ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.12. саҳ. 6-10
  • Дар ҳаёт муваффақияти ҳақиқӣ ба даст оред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар ҳаёт муваффақияти ҳақиқӣ ба даст оред
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОЁ СУЛАЙМОН ДАР ҲАЁТ МУВАФФАҚ БУД?
  • ҲАЁТИ ДАР ҲАҚИҚАТ МУВАФФАҚ
  • ГАНҶИ ШУМО ДАР КУҶОСТ?
  • ДАР НАЗАРИ ЯҲУВА МУВАФФАҚ БОШЕД
  • Оё ӯ барои шумо намунаи хуб ё намунаи огоҳкунанда аст?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Ҳукмронии хирадмандонаи Сулаймон
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Исо — Довуди бузургтар ва Сулаймони бузургтар аст
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Маслиҳати хирадмандонае, ки ҳама вақт корбурд аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.12. саҳ. 6-10

Дар ҳаёт муваффақияти ҳақиқӣ ба даст оред

«Дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард» (ЕҲ. 1:8).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?

То чӣ андоза Сулаймон муваффақ гашт?

Чӣ тавр Павлус муваффақияти ҳақиқӣ ба даст овард?

Чӣ тавр шумо муваффақияти бардавом ба даст оварда метавонед?

1, 2. а) Аксарият муваффақиятро дар чӣ мебинанд? б) Чӣ тавр шумо нуқтаи назари худро нисбати муваффақият фаҳмида метавонед?

ДАР ҳаёт муваффақ гаштан чӣ маъно дорад? Агар ин саволро ба одамон диҳед, шумо мефаҳмед, ки ҷавобҳои онҳо аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Масалан, бисёриҳо муваффақиятро дар даромади калон, касбу кори хуб ё дастовардҳои илмӣ мебинанд. Дигарон бошанд, чунин ақида доранд, ки муваффақият бо муносибати хуб байни одамон — аъзоёни оила, дӯстон ё ҳамкорон — алоқаманд аст. Шахсе, ки ба Худо хизмат мекунад, шояд ҳатто чунин фикр кунад, ки муваффақият ин дар ҷамъомад ба ӯҳда доштани ягон масъулият ё комёбиҳои дар хизмат ба даст оварда мебошад.

2 Шахсан шумо муваффақиятро дар чӣ мебинед? Барои фаҳмидани ин якчанд нафаронеро номбар кунед, ки ба назаратон шахсони муваффақанд — шахсоне, ки тарзи ҳаёташон ба шумо сахт маъқул асту шумо онҳоро хеле эҳтиром мекунед. Ва фикр кунед, ки байни ҳамаи онҳо чӣ умумияте ҳаст? Оё онҳо бой ё шӯҳратманданд? Ё шояд онҳо мавқеи намоёнро ишғол мекунанд? Ҷавоб ба ин саволҳо метавонад ошкор кунад, ки дар дили шумо чӣ аст ва он ба қарорҳо ва мақсадҳои дар пеши худ гузоштаатон, таъсири калон расонда метавонад (Луқ. 6:45).

3. а) Барои дар роҳҳои худ муваффақ гаштан Еҳушаъ бояд чӣ кор мекард? б) Ҳоло мо чиро дида мебароем?

3 Чизи аз ҳама муҳим ин аст, ки Яҳува моро шахсони муваффақ ҳисобад, зеро ҳаёти мо аз доштани илтифоти Ӯ вобаста аст. Вақте ки Яҳува ба Еҳушаъ супориш дод, ки исроилиёнро ба Замини ваъдашуда роҳнамоӣ кунад, Ӯ ба вай гуфт, ки Қонуни Мусоро «рӯзу шаб» бихонад ва дар риоя кардани чизҳои дар он навишташуда бодиққат бошад. Худо ӯро боварӣ бахшид: «Он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард» (Еҳ. 1:7, 8). Ва чуноне ки шумо медонед, Еҳушаъ дар ҳақиқат муваффақият ба даст овард. Лекин, дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ тавр мо муайян карда метавонем, ки оё нуқтаи назарамон нисбати муваффақият бо назари Яҳува мувофиқат мекунад ё не? Барои фаҳмидани ин биёед ҳаёти ду шахсеро, ки дар бораашон Китоби Муқаддас нақл мекунад, дида мебароем.

ОЁ СУЛАЙМОН ДАР ҲАЁТ МУВАФФАҚ БУД?

4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Сулаймон дар ҳаёт муваффақ буд?

4 Аз бисёр ҷиҳатҳо Сулаймон шахси бениҳоят муваффақ буд. Чаро? Зеро тӯли солҳои зиёд ӯ шахси худотарс буд ва ба Яҳува, ки ӯро ба таври фаровон баракат медод, итоат мекард. Ба ёд оред, ки вақте Яҳува аз Сулаймон хоҳиш кард, ки чизҳои дилхоҳашро талаб кунад, вай барои роҳнамоӣ кардани халқ хирад пурсид. Баъд аз ин Худо Сулаймонро ҳам бо хирад ва ҳам бо сарват баракат дод. (3 Подшоҳон 3:10–14-ро бихонед.) Хиради ӯ «аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд». Шӯҳрати Сулаймон «дар миёни ҳамаи халқҳои гирду атроф» маълум гашт (3 Подш. 4:30, 31). Масалан, танҳо вазни тиллое, ки ӯ ҳар сол ба даст меовард, тақрибан 25 тоннаро ташкил медод! (2 Вақ. 9:13). Ҳамчунин, вай дар бунёди муносибатҳои байнидавлатӣ хеле бомаҳорат буд ва дар корҳои бо сохтмону тиҷорат алоқаманд, комёбиҳо ба даст меовард. Бале, то он даме, ки Сулаймон ба меъёрҳои одилонаи Худо мувофиқат мекард, вай дар ҳаёташ муваффақ буд (2 Вақ. 9:22–24).

5. Мувофиқи хулосаи Сулаймон кадом шахс назди Худо муваффақ аст?

5 Чизҳои дар китоби Воиз навиштаи Сулаймон нишон медиҳанд, ки ӯ бархато фикр намекард, ки танҳо шахсони сарватманд ё баландмартаба аз комёбӣ ва хурсандӣ баҳра бурда метавонанд. Ӯ навишта буд: «Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад,— ин низ атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Ва ӯ дарк мекард, ки барои шахсоне, ки илтифоти Худоро ба даст овардаанд ва бо Ӯ муносибати наздик доранд, чунин вақтхушиҳо дар ҳақиқат як чизи пурмаъно мебошанд. Сулаймон барҳақ қайд намуд: «Хулосаи суханон комилан фаҳмост: аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст» (Воиз 12:13).

6. Чӣ тавр намунаи Сулаймон барои муайян кардани муваффақияти ҳақиқӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

6 Тӯли солҳо Сулаймон худотарс буд. Мо мехонем, ки ӯ «Худовандро дӯст дошта, мувофиқи фароизи падараш Довуд рафтор мекард» (3 Подш. 3:3). Оё ин барои шумо нишонаи муваффақияти ҳақиқӣ нест? Зери роҳбарии Худо Сулаймон барои ибодати пок маъбади боҳашамате сохт ва се китоберо навишт, ки дертар қисми Китоби Муқаддас шуданд. Ҳарчанд мо ба анҷом расонидани чунин корҳоро интизор нестем, намунаи Сулаймон, ҳангоми ба Худо содиқ буданаш, ба мо нишон медиҳад, ки муваффақияти ҳақиқӣ дар асл чӣ аст. Ва ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба чунин муваффақият бирасем. Дар ин бобат дар хотир бояд дошт, ки зери илҳоми илоҳӣ Сулаймон навишт, ки боигарӣ, хирад, шӯҳрат ва қудрат, ки имрӯз аксарияти одамон онҳоро нишонаи муваффақият меҳисобанд, дар асл ҳеҷу пучанд. Чунин чизҳо дар ҳақиқат бемаъно ва «бод паймудан» мебошанд. Оё шумо мушоҳида кардаед, ки бисёр шахсони зарпараст сарвати боз ҳам зиёдтар доштан мехоҳанд? Чунин шахсон оиди чизҳои доштаашон бисёр вақт хавотиранд. Беш аз ин, рӯзе мерасад, ки боигарии онҳоро дигарон соҳиб мешаванд. (Воиз 2:9–11, 17; 5:10–12-ро бихонед.)

7, 8. Чӣ тавр Сулаймон садоқатмандиашро нигоҳ надошт ва ин чӣ натиҷа овард?

7 Лекин оқибат, чӣ тавре ки шумо медонед, Сулаймон аз роҳи итоаткорӣ ба Худо дур шуд. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Ва дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд, ва дили ӯ мисли дили падараш Довуд, ба Худованд Худояш амин набуд... Ва Сулаймон дар назари Худованд кори бад» кард (3 Подш. 11:4–6).

8 Норозигии худро ба Сулаймон баён карда Яҳува чунин гуфт: «Азбаски ту... аҳд ва фароизи Маро, ки ба ту амр фармудаам, риоя накардӣ, Ман мамлакатро аз ту пора карда гирифта, онро ба навкари ту хоҳам дод» (3 Подш. 11:11). Чӣ фоҷиаи ғамангезе! Ҳарчанд Сулаймон аз бисёр ҷиҳат муваффақ гашта буд, бо гузашти вақт ӯ дили Яҳуваро ғамгин кард. Дар муҳимтарин соҳаи ҳаёт — садоқатмандӣ ба Худо — Сулаймон муваффақ нагашт. Ҳар яки мо ба худ чунин савол дода метавонем: «Оё ман боварии комил дорам, ки дарси аз ҳаёти Сулаймон гирифтаам барои муваффақ гаштан ба ман кӯмак расонда метавонад?»

ҲАЁТИ ДАР ҲАҚИҚАТ МУВАФФАҚ

9. Фаҳмонед, ки оё Павлус аз нуқтаи назари ҷаҳон дар ҳаёташ муваффақ буд ё не.

9 Ҳаёти Павлуси ҳавворӣ аз шоҳ Сулаймон хеле фарқ мекард. Зеро Павлус дар тахти аз устухони фил сохташуда наменишаст ё бо подшоҳон дар зиёфатҳои калон иштирок намекард. Баръакс, вақтҳое буданд, ки ӯ гуруснагӣ, ташнагӣ, хунукӣ ва бараҳнагиро аз сар мегузаронд (2 Қӯр. 11:24–27). Вақте ки Павлус Исоро чун Масеҳ қабул кард, ӯ мартабаи баландеро, ки дар дини яҳудӣ дошт, аз даст дод. Беш аз ин, пешвоёни дини яҳудӣ аз Павлус нафрат мекарданд; ӯро ба ҳабс мегирифтанд, бо қамчин мезаданд, калтаккорӣ ва сангсор мекарданд. Павлус мефаҳмид, ки ӯ ва ҳамимононаш таҳқиру тамасхур карда мешаванд ва гирифтори таъқибу дашном мегарданд. Ӯ мегуфт: «Мо мисли хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем» (1 Қӯр. 4:11–13).

10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Павлус аз муваффақияти ин ҷаҳон рӯй гардонд?

10 Мувофиқи ақидаи ҳамзамонони Павлуси ҳавворӣ ҳангоми ҷавониаш ба ӯ — ки он вақт чун Шоул шинос буд — барои ба муваффақият ноил шудан тамоми имкониятҳо фароҳам буданд. Эҳтимол ӯ дар оилаи обрӯманд таваллуд ёфт ва баъдтар имконият дошт, то дар назди Ҷамлиил, ки устоди боэҳтиром буд, таълим гирад. Ӯ дертар навишта буд: «Дар дини яҳудӣ... назар ба бисёр ҳамсолони худ бештар комёб будам» (Ғал. 1:14). Павлус озодона бо забони иброниву юнонӣ гап мезад ва шаҳрвандии румӣ дошт, ки ба туфайли ин ӯ соҳиби баъзе имтиёзҳо ва ҳуқуқҳое буд, ки бисёриҳо онҳоро орзую ҳавас мекарданд. Агар Павлус аз паи муваффақиятҳои ин ҷаҳон шуданро интихоб мекард, эҳтимол ӯ метавонист ба мартабаи баландтар бирасад ва вазъи иқтисодияшро боз ҳам беҳтар созад. Ба ҷои ин, ӯ роҳеро, ки дар назари дигарон, ҳатто шояд дар назари баъзе хешовандонаш, тамоман беақлӣ метофт, интихоб кард. Барои чӣ?

11. Павлус кадом чизҳо ва чӣ гуна мақсадро қадр мекард ва чаро?

11 Павлус Яҳуваро дӯст медошт ва бештар ба он мекӯшид, ки илтифоти Худоро ба даст орад, на сарвату шӯҳратмандиро. Баъди ба даст овардани дониши дақиқи ҳақиқат Павлус фидия, хизмати масеҳӣ ва умеди ҳаёти осмониро — чизҳоеро, ки аксарияти одамон ба онҳо беэътиноӣ мекунанд — қадр менамуд. Павлус дарк мекард, ки саволи баҳсталабе вуҷуд дорад, ки бояд ҳал шавад. Шайтон даъво карда буд, ки вай одамонро аз хизмати Худо дур карда метавонад (Айюб 1:9–11; 2:3–5). Новобаста аз он ки Павлус бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешуд, ӯ азми қавӣ дошт, ки ба Худо содиқ бимонад ва ибодати ҳақиқиро тарк накунад. Ин мақсадест, ки ин ҷаҳон онро нишонаи муваффақият намеҳисобад.

12. Чаро шумо ба Худо умед бастанро қарор кардед?

12 Оё шумо мисли Павлус чунин азми қавӣ доред? Ҳарчанд ба Худо содиқ будан на ҳамеша осон аст, мо медонем, ки ба туфайли ин мо баракатҳо ва илтифоти Яҳуваро ба даст меорем ва маҳз ин моро дар ҳақиқат шахсони муваффақ мегардонад (Мас. 10:22). Мо ҳам ҳоло манфиат гирифта истодаем ва ҳам дар оянда баракатҳои фаровонро интизор шуда метавонем. (Марқӯс 10:29, 30–ро бихонед.) Барои ҳамин, мо сабабҳои зиёд дорем, ки на «ба сарвати бебақо... балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад», умед бандем. Мо «барои худ ганҷе ғун» мекунем, ки «барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ» созем (1 Тим. 6:17–19). Бале, мо боварии комил дошта метавонем, ки баъди садсолаҳо, ҳатто ҳазорсолаҳо ё аз ин ҳам зиёд, мо ба ақиб нигоҳ карда чунин гуфта метавонем: «Ман бешубҳа роҳеро интихоб намудам, ки сӯи муваффақияти ҳақиқӣ мебарад!»

ГАНҶИ ШУМО ДАР КУҶОСТ?

13. Исо оиди ҷамъ кардани ганҷҳо чӣ маслиҳат дод?

13 Исо дар бораи ҷамъ кардани ганҷҳо чунин гуфт: «Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад ва дуздон нақб канда, медузданд; балки барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд; зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (Мат. 6:19–21).

14. Чаро дар замин ғун кардани ганҷҳо бехирадона мебуд?

14 Ганҷҳое, ки шахс дар замин ғун мекунад, на танҳо пулро дар бар мегиранд. Ба ганҷҳои заминӣ он чизҳое, ки Сулаймон дар бораашон навишта буд, дохил шуда метавонанд. Ин чизҳо ба ақидаи одамон аз муваффақият шаҳодат медиҳанд. Дар қатори онҳо обрӯю эътибор, шӯҳрат ё қудратро номбар кардан мумкин аст. Исо фикреро қайд намуд, ки Сулаймон дар китоби Воиз онро зикр карда буд — ганҷҳои заминӣ доимӣ нестанд. Шумо эҳтимол дар гирду атрофи худ мебинед, ки ҳамаи он ганҷҳо муваққатиянд ва ба осонӣ аз даст мераванд. Профессор Дэйл Брунер оиди чунин ганҷҳо навишта буд: «Ҳама хуб медонад, ки шӯҳрат поянда нест. Шахсе, ки имрӯз қаҳрамон аст, фардо бо омадани қаҳрамони дигаре аз хотирҳо фаромӯш мешавад. Имсол шахс аз ҷиҳати моддӣ бурд мекунад, соли дигар бошад, шикаст мехӯрад... [Исо] одамонро дӯст медорад. Ӯ онҳоро аз шӯҳрату ҷалоли гузарон, ки бешубҳа шахсро ноумед мекунанд, огоҳ менамояд. Чунин шӯҳрат бардавом нест. Исо намехоҳад, ки шогирдон[аш] маъюсу ноумед шаванд. “Ҳаёт тағйирёбанда мебошад ва шахсе, ки имрӯз соҳиби мартабаи баланд аст, фардо аз он маҳрум мешавад”». Ҳарчанд аксарияти одамон бо ин суханон розӣ мешаванд, лекин чанд нафари онҳо тайёранд, ки аз рӯи ин гуфтаҳо амал намуда муносибаташонро ба ҳаёт тағйир диҳанд? Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст?

15. Мо бояд сӯи чӣ гуна муваффақият бикӯшем?

15 Баъзе сарварони динӣ таълим медиҳанд, ки аз паи муваффақият шудан нодуруст аст ва ҳамаи хоҳишҳоро барои муваффақ гаштан пахш бояд кард. Исо бошад, намегуфт, ки аз паи муваффақият шудан тамоман нодуруст аст, ӯ шогирдонашро бармеангехт, ки кӯшишҳояшонро ба самти дигар равона намоянд ва «барои худ ганҷҳо дар осмон ғун» кунанд. Чунин ганҷҳо абадӣ хоҳанд монд. Мо бояд пеш аз ҳама хоҳиш дошта бошем, ки дар назари Яҳува муваффақ гардем. Бале, суханони Исо ба мо ёдрас мекунанд, ки ба кадом самт равона сохтани кӯшишҳоямонро мо худамон интихоб мекунем. Лекин бояд қайд кард, ки мо одатан аз паи он чизе меравем, ки дар диламон ҳаст, яъне чизе, ки барои мо арзиши калон дорад, моро сӯи худ ҷалб мекунад.

16. Мо нисбати чӣ дилпур буда метавонем?

16 Агар дар дили мо хоҳиши ба Яҳува писанд омадан бошад, мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ ғамхорӣ мекунад, то мо чизҳои лозимаро дошта бошем. Шояд ӯ баъзан роҳ медиҳад, ки мо муддате чун Павлуси ҳавворӣ бо гуруснагӣ ва ташнагӣ дучор шавем (1 Қӯр. 4:11). Лекин, нигоҳ накарда ба ин, мо бо дилпурӣ маслиҳати оқилонаи Исоро ба кор бурда метавонем. Ӯ гуфта буд: «Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё: “Чӣ бинӯшем?” ё: “Чӣ бипӯшем?” Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:31–33).

ДАР НАЗАРИ ЯҲУВА МУВАФФАҚ БОШЕД

17, 18. а) Муваффақияти ҳақиқӣ аз чӣ вобаста аст? б) Муваффақияти ҳақиқӣ аз чӣ вобаста нест?

17 Хулосаи муҳим ин аст: муваффақияти ҳақиқии мо аз рӯи комёбиҳо ё мавқеи дар назари одамони ин ҷаҳон доштаамон муайян карда намешавад. Он ҳамчунин аз таъинот ё масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаамон вобаста нест. Муваффақияти ҳақиқӣ ин итоаткорӣ ва садоқатмандӣ ба Худо аст ва доштани масъулияту таъинотҳо танҳо натиҷаи он мебошад. Каломи Худо инро тасдиқ мекунад: «Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд» (1 Қӯр. 4:2). Мо бояд садоқатмандиамонро то ба охир нигоҳ дорем. Исо гуфта буд: «Ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 10:22). Оё шумо розиед, ки наҷот ёфтани шахс аз муваффақияти ҳақиқӣ шаҳодат медиҳад?

18 Оиди чизҳои дар боло овардашуда мулоҳиза ронда шумо фаҳмида метавонед, ки садоқатмандӣ ба Худо аз шӯҳрат, маълумотнокӣ, вазъи моддӣ ё мавқеи иҷтимоӣ вобаста нест. Он ҳамчунин маънои доштани қобилиятҳои ақлронӣ ва истеъдоду маҳоратро надорад. Новобаста аз он ки мо дар чӣ гуна вазъият қарор дорем, мо ба Худо содиқ монда метавонем. Дар асри як байни халқи Худо ҳам шахсони сарватманд буданд ва ҳам шахсони камбағал. Павлус масеҳиёни сарватмандро ташвиқ намуд, ки «некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд». Ҳам масеҳиёни сарватманд ва ҳам масеҳиёни камбағал метавонистанд «ҳаёти ҷовидони [«ҳаёти ҳақиқӣ», ТДН]–ро аз они худ созанд» (1 Тим. 6:17–19). Ин суханон дар рӯзҳои мо низ ҳаққанд. Мисли масеҳиёни асри як, ҳамаи мо имконият ва масъулияти зеринро дорем: мо бояд содиқ бимонем ва дар «аъмоли нек сарватманд» шавем. Агар чунин кунем, мо дар назари Офаридгорамон муваффақ мегардем ва аз донистани он ки дили Ӯро шод мекунем, хурсандии зиёд мегирем (Мас. 27:11).

19. Дар мавриди ба даст овардани муваффақият шумо ба чӣ азм кардед?

19 Шумо шояд вазъиятҳои худро ба пуррагӣ идора карда наметавонед, лекин шумо метавонед муносибати худро ба онҳо зери назорат гиред. Новобаста аз вазъиятҳоятон барои нигоҳ доштани садоқатмандӣ ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. Кӯшишҳои шумо бенатиҷа нахоҳанд буд. Дилпур бошед, ки Яҳува ҳам ҳоло ва ҳам дар ояндаи ҷовидона шуморо ба таври фаровон баракат медиҳад. Ҳеҷ гоҳ суханони Исоро, ки ба масеҳиёни тадҳиншуда гуфта буд, фаромӯш насозед: «То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод» (Ваҳй 2:10). Бале, соҳиб шудани ҳаёти ҷовидонӣ бешубҳа муваффақияти ҳақиқӣ аст!

[Тасвир дар саҳифаи 8]

Аз нуқтаи назари одамон Шоул ба муваффақият наздик буд

[Тасвир дар саҳифаи 9]

Павлус дар ҳақиқат муваффақ гашт

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан