Итоаткорӣ
То чӣ андоза итоаткорӣ муҳим аст?
2Мс 19:5; 5Мс 10:12, 13; Пг 12:13; Яқ 1:22
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Пш 15:17–23. Пайғамбар Самуил шоҳ Шоулро барои беитоатияш сарзаниш кард ва муҳим будани итоаткориро қайд намуд.
Ибр 5:7–10. Ҳарчанд Исо пештар ҳам ба Падараш пурра итоат мекард, ҳангоми дар замин буданаш итоаткориро омӯхт. Ӯ мисли дигар одамон саркашӣ намекарду дили Яҳуваро намеранҷонд.
Агар ҳокимиятдорон аз масеҳӣ талаб кунанд, ки ба қонуни Худо беитоатӣ кунад, ӯ бояд чӣ кор кунад?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Дн 3:13–18. Се ҷавони ибрӣ ҷонашонро дар хатар монда, ба ҳайкале, ки шоҳ Набукаднесар монда буд, саҷда набурданд.
Мт 22:15–22. Исо ба пайравонаш фаҳмонд, ки, агар ҳокимиятдорон аз онҳо вайрон кардани қонунҳои Яҳуваро талаб накунанд, ба онҳо итоаткор бошанд.
Крн 4:18–31. Ҳарчанд ҳокимиятдорон ба расулон мавъиза карданро манъ карда буданд, онҳо далерона корашонро давом медоданд.
Чӣ кор кунем, ки ҳамеша ба Яҳува итоаткор бошем?
5Мс 6:1–5; Зб 112:1; 1Юҳ 5:2, 3
Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:11, 112; Рм 6:17
Аз кадом сабаб мо ба Яҳуваю Исо итоат мекунем?
Чӣ тавр итоаткорӣ бо имон алоқаманд аст?
Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 9:23
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 6:9–22; Ибр 11:7. Нӯҳ айнан ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, киштӣ сохт ва бо ин имонашро нишон дод.
Ибр 11:8, 9, 17. Иброҳим ба гапи Худо гӯш дода на танҳо Урро тарк кард, балки ҳамчунин писари азизашро ба қурбонӣ пешкаш кард. Ӯ ҳамин тавр нишон дод, ки ба Яҳува имон дорад.
Яҳува ба итоаткорон чӣ ваъда медиҳад?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
3Мс 26:3–6. Яҳува мегӯяд, ки итоаткоронро баракат медиҳад ва ҳимоя мекунад.
4Мс 13:30, 31; 14:22–24. Колеб итоаткор буд, барои ҳамин Яҳува ӯро баракат дод.
Беитоатӣ ба чӣ оварда мерасонад?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 2:16, 17; 3:17–19. Барои беитоатияшон Одаму Ҳавво Биҳишт, комилият ва ҳаёти абадиро аз даст доданд.
5Мс 18:18, 19; Крн 3:12, 18, 22, 23. Яҳува пешгӯйӣ кард, ки Пайғамбари бузургтар аз Мӯсо ба миён меояд ва ҳар кӣ ба ӯ беитоатӣ кунад, ҷазо меёбад.
Яҳ 6, 7. Аз беитоатии фариштагони исёнкор ва сокинони Садӯму Амӯро хашму ғазаби Яҳува аланга зад.
Барои чӣ мо бояд ба Исои Масеҳ итоаткор бошем?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Юҳ 12:46–48; 14:24. Исо фаҳмонд, ки оқибати беитоатӣ ба суханони ӯ бад аст.
Чаро масеҳиён бояд ба пирон итоат кунанд?
Чаро масеҳизан бояд ба шавҳари худ фармонбардор бошад?
Чаро фарзандон бояд ба волидонашон итоат кунанд?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 37:3, 4, 8, 11–13, 18. Юсуфи ҷавон ба гапи падараш гӯш дода, ба хабаргирии бародарони бадхоҳаш рафт.
Лқ 2:51. Ҳарчанд Исо комил буд, ӯ ба волидони нокомилаш, Юсуфу Марям, итоат мекард.