ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • scl саҳ. 45-47
  • Кор

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Кор
  • Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
scl саҳ. 45-47

Кор

Байни кору хурсандӣ чӣ алоқамандие ҳаст?

Пг 2:24; 3:13, 22; Иш 65:22

Баъзе аз фоидаи хуб ва моҳирона кор кардан дар чист?

Пнм 22:29

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 16:16–23. Довуди ҷавонро ҳамчун навозандаи моҳир мешинохтанд ва шоҳи Исроил ин қобилияти ӯро қадр мекард.

    • 2Вқ 2:13, 14. Ҳуром-Абӣ устои гулдаст буд, барои ҳамин шоҳ Сулаймон ӯро дар сохтмони бузург истифода бурд.

Барои чӣ хизматгорони Яҳува мехоҳанд, ки дигарон онҳоро ҳамчун коргарони меҳнатдӯст шиносанд?

Эф 4:28; Қл 3:23

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 24:10–21. Ривқо духтари коркуну меҳнатдӯст буд, барои ҳамин аз гуфтаи хизматгори Иброҳим бештар кард.

    • Фп 2:19–23. Тимотиюси ҷавон меҳнатдӯсту хоксор буд, аз ин рӯ Павлуси расул супоришҳои муҳимро ба уҳдаи ӯ супурд.

Барои чӣ мо намехоҳем, ки танбал бошем?

Пнм 13:4; 18:9; 21:25, 26; Пг 10:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 6:6–11. Шоҳ Сулаймон бо мисоли мӯрчаҳо нишон дод, ки меҳнатдӯст будан муҳим аст.

Барои чӣ мо бояд барои таъмини худ меҳнат кунем?

2Тс 3:10–12; 1Тм 5:18

Чаро мо бояд барои таъмини оилаамон меҳнат кунем?

1Тм 5:8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Рт 1:16, 17; 2:2, 3, 6, 7, 17, 18. Бевазани ҷавон, Рут, бисёр меҳнат мекард, то ба хушдоманаш Ноомӣ ғамхорӣ кунад.

    • Мт 15:4–9. Исо касонеро, ки хизмати Худоро баҳона карда ба волидонашон ғамхорӣ намекарданд, танқид намуд.

Барои чӣ масеҳиён бояд аз самари меҳнаташон ба дигарон кумак кунанд?

Рм 12:13; 2Қр 8:1–4; 9:5, 7, 11; 1Тм 6:17, 18

Мо бояд ба кор чӣ гуна назар дошта бошем?

Пнм 30:8; 2Тс 3:12; 1Тм 6:6–10; Ибр 13:5

Аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад мо коргари хуб бошем ва худро таъмин кунем?

Мт 6:25, 30–32; Лқ 11:2, 3; 2Қр 9:10

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 31:3–13. Лобон бо Яъқуб беинсофона рафтор мекард, лекин Яҳува меҳнатдӯстии Яъқубро дид ва ӯро баракат дод.

    • 1Мс 39:1–6, 20–23. Яҳува меҳнати Юсуфро ҳам дар вақти ғуломи Фӯтифар буданаш ва ҳам дар вақти зиндонӣ буданаш баракат дод.

Чаро кор бароямон набояд аз хизмати Яҳува муҳимтар бошад?

Зб 39:5–7; Мт 6:33; Юҳ 6:27

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 12:15–21. Исо бо мисоле фаҳмонд, ки дар замин чизу чора ҷамъ кардан бехирадӣ аст.

    • 1Тм 6:17–19. Павлуси расул масеҳиёни сарватмандро аз хатари ҳавобаландӣ огоҳ кард ва гуфт, ки «аз корҳои нек сарватманд шаванд».

Ҳангоми интихоби ҷойи кор бояд кадом принсипҳоро ба назар гирем?

  • 2Мс 20:4; Крн 15:29; Эф 4:28; Ошк 21:8. Оё корам талаб мекунад, ки ба корҳое, ки Яҳува маҳкум мекунад, даст занам?

  • 2Мс 21:22–24; Иш 2:4; 1Қр 6:9, 10; 2Қр 7:1. Оё ин корро интихоб карда ман кореро, ки Яҳува маҳкум мекунад, дастгирӣ мекунам ё дигаронро ба он ташвиқ мекунам?

  • Рм 13:1–7; Тит 3:1, 2. Оё ин корро интихоб карда ман ягон қонуни давлатро вайрон мекунам?

  • 2Қр 6:14–16; Ошк 18:2, 4. Оё корам бо дини дурӯғ алоқаманд аст ё онро дастгирӣ мекунад?

Кори Яҳува

Муҳимтарин коре, ки масеҳиён дар он иштирок карда метавонанд, кадом аст?

Мт 28:19, 20; Лқ 9:2; 2Тм 4:2, 5

Барои чӣ мо мехоҳем, ки боғайратона хизмати Яҳуваро ба ҷо орем?

Лқ 13:24; Рм 12:11; 1Қр 15:58; Ибр 6:10–12

Ҳамчунин нигаред ба 1Тм 3:1

Чаро мо дар хизмати Яҳува худро бо дигарон муқоиса намекунем?

Ғл 6:3–5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 25:14, 15. Исо бо мисоле фаҳмонд, ки интизор нест, ки ҳама пайравонаш як хел меҳнат кунанд.

    • Лқ 21:2–4. Исо қайд кард, ки хайрияи ночизи бевазани бечора арзиши бузург дорад.

Вақте кори Яҳуваро мекунем, мо аз куҷо қувват мегирем?

2Қр 4:7; Эф 3:20, 21; Фп 4:13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Тм 4:17. Павлуси расул мефаҳмид, ки дар вақти зарурӣ ба ӯ қуввати лозима дода мешуд.

Чаро дар хизмати Яҳува аз таҳти дил меҳнат карда мо хурсандӣ мегирем?

Зб 40:8; Юҳ 13:17; Яқ 1:25

Ҳамчунин нигаред ба Мт 25:23

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан