зиёде ба оила фишор хоҳанд овард: «Дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ, ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд» (2 Тимотиюс 3:1–4). Оё касе шубҳа мекунад, ки ин суханҳо дар рӯзҳои мо иҷро мешаванд? Дар ҷаҳоне, ки чунин аҳвол дорад, магар дар бӯҳрон будани оила ҳайратовар аст?

СИРРИ ХУШБАХТИИ ОИЛА

15–17. Дар нашрияи мазкур ба кадом манбаи боэътимод чун ба дорандаи сирри хушбахтии оила ишора хоҳад шуд?

15 Панду насиҳатҳо оиди ба даст овардани хушбахтии оила аз ҳар ҷо садо медиҳанд. Дар кишварҳои Ғарб китобҳову маҷаллаҳои худомӯзи бешуморе маслиҳатҳо пешниҳод месозанд. Душворӣ дар он аст, ки маслиҳатдиҳандагон низ одаманд ва пандҳояшон ба якдигар мухолифат мекунанд ва он маслиҳате, ки имрӯз арзанда ҳисоб меёбад, фардо метавонад ғайри қобили қабул гардад.

16 Пас аз куҷо ҳидояти боэътимоде бар ҳаёти оилавӣ ёбем? Хуб, шумо ба китобе, ки 1 900 сол пеш навишта шудааст, рӯ меовардед? Ё чунин китоб ба назаратон кӯҳнаю аз истифодаи имрӯза сирфан берун метофт? Вале ҳақиқат ин аст, ки сирри воқеии хушбахтии оила маҳз дар ҳамин китоб мавҷуд аст.

17 Ин китоб — Китоби Муқаддас аст. Далелҳо собит месозанд, ки он бо илҳоми худи Худо навишта шудааст. Дар Китоби Муқаддас омадааст: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16). Нашрияе, ки дар даст доред, шуморо ташвиқ мекунад, ки оиди кӯмаки «ҳидоят»–и Китоби Муқаддас дар ҳалли мушкиливу фишорҳои оилавӣ андеша намоед.

18. Чаро қабули Китоби Муқаддас чун манбаи боэътимод дар ҳидояти оила қарори оқилона аст?

18 Агар ба қобилияти ба хушбахтии оила мусоидат кардани Китоби Муқаддас шубҳа дошта бошед, ба ин нукта аҳамият диҳед: Шахсе, ки навиштани Китоби Муқаддасро илҳом бахшидааст, Асосгузори сохтори оила аст (Ҳастӣ 2:18–25). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки номи Ӯ — Яҳува Худо мебошад (Забур 82:19 [83:18, ТФ]). Ӯ Офаридгор ва «Падар» аст, ки «ҳар хонавода номи худро аз Ӯ гирифтааст» (Эфсӯсиён 3:14, 15, ТҲФ). Яҳува зиндагии оилавиро аз аввали пайдоиши инсоният мушоҳида мекунад. Ӯ медонад, ки дар оила чӣ гуна мушкилиҳо ба вуҷуд омада метавонанд ва барои ҳалли онҳо маслиҳатҳо пешниҳод менамояд. Дар тӯли таърих инсонҳои хушбахттар онҳое буданд, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро дар оилаи худ самимона ба кор мебурданд.

19–21. Кадом намунаҳои муосир қудрати ҳалли мушкилиҳои оилавӣ доштани Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд?

19 Масалан, соҳибхоназане аз Индонезия майли боздоштанашавандае ба қиморбозӣ дошт. Ӯ солҳо ба се фарзандаш беэътиноӣ мекарду ҳамеша бо шавҳараш дар низоъ буд. Баъдтар ин зан ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ намуд. Батадриҷ вай ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас бовар кард. Пандҳои онро ба кор бурда, ӯ ҳамсари хубе шуд. Саъю кӯшишҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаи вай ба оила хушбахтӣ оварданд.

20 Соҳибхоназане аз Испаниё нақл мекунад: “Аз издивоҷамон танҳо як сол гузашта буд, ки оилаамон ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашт”. Ӯву шавҳараш умумияти зиёд надоштанд ва бо ҳам қариб ҳарф намезаданд,— ба истиснои баҳсу низоъҳо. Ҳарчанд ки духтарча доштанд, қарор карданд, ки аз ҳам ҷудо шаванд. Пеш аз он ки ҳамин тавр намоянд, ба онҳо маслиҳат доданд, ки ба Китоби Муқаддас рӯ оваранд. Ин зану мард пандҳоеро, ки Китоби Муқаддас барои зану шавҳар медиҳад, омӯхтанд ва бакорбарии онҳоро дар зиндагиашон сар карданд. Муддати зиёде нагузашта буд, ки ҳамсарон оромона бо ҳам муошират мекардагӣ шуданд ва оилаи хурдакаки онҳо дар хушбахтӣ муттаҳид шуд.

21 Китоби Муқаддас ба солхӯрдагон ҳам кӯмак мекунад. Ҷуфтеро аз Ҷопон мисол меорем. Шавҳар феълу хӯи тезе дошт ва баъзан дарғазаб мешуд. Духтарони ин ҷуфт ба мухолифати волидон нигоҳ накарда, ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз намуданд. Баъд падарашон низ ба духтарон ҳамроҳ шуд, вале модар ҳанӯз зид буд. Бо гузашти солҳо, ин зан таъсири хуби принсипҳои Китоби Муқаддасро ба оилааш мушоҳида кард. Духтарони вай барояш ғамхорӣ мекарданд, шавҳараш бошад, хеле меҳрубонтар шуд. Ин гуна дигаргуниҳо занро барангехтанд, ки худ ба Китоби Муқаддас рӯ оварад ва ба ӯ низ ин китоб ҳамин гуна таъсири хубе расонд. Баъдан ин зани солхӯрда батакрор мегуфт: “Мо акнун ҷуфти ҳақиқӣ гаштем”.

22, 23. Чӣ гуна Китоби Муқаддас ба одамони ҳама миллатҳо барои ноил шудан ба хушбахтии оила кӯмак мекунад?

22 Ҳамаи ин шахсон дар байни онҳоеанд, ки сирри хушбахтии оиларо омӯхтаанд. Онҳо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро қабул намуда, дар зиндагиашон ба кор мебаранд. Дуруст аст, ки эшон низ мисли одамони дигар дар ин ҷаҳони лабрез аз зӯроварӣ, фишори иқтисодӣ ва бадахлоқӣ зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, инсонҳои нокомил ҳастанд, вале онҳо дар анҷоми иродаи Асосгузори сохтори оила хушбахтӣ меёбанд. Ҳамон тавре ки Китоби Муқаддас таъкид мекунад, Яҳува Худо «туро таълим медиҳад, ки ба худат фоида бирасонӣ ва туро ба роҳе ҳидоят менамояд, ки бояд бо он биравӣ» — Ишаъё 48:17.

23 Ҳарчанд ки навиштани Китоби Муқаддас қариб ду ҳазор сол пеш аз ин ба анҷом расид, панду насиҳатҳои он дар зиндагии имрӯза ҳақиқатан қобили корбурданд. Илова бар ин, он барои ҳамаи инсонҳо навишта шудааст. Китоби Муқаддас китоби амрикоӣ ё ғарбӣ нест. Яҳува «ҳамаи қавмҳои насли одамизодро аз як хун ба вуҷуд овардааст» ва Ӯ аслу ниҳоди ҳар як инсонро, аз кадом маҳалле ки набошад,— медонад (Аъмол 17:26). Бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас барои ҳар як инсон муфид аст. Агар онҳоро истифода кунед, шумо низ аз сирри хушбахтии оила бохабар хоҳед шуд.

БА СУОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?

Имрӯз бо оила чӣ рӯй медиҳад? — 2 Тимотиюс 3:1–4.

Кӣ асосгузори сохтори оила аст? — Эфсӯсиён 3:14, 15.

Сирри хушбахтии оила дар чист? — Ишаъё 48:17.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан