ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.8. саҳ. 11-15
  • Чун шаҳрвандони Салтанат рафтор кунед!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чун шаҳрвандони Салтанат рафтор кунед!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ТАЛАБОТҲО БАРОИ ШАҲРВАНД ШУДАН
  • ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ҚОНУНҲОИ ХУДОРО ДӮСТ МЕДОРАНД
  • ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ОГОҲИҲОРО ҚАДР МЕКУНАНД
  • ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ГИРИФТАНИ МАЪЛУМОТРО ҚАДР МЕКУНАНД
  • Подшоҳии Худо чист?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Салтанат беш аз сад сол ҳукмронӣ карда истодааст
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
  • Салтанати Худо ҳукмрон аст
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.8. саҳ. 11-15

Чун шаҳрвандони Салтанат рафтор кунед!

«Муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед» (ФИЛ. 1:27).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?

Кӣ шаҳрванди Салтанат буда метавонад?

Дар алоқамандӣ бо забон, таърих ва қонунҳои Салтанат ба мо чӣ кор кардан лозим аст?

Чӣ тавр шаҳрвандони Салтанат нишон медиҳанд, ки қонунҳои Худоро дӯст медоранд?

1, 2. Чаро маслиҳати Павлус барои ҷамъомади Филиппӣ маънои махсусе дошт?

ПАВЛУСИ ҳавворӣ ҷамъомади шаҳри Филиппиро ташвиқ кард: «Муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед». (Филиппиён 1:27–ро бихонед.) Ибораи юноние, ки дар ин оят чун «умр гузаронед» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «чун шаҳрвандон рафтор кардан»–ро дошта метавонад. Ин ибора махсусан барои ҷамъомади Филиппӣ шинос буд. Чаро? Зеро аз афташ Филиппӣ яке аз шаҳрҳое буд, ки сокинонаш имконият доштанд, ки шаҳрвандии империяи Румро соҳиб шаванд. Сокинони шаҳри Филиппӣ ва ҳамаи дигар сокинони империяи Рум аз шаҳрванди Рум буданашон фахр мекарданд ва зери ҳимояи махсуси қонуни Рум қарор доштанд.

2 Аъзоёни ҷамъомади Филиппӣ бошанд, барои фахр кардан сабаби аз ин ҳам бузургтар доштанд. Павлус ба он масеҳиёни тадҳиншуда хотиррасон кард, ки иқоматгоҳ ё шаҳрвандии онҳо «дар осмон аст» (Фил. 3:20). Он масеҳиён шаҳрвандони на танҳо империяи инсонӣ, балки муҳимтар аз ин онҳо шаҳрвандони Салтанати Худо буданд. Аз ин рӯ, онҳо аз муҳофизату баракатҳои беҳамто баҳра мебурданд (Эфс. 2:19–22).

3. а) Кӣ имконият дорад, ки шаҳрванди Салтанати Худо гардад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Маслиҳати Павлус оиди «чун шаҳрвандон рафтор кардан» асосан ба онҳое, ки ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард, дахл дорад (Фил. 3:20). Лекин ба маънои васеъ, он ҳамчунин ба тобеони заминии Салтанати Худо дахл дошта метавонад. Чаро? Зеро ҳамаи масеҳиёне, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд, ба як Подшоҳ — Яҳува хизмат мекунанд ва бояд аз рӯи меъёрҳои якхела зиндагӣ намоянд (Эфс. 4:4–6). Имрӯз одамон барои шаҳрванди мамлакати тараққиёфта шудан, сахт мекӯшанд, ки ба талаботҳои муқарраршудаи он мувофиқат кунанд. Пас то чӣ андоза бештар мо бояд имконияти шаҳрвандони Салтанати Худо буданро қадр кунем! Байни талаботҳо барои шаҳрванди ҳокимияти инсонӣ ва шаҳрванди Салтанати Худо шудан якчанд монандиҳо вуҷуд доранд. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем, то миннатдориамонро ба имконияти беҳамтои шаҳрванди Салтанати Худо будан зиёд кунем. Пас аз ин, се чизеро муҳокима мекунем, ки барои нигоҳ доштани ин имконияти пуршараф иҷро намудани онҳо муҳиманд.

ТАЛАБОТҲО БАРОИ ШАҲРВАНД ШУДАН

4. Забони пок чист ва ба он гап задан чӣ маъно дорад?

4 Аз худ кардани забон. Баъзе ҳокимиятҳои инсонӣ аз шахсоне, ки шаҳрванди он шудан мехоҳанд, талаб мекунанд, ки онҳо ба забони давлатӣ гап зананд. Ҳатто баъд аз шаҳрванди он шудан ҳам одамон дар давоми солҳо мекӯшанд, ки забони навро хубтар аз худ кунанд. Онҳо шояд қоидаҳои забонро зуд омӯзанд, лекин барои дуруст талаффуз кардани калимаҳо ба онҳо шояд вақти зиёд даркор аст. Мисли ин, Салтанати Худо аз шаҳрвандонаш талаб мекунад, ки онҳо забони наверо, ки Китоби Муқаддас онро «забони пок» меномад, аз худ кунанд. (Сафанё 3:9–ро бихонед.) Ин чӣ гуна забон аст? Ин дониши ҳақиқӣ дар бораи Худо ва ниятҳои Ӯ мебошад, ки онро аз Китоби Муқаддас ёфтан мумкин аст. Ба забони пок гап задан маънои итоат кардан ба қонунҳо ва принсипҳои Худоро дорад. Шаҳрвандони Салтанати Худо шояд таълимотҳои асосии Китоби Муқаддасро зуд аз худ намоянд ва таъмид гиранд. Лекин ҳатто баъди таъмидгириашон ҳам онҳо бояд кӯшиш кунанд, ки ба забони пок ҳар чӣ хубтар гап зананд. Чӣ тавр? Ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки рафторамон ба чизҳои аз Китоби Муқаддас омӯхтаамон ҳар чӣ бештар мувофиқат кунад.

5. Чаро мо бояд дар бораи таърихи халқи Яҳува ҳар чӣ бештар дониш гирем?

5 Омӯхтани таърих. Шояд аз шахсе, ки мехоҳад шаҳрванди ягон давлат шавад, талаб карда мешавад, ки ӯ дар бораи таърихи он чизеро донад. Мисли ин, ба онҳое, ки мехоҳанд шаҳрвандони Салтанати Худо бошанд, лозим аст, ки ҳама маълумотеро, ки дар бораи он омӯхта метавонанд, биомӯзанд. Биёед намунаи писарони Қӯраҳро, ки дар Исроили қадим хизмат мекарданд, дида мебароем. Онҳо Ерусалим ва ибодатгоҳро дӯст медоштанд ва аз нақл кардани таърихи он хурсандии зиёд мегирифтанд. Писарони Қӯраҳро на сангҳо ва иморатҳо ба ваҷд меоварданд, балки донистани он ки шаҳр ва ибодатгоҳ чиро тасвир мекунанд. Ерусалим «шаҳри Подшоҳ» — Яҳува буд, зеро он маркази ибодати пок ба ҳисоб мерафт ва дар он ҷо одамон Қонуни Ӯро таълим мегирифтанд. Бар одамон подшоҳи Ерусалим ҳукмронӣ мекард ва ин аз меҳрубонии муҳаббатомези Яҳува шаҳодат медод. (Забур 47:1, 2, 9, 12, 13–ро бихонед.) Оё шумо мисли писарони Қӯраҳ хоҳиш доред, ки дар бораи таърихи халқи Яҳува дониш гирифта онро ба дигарон нақл кунед? Ҳар қадаре ки шумо дар бораи ташкилоти Яҳува ва дар бораи он ки чӣ тавр Ӯ халқашро дастгирӣ мекунад, маълумот гиред, ҳамон қадар бештар Салтанати Худо барои шумо воқеӣ мегардад. Инчунин хоҳиши ба дигарон мавъиза кардани хушхабари Салтанат дар шумо пурзӯр мешавад (Ирм. 9:24; Луқ. 4:43).

6. Чаро тааҷҷубовар нест, ки Яҳува аз мо талаб мекунад, то қонунҳо ва принсипҳои Салтанатро омӯзем ва ба онҳо итоат кунем?

6 Омӯхтани қонунҳо. Ҳокимиятҳои инсонӣ аз тобеонашон талаб мекунанд, ки қонунҳои давлатро омӯзанд ва ба он итоат намоянд. Пас фаҳмост, ки чаро Яҳува талаб мекунад, то ҳама шаҳрвандони Салтанат қонунҳо ва принсипҳои онро омӯзанд ва ба онҳо итоат кунанд (Иш. 2:3; Юҳ. 15:10; 1 Юҳ. 5:3). Қонунҳои одамӣ бисёр вақт камбудӣ доранд ва метавонанд ноинсофӣ ҳам дошта бошанд. Баръакси ин, «Таврот [Қонун]–и Худованд комил аст» (Заб. 18:8). Оё шумо аз қонуни Худо хурсандӣ мегиред ва ҳар рӯз Каломашро мехонед? (Заб. 1:1, 2). Ягона роҳе, ки мо қонуни Худоро омӯхта метавонем, ин омӯзиши шахсӣ аст ва ҳеҷ кас ин корро ба ҷои мо карда наметавонад.

ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ҚОНУНҲОИ ХУДОРО ДӮСТ МЕДОРАНД

7. Чаро шаҳрвандони Салтанат ба қонунҳои Худо итоат мекунанд?

7 То ки минбаъд низ шаҳрвандони Салтанат бимонем, мо бояд қонунҳои Худоро на танҳо донем, балки ҳамчунин онҳоро дӯст дорем. Бисёре аз шаҳрвандони давлатҳо мегӯянд, ки бо қонунҳо ва талаботҳои мамлакат розиянд. Лекин вақте ки иҷро кардани ягон талаботи давлат барояшон ноқулай аст ва ҳис мекунанд, ки касе онҳоро намебинад, онҳо қонунро мешикананд. Бисёр вақт онҳо чун «одампарастон», яъне бо мақсади ба даст овардани илтифоти одамон қонунро риоя мекунанд (Қӯл. 3:22). Аммо шаҳрвандони Салтанат ба қонунҳои Худо бо мақсадҳои дигар итоат мекунанд. Мо бо ҷону дил ба қонуни Худо итоат мекунем, ҳатто он вақте ки ҳеҷ кас моро намебинад. Чаро? Зеро мо Қонунгузори худро дӯст медорем. (Иш. 33:22; Луқо 10:27–ро бихонед.)

8, 9. Чӣ тавр фаҳмида метавонед, ки оё шумо дар ҳақиқат қонунҳои Худоро дӯст медоред ё не?

8 Чӣ тавр фаҳмида метавонед, ки оё шумо дар ҳақиқат қонунҳои Худоро дӯст медоред ё не? Фикр кунед, ки вақте ба шумо касе дар бобати чизҳое, ки ба назаратон интихоби шахсӣ метобад, масалан, тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ маслиҳат медиҳад, шумо ба он чӣ тавр муносибат мекунед. Пеш аз он ки шаҳрванди Салтанат шавед, шумо эҳтимол ба тарзи либоспӯшиатон чандон аҳамият намедодед ё либоси шаҳватбедоркунанда мепӯшидед. Бо он ки муҳаббататон ба Худо зиёд шудан мегирифт, шумо мекӯшидед, ки тарзи либоспӯшиатон Ӯро ҷалол диҳад (1 Тим. 2:9, 10; 1 Пет. 3:3, 4). Шояд ба назаратон чунин тобад, ки ҳозир тарзи либоспӯшии шумо хоксорона аст. Лекин, агар пире ба шумо гӯяд, ки тарзи либосатон сабаби пешпо хӯрдани баъзе воизон мебошад, шумо ба ин чӣ тавр муносибат мекунед? Оё шумо баҳонаҷӯӣ мекунед, ба ғазаб меоед ё саркашӣ мекунед? Яке аз талаботҳои асосӣ барои шаҳрвандони Салтанат — ин пайравӣ ба намунаи Масеҳ аст (1 Пет. 2:21). Оиди намунаи Исо Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст. Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд» (Рум. 15:2, 3). Барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ дар ҷамъомад масеҳиёни баркамол бояд ҳамеша тайёр бошанд, то аз корҳое, ки ба виҷдони дигарон зарар расонида метавонад, даст кашанд (Рум. 14:19–21).

9 Биёед ҳоло ду мавзӯи муҳими дигареро дида бароем: назари мо ба алоқаи ҷинсӣ ва ба издивоҷ. Касоне, ки то ба ҳол шаҳрвандони Салтанати Худо нестанд, шояд фикр мекунанд, ки дар ҳомосексуализм, тамошои порнография, зино ё ҷудошавӣ ягон нодурустие нест. Шаҳрвандони Салтанат бошанд, чунин нуқтаи назари кӯтоҳандешона ва худхоҳонаро аз худ дур сохтанд. Ҳарчанд бисёри масеҳиён дар гузашта тарзи ҳаёти бадахлоқона мебурданд, ҳоло бошад, онҳо ба алоқаи ҷинсӣ ва издивоҷ чун ба атои Худо нигоҳ мекунанд. Онҳо меъёрҳои баланди Яҳуваро қадр мекунанд ва эътимод доранд, ки касоне, ки бадахлоқии ҷинсиро давом медиҳанд, барои шаҳрванди Салтанати Худо будан сазовор нестанд (1 Қӯр. 6:9–11). Ҳамзамон, онҳо дарк мекунанд, ки дили инсон маккор аст (Ирм. 17:9). Барои ҳамин, онҳо огоҳиҳои махсусеро, ки барои нигоҳ доштани меъёрҳои баланди ахлоқӣ кӯмак мекунанд, бо миннатдорӣ қабул менамоянд.

ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ОГОҲИҲОРО ҚАДР МЕКУНАНД

10, 11. Салтанати Худо кадом огоҳиҳои саривақтиро пешкаш мекунад ва чӣ тавр шумо ба он муносибат мекунед?

10 Ҳокимиятҳои инсонӣ метавонанд сокинонашонро аз хатарҳои бо ягон намуди беморӣ, хӯрокворӣ ва доруворӣ алоқаманд огоҳ созанд. Албатта на ҳама намуди хӯрок ва доруворӣ зарарнок аст. Лекин, агар ягон маҳсулот хатарнок бошад, ҳокимият бо мақсади муҳофизат кардани сокинонаш метавонад онҳоро аз ин огоҳ намояд. Агар ҳокимият чунин накунад, ин хунукназарӣ ба ҳисоб меравад. Мисли ин, Салтанати Худо оиди хатарҳое, ки ба саломатии рӯҳонӣ зарар расонида метавонанд, огоҳиҳои саривақтӣ медиҳад. Масалан, Интернет барои муошират, гирифтани маълумот ва вақтхушӣ воситаи паҳнгаштае шудааст. Ташкилоти Яҳува аз Интернет истифода мебарад ва ба воситаи он бисёр корҳои хуберо иҷро мекунад. Лекин, сайтҳои зиёди интернетӣ аз ҷиҳати ахлоқӣ ва рӯҳонӣ хатарноканд. Сайтҳои интернетие, ки расму наворҳои порнографиро дар бар мегиранд, бешубҳа ба саломатии рӯҳонии шаҳрвандони Салтанат зарар расонида метавонанд. Даҳсолаҳо ин ҷониб, синфи ғуломи мӯътамад моро аз чунин сайтҳо огоҳ мекунад. То чӣ андоза миннатдорем мо, барои ин огоҳиҳое, ки ба саломатии рӯҳониамон мусоидат мекунанд!

11 Солҳои охир, одамон аз як намуди дигари сайтҳои интернетӣ истифода мебаранд, ки онҳо чун веб–сайтҳои муоширатӣ маълуманд. Ин сайтҳо метавонанд фоидаовар ва ҳамзамон хеле хатарнок бошанд. Аз ин сабаб, мо бояд дар истифодаи чунин сайтҳо хеле эҳтиёткор бошем. Ба воситаи онҳо шахс метавонад бо «ёрони бад» дӯстӣ карданро сар кунад (1 Қӯр. 15:33). Бинобар ин, тааҷҷубовар нест, ки чаро ташкилоти Худо оиди истифодабарии чунин сайтҳо огоҳиҳои оқилона медиҳад. Оё шумо ҳамаи адабиётҳои ба истифодабарии веб–сайтҳои муоширатӣ дахлдоштаро, ки ғуломи мӯътамад ва доно пешкаш мекунад, хондаед? Агар мо ин маълумотҳоро нахонда аз чунин сайтҳо истифода барем, ин бароямон хатарнок мебудa. Чунин рафтор ба он монанд аст, ки мо пеш аз хӯрдани ягон доруи сахттаъсир бо дастурамал ё навиштаҷоти қуттии он шинос намешавем.

12. Чаро рад кардани огоҳиҳо бехирадона аст?

12 Шахсоне, ки ба огоҳиҳои ғуломи мӯътамад гӯш намедиҳанд, албатта ба худашон ва ба касоне, ки онҳоро дӯст медоранд, зарар мерасонанд. Баъзеҳо баъд аз майли сахт пайдо кардан ба тамошои порнография ё содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ худро бовар кунонданд, ки гӯё Яҳува корҳои онҳоро намебинад. То чӣ андоза бехирадона мебуд, фикри он ки мо корҳоямонро аз Яҳува пинҳон карда метавонем! (Мас. 15:3; Ибриён 4:13–ро бихонед.) Худо мехоҳад, ки ба чунин шахсон дасти ёрӣ дароз кунад ва барои ин Ӯ пиронро истифода мебарад (Ғал. 6:1). Вале, чӣ тавре ки ҳокимиятҳои инсонӣ аз сабаби қонуншиканӣ одамонро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум карда метавонанд, ҳамин тавр Яҳува онҳоеро, ки қонунҳои Ӯро мешикананду тавба намекунанд, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум месозад (1 Қӯр. 5:11–13)b. Лекин, азбаски Яҳува раҳмдил аст, шахсоне, ки тавба карда корҳои нодурусташонро дигар такрор намекунанд, метавонанд аз нав илтифоти Ӯро ба даст оранд ва шаҳрвандиашонро баргардонанд (2 Қӯр. 2:5–8). Чӣ шарафи бузургест хизмат кардан ба чунин Подшоҳи пурмуҳаббат!

ШАҲРВАНДОНИ САЛТАНАТ ГИРИФТАНИ МАЪЛУМОТРО ҚАДР МЕКУНАНД

13. Чӣ тавр шаҳрвандони Салтанат нишон медиҳанд, ки таълимгириро қадр мекунанд?

13 Бисёре аз ҳокимиятҳои инсонӣ барои маълумотнок кардани шаҳрвандонашон сахт меҳнат мекунанд. Онҳо барои хату саводомӯзӣ ва ёд додани касбу ҳунар мактабҳо ташкил медиҳанд. Шаҳрвандони Салтанат ин гуна мактабҳоро қадр мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки хондан, навиштан ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани худро ёд гиранд. Лекин онҳо барномаи таълимдиҳиеро, ки ба шаҳрвандони Салтанат пешкаш карда мешавад, аз ин ҳам зиёдтар қадр мекунанд. Масалан, ба онҳое, ки хату савод надоранд, Яҳува тавассути ҷамъомади масеҳӣ ёрдам мекунад. Ҳамчунин, волидон ташвиқ мешаванд, ки барои фарзандони хурдсолашон маълумоти чопшударо хонанд. Ҳар моҳ ғуломи мӯътамад дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» маълумоти дар Китоби Муқаддас асосёфтаро чоп мекунад. Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба забони тоҷикӣ дастрас аст ва агар шумо ҳар рӯз яксаҳифагӣ хонед, он гоҳ шумо аз барномаи таълимдиҳие, ки Яҳува пешкаш мекунад, пурра манфиат хоҳед гирифт.

14. а) Бо кадом роҳҳо Яҳува моро таълим медиҳад? б) Кадом маслиҳатҳоро шумо дар давоми Шоми ибодати оилавиатон истифода бурда аз онҳо манфиат гирифтед?

14 Ҳар ҳафта шаҳрвандони Салтанат дар вохӯриҳои ҷамъомад аз Худо таълим мегиранд. Масалан, беш аз 60 сол аст, ки Мактаби таълими мавъиза ба таҳсилкунандагонаш барои устодони босамари Каломи Худо шуданашон кӯмак мекунад. Оё шумо худро дар ин мактаб номнавис кардаед? Солҳои охир ғуломи мӯътамад махсусан қайд мекунад, ки гузаронидани Шоми ибодати оилавӣ хеле муҳим аст. Ин чорабинӣ ягонагии оилаҳоро мустаҳкам мекунад. Оё шумо маслиҳатҳоеро, ки дар адабиётамон дода шуда буданд, дар давоми Шоми ибодати оилавиатон ба кор мебаред?c

15. Яке аз имкониятҳои беҳамтое, ки мо дорем, кадом аст?

15 Шаҳрвандони ҳокимиятҳои инсонӣ дигаронро бармеангезанд, ки ягон ҳизби сиёсиро дастгирӣ кунанд ва барои ин онҳо ҳатто хона ба хона мегарданд. Ба ин монанд, шаҳрвандони Салтанат дар саросари ҷаҳон дар кӯчаҳо ва хона ба хона ба одамон мавъиза мекунанд ва бо ин нишон медиҳанд, ки Салтанати Худоро дастгирӣ мекунанд. Масалан, мақсади маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» — ин эълон кардани Салтанати Яҳува аст. Ва чӣ тавре ки дар мақолаи гузашта қайд шуд, «Бурҷи дидбонӣ» имрӯз паҳншудатарин маҷалла дар дунё мебошад. Яке аз имкониятҳои беҳамтое, ки мо дорем, ин дар бораи Салтанати Худо ба дигарон нақл кардан аст. Оё шумо дар кори мавъиза боғайратона иштирок мекунед? (Мат. 28:19, 20).

16. Шумо чӣ тавр исбот карда метавонед, ки шаҳрванди хуби Салтанати Худо ҳастед?

16 Ба қарибӣ Салтанати Худо ягона ҳокимияте мегардад, ки бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Он дар ҳама ҷонибҳои ҳаётамон моро роҳнамоӣ мекунад. Оё шумо он вақт шаҳрванди хуби Салтанат хоҳед буд? Ҳоло вақти он аст, ки шумо инро исбот кунед. Дар қарорҳои ҳаррӯзаатон ҳама корро барои ҷалоли Яҳува кунед ва нишон диҳед, ки шумо чун шаҳрванди хуби Салтанати Худо рафтор карда истодаед (1 Қӯр. 10:31).

[Эзоҳҳо]

a Масалан, ба «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳҳои июли с. 2011, саҳ. 24–27; августи с. 2011, саҳ. 10–13 ва феврали с. 2012, саҳ. 3–9 нигоҳ кунед.

b Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 марти с. 2012, саҳ. 30, 31 нигаред.

c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 августи с. 2011, саҳ. 6, 7 ва «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи январи с. 2011, саҳ. 3–6 нигоҳ кунед.

[Тасвир дар саҳифаи 14]

Оё шумо ба огоҳиҳое, ки ғуломи мӯътамад оиди Интернет медиҳад, ҷиддӣ муносибат мекунед?

[Тасвир дар саҳифаи 12]

Оё шумо мисли писарони Қӯраҳ ибодати пок ва таърихи онро қадр мекунед?

[Тасвир дар саҳифаи 15]

Шоми ибодати оилавӣ ба шумо ва оилаатон кӯмак карда метавонад, то шаҳрвандони хуби Салтанат гардед

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан