ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Дӯстӣ дар давоми 60 сол ва ин танҳо саршавӣ аст
Дар яке аз шомҳои тобистони соли 1951 чор ҷавонмарди синнашон аз 20 каме боло аз нуқтаи гуфтугӯӣ дар шаҳри Итака (Ню–Йорк, ИМА) ба шаҳрҳои дур — Мичиган, Айова ва Калифорния занг мезаданд. Онҳо мехостанд, ба наздиконашон хабари хуше расонанд.
ЯКЧАНД вақт пеш, моҳи феврал 122 нафар пешравон ба Лансинги Ҷанубӣ (Ню–Йорк) омаданд, то дар синфи 17–уми мактаби Ҷилъод таҳсил кунанд. Дар қатори миссионерони оянда Лоуэл Тӯнер, Вилиам (Билл) Кастен, Ричард Кэлси ва Рамон Темпелтон буданд. Лоуэл ва Билл, аз Мичиган, Ричард аз Айова ва Рамон аз Калифорния дере нагузашта бо ҳам дӯсти наздик шуданд.
Тахминан панҷ моҳ пас, таҳсилкунандагон аз ваҷду ҳаяҷон пур шуданд, зеро эълон карда шуд, ки аз идораи марказӣ бародар Нейтан Норр омада бо нутқ баромад мекунад. Аз ин пештар, чор бародар хоҳишашонро ба он баён карда буданд, ки агар мумкин бошад, якҷоя дар як давлат хизмат кунанд. Оё онҳо акнун мефаҳманд, ки дар куҷо чун миссионерон хизмат хоҳанд кард? Албатта!
Вақте ки бародар Норр ба тамоми синф таъинотҳояшонро эълон мекард, ҳаяҷон ва беқарории онҳо меафзуд. Аввал ба саҳна ҳамон чор бародар даъват шуданд. Онҳо дар лаҳзаҳои аввал хеле хавотир буданд, лекин сипас аз фаҳмидани он ки якҷоя хизмат карда метавонанд, сабукиву хурсандӣ ҳис карданд. Лекин, онҳоро ба кадом мамлакат таъин намуданд? Ба Олмон. Аз шунидани ин ҳамсинфонашон ба ҳайрат омада беист кафкӯбӣ мекарданд.
Тамоми Шоҳидони Яҳуваро намунаи садоқатмандие, ки бародарону хоҳарони олмонӣ, дар давоми ҳукмронии Гитлер (он аз соли 1933 сар шуда буд) зоҳир мекарданд, ба ваҷд меовард. Бисёри таҳсилкунандагони мактаб ба хотир меоварданд, ки чӣ тавр онҳо баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои дастгирӣ кардани ҳамимонони дар аврупобудаашон либос ва дигар чизҳои лозима ҷамъ карда мефиристоданд. Халқи Худо дар Олмон дар зоҳир намудани имони барҷаста, иродаи қавӣ, далерӣ ва боварии пурра ба Яҳува намунаи олиҷаноб гузоштанд. «Акнун мо метавонистем бо он бародарону хоҳарони азиз шахсан шинос шавем»,— ҳиссиёташро ба ёд оварда мегӯяд Лоуэл. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки чаро он дӯстон ба ҳаяҷон омаданд ва дар он шом ба наздиконашон занг задан мехостанд!
ҲАНГОМИ САФАР БА ОЛМОН
27 июли соли 1951 киштии «Ҳоумлэнд» аз бандаргоҳи худ дар Ист–Ривер (Ню–Йорк) ба роҳ баромад ва чор дӯстон ба он савор шуданд. Он рӯз сафари ёздаҳрӯзаи онҳо ба Олмон оғоз ёфт. Бародар Алберт Шрёдер — яке аз муаллимони мактаби Ҷилъод, ки ва дертар аъзои Ҳайати Роҳбарикунанда шуд, ба онҳо аввалин ҷумлаҳоро ба забони олмонӣ ёд дод. Ҳоло онҳо фикр мекарданд, ки шояд аз якчанд мусофирони олмонӣ, ки дар киштӣ буданд, калимаҳои нави олмониро омӯхта метавонанд. Аммо маълум гашт, ки ин мусофирон ба лаҳҷаҳои гуногуни забони олмонӣ гап мезананд. Чӣ ҳолати ногуворе!
Оқибат, субҳи рӯзи сешанбеи 7 август, сафари тӯлонии онҳо, ки дар давоми он гоҳ–гоҳ дилашон беҳузур мешуду сарашон дард мекард, ба охир расид ва бародарон аз киштӣ ба соҳили шаҳри Ҳамбург (Олмон) фаромаданд. Онҳо дар гирду атрофи худ вайронаҳои зиёдро медиданд, зеро аз тамом шудани ҷанг танҳо шаш сол гузашта буд. Ҳамаи чизҳои дидаашон онҳоро хеле ғамгин сохт. Сипас, бародарон ба қатораи худ савор шуданд ва шабона ба шаҳри Висбаден, ки он вақт филиал дар он ҷо воқеъ буд, сафар карданд.
Субҳи рӯзи чоршанбе онҳо бо аввалин Шоҳиди Яҳува дар Олмон, ки номи хеле паҳнгаштаи олмонӣ дошт, вохӯрданд. Ин бародар, ки Ҳанс ном дошт, онҳоро дар истгоҳи роҳи оҳан пешвоз гирифта ба Байт–Ил бурд ва дар он ҷо ба дасти хоҳари солхӯрдаи хеле ҷиддӣ, ки тамоман ба забони англисӣ гап намезад, супурда рафт. Ин хоҳар эҳтимолан фикр мекард, ки агар ӯ баландтар гап занад, ҳар монеа дар фаҳмидани якдигар бартараф мешавад. Лекин нигоҳ накарда ба он ки дар давоми сӯҳбат овози хоҳар боз ҳам баландтар мешуд, онҳо якдигарро намефаҳмиданд ва аз ин худро боз ҳам бештар ногувор ҳис мекарданд. Баъдтар, бародар Эрих Фрост, ходими масъули Байт–Ил ҳозир шуд ва онҳоро бо забони англисӣ хушомадед гуфт. Акнун ба беҳтар шудани вазъият умед пайдо шуд.
Дар охирҳои моҳи август ин чор дӯст ба анҷумани олмоние, ки барояшон аввалин буду «Ибодати пок» ном дошт, ташриф оварданд. Он дар шаҳри Франкфурти лаби Майн баргузор гардид. Шумораи баландтарини ҳозирон — 47 432 нафарро ташкил медод, шумораи таъмидгирифтагон бошад, 2 373 нафар буд. Аз дидани ин дар бародарон ҷидду ҷаҳди миссионерӣ ва хоҳиши мавъизакунӣ пурзӯр шуд. Лекин баъди якчанд рӯз бародар Норр ба чор дӯстон гуфт, ки онҳо бояд дар Байт–Ил бимонанд ва дар он ҷо хизмат кунанд.
Дар гузашта Рамон имконият дошт, ки дар Байт–Или Иёлоти Муттаҳида хизмат кунад, лекин азбаски ба хизмати миссионерӣ дил баста буд, ӯ ин таклифро рад кард. На Ричард ва на Билл боре ҳам оиди хизмат дар Байт–Ил фикр накарда буданд. Лекин баъдтар онҳо аз иштирок дар ин намуди хизмат хурсандӣ гирифта дарк намуданд, ки Яҳува ҳамеша медонад, ки чӣ барои ходимонаш беҳтар аст. То чӣ андоза хубтар аст, ки ба роҳнамоии Ӯ гӯш диҳем, на ба хоҳишҳои шахсиамон! Касе, ки ин дарсро аз худ кардааст, новобаста аз ҷой ва таъиноти гирифтааш дар хизмати Яҳува хурсанд хоҳад буд.
ФЕРБОТЕН!
Бисёриҳо дар Байт–Или Олмон аз он ки дар байнашон амрикоиҳо хизмат мекарданд, шод буданд, зеро акнун онҳо метавонистанд бо ин бародарон гап зада забони англисиашонро беҳтар кунанд. Лекин, рӯзе дар ошхона умеди онҳо ногаҳон барбод рафт. Бародар Фрост бо ваҷди ба ӯ хос, оиди як чизи аз афташ хеле ҷиддӣ ба забони олмонӣ сухан ронд. Аксарият дар оилаи Байт–Ил аз табақчаҳояшон чашм наканда хомӯшона ӯро гӯш мекарданд. Бародарони навомада ҳарчанд суханони бародарро намефаҳмиданд, лекин ҳис мекарданд, ки дар эълон оиди онҳо чизе гуфта истодаанд. Барои ҳамин, вақте ки бародар Фрост бо овози баланд «ФЕРБОТЕН!» («Манъ шудааст!») гуфта инро якчанд маротиба таъкид кард, бародарон аз ин хеле ба ташвиш омаданд. Лекин, кадом кори онҳо бародар Фростро ба гуфтани чунин суханон водор кард?
Пас аз анҷоми хӯроки наҳорӣ ҳама ба сӯи хонаҳои худ шитофтанд. Баъдтар, як бародар ба ин чор рафиқ фаҳмонд: «Барои ба мо кӯмак расондан, шумо бояд ба забони олмонӣ гап зада тавонед. Ана барои ҳамин бародар Фрост гуфт, ки то забони олмониро ёд нагиред, бо шумо ба забони англисӣ гап задан МАНЪ ШУДААСТ».
Оилаи Байт–Ил дарҳол ба ин итоат карданд. Ин ба бародарон на танҳо дар омӯхтани забон кӯмак кард, балки ҳамчунин дарси муҳиме дод: ба кор бурдани маслиҳати аз тарафи бародари ғамхор додашуда, ҳатто агар дар аввал душвор бошад ҳам, бисёр вақт бар манфиати худи мо аст. Маслиҳати бародар Фрост аз он шаҳодат медод, ки ӯ дар бораи беҳбудии ташкилоти Яҳува ғамхорӣ мекунад ва нисбати бародаронаш муҳаббати самимӣ дорад. Аз ин рӯ тааҷубовар нест, ки бо гузашти вақт муҳаббати ин чор бародар ба ӯ меафзуд!
АЗ ДӮСТОНАМОН ТАЪЛИМ МЕГИРЕМ
Аз дӯстони худотарс мо дарсҳои пурарзише омӯхта метавонем ва ин дар навбати худ ба мо кӯмак менамояд, ки бо Яҳува дӯстиамонро мустаҳкамтар гардонем. Аз бародарону хоҳарони содиқи олмонӣ, ки шумораашон барои номбар кардан аз ҳад бисёр аст, ин чор нафар чизҳои зиёдеро ёд гирифтанд. Ҳамчунин, онҳо аз якдигар низ дарсҳои хуб омӯхтанд. Ричард мефаҳмонад: «Лоуэл забони олмониро каму беш медонист ва чизҳои медонистаашро хуб ба кор мебурд, мо бошем, дар омӯхтани ин забон азоб мекашидем, аз ин рӯ дар душвориҳои бо забон алоқаманд, дарҳол аз ӯ кӯмак мепурсидем. Ҳамчунин, азбаски синну солаш аз мо калонтар буд, ӯ чун бародари калонӣ дар қабул кардани қарорҳо масъулиятро ба даст мегирифт». Рамон ба хотир меорад: «То чӣ андоза ман хурсанд будам, ки як бародар хоначаи дар Швейтсария доштаашро ба мо пешкаш намуд, то рухсатии аввалинамонро баъди як соли хизмат дар Олмон, дар он ҷо гузаронем! Акнун мо дар давоми ду ҳафта аз забони олмонӣ дам гирифта метавонистем! Лекин он вақт ман ҳатто фикр накардам, ки Лоуэл нисбати ин чӣ андеша дорад. Ӯ бошад, исроркорона хоҳиш мекард, ки хониш ва муҳокимаи ояти ҳаррӯзаро ҳар саҳар ба забони олмонӣ гузаронем! Ман хеле зиқ будам, ки ӯ қарори баровардаашро бо қатъият иҷро карданӣ буд. Лекин мо аз ин дарси пурарзиш омӯхтем. Агар шахсе оиди манфиати шумо ғамхорӣ карда ба шумо насиҳат диҳад, онро қабул кунед, ҳатто агар баъзан бо он норозӣ бошед ҳам. Чунин рӯҳия тӯли солҳо ба мо манфиат меовард ва барои итоат кардан ба роҳнамоии Яҳува кӯмак мерасонд».
Чор дӯст ҳамчунин қадр кардани қобилиятҳои якдигарро ёд гирифтанд, чӣ тавре ки дар Филиппиён 2:3 гуфта шудааст: «Бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед». Масалан, се дӯст розӣ буданд, ки Билл дар ҳал кардани баъзе душвориҳо нисбат ба онҳо маҳорати хубтар дорад, аз ин рӯ бисёр вақт барои кӯмак ба ӯ муроҷиат мекарданд. Лоуэл ба хотир меорад: «Вақте ки барои ҳал кардани ягон душворӣ чораҳои муҳим ё ногувор андешидан лозим меомад мо ба Билл муроҷиат мекардем. Ӯ дар ҳал кардани вазъиятҳои ногувор маҳорату қобилият дошт ва ҳамаи мо бо роҳе, ки ӯ душвориҳоро ҳал мекард, розӣ будем, лекин худи мо барои чунин кардан ҷасурӣ ва маҳорати кофӣ надоштем».
ИЗДИВОҶҲОИ ХУШБАХТ
Паи ҳам ҳар чори ин дӯстон қарор карданд, ки оиладор мешаванд. Дӯстии онҳо бар муҳаббат ба Яҳува ва хизмати пурравақт асос ёфта буд, аз ин рӯ онҳо азми қавӣ доштанд, ки бо шахсе издивоҷ кунанд, ки Яҳува барояш дар ҷои аввал бошад. Ба туфайли хизмати пурравақт онҳо фаҳмиданд, ки додан аз гирифтан баракати бештаре меорад ва хоҳишҳои шахсӣ нисбат ба манфиатҳои Салтанат бояд дуюмдараҷа бошанд. Аз ин рӯ онҳо хоҳаронеро интихоб карданд, ки аллакай бо хоҳиши худ хизмати пурравақтро сар карда буданд. Дар натиҷа чор оилаи мустаҳкам ва хушбахт барпо шуд.
Барои доштани дӯстӣ ва издивоҷи дар ҳақиқат бардавом ҳар шахс бояд бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад (Воиз 4:12). Ҳатто нигоҳ накарда ба он ки Билл ва Рамон дертар марги ҳамсарашонро аз сар гузарониданд, ҳар дуи онҳо аз ҳаёти оилавиашон хурсандӣ мегирифтанд ва дастгирии зани содиқашонро ҳис мекарданд. Лоуэл ва Ричард чунин дастгириро то ба ҳол ҳис мекунанд ва Билл, ки дертар бори дуюм оиладор шуд, ба туфайли интихоби бохирадонааш хизмати пурравақтро давом дода тавонист.
Бо гузашти солҳо ин чор дӯст таъинотҳои навро қабул карда дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон хизмат карданд, аз он ҷумла дар Олмон, Австрия, Люксембург, Канада ва Иёлоти Муттаҳида. Аз ин сабаб ин чор дӯстон мисли пештара вақти зиёдро бо ҳам гузаронида наметавонистанд. Лекин нигоҳ накарда ба масофае, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекард, ин рафиқон зуд–зуд бо якдигар алоқа мекарданд ва дар ғаму шодии якдигар шарик буданд (Рум. 12:15). Ин гуна дӯстонро мо бояд қадр намоем ва ҳеҷ гоҳ нисбати онҳо беэътиноӣ накунем. Онҳо бароямон тӯҳфаи қиматбаҳо аз ҷониби Яҳува мебошанд (Мас. 17:17). Дар ҷаҳони имрӯза дӯстони ҳақиқӣ камёбанд. Лекин ба ходимони Худо ёфтани чунин дӯстон имконпазир аст. Чун Шоҳидони Яҳува мо дар саросари ҷаҳон дӯстони наздик дорем ва беш аз ин мо аз дӯстӣ бо Яҳува Худо ва Исои Масеҳ баҳра мебарем.
Чун ҳар яки мо ин чор дӯст дар пайраҳаи ҳаёташон баъзан бо мушкилиҳо дучор мешуданд, масалан: дарду азоб аз марги ҳамсар, касалии вазнин, нигоҳубини волидони солхӯрда, тарбияи фарзанд баробари иштирок дар хизмати пурравақт ва ҳиссиёти тарсу шубҳа ҳангоми ба ӯҳда гирифтани таъиноти нав. Ҳоло бошад, онҳо бо душвориҳои афзудаистодаи бо пиронсолӣ алоқаманд рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин ин рафиқон аз таҷрибаи худ медонанд, ки дӯстон, новобаста аз он ки дар куҷоянд, ба дӯстдорандагони Яҳува кӯмак мерасонанд, то ба ҳар як душворӣ бо муваффақият паси сар кунанд.
ДӮСТИЕ, КИ ДАВОМ ХОҲАД ЁФТ
То чӣ андоза хуб аст, ки Лоуэл, Рамон, Билл ва Ричард дар синни 18, 12, 11 ва 10–солагӣ худро ба Яҳува бахшиданд ва ҳангоми аз 17 то 21 сола буданашон хизмати пурравақтро сар карданд! Онҳо мувофиқи маслиҳати зерин амал намуданд: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор» (Воиз 12:1).
Агар шумо бародари ҷавони масеҳӣ бошед ва шароитатон имкон диҳад, даъвати Яҳуваро барои ходими пурравақт шудан қабул кунед. Он гоҳ ба туфайли файз ё лутфу марҳамати фаровони Яҳува шумо метавонед мисли ин чор дӯст аз ягон намуди хизмати пурравақт хурсандии зиёд гиред. Чун он бародарон шумо низ метавонед аз хизмат чун нозири ноҳиявӣ, вилоятӣ ё минтақавӣ, хизмат дар Байт–Ил, аз он ҷумла дар кумитаи филиал, таълимдиҳӣ дар Мактаби хизмат ба Салтанати Худо ва мактаби пешравон ва аз баромад бо нутқ дар анҷуманҳои хурду калон хурсандии бепоён гиред.То чӣ андоза ин чор нафар аз донистани он хурсанд буданд, ки даҳҳо ҳазор нафар аз кори кардаи онҳо манфиат мегиранд! Ҳамаи ин баракатҳо танҳо ба туфайли он имконпазир гашт, ки онҳо дар ҷавониашон даъвати аз муҳаббат додаи Яҳуваро барои аз таҳти дил ба Ӯ хизмат кардан қабул намуданд (Қӯл. 3:23).
Имрӯз Лоуэл, Ричард ва Рамон аз нав якҷоя дар Байт–Или Олмон, ки ҳоло дар Зелтерс қарор дорад, хизмат мекунанд. Мутаассифона, Билл соли 2010 ҳангоми дар Иёлоти Муттаҳида чун пешрави махсус хизмат карданаш вафот кард. Марг ба дӯстии чор нафар, ки қариб 60 сол давом ёфт, неши худро бизад. Лекин Худои мо, Яҳува дӯстонашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Мо боварии комил дошта метавонем, ки зери роҳбарии Салтанати Худо ҳар пайванди дӯстӣ байни масеҳиён, ки марг муваққатан онро канда кард, аз нав барқарор хоҳад шуд.
Чанде пеш аз маргаш, Билл навишт: «Аз 60 соли дӯстиамон ман ягон лаҳзаи нохушро ба хотир оварда наметавонам. Муносибати мо ҳамеша бароям як чизи пурарзиш буд». Ва се дӯсти ӯ дар дунёи нав давом ёфтани дӯстиашонро дар назар дошта дарҳол илова намуданд: «Ва ин танҳо саршавӣ аст».
[Тасвир дар саҳифаи 18]
Хурсандӣ дар таъиноташон онҳоро эътимоди пурра бахшид, ки Яҳува ҳамавақт медонад, ки чӣ барои онҳо беҳтар аст
[Тасвир дар саҳифаи 21]
«Аз 60 соли дӯстиамон ман ягон лаҳзаи нохушро ба хотир оварда наметавонам»
[Тасвир дар саҳифаи 17]
Аз чап ба рост: Ричард, Лоуэл, Рамон ва Билл дар Ҷилъод дӯст шуданд
[Тасвир дар саҳифаи 18]
Дар боло: Рамон дар Мактаби хизмат ба Салтанати Худо таълим дода истодааст; дар тарафи рост: Ричард дар дастгоҳи чопкунии суроғаҳо дар Байт–Или Висбаден кор карда истодааст
[Тасвир дар саҳифаи 19]
Дар боло: Бародар Фрост (аз тарафи рост) ва дигарон ҳангоми ташрифи бародар Норр (аз тарафи чап); дар тарафи рост: Ҳангоми гузаронидани рӯзҳои истироҳат дар Швейтсария (соли 1952)
[Тасвир дар саҳифаи 20]
Аз чап ба рост: Ричард, Билл, Лоуэл ва Рамон соли 1984 ҳангоми бахшидашавии биноҳои нави филиал дар Зелтерс вомехӯранд
[Тасвир дар саҳифаи 21]
Аз чап ба рост: Рамон, Ричард ва Лоуэл