БОБИ 17
Чӣ одамро хушбахт мекунад?
Барои чӣ Яҳува Худои хушбахт аст?
АЛБАТТА ҳамаи мо мехоҳем, ки хушбахт бошем, ҳамин хел-не? ~ Лекин одамони хеле кам худро дар ҳақиқат хушбахт ҳис мекунанд. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки бисёриҳо намедонанд, ки чӣ дар ҳақиқат одамро хушбахт мекунад. Онҳо фикр мекунанд, ки барои хушбахт шудан бояд чизҳои бисёр дошта бошанд. Лекин, вақте ки ин одамон чизҳои мехостагиашонро мехаранд, хушбахтии онҳо дер давом намекунад.
2 Оё ту медонӣ ки хушбахтии ҳақиқӣ дар чист? ~ Хушбахтӣ дар он аст, ки мо ба дигарон чизе диҳем ё барои онҳо ягон кори нағз кунем. Ту инро медонистӣ? ~ Устоди Бузург гуфта буд, ки «додан аз гирифтан беҳтар аст» (Аъмол 20:35).
3 Биё дар бораи ин бисёртар фикр мекунем. Оё Исо гуфта буд, ки касе, ки медиҳад, хушбахт асту касе, ки мегирад, не? ~ Не, ӯ ин хел нагуфт. Вақте ки ба ту тӯҳфа медиҳанд, ин ба ту маъқул аст, ҳамин тавр-не? ~ Албатта, ин ба ҳама маъқул аст. Ҳамаи мо аз гирифтани тӯҳфа хурсанд мешавем.
4 Лекин Исо гуфт, ки додан аз гирифтан беҳтар аст. Ва дар ҳақиқат, тӯҳфа кардан нисбат ба гирифтани тӯҳфа хурсандии бисёртар меорад ва моро хушбахт мекунад. Ба фикри ту, кӣ ба одамон аз ҳама бисёр тӯҳфа мекунад? ~ Ҳа, Яҳува Худо.
5 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама медиҳад». Ӯ ба мо борон ва офтоб медиҳад, то ки аз замин ҳосил гирем ва хӯрок дошта бошем (Аъмол 14:17; 17:25). Ҳа, яке аз чизҳое, ки Яҳуваро Худои хушбахт мекунад, ин саховатмандӣ аст. Ва агар ин ба мо ҳам одат шавад, мо одамони хушбахт мешавем.
Ту чӣ кор карда метавонӣ, то хӯрдани кулчақандҳо ба ту хурсандии зиёдтар биёрад?
6 Ба фикри ту, мо ба дигарон чӣ тӯҳфа карда метавонем? ~ Баъзе чизҳоро аз мағоза ё бозор харида тӯҳфа кардан мумкин аст. Ва агар ту чунин чизҳоро тӯҳфа кардан хоҳӣ, ба ту аввал пул ҷамъ кардан лозим мешавад.
7 Лекин шарт нест, ки тӯҳфа маҳз аз мағоза ё бозор бошад. Масалан, дар рӯзи гарми тобистон одам аз нӯшидани оби хунук лаззат мебарад. Ва вақте ки ту ба одами ташна як пиёла об медиҳӣ, инро ба тӯҳфае монанд кардан мумкин аст, ки аз додани он ту хурсандӣ мегирӣ.
8 Ё мумкин ягон рӯз ту ва модарат кулчақанд мепазед. Агар кулчақандҳоро худат танҳо хӯрӣ, ин, албатта, ба ту хурсандӣ меорад. Лекин барои он ки хурсандии боз ҳам бисёртар гирӣ, ту чӣ кор карда метавонӣ? ~ Ҳа, ту метавонӣ, ки якчандто кулчақандро ба ягон ҷӯра ё дугонаат диҳӣ. Оё ту ин хел кардан мехоҳӣ? ~
9 Устоди Бузург ва шогирдонаш бисёр вақт барои дигарон корҳои нек мекарданд ва ин ба онҳо хушбахтӣ меовард. Оё ту медонӣ, ки онҳо чӣ кор мекарданд? ~ Онҳо кори аз ҳама беҳтаринро мекарданд, яъне ҳақиқатро дар бораи Худо ба дигарон нақл мекарданд. Ва барои ин аз одамон пул намегирифтанд.
10 Як рӯз Павлуси ҳавворӣ ва ҷӯрааш Луқо ба лаби дарё рафтанд. Онҳо фаҳмида буданд, ки дар он ҷо одамон одатан барои дуогӯӣ ҷамъ мешаванд. Ва вақте ба он ҷо расиданд, занҳоеро диданд, ки дуо мегуфтанд. Яке аз ин занҳо, ки Лидия ном дошт, зани дасткушоду саховатманд буд.
11 Павлус ба занҳо хушхабарро дар бораи Яҳува ва Салтанати Ӯ нақл кард. Лидия суханони ӯро бодиққат гӯш кард ва хушхабар ба дили вай таъсир кард. Барои ҳамин, вай аз Павлусу Луқо сахт хоҳиш карда гуфт: «Агар шумо бовар кунед, ки ман дар ҳақиқат Яҳуваро Худои худ меҳисобам, ба хонаи ман омада меҳмон шавед». Ва ӯ чунон сахт илтимос кард, ки онҳо розӣ шуданд (Аъмол 16:13–15).
Лидия ба Павлус ва Луқо чӣ гуфт?
12 Лидия хурсанд буд, ки ин хизматгорони Худо дар хонааш меҳмон шуданд. Ӯ онҳоро дӯст медошт, чунки аз онҳо дар бораи Яҳува, Исо ва дар бораи он ки чӣ тавр одамон беохир зиндагӣ карда метавонанд, бисёр чизро фаҳмид. Аз он ки Лидия ба Павлусу Луқо хӯрок ва ҷои хоб дод, вай хурсандӣ ҳис кард. Барои чӣ? Барои он ки вай ин корро аз таҳти дил кард. Ана як фикри муҳим: чизеро ба дигарон додан танҳо ҳамон вақт хурсандӣ меорад, агар мо ин корро аз таҳти дил кунем. Баъзан мумкин моро маҷбур мекунанд, ки ба касе ягон чизамонро тӯҳфа кунем. Лекин оё мо аз ин хурсанд мешавем?
Барои чӣ Лидия хурсанд буд, ки ба Павлусу Луқо нағзӣ кард?
13 Биё камтар фикр мекунем. Агар ту қанд дошта бошию ман ба ту гӯям, ки якчандтояшро ба ягон кас деҳ, оё ту ин корро бо хурсандӣ мекунӣ? ~ Лекин акнун фарз кун, ки ту қанд дориву ба пешат дӯсти ҷониат меояд. Ва ҳозир бошад, ту худат мехоҳӣ, ки ба ӯ якчанд дона қанд диҳӣ. Оё акнун додани қанд ба ту хурсандӣ меорад? ~
14 Вақте ки мо ягон касро сахт нағз мебинем, мо тайёрем, ки ба вай ҳама чизи доштаамонро диҳем. Ба ин монанд, чӣ қадаре ки муҳаббатамон ба Худо зиёдтар мешавад, ҳамон қадар бисёртар мо мехоҳем, ки ба Ӯ ҳама чизи доштаамонро диҳем.
Барои чӣ ин зани камбағал аз додани тамоми пулаш хурсанд буд?
15 Устоди Бузург зани камбағалеро медонист, ки Худоро хеле дӯст медошт. Вай ин занро дар маъбади Ерусалим дида буд. Ин зан ғайр аз ду тангаи хурд пули дигаре надошт. Лекин вай ҳардуи онро ба қуттии хайрия, ки дар маъбад буд, партофт. Ягон кас вайро ба ин кор маҷбур накарда буд. Бисёри одамон кори вайро ҳатто надиданд. Ба кардани ин кор занро хоҳиши сахт ва муҳаббат ба Яҳува тела дод. Ва ӯ аз ин хурсандӣ ҳис кард (Луқо 21:1–4).
16 Ба дигарон некӣ карда мо метавонем мисли Худо саховатманд бошем. Оё ту медонӣ, ки бо кадом роҳҳо мо ин корро карда метавонем? ~ Офарин! Фаромӯш накун, ки мо танҳо он вақт аз додани ягон чиз хурсандӣ ҳис мекунем, агар онро аз таҳти дил кунем. Ана барои чӣ Устоди Бузург моро бармеангехт, ки дасткушоду саховатманд бошем (Луқо 6:38). Аз ин корамон дигарон хурсанд мешаванд, худи мо бошем, одамони хушбахттарини дунё мешавем!
Биё аз ин оятҳо фаҳмем, ки чӣ тавр дасткушодиву саховатмандӣ ба мо хушбахтӣ меорад: Матто 6:1–4; Луқо 14:12–14 ва 2 Қӯринтиён 9:7.