ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 15 саҳ. 82-86
  • Мо бояд ба дигарон нағзӣ кунем

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мо бояд ба дигарон нағзӣ кунем
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Сомарии некдил
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Тарзи таълими Исо
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • «Ёри худро мисли худ дӯст бидор»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Бигзор ҳамаи мо як бошем, чуноне ки Яҳува ва Исо яканд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 15 саҳ. 82-86

БОБИ 15

Мо бояд ба дигарон нағзӣ кунем

Ду духтарак

ОЁ ТУ медонӣ ки бадгумонӣ чист? ~ Бадгумонӣ — ин бад дидани ягон кас танҳо барои он ки афт ё забони вай аз ту фарқ мекунад. Нисбати касе бадгумонӣ доштан маънои онро дорад, ки мо бо одам нағз шинос нашуда вайро дӯст намедорем ё ки дар борааш фикри бад дорем.

2 Ба фикри ту, оё дуруст аст, ки мо ягон одамро пеш аз он ки бо вай шинос шавем ё танҳо аз сабаби он ки вай аз мо фарқ мекунад, бад бинем? ~ Не. Бадгумонӣ нодуруст аст. Мо набояд ягон касро танҳо барои он ки ӯ аз мо фарқ мекунад, бад бинем.

3 Оё ту ягон касеро мешиносӣ, ки афт, ранги пӯст ё забонаш аз ту фарқ мекунад? ~ Баъзеҳо мумкин аз ягон нохушӣ зарар дидаанд ё ба ягон касалӣ гирифторанд ва барои ҳамин аз дигарон фарқ мекунанд. Оё ту ба онҳое, ки аз ту фарқ мекунанд, нағзиву меҳрубонӣ мекунӣ? ~

Ду писараке, ки ранги пӯсташон гуногун аст, якҷоя бозӣ карда истодаанд

Мо бояд ба одамоне, ки аз мо фарқ мекунанд, чӣ гуна муносибат кунем?

4 Агар мо Устоди Бузург — Исои Масеҳро гӯш кунем, мо ба ҳама одамон нағзӣ мекунем. Нигоҳ накарда ба он ки одам аз куҷо аст ё ранги пӯсташ чӣ гуна аст, мо бояд ба вай некӣ кунем. Бисёриҳо ин хел намекунанд, лекин Исо мехоҳад, ки мо айнан ҳамин хел рафтор кунем.

5 Рӯзе ба пеши Исо марди яҳудие омад, ки ба дигарон бадгумонӣ дошт. Вай аз Устоди Бузург пурсид: «Барои беохир зиндагӣ кардан ман бояд чӣ кор кунам?» Ин мард аз афташ мехост, то Исо дар ҷавоб гӯяд, ки танҳо ба ҳамватанони худ нағзӣ кардан даркор аст. Лекин Исо фикрҳои ӯро фаҳмид ва ба ҷои он ки ба саволаш ҷавоб диҳад, аз вай пурсид: «Дар Қонуни Худо чӣ гуфта шудааст?»

6 Он мард ҷавоб дод: «Ту бояд бо тамоми дил Яҳува Худои худро дӯст дорӣ ва дигаронро мисли худат дӯст дорӣ». Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Пас рафта ҳамин хел рафтор кун ва ту ҳаёти беохирро соҳиб мешавӣ».

7 Лекин он мард ба одамоне, ки аз вай фарқ мекарданд, нағзӣ ва меҳрубонӣ кардан намехост. Барои ҳамин вай баҳона кофта аз Исо пурсид: «Киро ман бояд мисли худам дӯст дорам?» Мумкин ӯ мехост, ки Исо ин хел гӯяд: «Ту бояд шахсони наздикатро мисли худат дӯст дорӣ». Исо бошад, дар ҷавоб як ҳикояро дар бораи марди яҳудӣ ва сомарӣ нақл кард. Биё ин ҳикояро ман ба ту нақл мекунам.

8 Як марди яҳудӣ аз шаҳри Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт. Дар роҳ дуздон ба вай ҳамла карданд. Онҳо вайро ба замин афтонданд, пулу либосашро гирифтанд ва чунон заданд, ки ӯ қариб мурд. Баъд аз ин дуздон вайро дар назди роҳ партофта рафтанд.

9 Каме баъдтар аз он роҳ коҳин, яъне шахси диндоре гузашта он мардро дид. Агар ту ба ҷои коҳин мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~ Коҳин аз пеши он мард гузашта, роҳашро давом дод. Ӯ ҳатто наистод. Коҳин барои ба он мард ёрдам кардан ҳеҷ кор накард.

Коҳин ва левизода аз пеши марди дар замин хобрафта гузашта рафтанд; марди сомарӣ омада истодааст

10 Баъд бо он роҳ як одами диндори дигар гузашт. Ӯ левизода буд ва дар маъбади Ерусалим хизмат мекард. Ба фикри ту, оё вай аз роҳаш гашта ба марди яҳудӣ ёрдам кард? ~ Не. Левизода ҳам айнан мисли коҳин рафтор кард.

11 Оқибат аз он роҳ марди сомарие гузашт. Оё ту дар расм мебинӣ, ки чӣ тавр ӯ аз роҳ фаромада истодааст? ~ Вай ҳам дар назди роҳ марди яҳудиро, ки баданаш хуншор буд, дид. Он вақтҳо бисёри сомариён ва яҳудиён якдигарро нағз намедиданд (Юҳанно 4:9). Пас ин мард чӣ кор мекунад? Оё вай ба марди яҳудӣ ёрдам мекунад? Ё вай дар дилаш чунин мегӯяд: «Барои чӣ ман бояд ба ин яҳудӣ ёрӣ диҳам? Агар ман ба ҷои вай мебудам, вай ба ман кӯмак намекард!»?

Марди сомарӣ аз хараш фаромада ба марди дар сари роҳ хобрафта, кӯмак карда истодааст

Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки марди сомарӣ марди яҳудиро мисли худаш дӯст дошт?

12 Не, марди сомарӣ ин хел фикр накард. Вай аҳволи марди яҳудиро диду ба ӯ раҳмаш омад. Ва дилаш нашуд, ки ин мардро дар роҳ партофта равад, зеро он вақт ӯ мемурд. Марди сомарӣ аз болои хар фаромада ба пеши марди яҳудӣ омад. Ӯ шаробро гирифта захму яраҳои марди яҳудиро тоза кард, аз болояшон равған молид ва бо латта баст.

13 Марди сомарӣ боэҳтиёт марди яҳудиро ба болои хараш монд. Баъд онҳо оҳиста-оҳиста рафтанд ва ба меҳмонхонае расиданд. Дар он ҷо марди сомарӣ барои марди яҳудӣ хоначаеро иҷора гирифт ва ғамхорӣ кард, ки ӯро нағз нигоҳубин кунанд.

14 Баъди тамом кардани нақлаш Исо аз марде, ки ба ӯ савол дода буд, пурсид: «Ба фикри ту, аз ин се мард кадомаш марди яҳудиро мисли худаш дӯст дошт?» Ту чӣ фикр мекунӣ: коҳин, левизода ё марди сомарӣ? ~

15 Он мард ҷавоб дод: «Ҳамоне, ки ба вай некӣ кард». Исо гуфт: «Дуруст гуфтӣ, ту ҳам раву ҳамин хел рафтор кун» (Луқо 10:25–37).

16 Ҳикояи бисёр аҷоиб-а? Акнун мо нағз фаҳмидем, ки ба кӣ бояд некӣ кунем. Мо набояд танҳо ҷӯраву дугонаҳо ё одамони ҳамрангу ҳамзабонамонро дӯст дорем. Исо ба мо ёд медод, ки ба ҳамаи одамон нағзӣ кунем, новобаста аз он ки онҳо аз куҷоянд, афташон чӣ хел аст ё ба кадом забон гап мезананд.

17 Яҳува ҳам маҳз ҳамин хел рафтор мекунад. Вай нисбати одамон бадгумонӣ надорад. Исо гуфт: «Падари шумо, ки дар осмон аст, офтоб ва боронашро ҳам ба одамони бад ва ҳам ба одамони нек медиҳад». Барои ҳамин, мо ҳам бояд мисли Худо ба ҳама нағзӣ кунем (Матто 5:44–48).

Духтараке ҷароҳати духтараки миллаташ дигарро баста истодааст

Чӣ тавр ту ба дигарон нағзӣ карда метавонӣ?

18 Агар ту бинӣ, ки ягон кас худашро бад ҳис карда истодааст ё ягон ҷояш дард мекунад, ту чӣ кор мекунӣ? ~ Агар вай аз миллати дигар бошад ё афташ аз ту фарқ кунад-чӣ? Чӣ хеле ки набошад, ба ту лозим аст, ки он шахсро мисли худат дӯст дорӣ ва ба вай ёрдам кунӣ. Агар ту худат ёрӣ расонда натавонӣ, аз ягон одами калонсол, масалан аз милиса ё муаллим кӯмак пурс. Ҳамин хел ту мисли марди сомарӣ рафтор мекунӣ.

19 Устоди Бузург мехоҳад, ки мо ба дигарон нағзӣ кунем ва ёрӣ расонем, нигоҳ накарда ба он ки онҳо аз куҷоянд. Ана барои ҳамин вай ҳикояи марди сомариро нақл кард.

Оятҳои Масалҳо 19:22 ва Аъмол 10:34, 35; 17:26 нишон медиҳанд, ки ба одамони ҳама миллат нағзӣ кардан муҳим аст. Биё ин оятҳоро мехонем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан