ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lf саволи 4 саҳ. 22-29
  • Оё тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадаанд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадаанд?
  • Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб
  • Зерсарлавҳаҳо
  • ДАРАХТИ ДАРВИН БУРИДА ШУД
  • САНГВОРАҲО ЧИРО НИШОН МЕДИҲАНД?
  • ДАЛЕЛҲОРО АЗ КУҶО ЁБЕМ?
  • АЗ «ФИЛМ» ЧИРО ФАҲМИДАН МУМКИН АСТ?
Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб
lf саволи 4 саҳ. 22-29

САВОЛИ 4

Оё тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадаанд?

«Дарахти хешигарӣ»-е, ки ба ақидаи Чарлз Дарвин аз як аҷдод пайдо шудани тамоми мавҷудотро мефаҳмонад

Дарвин гумон мекард, ки тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадааст. Ӯ мегуфт, ки таърихи ҳаётро дар рӯйи замин ба дарахти калоне монанд кардан мумкин аст. Баъдтар бошад, дигарон ақидаеро изҳор карданд, ки танаи он дарахт ҳамон аввалин ҳуҷайраҳои сода мебошад. Ба гуфти онҳо, тамоми шакли ҳаёт аз ҳуҷайраҳои сода пайдо шудааст. Мувофиқи ин ақида, чи тавре ки танаи дарахт ба шохаву шохчаҳо ҷудо мешавад, ҳамин тавр аз як ҳуҷайраи сода хонаводаҳои ҷонварону растаниҳои гуногун пайдо шудаанд. Оё дар асл чунин аст?

Бисёри олимон чӣ мегӯянд? Бисёри олимон даъво мекунанд, ки бозёфтҳои ҳайвоноту набототи қадима, яъне сангвораҳо, исбот мекунанд, ки тамоми шаклҳои ҳаёт як аҷдод доштааст. Ба гуфти онҳо, далели ин аз як «барномаи компютерӣ», яъне аз КДН, истифода бурдани тамоми мавҷудоти зинда аст.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Дар китоби 1 Мӯсо — Пайдоиш, гуфта мешавад, ки растаниҳо, ҷонварони баҳрӣ, ҳайвоноти хушкӣ ва парандаҳо «мувофиқи ҷинсашон» офарида шудаанд (1 Мӯсо 1:12, 20–25). Ибораи «мувофиқи ҷинсашон» нишон медиҳад, ки, ҳарчанд ҳар мавҷудот метавонад каму беш тағйир ёбад, он ба мавҷудоти тамоман дигар табдил намеёбад. Мувофиқи Китоби Муқаддас шаклҳои гуногуни ҳаёт оҳиста-оҳиста мураккаб нашудаанд, балки яку якбора мураккабу инкишофёфта ба вуҷуд омадаанд. Оё бозёфтҳо инро исбот мекунанд?

Далелҳо чиро ошкор мекунанд? Мувофиқи далелҳо гузориши Китоби Муқаддас дуруст аст ё суханони Дарвин? Бозёфтҳои 150 соли охир чиро ошкор мекунанд?

ДАРАХТИ ДАРВИН БУРИДА ШУД

Дар солҳои охир олимон тавонистанд кодҳои генетикии даҳҳо организмҳои якҳуҷайраро бо кодҳои генетикии растаниву ҳайвонот муқоиса кунанд. Онҳо гумон мекарданд, ки дар натиҷаи чунин муқоисаҳо дуруст будани ақидаи Дарвин дар бораи «дарахти ҳаёт» исбот мегардад. Аммо чунин нашуд.

Кофтукову ҷусторҳо чиро ошкор кард? Соли 1999 биолог Малком Гордон чунин навишт: «Шаклҳои гуногуни ҳаёт як сарчашма не, балки сарчашмаҳои зиёд доштаанд. Он дарахте, ки Дарвин дар борааш мегӯяд, як реша надоштааст». Оё, чуноне ки Дарвин бовар дошт, ҳама шаклҳои ҳаёт мисли шохаҳо ба як тана часпидаанд? Малком Гордон дар ин хусус чунин мегӯяд: «Назарияи паҳншудаи аҷдоди умумӣ доштани тамоми шаклҳои ҳаёт ба табақабандии имрӯзаи мавҷудоти зинда рост намеояд. Он ба табақабандии на фақат силсилаҳо, балки навъҳо ва ҳатто синфҳои бисёр мувофиқат намекунад»29a.

Ҷусторҳои замони охир ба ақидаи Дарвин дар бораи аҷдоди умумӣ зид мебароянд. Масалан, соли 2009 дар маҷаллаи «Ню сайентист» суханони олими соҳаи эволютсия Эрик Баптесте оварда шуданд. Ӯ чунин мегӯяд: «Ҳеҷ далеле нест, ки мо ба воқеияти дарахти ҳаёт бовар кунем»30. Дар ҳамин мақола суханони боз як олими соҳаи эволютсия Майкл Роуз оварда шудаанд: «Дарахти ҳаётро оҳистаяк таги хок карда истодаанд. Вале на ҳама дарк мекунанд, ки акнун мо бояд диди худро нисбати илми биология куллан дигар кунем»31b.

САНГВОРАҲО ЧИРО НИШОН МЕДИҲАНД?

Бисёри олимон барои исбот кардани он ки тамоми мавҷудот аз як аҷдод пайдо шудааст, ба сангвораҳо рӯ меоранд (яъне ба бозмондаҳои набототу ҳайвонот аз замонҳои пеш, ки шакли сангро гирифтаанд). Ба гуфти ин олимон, агар шахс ба сангвораҳо диққат диҳад, исботи онро мебинад, ки моҳиҳо ба обхокиҳо табдил ёфтаанду хазандагон ба ширхӯрон. Оё сангвораҳо ин фикрро тасдиқ мекунанд?

Муҳаққиқи илми эволютсия ва деринашинос (олиме, ки сангвораҳоро меомӯзад) Дейвид Рауп чунин мегӯяд: «Аз замони Дарвин то ба имрӯз сангвораҳои аз қабатҳои гуногуни замин ёфташуда зина ба зина инкишоф ёфтани мавҷудоти зиндаро нишон намедиҳанд. Ин бозёфтҳо ошкор мекунанд, ки навъҳои гуногуни ҷондорон яку якбора пайдо шудаанд ва тӯли вуҷуд доштанашон тамоман тағйир наёфтаанд ё хеле кам тағйир ёфтаанд, баъдтар бошад, яку якбора нопадид гаштаанд»32.

Дар натиҷаи омӯзиши сангвораҳо маълум гардид, ки бо гузашти вақти хеле зиёд як мавҷудот ба мавҷудоти дигаре табдил наёфтааст ва сохти гуногуни бадани мавҷудоти гуногун яку якбора пайдо шудааст. Онҳо на оҳиста-оҳиста, балки яку якбора соҳиби хусусиятҳои нав шудаанд. Масалан, далелҳо нишон медиҳанд, ки шапаракҳои дорои эхолокатсия яку якбора мураккаб пайдо шудаанд, на ин ки дар аввал сода буда, оҳиста-оҳиста мураккаб гаштаанд.

Дар ҳақиқат, ба назар чунин мерасад, ки гурӯҳҳои асосии олами ҳайвонот дар замони хеле кӯтоҳ пайдо шудаанд. Сангвораҳо нишон медиҳанд, ки мавҷудоти зиёду гуногун дар замони хеле кӯтоҳ ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ деринашиносон ин замонро «таркиши кембрӣ» меноманд, чунки таркиш оҳиста-оҳиста неву яку якбора рӯй медиҳад. Ин замони кембрӣ кадом вақтро дар бар мегирад?

Биёед фарз кунем, ки тахмини олимон дар бораи синну соли замин дуруст аст ва онро бо дарозии майдони футбол муқоиса кунем (1). Барои ба замони кембрӣ расидан, шумо бояд 90% дарозии он майдонро гузаред (2). Оё гурӯҳҳои асосии ҳайвонот дар ин замони кембрӣ оҳиста-оҳиста пайдо шуданд ё ногаҳон? Сангвораҳо нишон медиҳанд, ки онҳо хеле ногаҳон пайдо шудаанд. Агар муқоисаамонро давом диҳем, ин муддати кӯтоҳро ба як қадами шумо дар он майдон монанд кардан мумкин аст.

Дар ин хати замонӣ, ки ба шакли майдони футбол тасвир ёфтааст, вақти пайдо шудани тамоми мавҷудотро «таркиши кембрӣ» номида шудааст

Ногаҳон пайдо шудани шаклҳои гуногуни ҳаёт бисёр олимонро ташвиқ кард, ки шакли маъмулии назарияи Дарвинро зери суол гузоранд. Масалан, соли 2008 олими соҳаи биологияи эволютсионӣ Стюарт Нюмен дар мусоҳибае чунин гуфт, ки барои фаҳмондани ногаҳон пайдо шудани ин қадар шаклҳои ҳаёт назарияи нави эволютсия лозим аст. Ӯ қайд кард: «Он тавре ки Дарвин дигаргуниҳои асосиро дар бадани ҷонварон тавзеҳу маънидод мекард, бо гузашти вақт ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи илмӣ аз даст хоҳад дод. Ба фикри ман, он танҳо яке аз ақидаҳои бисёр мешавад, ки ба амал омадани дигаргуниҳои асосиро дар бадани ҷондорон мефаҳмонад. Эҳтимол аст, ки он дар оянда ақидаи муҳимтарин ҳам ҳисобида нашавад»33.

ДАЛЕЛҲОРО АЗ КУҶО ЁБЕМ?

Тасвири сангвораҳо дар баъзе китобҳои дарсӣ ва андозаи воқеияшон

Чаро баъзе китобҳои дарсӣ андозаи нисбии сангвораи ҷонваронро дуруст тасвир намекунанд?

Дар баъзе китобҳо чунин тасвир шудааст

Андозаи нисбии воқеӣ

Чуноне қайд кардем, баъзе олимон даъво доранд, ки сангвораҳо исбот мекунанд, ки моҳиҳо ба обхокиҳо табдил ёфтаанд ва хазандаҳо ба ширхӯрон. Дар ин бора чӣ гуфтан мумкин аст? Оё далелҳо ҳақ будани раванди эволютсияро исбот мекунанд? Вақти бодиққат дида баромадани далелҳо баъзе камбудиҳои ин назария рӯйи об мебароянд.

Як далеле, ки бемантиқии ақидаи аз хазандаҳо пайдо шудани ширхӯронро исбот мекунад, андозаи бозмондаҳои устухонҳои ин ҷонварон мебошад. Дар китобҳои дарсӣ андозаи онҳо қариб якхела тасвир ёфтааст, аммо дар асл онҳо як хел нестанд. Баъзеяшон аз ҳад калонанд, баъзеи дигарашон хеле майда.

Камбудии дигари ин даъво ин аст: далеле нест, ки ин ҷонварон бо ҳам хешигарӣ дошта бошанд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Мувофиқи баҳододи олимон дар пайдоиши ин ҳайвонҳо пайдарҳамие дида намешавад ва онҳоро аз ҳам миллионҳо сол ҷудо мекунад. Суханони ҷонваршинос (зоолог) Ҳенри Ҷи ба ин масъала равшанӣ меандозад. Ӯ мегӯяд: «Ин бозёфтҳоро аз ҳам чунон вақти тӯлонӣ ҷудо мекунад, ки дар бораи хешигарии онҳо бо боварӣ чизе гуфта намешавад»34c.

Биолог Малком Гордон шумораи сангвораҳои моҳиёну обхокиҳоро, ки ба мо дастрасанд, шарҳ дода, мегӯяд, ки онҳо нишонаи хеле хурде аз ин навъ мавҷудоти гуногуну сершумори он замон мебошанд ва дар бораи ин мавҷудот тасаввуроти аниқе дода наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки ба бозмондаҳои ин ҷонварон нигариста, мо дар бораи хешигарияшон бо дигар ҷонварон чизе гуфта наметавонем35d.

Нақшае, ки ба тахмини баъзеҳо гӯё хешигарии миёни ҷонварони гуногунро нишон медиҳад

АЗ «ФИЛМ» ЧИРО ФАҲМИДАН МУМКИН АСТ?

Дар яке аз мақолаҳои маҷаллаи «Нейшинал ҷеографик», ки соли 2004 нашр гардидааст, гуфта мешавад, ки сангвораҳои то замони мо ёфташударо ба филме дар бораи эволютсия монанд кардан мумкин аст, ки аз ҳар 1000 порча ё кадри он фақат яктогияш боқӣ мондааст36.

Як филми пурра ва чанд кадре аз филм

Маълум мешавад, ки «95 кадр»-и сангвораҳо аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани ҷонваронро исбот намекунад. Вале чаро деринашиносон «5 кадр»-и боқимондаро тавре ҷо ба ҷо мекунанд, ки ин ақида тасдиқ шавад?

Лаҳзае дар бораи ин мисол андеша кунед. Фарз кардем, ки филме аз 100 000 кадр ё порча иборат аст ва аз он фақат 100 кадраш боқӣ мемонад. Шумо, пеш аз он ки бо филм хуб шинос шавед, аллакай тахмин мекунед, ки он дар бораи чист. Вале ин ақидаи шуморо аз ҳамин 100 кадри боқимондаи филм фақат 5-тояш исбот мекунад. Ҳамон ҳам, агар ин 5 кадрро ба тартиби муайяне ҷойгир кунед. Вале 95 кадри дигари он воқеаи тамоман дигарро тасвир мекунанд. Магар беҳтар нест, ки шумо, пеш аз он ки ба хулосае биёед, бо 95 кадри дигари ин филм шинос шавед?

Ин мисол бо назари тарафдорони эволютсияву маҷмӯаи сангвораҳо чӣ алоқае дорад? Гуфтан мумкин аст, ки «аз сад 95 кадри» сангвораҳо нишон медиҳанд, ки мавҷудоти зинда бо гузашти вақт қариб ки тағйир наёфтаанд. Тӯли солҳои зиёд олимон ин далелҳоро тан намегирифтанд ва дар ин бора чизе наменавиштанд. Барои чӣ? Муаллифе бо номи Ричард Моррис чунин менависад: «Равшан аст, ки деринашиносон тарафдори ақидаи эволютсия буда, бовар доштанд, ки бо гузашти вақт як шакли ҳаёт ба дигар шакли ҳаёт табдил ёфтааст. Онҳо то он дараҷа ба ин ихлосу бовар доштанд, ки ҳатто вақти ошкор шудани далелҳои нав, ки ин ақидаро инкор мекунанд, фикри худро дигар накарданд. Онҳо ҳамоно мекӯшиданд далелҳои навро дар чорчӯбаи назарияи эволютсия маънидод кунанд»37.

«Дар асоси як қатор сангвораҳо даъво кардан, ки ҷонварони муайян бо ҳам хешигарӣ доранд, назарияи илмие нест, ки онро исбот карда шавад. Он афсонае беш нест, ки, шояд, шавқовар ва ҳатто ибратомӯз бошад. Аммо чунин ақида дар тарозуи мантиқи илм вазне надорад» — Ҳенри Ҷи («In Search of Deep Time — Beyond the Fossil Record to a New History of Life», саҳ. 116, 117)

Дар бораи тарафдорони ҳозираи эволютсия чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо сангвораҳоро ба тартиби дуруст ҷо ба ҷо мекунанд? Оё далелҳои геншиносӣ ва аксари бозёфтҳо дурустии назари онҳоро тасдиқ мекунанд? Ё, шояд, онҳо сангвораҳоро ба тартиби дилхоҳашон ҷо ба ҷо мекунанд, то мувофиқи фаҳмиши ҳозираи эволютсия бошад?e

Шумо чӣ фикр доред? Кадоме аз хулосаҳо ба далелҳо бештар рост меоянд? Биёед далелҳоеро, ки то ин дам дида баромадем, такрор кунем.

  • Шакли аввалини ҳаёт дар рӯйи замин сода набуд.

  • Эҳтимоли худ аз худ пайдо шудани ҳатто як қисми ҳуҷайра аз ақл берун аст.

  • КДН «барномаи компютерӣ» ва ё коде мебошад, ки кори ҳуҷайраро танзиму идора мекунад. Ҳеҷ як компютери сохтаи инсон аз ҷиҳати мураккабии барнома ва ғунҷоиши маълумоташ ба ин шоҳкори муҳандисӣ баробар шуда наметавонад. Сохти мураккаби он аз хиради бемисли офарандааш гувоҳӣ медиҳад.

  • Кофтуковҳои геншиносӣ нишон медиҳанд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт аз як аҷдод пайдо нашудаанд. Ҳамчунин аз сангвораҳо (бозёфтҳои ҳайвонот) маълум мешавад, ки гурӯҳҳои асосии ҷонварон яку якбора ба вуҷуд омадаанд.

Ин далелҳоро дида баромада шумо ба чӣ хулоса омадед? Оё далелҳо гузориши Китоби Муқаддасро дар бораи пайдоиши ҳаёт тасдиқ мекунанд? Бисёриҳо даъво доранд, ки илми имрӯза аксари гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи пайдоиши ҳаёт инкор мекунад. Оё ҳақ бар ҷониби онҳост? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

a Истилоҳи биологии «навъ» ба гурӯҳи калони ҷонвароне ишора мекунад, ки сохти умумии баданашон як хел аст. Олимон тамоми мавҷудоти зиндаро аз рӯйи ҳафт зина табақабандӣ мекунанд, ки зинаи навбатӣ аз пештарааш аниқтар аст. Зинаи аввал, ки зинаи аз ҳама умумӣ аст, силсила ё олам ном дорад. Баъд аз олам навъ, синф, қатор, оила, авлод ва намуд меояд. (Дар баъзе китобҳо истилоҳҳои фармонрав, шоха, рада, роста, хонавода, сарда ва гуна истифода шудаанд.) Барои мисол биёед бинем, ки асп чӣ гуна табақабандӣ мешавад: олам (силсила) — ҳайвонот; навъ — хордадорон; синф — ширхӯрон; қатор — тоқсумҳо; оила — аспзотҳо (аспиён); авлод — асп; намуд — хонагӣ.

b Бояд қайд кард, ки на мақолаи «Ню сайентист» ва на ин ду олим, Баптесте ва Роуз, гуфтанӣ нестанд, ки назарияи эволютсия хато аст. Онҳо гуфтаниянд, ки далелҳо бунёди назарияи Дарвин, яъне дарахти ҳаётро, тасдиқ намекунанд. Ин гуна олимон илоҷро дар он мебинад, ки барои исботи назарияи эволютсия роҳҳои навро ёбанд.

c Ҳенри Ҷи назарияи эволютсияро хато намешуморад. Ӯ гуфтанӣ аст, ки сангвораҳо барои омӯзиш маълумоти чандон зиёдро пешкаш намекунанд.

d Малком Гордон тарафдори таълимоти эволютсия аст.

e Ба чорчӯбаи «Дар бораи эволютсияи инсон чӣ гуфтан мумкин аст?» нигаред.

ДАЛЕЛҲО ВА САВОЛҲО

  • Далел: Ҳатто олимоне, ки бо гузориши Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши ҳаёт розӣ нестанд, ду ақидаи асосии эволютсияро зери суол мегузоранд: онҳо шубҳа доранд, ки тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод пайдо шудааст ва бадани ҷонварон оҳиста-оҳиста мураккаб гардидааст.

    Савол: Модом ки баъзе олимон бо ин ду пояи асосии назарияи Дарвин розӣ нестанд, магар онро ҳақиқати илмӣ номидан дуруст аст?

  • Далел: Тамоми организмҳои зинда коди генетикӣ, яъне КДН-и ба ҳам монанд доранд. Онро «барномаи компютерӣ» низ номидан мумкин аст, ки шакли ҳуҷайраҳои организми зиндаро муайян карда, фаъолияти онҳоро идора мекунад.

    Савол: Шояд, сабаби чунин монандӣ як аҷдод доштанашон неву як Созанда доштанашон бошад?

Дар бораи эволютсияи инсон чӣ гуфтан мумкин аст?

Косахонаи сар

Агар аз ягон донишнома ё китоби дарсӣ дар бораи эволютсияи инсон маълумот гирифтанӣ бошед, ҳатман расмеро хоҳед дид, ки дар он мавҷудоти маймуншакле оҳиста-оҳиста сохти каллаву баданаш дигар шуда, қомат рост мекунад ва дар охир ба одами ҳозира монанд мешавад. Ин гуна расмҳо, ҳамчунин гузоришҳои пурсарусадои расонаҳои хабарӣ дар бораи ёфт шудани «ҳалқаи намерасидагии занҷири эволютсия» одамонро бовар мебахшад, ки инсон аз мавҷудоти маймуншакл пайдо шудааст. Оё чунин даъвоҳо пояи илмӣ доранд? Биёед бинем, ки донишмандони соҳаи эволютсия дар ин бора чӣ мегӯянд?f

ОМӮЗИШИ САНГВОРАҲО ЧИРО ОШКОР МЕКУНАД?

Бояд гуфт, ки бо гузашти вақт шумораи ин бозёфтҳо чунон зиёд шудааст, ки, ба гуфти олимон, як вагони қатораро пур мекунанд38. Аммо аксари ин сангвораҳо ё бозёфтҳо устухонҳову дандонҳои алоҳида мебошанд. Косахонаи сари яклухт ками андар кам вомехӯрад. Устухонбандии (скелети) пурра бошад, қариб ки ноёб аст39.

Савол: Оё бо зиёд шудани ин бозёфтҳо олимон ба як хулоса омаданд, ки мавҷудоти маймунмонанд кай ва чӣ тавр ба одам табдил ёфт?

Ҷавоб: Не, баръакс. Вақте ин сангвораҳоро табақабандӣ карданӣ шуданд, саволҳои ҳатто бештар пайдо шуд. Робин Деррикорт, олими Донишгоҳи Уэлси Нави Ҷанубӣ (Австралия), соли 2009 чунин навишта буд: «Ҳамаи мо дар хусуси як чиз бо якдигар розӣ ҳастем, ки мо бо якдигар розӣ нестем»40. Соли 2007 дар маҷаллаи илмии «Нейчер» аз тарафи муҳаққиқоне, ки гӯё ҳалқаи намерасидагии занҷири эволютсияро ёфтанд, мақолае чоп шуд. Муаллифони он мақола мегӯянд, ки ба мо маълум нест, ки кай ва чӣ тавр насли одам аз мавҷудоти маймуншакл ҷудо шудааст41. Яке аз муҳаққиқони мардумшиносии зистӣ аз Донишгоҳи Этвеш Лоранди Венгрия соли 2002 чунин навиштааст: «Гурӯҳбандӣ ва мавқеи эволютсионии сангвораҳои ҳомонидҳо доим масъалаи баҳснок буд»g. Ба гуфти ин донишманд, ҳарчанд бозёфтҳои зиёде кашф шудааст, мо ҳанӯз ҳам намедонем, ки одамон кай, дар куҷо ва чӣ тавр аз мавҷудоти маймуншакл пайдо шудаанд42.

ЭЪЛОНҲО ДАР БОРАИ «ҲАЛҚАИ ГУМШУДА»

Далел: Дар расонаҳо бисёр вақт эълон мегардад, ки боз як «ҳалқаи гумшуда» ёфт шуд. Масалан, соли 2009 сангворае ёфт шуд, ки Ида ном гирифт43. Бозёфти он дар бисёр ҷойҳо эълон гардида, сарусадоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Дар яке аз рӯзномаҳои Бритониёи Кабир бо номи «Гардиан» чунин сарлавҳа чоп шуда буд: «Сангвораи Ида. “Ҳалқаи гумшуда” дар занҷири эволютсияи инсон ёфт шуд»44. Аммо чанд рӯз пас аз чопи ин мақола дар як маҷаллаи илмии Бритониёи Кабир чунин навишта шуд: «Ида он “ҳалқаи гумшуда” дар эволютсияи инсон нест»45.

Савол: Чаро ёфта шудани ҳар як «ҳалқаи гумшуда» дар расонаҳои хабарӣ ин қадар овоза мегардаду, вақте онро аз «насабномаи инсонӣ» кӯр мекунанд, қариб ки касе чизе намегӯяд?

Сангвора

Ҷавоб: Дар бораи одамоне, ки чунин кашфиёт мекунанд, Робин Деррикорт, ки ӯро иқтибос оварда будем, чунин мегӯяд: «Раҳбари гурӯҳи таҳқиқӣ барои ҷалби сармоягузорон ин “кашфашро” аз будаш зиёд обуранг дода, воҳима мекунад. Расонаҳои хабарӣ бошанд, ки доим дар ҷустуҷӯйи ягон матлаби наву тозаанд, имконияти таблиғу ҳангома кардани ин хабарро аз даст намедиҳанд»46.

ТАСВИРИ ОДАМОНИ МАЙМУНШАКЛ

Далел: Дар осорхонаҳову китобҳои дарсӣ мавҷудоти маймуншаклеро, ки гӯё аз замони пайдоиши одамон хеле пеш зиндагӣ мекарданд, тавре тасвир мекунанд, ки онҳо мӯйи хеле зиёд доранду ранги рӯю пӯсташон аз одамон сахт фарқ мекунад. Аммо он «аҷдодон»-и одамонро, ки гӯё ба замони одами ҳозира наздиктар зиндагӣ кардаанд, тавре тасвир мекунанд, ки мӯйи камтар доранд ва ранги рӯю пӯсташон ба одамон бештар монанд аст.

Савол: Оё олимон метавонанд дар асоси сангвораҳои ёфтаашон тасвири дақиқи «аҷдодон»-и моро кашанд?

Ҷавоб: Соли 2003 Карл Стефан, коршиноси соҳаи инсоншиносии кафедраи илмҳои анатомии Донишгоҳи Аделейд (Австралия), чунин навишт: «Мо наметавонем афту рӯйи аҷдодони одамони аввалинро дуруст барқарор кунем». Ба гуфти ӯ, вақте олимон дар асоси афту андоми маймунҳои ҳозира чӣ гуна шакл доштани бозмондаҳоро барқарор карданӣ мешаванд, ба онҳо ақидаҳои шахсияшон таъсир мекунанд, аз ин рӯ натиҷаи корашон носаҳеҳу нодуруст мешавад. Ӯ чунин хулоса мекунад: «Ҳар як бозсозии ҳомонидҳои аввалин аз ҳақиқат дур буда, касро гумроҳ месозад»47.

ОЁ АНДОЗАИ МАҒЗИ САР БА АҚЛУ ЗЕҲН ТАЪСИР МЕКУНАД?

Далел: Вақте олимони соҳаи эволютсия фикр мекунанд, ки яке аз сангвораҳои аҷдоди одамро ёфтаанд, онҳо хешигарии дур ё наздик доштани онро бо одамон аз рӯйи ҳаҷми мағзи сараш муайян мекунанд.

Савол: Оё аз рӯйи андозаи мағзи сар шуурнокии мавҷудотеро дуруст баҳо додан мумкин аст?

Косахонаи сари инсон ва маймун

Ҷавоб: Не. Гурӯҳе аз муҳаққиқон, ки аз рӯйи ҳаҷми мағзи сари ҳайвоноти аз байн рафта муайян мекарданд, ки онҳо бо одамон чӣ қадар хешӣ доранд, гуфтанд, ки аз дурустии натиҷаҳо ва дақиқии корашон он қадар дилпур набуданд48. Дар мақолаи илмие аз соли 2008 чунин гуфта мешавад: «Олимон алоқаи байни ҳаҷми мағзи сар ва шуурнокиро дар одамон ва дигар ҳайвонот муайян карда натавонистанд. Ҳамчунин алоқае миёни шуурнокӣ ва мавҷудияти бахши махсусе дар мағзи сар ё андозаи он бахш ёфт нашудааст, ба ғайр аз минтақаи Брока́, ки нутқи инсонро идора мекунад»49 (Scientific American Mind).

Шумо чӣ фикр доред? Чаро олимон дар занҷири эволютсионии «аз маймун то одам» сангвораҳоро аз рӯйи ҳаҷми мағзи сар ҷо ба ҷо мекунанд, ҳарчанд медонанд, ки ҳаҷми мағзи сар нишонаи шуурнокӣ нест? Оё онҳо далелҳоро барои дастгирии ақидаи худ зӯрбазӯракӣ мувофиқ карданиянд? Чаро коршиносону олимон доим баҳс мекунанд, ки кадом сангвораҳоро ба «дарахти хонаводагии инсон» дароранду кадомашро не? Ин сангвораҳо бештар ба шаклҳои аз байн рафтаи маймунҳо монанд аст, на ба одамон. Пас, чунин хулоса мантиқитар нест, ки онҳо сангвораҳои одамон неву аз маймунҳо буданд?

Олимон баъзе сангвораҳои мавҷудоти одамшаклро «неандерталҳо» номидаанд. Онҳо фикр мекарданд, ки ин боқимондаҳои одамони маймуншакл аст, вале солҳои охир онҳо назарашонро дигар карда истодаанд. Соли 2009 Милфорд Уолпоф дар як маҷаллаи илмӣ чунин навишт: «Аз афташ, неандерталҳо одам буданд» (American Journal of Physical Anthropology)50.

Одамоне, ки вазъиятро холисона баҳо медиҳанд, дарк мекунанд, ки ба назари олимон ва тарзи далелҳоро маънидод карданашон худпарастӣ, пул ва хоҳиши машҳур шудан таъсир карда метавонад. Оё шумо чунин «далелҳо»-ро қабул мекунед?

f Қайд: ҳама олимоне, ки суханонашон дар ин чорчӯба иқтибос оварда шудааст, ба таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи офариниш бовар надоранд. Ҳамаи онҳо бо назарияи эволютсия розӣ ҳастанд.

g Истилоҳи «ҳомонид», ба гуфти муҳаққиқони соҳаи эволютсия, одамон ва мавҷудоти қадимии одамшаклро дар бар мегирад.

ДАР ИН РАСМ ЧӢ ХАТОЕРО МЕБИНЕД?

Табдили маймунҳо ба одамон мувофиқи назарияи эволютсия
  • Чунин расмҳо на бар далелҳо, балки ба назари шахсиву ақидаҳои бепояи рассомону олимон асос ёфтаанд51.

  • Сангвораи дандонҳо

    Аксари чунин расмҳо аз рӯйи порае аз косахонаи сар ва дандонҳои алоҳида кашида шудаанд. Косахонаҳои пурра ками андар кам вомехӯранд, устухонбандии пурра бошад, қариб ки ноёфт аст.

  • Олимон то ҳанӯз ба як хулоса наомаданд, ки сангвораҳои мавҷудоти гуногунро чӣ тавр табақабандӣ кунанд.

  • Тасвири афту андом, ранги пӯст ва мӯйи мавҷудоти аз байн рафта, ки маҳсули хаёли рассом мебошад

    Рассомон наметавонанд дар асоси сангвораҳо (бозёфтҳо) афту андом, чеҳра, ранги пӯст ва чӣ қадар мӯй доштани мавҷудоти аз байн рафтаро ба дурустӣ бозсозӣ кунанд.

  • Олимон сангвораҳои мавҷудоти аз байн рафтаро омӯхта, онҳоро дар занҷири эволютсионӣ аз рӯйи ҳаҷми косахонаи сарашон ҷойгир мекунанд. Аммо исбот шудааст, ки андозаи мағзи сар нишонаи боэътимоди шуурнокии мавҷудот нест.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан