ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • hf қисми 8 саҳ. 26-28
  • Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нохуш

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нохуш
  • Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • 1 БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
  • 2 БА ХУДАТОН ВА ОИЛААТОН ҒАМХОРӢ НАМОЕД
  • 3 ДАСТГИРИИ ЛОЗИМАРО ҚАБУЛ КУНЕД
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Аз ҳаёт безор шудам. Оё Китоби Муқаддас барои аз фикри худкушӣ халос шудан кӯмак мерасонад?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Яҳува дар вақти озмоишҳо ба мо ёрдам мерасонад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
hf қисми 8 саҳ. 26-28
Зану шавҳар бо сабаби аз даст додани фарзандашон ғамгинанд

ҚИСМИ 8

Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нохуш

«Шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед» (1 Петрус 1:6).

Ҳарчанд шумо ҳар кори аз даст меомадаро мекунед, то издивоҷ ва оилаи хушбахт дошта бошед, лекин ҳодисаҳои ногаҳоние рӯй дода метавонад, ки аз сабаби онҳо нигоҳ доштани хурсандиатон душвор мегардад (Воиз 9:11). Вақте ки мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, Худо бо меҳрубонӣ ба мо ёрдам мекунад. Агар шумо принсипҳои зерини Навиштаҳоро ба кор баред, шумо ва оилаатон ҳатто вазъиятҳои душвортаринро паси сар карда метавонед.

1 БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Ҳамеша дар ёд доред, ки Худо барои озмоишҳои шумо айбдор нест (Яъқуб 1:13). Вақте ки шумо ба Худо наздик мешавед, Ӯ ваъда медиҳад, ки ба таври беҳтарин ба шумо кӯмак мекунад (Ишаъё 41:10). «Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед» (Забур 61:9).

Ҳамчунин вақте ки шумо ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонда омӯзиш мекунед, худро тинҷу осуда ҳис хоҳед кард. Дар натиҷа шумо мебинед, ки чӣ тавр Яҳува моро «дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад» (2 Қӯринтиён 1:3, 4; Румиён 15:4). Худо ба шумо додани осоиштагиеро, ки «аз ҳар хирад болотар аст», ваъда медиҳад (Филиппиён 4:6, 7, 13).

Марде дар ҷойгаҳӣ беморхона ҳамроҳи оилааш дуо карда истодааст

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед, то орому солимфикр монед

  • Ҳамаи вариантҳои доштаатонро дида бароед ва имкониятҳои беҳтарине, ки ба шумо дастрасанд, истифода баред

2 БА ХУДАТОН ВА ОИЛААТОН ҒАМХОРӢ НАМОЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дили оқил дониш пайдо мекунад, ва гӯши хирадмандон толиби дониш аст» (Масалҳо 18:15). Оиди ин ё он масъала маълумоти пурра ҷамъ кунед ва дигар омилҳоро ба назар гиред. Муайян кунед, ки ҳар як аъзои оилаатон ба чӣ ниёз доранд. Бо онҳо сӯҳбат намуда, ба суханонашон таваҷҷӯҳ кунед (Масалҳо 20:5).

Агар шахси наздикатонро аз даст диҳед, чӣ бояд кард? Аз нишон додани ҳиссиётатон шарм накунед. Ба хотир оред, ки ҳатто «Исо гиря кард» (Юҳанно 11:35; Воиз 3:4). Ҳамчунин ба таври кофӣ дам гирифтан ва аз хоб сер шудан муҳим аст (Воиз 4:6). Ба туфайли ин дар вазъиятҳои нохуш истодагарӣ кардан осонтар мешавад.

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Бигзор муошират бо аъзоёни оилаатон то сар задани нохушӣ барои шумо одат шавад. Он гоҳ ҳангоми ба миён омадани душвориҳо, онҳо бо шумо бемалол гап мезананд

  • Бо шахсоне ки ба чунин вазъият дучор шудаанд, сӯҳбат кунед

3 ДАСТГИРИИ ЛОЗИМАРО ҚАБУЛ КУНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад» (Масалҳо 17:17). Дӯстонатон ба шумо ёрӣ додан мехоҳанд, лекин онҳо шояд намедонанд, ки чӣ тавр инро кунанд. Аз гуфтани он ки шумо дар асл ба чӣ ниёз доред, худдорӣ накунед (Масалҳо 12:25). Ҳамчунин аз шахсоне ки Китоби Муқаддасро хуб мефаҳманд, кӯмаки рӯҳонӣ пурсед. Роҳнамоие ки онҳо аз Китоби Муқаддас дода метавонанд, ба шумо кӯмак мерасонад (Яъқуб 5:14).

Агар шумо мунтазам бо касоне, ки дар ҳақиқат ба Яҳува ва ваъдаҳояш имон доранд, муошират кунед, он гоҳ дастгирии лозимаро хоҳед ёфт. Ҳамчунин вақте ки шумо ба онҳое, ки барои рӯҳбаландшавӣ ниёз доранд, мадад мерасонед, пас худатон аз ин тасалло хоҳед ёфт. Ба онҳо дар барои имони худ нисбати Яҳува ва ваъдаҳояш, нақл кунед. Ҳамеша ба онҳое, ки мӯҳтоҷанд мадад расонед ва худро аз касоне ки шуморо дӯст дошта, ғамхорӣ мекунанд, дур нагиред (Масалҳо 18:1; 1 Қӯринтиён 15:58).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Ба дӯсти наздики худ дилатонро холӣ кунед ва кӯмаки ӯро рад накунед

  • Аниқ ва ошкоро дар бораи ниёзҳоятон гап занед

ҲАМАИ ҶОНИБҲОИ ВАЗЪИЯТРО БИНЕД

Ҳатто агар шумо худро сахт рӯҳафтода ҳис кунед ҳам, диққати худро ҳамеша ба Худо равона созед. Айюб-пайғамбар ҳангоми озмоишҳои худ чунин гуфт: «Исми Худованд муборак бод» (Айюб 1:21, 22). Мисли Айюб, исми Яҳува ва иродаи Ӯро аз ташвишҳои шахсиатон дида, болотар гузоред. Агар вазъияти тағйирёфта натиҷаҳои мехостагиатонро ба бор наоварад, умедро аз даст надиҳед. Ба Худо пурра такя кунед. «Фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам,— мегӯяд Худованд,— фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам» (Ирмиё 29:11).

АЗ ХУД БИПУРСЕД...

  • Оё ман ба Яҳува дар ҳар маврид ва ҳатто дар чизҳои хурд пурра такя мекунам?

  • Барои ҳар рӯз ба Яҳува миннатдор будан, ман чӣ сабабҳо дорам?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан