ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 14 саволҳои 1-4
  • Барои чӣ Худо ташкилот дорад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ Худо ташкилот дорад?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Сохтори созмони Шоҳидони Яҳува
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Яҳува Худои тартибу низом аст
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Мувофиқи Каломи Худо нағз ташкил ёфтаем
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • «Ғуломи бовариноку боандеша»
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 14 саволҳои 1-4

ДАРСИ 14

Барои чӣ Худо ташкилот дорад?

1. Барои чӣ Худо халқи қадими Исроилро ташкил дод?

1. Халқи Худо дар исроили қадим; 2. Масеҳиёни асри як мавъиза мекунанд

Худо аз наслҳои Иброҳим-пайғамбар халқе ташкил намуда ба он қонунҳо дод. Ӯ он халқро «Исроил» номид ва онро муҳофизаткунандаи ибодати ҳақиқӣ ва каломи худ таъин кард (Забур 147:8, 9). Ҳамин тавр одамони тамоми халқҳо ба воситаи Исроил баракат ёфта метавонистанд. (Ҳастӣ 22:18-ро хонед).

Худо исроилиёнро интихоб кард, то ки онҳо шоҳидони Ӯ бошанд. Таърихи қадими онҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ба қонунҳои Худо гӯш кардан ба одамон фоида мерасонд (Такрори Шариат 4:6). Дигар одамон бошанд метавонистанд ҳаёти исроилиёнро мушоҳида карда аз онҳо таълим гиранд ва ҳамин тавр бо Худои ҳақиқӣ шинос шаванд. (Ишаъё 43:10, 12-ро хонед).

2. Барои чӣ Худо ҷамъомади масеҳиро ташкил дод?

Бо гузашти вақт, Исроил илтифоти Худоро аз даст дод ва Яҳува ба ҷои он ҷамъомади масеҳиро ташкил кард (Матто 21:43; 23:37, 38). Ҳоло ба ҷои исроилиён, масеҳиёни ҳақиқӣ чун шоҳидони Яҳува хизмат мекунанд. (Аъмол 15:14, 17-ро хонед).

Исо пайравонашро барои он ташкил кард, ки мавъиза кунанд ва дар ҳамаи халқҳо шогирд созанд (Матто 10:7, 11; 24:14; 28:19, 20). Ин кор ҳоло, дар анҷоми ин тартибот, ба авҷи болои худ расида истодааст. Бори аввал дар таърихи инсоният, Яҳува миллионҳо одамонро аз ҳамаи халқу миллатҳо ба ибодати ҳақиқӣ ҷамъ овардааст (Ваҳй 7:9, 10). Масеҳиёни ҳақиқӣ гурӯҳи одамони бо ҳам муттаҳидро ташкил медиҳанд, ки ҳамдигарро дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекунанд. Дар тамоми ҷамъомадҳои худ, дар саросари ҷаҳон, онҳо аз рӯи як барнома аз Китоби Муқаддас таълим мегиранд. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед).

3. Ташкилоти имрӯзаи Шоҳидони Яҳува чӣ тавр пайдо шуд?

Лаҳзае аз мавъизаи Шоҳидони Яҳува дар аввали с.1900 ва инчунин имрӯз; Маҷаллаҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ба забонҳои гуногун.

Солҳои 1870 гурӯҳи хурди тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ҳақиқатҳои дер боз гумшудаи Китоби Муқаддасро аз нав дарёфтанд. Азбаски Исо ҷамъомади масеҳиро барои мавъиза кардан ташкил карда буд, онҳо ба кори умумиҷаҳонии мавъизаи хушхабар сар карданд. Соли 1931 онҳо ба худ Шоҳидони Яҳува ном гирифтанд. (Аъмол 1:8; 2:1, 4; 5:42-ро хонед).

4. Ташкилоти Шоҳидони Яҳува чӣ тавр амал мекунад?

Дар асри як, гурӯҳи нозирони ботаҷриба чун ҳайати роҳбарикунанда ба ҳамаи ҷамъомадҳои масеҳӣ назорат мебурданд. Он мардон Исоро чун Сарвари ҷамъомад эътироф менамуданд (Аъмол 16:4, 5). Ба ҳамин монанд, имрӯз ба тамоми ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува Ҳайати роҳбарикунанда, ки аз нозирони ботаҷриба иборат аст, роҳбарӣ мекунад. Он кори шӯъбаҳои Шоҳидони Яҳуваро, ки адабиёт ва дигар чизҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба зиёда аз 600 забон тарҷума, чоп ва паҳн мекунанд, назорат мекунад. Ҳамин тавр Ҳайати роҳбарикунанда метавонад беш аз 100 000 ҷамъомадҳои рӯи заминро зери ҳидояти Навиштаҳо дастгирӣ ва роҳнамоӣ кунад. Дар ҳар ҷамъомадҳо мардони болаёқат чун нозирон, ки онҳоро ҳамчунин пирон меноманд, хизмат мекунанд. Ин мардон меҳрубонона дар бораи «рамаи Худо» ғамхорӣ мекунанд. (1 Петрус 5:2, 3-ро хонед).

Шоҳидони Яҳува барои он ташкил ёфтаанд, ки хушхабарро мавъиза кунанд ва кори шогирдсозиро ба ҷо оранд. Мисли шогирдони Исо дар асри як, мо хона ба хона мавъиза мекунем (Аъмол 20:20). Мо ҳамчунин бо одамони самимие, ки ҳақиқатро дӯст медоранд, омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронем. Вале Шоҳидони Яҳува на танҳо як ташкилоте мебошанд. Мо оилае мебошем, ки Падари меҳрубоне дорад. Ҳамаи мо бародарону хоҳаронем, ки ба якдигар ғамхорӣ мекунем (2 Таслӯникиён 1:3). Азбаски халқи Яҳува барои писанд омадан ба Худо ва ёрӣ додан ба дигарон ташкил ёфтааст, он дар рӯи замин оилаи хушбахттарин мебошад. (Забур 32:12 ва Аъмол 20:35-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба боби 19-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан