«Орзуи ман ҷомаи амал пӯшид»
Понздаҳ сол пеш Эмилия чун пешрави доимӣ хизмат мекард. Лекин, ба ӯ лозим омад, ки хизмати пурравақташро қатъ кунад. Солҳои охир, вай бисёр фикр мекард, ки он давра давраи хушбахттарини ҳаёташ буд, аз ин рӯ ваймехост, ки аз нав иштирокашро дар хизмат зиёд гардонад.
Вале коре, ки Эмилия дошт, намегузошт, ки ӯ чун пешрав хизмат кунад ва ин хурсандиашро медуздид. Боре, вай дар назди ҳамкоронаш гуфт: «Сад афсӯс, ки ман соати камтар кор намекунам!» Мудири шӯъба Эмилия инро шунид ва баъдтар аз ӯ пурсид, ки оё ин гап дар ҳақиқат рост аст. Эмилия инро тасдиқ кард. Лекин барои кам кардани соати корӣ иҷозати роҳбари корхона лозим буд, чунки он ширкат аз ҳамаи коргарон талаб мекард, ки рӯзи пурра кор кунанд. Хоҳари мо барои бо роҳбари корхона вохӯрдан тайёрӣ дид ва дар бораи оромӣ ва далерӣ дуо гуфт.
Дар давоми сӯҳбат, Эмилия боадабона, вале ба таври қатъӣ гуфт, ки кам шудани соати кориашро мехоҳад. Ӯ ба роҳбари корхона фаҳмонд, ки вақти холиашро барои ёрдам додан ба дигарон истифода мебарад. «Ман Шоҳиди Яҳува ҳастам ва ба одамон кӯмаки рӯҳонӣ мерасонам,— гуфт Эмилия. Имрӯз ахлоқу одоби одамон хеле паст шудааст ва онҳо ба шунидани хиради Каломи Худо мӯҳтоҷанд. Маслиҳатҳои аниқу равшани он ба одамон ёрдами калон мерасонанд. Ман мехоҳам, ки минбаъд низ дар корхона босифатона кор кунам, вале ҳамзамон ман мехостам, ки барои ба одамон ёрӣ додан вақти зиёдтар дошта бошам. Барои ҳамин, мехостам, ки соати кориам камтар бошад».
Роҳбар ӯро бодиққат гӯш кард ва гуфт, ки боре ӯ дар бораи бо кори хайрия машғул шудан фикр карда буд. Сипас ӯ гуфт: «Бинобар сабабҳои овардаатон ман бояд бо дархости шумо розӣ шавам. Вале оё шумо мефаҳмед, ки он гоҳ пули камтар мегиред?» Эмилия гуфт, ки вай инро мефаҳмад ва агар лозим ояд ҳаёташро оддӣ мегардонад. Ӯ илова кард: «Мақсади аз ҳама муҳими ман — ин барои одамон кардани кори дар ҳақиқат арзанда аст». Роҳбари корхона ба ӯ гуфт: «Ман аз шахсоне, ки вақти худро беғаразона ба дигарон мебахшанд, фахр дорам. Офарин бар шумо!»
Дар он корхона ягон бор ба касе чунин гузашт накарда буданд. Ба Эмилия ҳоло иҷозат дода шудааст, ки дар як ҳафта танҳо чор рӯз кор кунад. Ба хурсандии Эмилия, ӯ баъд фаҳмид, ки маошаш кам нашудааст, нигоҳ накарда ба он ки рӯзи кориаш камтар шуда буд! Ӯ мегӯяд: «Орзуи ман ҷомаи амал пӯшид ва ман боз метавонам чун пешрави доимӣ хизмат кунам!»
Оё шумо боре фикр кардед, ки шароити худро дида бароед, то чун пешрав хизмат кунед ё агар боре хизмати пешравиро бас карда бошед, ҳоло аз нав сар кунед?
[Замима дар саҳифаи 32]
Роҳбар ба ӯ гуфт: «Ман аз чунин шахсоне, ки вақти худро беғаразона ба дигарон мебахшанд, фахр дорам. Офарин бар шумо!