ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 20
  • Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Чӣ тавр пирон ба ҷамъомад хизмат мекунанд?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Касонеро, ки дар миёни шумо сахт меҳнат мекунанд, эҳтиром кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Аз пирон кумак ҷӯед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Рамаи Худоро, ки ба шумо супорида шудааст, бичаронед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Маълумоти бештар
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 20
Дарси 20. Дар ҷамъомади Шоҳидони Яҳува бародаре савол дода истодааст ва ҳозирон даст бардошта ба саволи ӯ ҷавоб гуфтаниянд.

ДАРСИ 20

Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Яҳува Худои тартибу низом аст (1 Қӯринтиён 14:33). Аз ин рӯ халқаш низ бояд бо тартибу низом амал кунад. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад ва чӣ хел мо дар шукуфоии он саҳм гузошта метавонем.

1. Сардори ҷамоат кист?

«Масеҳ сардори ҷамоат... аст» (Эфсӯсиён 5:23). Ӯ аз осмон фаъолияти халқи Яҳуваро дар саросари ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад. Исо «ғуломи бовариноку боандеша» — гурӯҳи хурди пирони ботаҷрибаро, таъйин намудааст, ки онро чун Ҳайати роҳбарикунанда мешиносанд. (Матто 24:45–47-ро хонед.) Мисли расулон ва пирони ҷамоати асри як Ҳайати роҳбарикунанда ба ҷамоатҳои тамоми ҷаҳон дастурот медиҳад (Корнома 15:2). Вале ин мардон роҳбарони ташкилот нестанд. Онҳо зери итоати Исо буда, аз Яҳува ва Каломаш роҳнамоӣ меҷӯянд.

2. Пирони ҷамоат кистанд ва вазифаашон чист?

Пирони ҷамоат масеҳиёни баркамоле мебошанд, ки халқи Худоро аз Калом таълим медиҳанд ва дастгирӣ мекунанд. Барои ин корашон пирон маош намегиранд. Баръакс, онҳо хизматашонро «чун бандагони Худо бо ихтиёри худ... на аз меҳр ба моли ҳаром, балки аз сидқи дил» ба ҷо меоранд (1 Петрус 5:1, 2). Ба пирон хизматгузорони ҷамоат кумак мекунанд. Бо гузашти вақт хизматгузорон ба талаботи Худо ҷавобгӯ гашта, пири ҷамоат шуда метавонанд.

Ҳайати роҳбарикунанда баъзе пиронро нозири ноҳиявӣ таъйин мекунад. Нозирон ҷамоатҳои маҳаллашонро хабар гирифта, ба воизони ҷамоат дастур медиҳанду онҳоро қувват мебахшанд. Онҳо ҳамчунин дар ҷамоат мардонеро, ки ба талаботи Навиштаҳо ҷавобгӯянд, пир ё хизматгузор таъйин мекунанд (1 Тимотиюс 3:1–10, 12; Титус 1:5–9).

3. Ҳар як Шоҳиди Яҳува чӣ вазифа дорад?

Ҳар як нафар дар ҷамоат, бо он ки дар вохӯрӣ иштирок мекунад ва аз рӯйи қуввату тавонаш хушхабарро паҳн месозад, «номи Яҳуваро ситоиш» мекунад. (Забур 148:12, 13-ро хонед.)

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки Исо чӣ гуна пешво аст, чӣ тавр пирони ҷамоат аз ӯ ибрат мегиранд ва чӣ хел мо бо пирон ҳамкорӣ намуда, ба Исо итоат мекунем.

4. Исо сарвари меҳрубон аст

Исо барои мо даъвати махсусе дорад. Онро аз Матто 11:28–30 хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Исо чӣ гуна сарвар аст ва ба мо чиро хоҳон аст?

ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр пирони ҷамоат ба Исо пайравӣ мекунанд.

ВИДЕО: «Кумаки пирон ба ҷабрдидагони заминҷунбии Непал» (4:56)

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки пирони ҷамоат вазифаи худро бояд чӣ тавр иҷро кунанд.

Ишаъё 32:2 ва 1 Петрус 5:1–3-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Вақте мебинед, ки пирон мисли Исо дигаронро қувват мебахшанд, ин ба шумо чӣ хел таъсир мекунад?

  • Пирони ҷамоат боз аз кадом ҷиҳат ба Исо пайравӣ мекунанд?

5. Пирон намунаи хуб нишон медиҳанд

Исо мехоҳад, ки пирон вазифаи худро чӣ гуна иҷро кунанд? Дар ин бора ВИДЕОРО тамошо кунед.

ВИДЕО: «Пирон, роҳбариро ба уҳда гиред!» (7:39)

Исо ба бародароне, ки дар ҷамоат масъулият доранд, намунаи ибрат гузошт. Матто 23:8–12-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Ба фикратон, рафтори роҳбарони дин ба талаботе, ки дар Каломи Худо барои пирон навишта шудааст, рост меояд? Фаҳмонед.

А. Силсиларасм: Пири ҷамоат муносибаташро бо Худо мустаҳкам месозад. 1 Пеш аз хондани Калом ӯ дуо мегӯяд. 2. Ӯву ҳамсараш ба духтарчаи худ Каломи Худоро таълим дода истодаанд. Б. Ин пири ҷамоат ҳамроҳи ҳамсараш ба хабаргирии хоҳари пиронсоле омаданд. В. Ин пири ҷамоат ба марде хушхабарро нақл мекунад. Г. Силсиларасм: 1. Ҳамон пир дар ҷамъомад баромад карда истодааст. 2. Ӯ фарши ибодатгоҳро шуста истодааст.
  1. А. Пирон кӯшиш мекунанд, ки ҳам худашон ва ҳам аҳли хонаводаашон ба Худо наздик шаванд

  2. Б. Пирон аҳли ҷамоатро дастгирӣ мекунанд

  3. В. Пирон паёми Худоро ба дигарон мерасонанд

  4. Г. Пирон дар ҷамоат таълим медиҳанд. Онҳо инчунин рӯбучин ва дигар корҳоро ба ҷо меоранд

6. Ҳамкорӣ бо пирони ҷамоат

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки чаро мо бояд бо пирон ҳамкорӣ кунем. Ибриён 13:17-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чаро мо бояд ба онҳое, ки роҳбариро ба уҳда доранд, итоаткору фармонбардор бошем?

Луқо 16:10-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Ба фикратон, чаро бо пирони ҷамоат ҳатто дар масъалаҳои хурд ҳамкорӣ кардан муҳим аст?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Барои Худоро парастиш кардан дар ягон ҷамоат будан шарт нест».

  • Ба фикратон, бо дигарон Худоро парастидан чӣ фоида меорад?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Исо сардори ҷамоат аст. Мо бо дилу ҷон бо пироне, ки дар итоати ӯянд, ҳамкорӣ мекунем, чунки онҳо моро қувват мебахшанд ва барои мо намунаи ибратанд.

Такрор

  • Сардори ҷамоат кист?

  • Пирон чӣ тавр ба аҳли ҷамоат кумак мекунанд?

  • Ҳар як хизматгори Яҳува дар ҷамоат чӣ вазифа дорад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Бинед, ки чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда ва пирони ҷамоат ба бародару хоҳарон ғамхорӣ мекунанд.

«Дастгирии бародарон дар озорҳо» (4:22)

Фаҳмед, ки нозирони ноҳиявӣ кадом корҳоро ба ҷо меоранд.

«Хизмати нозири ноҳиявӣ дар минтақаи дурдаст» (4:51)

Хонед, ки занон дар ҷамоат чӣ гуна мавқеъ доранд.

«Оё дар ташкилоти Шоҳидони Яҳува занон хизмат мекунанд?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 сентябри с. 2012)

Фаҳмед, ки чӣ тавр пирон ҳамимонони худро рӯҳбаланд мекунанд.

«Пирони ҷамоат ба шодмонии мо мадад мерасонанд» («Бурҷи дидбонӣ», 15 январи с. 2013)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан