ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 49
  • Хушбахтии оила. Қисми 1

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Хушбахтии оила. Қисми 1
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Ду калид барои дастёбӣ бар издивоҷи бардавом
    Сирри хушбахтии оила
  • Ҳамсарон, издивоҷатонро муваффақ созед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 49
Дарси 49. Ҳамсарони ҷавон ба зану шавҳари солхӯрда, ки хушбахтанд, бо ҳавас менигаранд.

ДАРСИ 49

Хушбахтии оила. Қисми 1

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Навхонадорон орзую ният мекунанд, ки як умр якҷоя хушбахт бошанд, ва ин имконпазир аст. Ҳамсароне, ки хизматгори Яҳуваанд ва солҳои дароз оиладоранд, медонанд, ки барои хушбахт будан муҳим аст, ки маслиҳатҳои Каломи Худоро доимо ба кор баранд.

1. Дар Китоби Муқаддас ба шавҳарон чӣ маслиҳат дода шудааст?

Яҳува сарвариро дар оила ба шавҳар супурдааст. (Эфсӯсиён 5:23-ро хонед.) Яҳува мехоҳад, ки шавҳар чун сарвар қарорҳое барорад, ки барои беҳбудии оилааш мебошанд. Дар Каломи Худо ба шавҳарон гуфта шудааст: «Занони худро дӯст доред» (Эфсӯсиён 5:25). Шавҳаре, ки занашро дӯст медорад, ба ӯ ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар пеши одамон меҳрубон аст. Ҳамчунин ӯ ҳамсарашро муҳофизат менамояд, таъмин мекунад ва ба ӯ меҳру муҳаббаташро нишон медиҳад (1 Тимотиюс 5:8). Аз ҳама муҳимаш, ӯ занашро рӯҳан дастгирӣ мекунад (Матто 4:4). Масалан, ӯ метавонад бо ҳамсараш дуо гӯяд ва Каломи Худоро хонад. Агар шавҳар ғамхору меҳрубон бошад, дӯстиашро бо Яҳува мустаҳкамтар мекунад. (1 Петрус 3:7-ро хонед.)

2. Дар Китоби Муқаддас ба занон чӣ маслиҳат дода шудааст?

Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки «зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (Эфсӯсиён 5:33). Барои эҳтироми зиёд доштан зан метавонад ба хислатҳои хуби шавҳараш аҳамият диҳад. Ӯ кӯшишу меҳнати шавҳарашро, ки барои ӯву фарзандонаш мекунад, қадр менамояд. Ӯ эҳтиромашро бо он нишон медиҳад, ки қарорҳои шавҳарашро дастгирӣ мекунад. Зани худотарс хоҳ шавҳараш ҳамимон бошад, хоҳ не, ба ӯ меҳрубон аст ва дар ҳаққи ӯ суханони нек мегӯяд.

3. Чӣ тавр ҳамсарон пайванди издивоҷашонро мустаҳкам карда метавонанд?

Дар Китоби Муқаддас дар бораи зану шавҳар чунин гуфта шудааст: «Ҳар ду як тан мешаванд» (Матто 19:5). Ин маънои онро дорад, ки онҳо бояд кӯшиш кунанд, то муносибаташон зарар набинад ва фикри ҷудошавиро накунанд. Барои ин онҳо бояд бо якдигар вақт гузаронанд ва фикру ҳиссиёташонро меҳрубонона ба ҳамдигар кушоянд. Зану шавҳар намегузоранд, ки касе ё чизе аз ҳамсарашон дида барои онҳо азизтар бошад, албатта, ғайр аз Яҳува. Онҳо эҳтиёт мешаванд, ки ба каси дигар дилбастагӣ пайдо накунанд.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дида бароед, ки кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддас издивоҷатонро мустаҳкамтар месозанд.

Зану шавҳар дасти ҳамдигарро гирифта, ба рӯйи якдигар бо меҳр нигоҳ карда истодаанд. Силсиларасм: Ҳамсарони хушбахт бо якчанд роҳ пайванди издивоҷашонро мустаҳкам мекунанд. Саҳнаҳо дар ин дарс такрор мешаванд.

4. Шавҳарон, ба занони худ ғамхору меҳрубон бошед

Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки шавҳарон бояд зани худро «мисли тани худ дӯст доранд» (Эфсӯсиён 5:28, 29). Ин чӣ маъно дорад? ВИДЕОРО тамошо кунед ва саволро дида бароед.

ВИДЕО: «Шавҳарон, зани худро мисли худ дӯст доред» (9:53)

  • Бо кадом тарзҳо шавҳар нишон дода метавонад, ки занашро дӯст медорад ва ба ӯ ғамхор аст?

Қӯлассиён 3:12-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр шавҳар дар муомила бо занаш хислатҳоеро нишон дода метавонад, ки дар оят номбар шудаанд?

Шавҳар ба занаш, ки дар бистари беморӣ аст, чой меорад. Зану шавҳар якҷоя дегу табақ шуста истодаанд. Зану шавҳар якҷоя Каломи Худоро омӯхта истодаанд. Зану шавҳар якҷоя дучарха ронда сайру гашт мекунанд. Зану шавҳар дар бораи душворие гап зада истодаанд.

5. Занон, шавҳари худро дӯст дореду ҳурмат кунед

Мувофиқи Китоби Муқаддас зан бояд шавҳарашро, хоҳ хизматгори Яҳува бошад, хоҳ не, эҳтиром намояд. 1 Петрус 3:1, 2-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Ҳар як зани худотарс мехоҳад, ки шавҳараш Яҳуваро парастиш кунад. Агар шавҳаратон ҳамимон набошад, чӣ тавр метавонед ба ӯ кумак кунед, то хизматгори Яҳува шавад? Ба фикратон, хуб мебуд, ки шабу рӯз ба ӯ дар бораи Худо гап занед ё бо рафторатон нишон диҳед, ки зани хубу эҳтиромгузор ҳастед? Чаро чунин фикр мекунед?

Зану шавҳар якҷоя метавонанд қарорҳои пухта бароранд. Лекин баъзан чунин мешавад, ки зан бо шавҳараш ҳамфикр нест. Дар чунин ҳолат ӯ метавонад фикри худро оромона ва боэҳтиром ба шавҳараш гӯяд. Ҳамзамон ӯ бояд дар хотир дорад, ки мувофиқи дастури Яҳува шавҳар қарор мекунад, ки барои оилааш чӣ беҳтар аст. Зан бошад, бояд қарори шавҳарашро аз таҳти дил дастгирӣ кунад. Чунин рафтори ӯ ба хушбахтии оила мусоидат мекунад. 1 Петрус 3:3–5-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Вақте зан шавҳарашро ҳурмату иззат менамояд, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

6. Ҳамсарон, шумо душвориҳоро паси сар карда метавонед

Ягон оила бекамбудӣ нест. Барои ҳамин ҳамсарон барои бартараф кардани душвориҳо бояд якҷоя кӯшиш кунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

ВИДЕО: «Чӣ тавр пайванди издивоҷро мустаҳкам кунем?» (5:44)

  • Чӣ нишон медиҳад, ки ин ҳамсарон аз ҳам дур мешуданд?

  • Онҳо барои аз нав ба якдигар наздик шудан чӣ кор карданд?

1 Қӯринтиён 10:24 ва Қӯлассиён 3:13-ро хонед. Пас аз хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр ба кор бурдани ин маслиҳат ҳамсаронро хушбахт мекунад?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд ҳамдигарро ҳурмату иззат кунем, яъне хушмуомила бошем ва фикру ҳиссиёти якдигарро ба назар гирем. Румиён 12:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Оё зан ё шавҳар бояд интизор шавад, ки ҳамсараш якум шуда ба ӯ ҳурмат нишон диҳад ё худаш дар ин кор пешдастӣ кунад? Чаро чунин фикр мекунед?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Муносибати ману ҳамсарам мисли пештара нест. Мо аз ҳамдигар дур шуда истодаем».

  • Чӣ тавр шумо мефаҳмонед, ки маслиҳатҳои Каломи Худо ба онҳо ёрӣ дода метавонанд?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Агар зану шавҳар якдигарро дӯст доранд, ҳурмат кунанд ва маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор баранд, хушбахт мешаванд.

Такрор

  • Шавҳар чӣ кор карда метавонад, то оилааш хушбахт бошад?

  • Зан барои хушбахтии оилааш чӣ кор карда метавонад?

  • Агар шумо оиладор бошед, ба фикратон, кадом маслиҳати Китоби Муқаддас издивоҷатонро мустаҳкамтар мекунад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки ба кор бурдани кадом маслиҳатҳо оилаи шуморо хушбахт мекунанд.

«Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад» (Китобча)

Видеоро тамошо карда, фаҳмед, ки ба кор бурдани маслиҳатҳои Каломи Худо ба ҳамсарон чӣ баракатҳо меорад.

«Дӯст медорам туро» (4:26)

Дида бароед, ки ба шавҳар, ки сардори оила аст, итоат кардан чӣ маъно дорад.

«Чаро занон бояд принсипи сарвариро эътироф намоянд?» («Бурҷи дидбонӣ», 15 майи с. 2010)

Бинед, ки чӣ хел як ҷуфт мушкилиҳои ҷиддиро паси сар намуда, оилаи ноободашонро обод карданд.

«Бо ёрии Худо аз нав оиладор шудем» (5:14)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан