ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 19 саҳ. 102-106
  • Оё ҷанг кардан дуруст аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё ҷанг кардан дуруст аст?
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Оё ту дар ҳама чиз якум будан мехоҳӣ?
    Устоди Бузургро гӯш кун
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 19 саҳ. 102-106

БОБИ 19

Оё ҷанг кардан дуруст аст?

ОЁ ТУ ягон духтарча ё писарчаеро медонӣ, ки худашро аз ҳама зӯр мегирад? ~ Оё ту бо чунин одам дӯстӣ кардан мехоҳӣ? Ё ту бо бачаҳои нағзе, ки бо дигарон ҷанг намекунанд, дӯстӣ кардан мехоҳӣ? ~ Устоди Бузург гуфта буд: «Хушбахтанд сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо номида мешаванд» (Матто 5:9).

2 Лекин баъзан мо аз рафтори одамон ба қаҳр меоем, ҳамин хел-не? ~ Дар ин вақт мумкин мо аз онҳо қасд гирифтан мехоҳем, яъне ба бадии онҳо бо бадӣ ҷавоб додан мехоҳем. Як бор шогирдони Исо ҳам ҳамин корро кардан хостанд. Он вақт онҳо бо устодашон ба Ерусалим мерафтанд. Биё ман дар бораи ин ба ту нақл мекунам.

3 Дар нисфи роҳ Исо якчанд шогирдонашро ба як қишлоқи Сомария фирсонд, то барои дамгириашон ҷой ёбанд. Лекин одамони он ҷо дини дигар доштанд, барои ҳамин онҳо роҳ надоданд, ки Исо ва шогирдонаш дар қишлоқашон дам гиранд. Ғайр аз ин, сомариён одамонеро, ки барои ба Худо хизмат кардан ба Ерусалим мерафтанд, нағз намедиданд.

Яъқуб ва Юҳанно ба қаҳр омадаанд

Яъқуб ва Юҳанно барои аз сомариён қасд гирифтан чӣ кор кардан мехостанд?

4 Агар ту ба ҷои шогирдони Исо мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? Оё қаҳрат меомад? Оё ту мехостӣ, ки аз он сомариён қасд гирӣ? ~ Шогирдони Исо — Яъқуб ва Юҳанно маҳз ҳамин корро кардан мехостанд. Онҳо ба Исо гуфтанд: «Оё мехоҳӣ, ки гӯем, то аз осмон алов омада, онҳоро нест кунад?» Лекин Исо ба онҳо гуфт, ки бо одамон ин хел рафтор кардан нодуруст аст (Луқо 9:51–56).

5 Баъзан одамон метавонанд ба мо бадӣ кунанд. Мумкин баъзе кӯдакон бо мо бозӣ кардан намехоҳанд. Онҳо ҳатто ин хел гуфта метавонанд: «Аз пешамон рав, мо бо ту дӯстӣ кардан намехоҳем». Ва ин қаҳри моро оварда метавонад, ҳамин тавр-не? Мумкин мо мехоҳем, ки аз онҳо қасд гирем. Лекин оё ин хел кардан дуруст аст? ~

6 Биё мебинем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд. Дар боби 24-уми китоби Масалҳо, ояти 29 мо мехонем: «Нагӯй: “Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард, ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам; ба ин одам мувофиқи кирдораш подош медиҳам [яъне амал мекунам]”».

7 Ту ин суханҳоро чӣ хел мефаҳмӣ? ~ Дар ин оят гуфта шудааст, ки мо набояд кӯшиш кунем, ки аз ягон кас қасд гирем. Бале, дар ҷавоби бадии шахс бадӣ кардан нодуруст аст. Лекин агар ягон кас туро ба ҷанг тела доданӣ шавад-чӣ? Мумкин вай туро паст зада қаҳратро меорад ё масхара карда мегӯяд, ки ту тарсончакӣ. Ту он вақт чӣ кор мекунӣ? Оё ту бо вай ҷанг мекунӣ? ~

8 Биё боз ба Китоби Муқаддас нигоҳ мекунем. Боби 5-уми китоби Матто, ояти 39-ро кушо. Ин ҷо Исо мегӯяд: «Агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ [яъне шапалоқ] занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон». Ба фикри ту, бо ин суханон Исо чӣ гуфтанӣ буд? Оё ӯ гуфтанӣ буд, ки агар ягон кас бо мушт ба як тарафи рӯят занад, ту бояд дигарашро ба вай гардонӣ? ~

9 Не, Исо тамоман ин хел гуфтанӣ набуд. Шапалоқ аз муштзанӣ фарқ мекунад. Шапалоқро бештар ба теладиҳӣ монанд кардан мумкин аст. Шахс моро бо он мақсад шапалоқ мезанад ё тела медиҳад, то мо ба қаҳр биёем. Ва агар мо ба қаҳр омада ӯро тела диҳем-чӣ? ~ Дуруст гуфтӣ, он вақт ҷанг сар шуда метавонад.

10 Лекин Исо намехост, ки шогирдонаш ҷанг кунанд. Барои ҳамин, ӯ гуфт, ки агар касе моро шапалоқ занад, мо набояд дар ҷавоб ин хел кунем. Агар мо ба қаҳр омада ҷанг кунем, мо нишон медиҳем, ки аз одаме, ки ҷангро сар кард, фарқ намекунем.

11 Агар бинӣ, ки байни ту ва ягон кас ҷанг сар шуда истодааст, чӣ кор кардан дуруст мебуд? ~ Беҳтараш, ки аз он ҷо равӣ. Он шахс метавонад якчанд бор туро тела диҳад, лекин агар ту аҳамият надиҳӣ, вай мумкин дигар ба ту кордор намешавад. Аз он ҷо рафтанат маънои онро надорад, ки ту тарсончакӣ, баръакс, ин нишон медиҳад, ки ту аз кардани корҳои дуруст наметарсӣ.

Писаре гузашта меравад, вақте дигарон ӯро ба ҷанг тела дода истодаанд

Агар ягон кас моро ба ҷанг тела доданӣ шавад, мо бояд чӣ кор кунем?

12 Лекин агар ту бо он бача ҷанг кунию аз вай зӯр бароӣ-чӣ? Он вақт чӣ шуда метавонад? ~ Мумкин вай меравад ва ҷӯраҳояшро гирифта меояд. Ва онҳо метавонанд туро ҳатто бо чӯб ё корд зананд. Акнун ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ Исо намехост, ки мо ҷанг кунем? ~

13 Агар бинем, ки дигар бачаҳо ҷанг мекунанд, мо бояд чӣ кор кунем? Оё мо бояд тарафи ягонтои онҳоро гирем? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки чӣ кор кардан дуруст аст. Ба боби 26-уми китоби Масалҳо, ояти 17 нигоҳ кун. Дар он ҷо навишта шудааст: «Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад, мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад».

Писаре аз гӯши саг сахт медорад ва саг ба хашм омада истодааст

Барои чӣ ба ҷанги дигарон ҳамроҳ шудан ба он монанд аст, ки мо сагро аз гӯшаш гирифта сахт медорем? Ту аз ин танҳо зарар мебинӣ, барои ҳамин ин корро накун!

14 Агар ту сагро аз гӯшҳояш гирифта сахт дорӣ, он гоҳ чӣ мешавад? Аз ин гӯшҳои саг дард мекунанд ва вай мехоҳад, ки туро газад. Ва барои он ки саг туро нагазад, ту бояд гӯшҳои вайро боз ҳам сахттар дорӣ. Лекин чӣ қадаре ки ту гӯшҳояшро сахттар дорӣ, вай ҳамон қадар бисёртар ба қаҳр меояд. Ва вақте ки ту сагро сар медиҳӣ, вай, албатта, туро мегазад. Лекин ту сагро беохир дошта истода наметавонӣ-ку? ~

15 Агар ҷангкунии ду касро дида мо яке аз онҳоро тарафгирӣ кунем, ин ба он монанд аст, ки мо сагро аз гӯшҳояш гирифта сахт медорем. Мо мумкин намедонем, ки кадоме аз онҳо ҷангро сар кард ё барои чӣ онҳо ҷанг мекунанд. Мумкин шахсе, ки ӯро зада истодаанд, чизеро дуздидааст. Агар мо ба вай ёрдам кунем, ин маънои онро дорад, ки мо ба дузд ёрдам мекунем. Ва ин корамон, албатта, нодуруст мебуд, ҳамин хел-не?

16 Пас, вақте ки ҷангро мебинӣ, ту бояд чӣ кор кунӣ? ~ Агар ин дар мактаб рӯй диҳад, хуб мебуд, ки рафта инро ба муаллимат гӯӣ. Агар ин дар ҷои дигар бошад, ту метавонӣ падару модарат ё милисаро ҷеғ занӣ. Ҳа, ҳатто вақте ки дигарон ҷанг кардан мехоҳанд, мо бояд сулҳҷӯ бошем.

Писаре мебинад, ки ду бача ҷанг шуда истодаанду дигарон тамошо доранд, гузашта меравад

Агар бинӣ, ки дигарон ҷанг мекунанд, ту бояд чӣ кор кунӣ?

17 Шогирдони ҳақиқии Исо бо дигарон ҷанг накардан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Бо ин корамон мо нишон медиҳем, ки аз кардани корҳои дуруст наметарсем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шогирди Исо «набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон... бошад» (2 Тимотиюс 2:24).

Биё дигар маслиҳатҳои хуберо, ки ба мо барои ҷанг накардан ёрдам мекунанд, хонем: Румиён 12:17–21 ва 1 Петрус 3:10, 11.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан