ДАРСИ 38
Атои ҳаётро қадр кунед
Ҳаёт пур аз лаҳзаҳои хурсандибахш аст. Ҳатто вақте дар ҳаёт мушкилӣ дорем, мо метавонем аз ин ё он чиз хурсандӣ гирем. Чӣ тавр нишон диҳем, ки ҳаётро ато мешуморему онро қадр мекунем. Сабаби асосии ба ҳаёт чунин муносибат доштан кадом аст?
1. Чаро бояд ҳаётро қадр кунем?
Мо ҳаётро қадр мекунем, чунки он атои Падари меҳрубонамон, Яҳува, аст. Ӯ «чашмаи ҳаёт» аст, яъне ба тамоми ҷони зинда ҳаёт бахшидааст (Забур 36:9). «Ӯ ба ҳамаи одамон ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад» (Корнома 17:25, 28). Яҳува моро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад, то зиста тавонем. Беш аз ин, ӯ ҳаёти моро рангоранг кардааст, то аз он хурсандӣ гирем. (Корнома 14:17-ро хонед.)
2. Чӣ тавр ба Яҳува нишон диҳем, ки атои ӯро қадр мекунем?
Аз лаҳзае ки дар шиками модар пайдо шудед, Яҳува ба шумо ғамхорӣ мекард. Ҳазрати Довуд ба Худо гуфта буд: «Чашмонат ҷанинамро дидаанд» (Забур 139:16). Ҳаёти шумо дар назари Худо хеле қиматбаҳост. (Матто 10:29–31-ро хонед.) Агар касе қасдан дигареро ё ҳатто худашро аз ҳаёт маҳрум созад, ин ба Яҳува дарди зиёд меорадa (2 Мӯсо 20:13). Ҳамчунин, агар касе дониста ҳаёти худро дар хатар гузорад ё ба ҳаёти дигарон бепарвоӣ кунад, ин Яҳуваро ғамгин месозад. Вақте мо ҳаёти худ ва дигаронро эҳтиёт мекунем, нишон медиҳем, ки ин атои бебаҳоро қадр мекунем.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дида бароед, ки бо кадом роҳҳо шумо нишон дода метавонед, ки ҳаётро атои Худо меҳисобед.
3. Аз пайи саломатиатон шавед
Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳаёти худро пурра ба Яҳува бахшидаанд. Онҳо гӯё ҷисмашонро ҳамчун қурбонӣ ба Худо пешкаш кардаанд. Румиён 12:1, 2-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро муҳим аст, ки ба саломатии худ бепарво набошем?
Чӣ тавр шумо метавонед ба саломатии худ аҳамият диҳед?
4. Қоидаҳои бехатариро риоя кунед
Китоби Муқаддас моро насиҳат медиҳад, ки аз корҳое, ки ба саломатӣ ё ҳаётамон зарар мерасонанд, дурӣ ҷӯем. ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр шумо аз хатар эмин буда метавонед.
Панднома 22:3-ро хонед ва дида бароед, ки чӣ тавр дар ҷову ҳолатҳои зерин худатону дигаронро эҳтиёт карда метавонед:
дар хона
дар ҷойи кор
ҳангоми бозиҳои варзишӣ
ҳангоми ронанда ё савори нақлиёт будан
5. Ҳаёти кӯдаки батнро пурарзиш ҳисобед
Довуд дар таронаи Забур гуфта буд, ки ҳаёти кӯдаке, ки дар батни модар аст, барои Яҳува пурарзиш аст ва ӯ ба инкишофи он аҳамият медиҳад. Забур 139:13–17-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Дар назари Яҳува ҳаёти инсон кай сар мешавад: ҳангоми пайдо шудан дар шиками модар ё вақти таваллуд?
Шариате, ки Яҳува ба Исроили қадим дода буд, модарон ва тифли батнашонро ҳимоя мекард. 2 Мӯсо 21:22, 23-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Вақте касе нохост сабаби марги кӯдаки таваллуднаёфта мегардид, Яҳува ба ин чӣ хел менигарист?
Вақте касе қасдан тифли батнро аз ҳаёт маҳрум месозад, Яҳува чӣ ҳис мекунад?b
Шумо дар бораи назари Яҳува ба ҳаёти тифли батн чӣ фикр доред?
Ҳатто зане, ки ҳаётро атои Худо меҳисобад, фикр карда метавонад, ки ғайр аз исқоти ҳамл кардан илоҷи дигаре надорад. Ишаъё 41:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Агар занеро маҷбур кунанд, ки исқоти ҳамл кунад, ӯ аз кӣ мадад ҷуста метавонад? Чаро шумо чунин фикр доред?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Агар зарур бошад, модар метавонад исқоти ҳамл кунад».
Чӣ шуморо бовар мебахшад, ки барои Яҳува ҳам ҳаёти модар пурарзиш асту ҳам ҳаёти кӯдаки батнаш?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Ҳаёт атои Худост. Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигаронро қадр кунем ва эҳтиёт намоем.
Такрор
Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳаёти инсон барои Яҳува пурарзиш аст?
Вақте касе дидаю дониста сабаби марги дигар кас мегардад, Яҳува ба ин чӣ хел менигарад?
Чаро шумо барои зиндагӣ миннатдоред?
ДИДА БАРОЕД
Чӣ тавр мо барои ҳаёт аз Яҳува миннатдор буда метавонем?
Фаҳмед, ки оё Худо занеро, ки дар гузашта исқоти ҳамл карда буд, мебахшад.
«Китоби Муқаддас дар бораи исқоти ҳамл чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)
Аз мақола фаҳмед, ки чӣ тавр ҳангоми интихоби вақтхушӣ назари Худоро ба инобат гирифта метавонем.
«Варзиши хатарнок. Оё меарзад, ки ҷони худро дар хатар монем?» («Бедор шавед!», 8 октябри с. 2000)
Оё Китоби Муқаддас ба касе, ки дар фикри худкушӣ аст, ёрӣ дода метавонад?
a Яҳува ғами дилшикастагонро мехӯрад (Забур 34:18). Ӯ дарду ғами ҷонкоҳеро, ки касро ба худкушӣ тела медиҳад, мефаҳмад ва мехоҳад ба чунин касон ёрӣ диҳад. Ин кумак мекунад, ки кас бо фикри худкушӣ мубориза барад. Дар ин бора аз бахши «Дида бароед»-и ин дарс мақолаи «Аз ҳаёт безор шудам. Оё Китоби Муқаддас барои аз фикри худкушӣ халос шудан кумак мерасонад?»-ро хонед.
b Касоне, ки дар гузашта исқоти ҳамл карда буданд, набояд «ман гуноҳ кардам» гуфта, худро дарун-дарун хӯранд, чунки Яҳува метавонад аз гуноҳи онҳо гузарад. Барои гирифтани маълумоти бештар аз бахши «Дида бароед»-и ин дарс мақолаи «Китоби Муқаддас дар бораи исқоти ҳамл чӣ мегӯяд?»-ро хонед.