ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 47 саҳ. 244-249
  • Мо аз куҷо медонем, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мо аз куҷо медонем, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст?
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Исо дар бораи оянда пешгӯӣ мекунад
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Подшоҳии Худо кай бар замин ҳукмронӣ мекунад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Биҳишт қариб аст!
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Маълумоти бештар
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 47 саҳ. 244-249

БОБИ 47

Мо аз куҷо медонем, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст?

ОЁ ТУ медонӣ, ки аломат чист? ~ Дар боби гузашта мо хондем, ки Худо барои нишон додани он ки дигар ин ҷаҳонро бо об несту нобуд намекунад, ба одамон як аломат дод. Садсолаҳо пас, ҳаввориёни Исо аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар бораи аломати омаданаш ва ба охир расидани ин дунё ба онҳо гап занад (Матто 24:3).

2 Баъди эҳё шуданаш Исо ба осмон рафт ва одамон ӯро дида наметавонистанд. Аз ин рӯ, барои фаҳмидани он ки ӯ подшоҳиро сар кардааст, аломате лозим буд. Исо ба шогирдонаш нақл кард, ки дар вақти сар шудани подшоҳиаш дар замин кадом воқеаҳо рӯй хоҳанд дод. Вай фаҳмонд, ки онҳо бояд ба ин воқеаҳо диққати махсус диҳанд. Ва вақте онҳо рӯй додани ин воқеаҳоро медиданд, он гоҳ онҳо бояд мефаҳмиданд, ки Исо омадааст ва дар осмон чун Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад.

3 Ба шогирдонаш муҳим будани ҳушёриро нишон дода Исо гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед: Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст». Ту, албатта, медонӣ, ки чӣ тавр омадани фасли тобистонро фаҳмидан мумкин аст. Мисли ин, вақте ту мебинӣ, ки суханони Исо иҷро шуда истодаанд, ту мефаҳмӣ, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст (Луқо 21:29, 30).

Исо дар назди дарахти анҷир

Бо мисоли дарахти анҷир Исо чӣ гуфтан мехост?

4 Дар ин саҳифа ва дар саҳифаи навбатӣ воқеаҳое тасвир шудаанд, ки аз рӯи гапи Исо, қисми аломат мебошанд. Онҳо наздик будани Салтанати Худоро нишон медиҳанд. Вақте ки ҳамаи ин воқеаҳо рӯй медиҳанд, Салтанати Худо зери ҳукмронии Масеҳ ҳамаи дигар ҳокимиятҳоро несту нобуд мекунад. Ва ту мумкин дар ёд дорӣ, ки мо дар бораи ин аз боби гузашта фаҳмида будем.

5 Ба расмҳое, ки дар ду саҳифаи гузашта кашида шудаанд, бодиққат нигоҳ кун. Биё онҳоро дида мебароем. Дар бораи воқеаҳое, ки дар ин ҷо тасвир шудаанд, аз оятҳои Матто 24:6–14 ва Луқо 21:9–11 хондан мумкин аст. Аҳамият деҳ, ки ҳар як расм рақам дорад. Айнан ҳамин рақам дар аввали сархате, ки дар бораи ин расм нақл мекунад, омадааст. Ҳозир бошад, биё мебинем, ки оё аломати пешгӯикардаи Исо дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст ё не.

Бачае дар ҷанг; писараки гурусна; духтарак аз сабаби беморӣ хоб аст

6 1. Исо гуфт: «Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид... халқе бар зидди халқе ва салтанате бар зидди салтанате мебарояд». Оё ту дар бораи ҷангҳо шунида будӣ? ~ Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ соли 1914 сар шуда соли 1918 ба охир расид. Баъдтар, соли 1939, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ сар шуд. Он то соли 1945 давом кард. Аз ин пеш дар замин чунин ҷангҳои ҷаҳонӣ рӯй надода буданд! Имрӯз бошад, қариб дар тамоми ҷаҳон ҷангҳо рӯй медиҳанд ва мо аз радио, телевизор, Интернет ё рӯзномаҳо дар ин бора мефаҳмем.

7 2. Исо ҳамчунин гуфта буд: «Дар ҳар ҷо қаҳтиву гуруснагӣ... рӯй хоҳад дод». Ту, мумкин, медонӣ, ки на ҳамаи одамон ба серӣ хӯрок мехӯранд. Ҳар рӯз ҳазорҳо одамон аз норасоии хӯрок мемуранд.

8 3. Исо илова кард: «Дар ҳар ҷо... вабоҳо... рӯй хоҳанд дод». Ту медонӣ, ки вабо чист? ~ Ин касалиест, ки аз он одамони зиёд мемуранд. Танҳо аз як вабои грипп, ки номаш «испанка» буд, дар як сол қариб 20 миллион одам мурда буд! Дар рӯзҳои мо бошад, мумкин одамони аз ин ҳам зиёд аз касалии АНМБ (СПИД) мемуранд. Ҳар сол саратон, бемориҳои дил ва дигар касалиҳо сабаби марги ҳазорҳо одамон мешаванд.

9 4. Исо боз дар бораи қисми дигари аломат гуфта буд: «Дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо рӯй хоҳанд дод». Оё ту ягон бор заминҷунбиро ҳис карда будӣ? ~ Баъзан дар вақти заминҷунбӣ ҳатто хонаҳо чаппа мешаванд ва одамони зиёде мемуранд. Аз соли 1914 сар карда ҳар сол заминҷунбиҳои зиёде рӯй медиҳанд.

Одамон аз заминҷунбӣ гурехта истодаанд

10 5. Исо гуфт, ки боз як қисми аломат — ин «зиёд шудани бадиҳо» мебошад. Ана барои чӣ дар ҷаҳон дуздӣ ва зӯроварӣ ин қадар бисёр аст. Дар бисёр ҷойҳо одамон метарсанд, ки хонаашонро дузд мезанад. Аз ин пеш дар ҷаҳон ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ ин қадар бисёр набуд.

11 6. Исо ҳамчунин дар бораи қисми муҳими аломат гап зад. Ӯ гуфт: «Ин хушхабари Салтанат дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад, ва танҳо он гоҳ дунё ба охир мерасад» (Матто 24:14). Агар ту ба «ин хушхабар» бовар кунӣ, пас ба ту лозим аст, ки дар бораи он ба дигарон нақл кунӣ. Бо ин корат ту дар иҷрошавии ин қисми аломат иштирок карда метавонӣ.

Ба писарак зӯроварӣ карда истодаанд, вале баътар ӯ дар бораи хушхабари Салтанат мавъиза карда истодааст

12 Баъзе одамон мумкин мегӯянд, ки чизҳои пешгӯикардаи Исо ҳама вақт рӯй медоданд. Лекин аз ин пеш ягон бор ҳамаи ин чизҳо дар як вақт дар ҷойҳои бисёри дунё рӯй надода буданд. Акнун ту мефаҳмӣ, ки ин аломат чӣ маъно дорад? ~ Вақте ки мо дар як вақт иҷро шудани ҳамаи ин воқеаҳоро мебинем, мо мефаҳмем, ки охири ин дунё наздик аст ва ба қарибӣ дунёи нави Худо меояд.

13 Вақте ки Исо дар бораи қисмҳои аломат гап мезад, ӯ ҳамчунин дар бораи як фасли сол гап зад. Ӯ гуфт: «Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон... рӯй надиҳад» (Матто 24:20). Ба фикри ту, Исо бо ин суханон чӣ гуфтанӣ буд? ~

14 Биё камтар дар бораи ин фикр мекунем. Оё дар фасли зимистон аз ягон ҷои хатарнок гурехтан осон аст? ~ Албатта, не. Дар ин фасл одатан барф меборад ва ҳаво хунук аст. Барои ҳамин ба ҷое гурехтан душвору хатарнок ва баъзан ҳатто номумкин аст. Агар шахс бо корҳои худ андармон шуда аз ҷои хатарнок даррав нагурезад ва баъд аз сабаби хунукии зимистон дар роҳ мурад, ин, албатта, аламовар мебуд, ҳамин тавр-не? ~

Халқ аз Ерусалим озод шуданд вақте ҳавои нағз буд

Исо бо суханони «гурехтани шумо дар зимистон... рӯй надиҳад» чӣ гуфтанӣ буд?

15 Оё акнун ту мефаҳмӣ, ки вақте Исо гуфт, ки одамон бояд зимистонро интизор нашуда гурезанд, вай кадом фикри муҳимро қайд карданӣ буд? ~ Ҳа, азбаски Ҳармиҷидӯн наздик аст, мо бояд аз ҳозир ба Худо хизмат кунем ва ҳамин тавр муҳаббатамонро ба Ӯ нишон диҳем. Лекин агар мо сустӣ кунем, он гоҳ барои наҷот ёфтанамон дер шуда метавонад. Он вақт мо ба одамоне монанд мешавем, ки пеш аз Тӯфон зиндагӣ мекарданд: онҳо суханони Нӯҳ-пайғамбарро мешуниданд, лекин бо вуҷуди ин ба киштӣ надаромаданд.

16 Акнун биё дар бораи он гап мезанем, ки ҳаёт баъди Ҳармиҷидӯн — ҷанги бузурги Худо чӣ хел мешавад. Мо мефаҳмем, ки Худо барои ҳамаи онҳое, ки Ӯро дӯст медоранду хизматашро ба ҷо меоранд, чӣ тайёр кардааст.

Оятҳои зерин ҳам нишон медиҳанд, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст: 2 Тимотиюс 3:1–5 ва 2 Петрус 3:3, 4.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан