БОБИ 42
Чаро мо бояд меҳнат кунем?
БА ТУ бисёртар чӣ маъқул аст: кор кардан ё бозӣ кардан? ~ Албатта, дар бозӣ кардан ягон нодурустие нест. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Ерусалим «аз писарон ва духтароне ки дар кӯчаҳояш бозӣ» мекарданд, пур буд (Закарё 8:5).
2 Тамошо кардани он ки чӣ тавр кӯдакон бозӣ мекунанд, ба Устоди Бузург хурсандӣ мебахшид. Пеш аз он ки ба замин ояд, ӯ гуфта буд: «Ман назди Худо коргари моҳир будам... ва ҳама вақт дар пеши Ӯ хурсандӣ мекардам». Аҳамият деҳ, ки Исо дар осмон, дар пеши Яҳува, коргари моҳир буд, яъне корашро хеле хуб иҷро мекард. Ҳамчунин Исо гуфт: «Хурсандии ман бо насли одам алоқаманд буд». Ҳа, чӣ хеле ки мо аз бобҳои гузашта фаҳмидем, Устоди Бузург нисбати одамон, аз он ҷумла кӯдакон бепарво набуд (Масалҳо 8:30, 31, ТДН).
Дар осмон Устоди Бузург аз чӣ хурсандӣ мегирифт?
3 Ба фикри ту, оё Исо дар кӯдакиаш бозӣ мекард? ~ Шояд мекард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Исо дар осмон коргари моҳир буд, пас, ба фикри ту, оё ӯ дар замин ҳам кор мекард? ~ Дар Китоби Муқаддас Исо «писари наҷҷор», яъне писари дуредгар номида шудааст. Беш аз ин, худи Исоро ҳам дуредгар меномиданд. Мо аз ин чӣ мефаҳмем? ~ Ин нишон медиҳад, ки Юсуф ба Исо, чун ба писараш, касби худро ёд дода буд. Ва ҳамин тавр Исо дуредгар шуд (Матто 13:55; Марқӯс 6:3).
4 Оё Исо дуредгари хуб буд? ~ Мо аллакай фаҳмидем, ки дар осмон ӯ коргари моҳир буд, пас, оё гуфтан мумкин аст, ки дар замин ҳам вай кори худро хеле хуб иҷро мекард? ~ Биё камтар фикр мекунем, ки дар рӯзҳои Исо кори дуредгарӣ чӣ қадар қувватро талаб мекард. Мумкин ба Исо лозим меомад, ки ба ҷангал рафта дарахт бурад, онро арра карда ба қисмҳо ҷудо кунад ва гирифта ба хона биёрад. Боз ба вай даркор буд, ки аз чӯбҳои тайёркардааш дару тиреза, мизу курсӣ ва чизҳои дигар созад.
5 Ба фикри ту, оё кори дуредгарӣ ба Исо маъқул буд? ~ Агар ту барои дигарон мизу курсӣ ва дигар чизҳои хушрӯ сохта метавонистӣ, оё ту аз ин хурсандӣ мегирифтӣ? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аз кору меҳнати худ хурсандӣ гирифтан хуб аст. Хурсандиеро, ки меҳнат ба шахс меорад, бозӣ оварда наметавонад (Воиз 3:22).
6 Меҳнат ҳам барои майнаи сар ва ҳам барои бадан фоиданок аст. Бисёри кӯдакон вақти зиёдашонро ба тамошои телевизор ё бозиҳои компютерӣ сарф мекунанд. Ин хел кӯдакон тез фарбеҳ ва камқувват мешаванд ва онҳоро хушбахт номидан мумкин нест. Онҳо ба дигарон ҳам хушбахтию хурсандӣ намеоранд. Лекин барои хушбахт шудан мо бояд чӣ кор кунем? ~
7 Чӣ хеле ки мо аз боби 17-уми ин китоб фаҳмидем, саховатманд будан ва ба дигарон дасти ёрӣ дароз кардан моро хушбахт мекунад (Аъмол 20:35). Яҳува Худои хушбахт аст. Ва дар бораи Исо ҳам, гуфтан мумкин аст, ки ӯ шахси хушбахт аст. Дар китоби Масалҳо навишта шудааст, ки Исо «ҳама вақт дар пеши Худо хурсандӣ мекард». Аз кадом сабаб Исо хурсанду хушбахт буд? ~ Як сабаби инро аз суханони зерини Исо фаҳмидан мумкин аст: «Падарам то ҳол кор мекунад ва ман низ кор мекунам» (Юҳанно 5:17).
8 Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ тамоми умр бо кори дуредгарӣ машғул набуд, зеро Яҳува ба ӯ кори дигареро супорида буд. Оё ту медонӣ, ки ин чӣ гуна кор буд? ~ Исо гуфт: «Ман бояд хушхабарро дар бораи Салтанати Худо мавъиза кунам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқо 4:43). Баъзан, вақте ки Исо ба одамон мавъиза мекард, онҳо мисли зани сомарие, ки ту дар расм мебинӣ, ба ӯ имон меоварданд ва чизҳои шунидаашонро ба дигарон нақл мекарданд (Юҳанно 4:7–15, 27–30).
Дар замин Исо кадом ду корро иҷро мекард?
9 Исо ба коре, ки Худо ба вай супорида буд, чӣ хел муносибат мекард? Ба фикри ту, оё ӯ ба кардани он хоҳиш дошт? ~ Исо гуфта буд: «Хӯроки ман он аст, ки хости Фиристандаи худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба охир расонам» (Юҳанно 4:34). Оё ба ту хӯрдани хӯроки бомазза маъқул аст? ~ Ба ин монанд, ба Исо ҳам иҷро кардани супориши Падараш маъқул буд ва ӯ аз он хурсандӣ мегирифт.
10 Худо моро тавре офарид, ки меҳнат кардан ба мо хурсандӣ меорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «аз меҳнати худ шодӣ» кардан тӯҳфаи Худо аст. Барои ҳамин, агар ту аз хурдсолӣ меҳнатдӯст буданро ёд гирӣ, ҳаёти ту хушбахттар мешавад (Воиз 5:19).
11 Албатта ин маънои онро надорад, ки кӯдак кори калонсолонро карда метавонад, лекин ҳар яки мо дар хона ягон кореро карда метавонем. Мумкин падару модари ту ҳар рӯз ба кор мераванд ва пул кор мекунанд, то оилаи шумо хӯрок ва ҷои зист дошта бошад. Ҳамчунин, чӣ тавре ки ту медонӣ, барои тозаву озода ва батартиб нигоҳ доштани хона бисёр меҳнат кардан даркор аст.
12 Ту дар хона кадом корҳоеро, ки ба тамоми оилаатон фоида мебиёранд, карда метавонӣ? ~ Ту метавонӣ дастархон партоӣ, дегу табақ шӯӣ, партовро бурда партоӣ, хонаатро ба тартиб дарорӣ ва бозичаҳоятро ғундорӣ. Мумкин ту аллакай баъзеи ин корҳоро мекунӣ. Ва ин барои оилаатон фоидаовар аст.
Чаро муҳим аст, ки баъди бозӣ кардан бозичаҳоятро ғундорӣ?
13 Биё мебинем, ки чӣ тавр ин кори ту ба дигарон фоида меорад. Баъди бозӣ кардан ту метавонӣ бозичаҳоятро гашта ба ҷояшон монӣ. Ба фикри ту, барои чӣ ин хел кардан даркор аст? ~ Барои он ки он вақт хонаатон батартиб меистад. Ҳамчунин, ин ёрдам мекунад, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Агар ту бозичаҳоятро нағундорӣ, модарат мумкин бо ду дасти пур ба хона даромада ба онҳо пешпо мехӯрад ва афтида ягон ҷояшро маиб мекунад. Ва мумкин ҳатто лозим мешавад, ки ӯро ба духтурхона баранд. Оё ту мехостӣ, ки ин хел шавад? ~ Акнун ту мефаҳмӣ, ки баъди бозӣ бозичаҳоятро ба ҷояшон гузоштан хеле муҳим аст.
14 Кӯдакон барои меҳнат кардан боз як имконияти дигар доранд. Онҳо бояд ба мактаб рафта дониш гиранд. Дар мактаб ту хонданро ёд мегирӣ. Ба баъзе кӯдакон хондан маъқул аст, лекин ба баъзеи дигарашон ин маъқул нест. Ҳатто агар дар аввал хондан ба назарат душвор тобад ҳам, вақте ки нағз хонданро ёд мегирӣ, ин ба ту хурсандии бисёр меорад. Агар хонда тавонӣ, ту бисёр чизҳои шавқоварро фаҳмида метавонӣ. Масалан, ту метавонӣ худат Китоби Муқаддасро, ки Каломи Худо аст, хонӣ. Барои ҳамин, вақте ки ту дар мактаб нағз мехонӣ, ин дар ҳақиқат ба ту фоида меорад, ҳамин тавр-не? ~
15 Баъзе одамон аз кор мегурезанд. Мумкин ту ҳатто худат ин хел одамонро мешиносӣ. Лекин Худо моро барои меҳнат кардан офарид, аз ин рӯ мо бояд аз меҳнати худ хурсандӣ гирифтанро ёд гирем. Оё Устоди Бузург аз иҷро кардани кораш хурсандӣ мегирифт? ~ Ҳа, барои ӯ иҷро кардани хости Худо ба хӯрдани хӯроки бомазза монанд буд. Лекин Исо кадом корро иҷро мекард? ~ Вай ба дигарон дар бораи Яҳува ва он ки чӣ тавр одамон ҳаёти беохирро соҳиб шуда метавонанд, нақл мекард.
16 Саволи зерин ба мо ёрдам мекунад, ки аз меҳнати худ хурсандӣ гирем: «Барои чӣ ин корро кардан лозим аст?» Вақте ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ ягон корро кардан муҳим аст, кардани он кор бароят осонтар мешавад. Ва кадом коре ки набошад, хоҳ калон ва хоҳ майда, онро аз таҳти дил иҷро кун. Ҳамин хел ту метавонӣ мисли Устоди Бузург аз меҳнати худ хурсандӣ гирӣ.
Китоби Муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад, ки коргари хуб бошем. Биё мехонем, ки оятҳои зерин дар ин бора чӣ мегӯянд: Масалҳо 10:4; 22:29; Воиз 3:12, 13 ва Қӯлассиён 3:23.