ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.12. саҳ. 11-15
  • Шумо идоракунандаи боваринок ҳастед!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шумо идоракунандаи боваринок ҳастед!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИДОРАКУНАНДАГОН — НАҚШИ ОНҲО АЗ ЧӢ ИБОРАТ БУД?
  • МО БА ХУДО ТААЛЛУҚ ДОРЕМ
  • ЯҲУВА АЗ ҲАМАИ МО ЧИРО ТАЛАБ МЕКУНАД?
  • МУҲИМИЯТИ САДОҚАТМАНДӢ
  • МУҚОИСА КАРДАНИ ХУД БО ДИГАРОН — ОЁ ИН АЗ РӮИ ХИРАД АСТ?
  • Оё шумо медонед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Мо бояд дурандеш ва зирак бошем
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати роҳбарикунандаи он
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Ғуломи боваринок бояд тайёр бошад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.12. саҳ. 11-15

Шумо идоракунандаи боваринок ҳастед!

«Шумо аз они худатон нестед» (1 ҚӮР. 6:19).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?

Нақши идоракунандагон дар замони қадим чӣ гуна буд?

Тамоми идоракунандагони Худо кадом масъулиятро ба ӯҳда доранд?

Чӣ тавр мо бояд ба кори идоракуние, ки ба мо супорида шудааст, муносибат кунем?

1. Дар ин ҷаҳон ғуломиро одатан бо чӣ алоқаманд мекунанд?

ТАҚРИБАН 2 500 сол пеш, драманависи юнонӣ чунин навишта буд: «Ҳеҷ кас юғи ғуломиро бо хоҳиши худ ба гардан намегирад». Бисёриҳо бо омодагӣ бо ин ақида розӣ мешаванд. Ҳангоми шунидани калимаи «ғуломӣ» дар пеши назари шахс манзараи зулму ситам, дар завлона бастан ва аз тарафи соҳибон истисмор шудани одамон пайдо мешавад.

2, 3. а) Ғуломон ё хизматгорони Масеҳ аз чӣ гуна мавқеъ баҳра мебаранд? б) Мо оиди кори идоракунӣ кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Бо вуҷуди ин, Исо гуфт, ки шогирдонаш хизматгорони фурӯтан ё ғуломон хоҳанд буд. Лекин дар ғуломие, ки масеҳиёни ҳақиқӣ дар он қарор доранд, ягон чизи таҳқиромез ё пастзанандае нест. Ин ғуломон аз мавқеи пуршараф ва эътимоду эҳтироме, ки нисбати онҳо зоҳир карда мешавад, баҳра мебаранд. Масалан, дар бораи он чизе, ки Исо пеш аз маргаш оиди як «ғулом» гуфта буд, мулоҳиза ронед. Масеҳ пешгӯӣ кард, ки вазифаҳоро ба ӯҳдаи «ғуломи мӯътамад ва доно» мегузорад (Мат. 24:45–47).

3 Ҷолиби диққат аст, ки дар ҷои дигари Китоби Муқаддас ин ғулом «гумошта»a номида шудааст. (Луқо 12:42–44-ро бихонед.) Имрӯз аксарияти масеҳиён ба синфи он гумоштаи мӯътамад дохил намешаванд. Лекин Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи ходимони Худо кори идоракуниро ба ӯҳда доранд. Кори идоракунӣ чӣ гуна масъулиятҳоро дар бар мегирад? Ба онҳо чӣ гуна муносибат бояд кард? Барои фаҳмидани ин, биёед дида бароем, ки дар замони қадим нақши ғулом ё гумошта чӣ гуна буд.

ИДОРАКУНАНДАГОН — НАҚШИ ОНҲО АЗ ЧӢ ИБОРАТ БУД?

4, 5. Дар замони гузашта идоракунандагон чӣ гуна масъулиятро ба ӯҳда доштанд? Мисол оред.

4 Дар замони қадим идоракунанда одатан ғуломи бовариноке буд, ки барои назорат кардани хона ё кори хӯҷаинаш таъин карда мешуд. Бисёр вақт идоракунандагон қудрати зиёдеро доштанд ва назорат кардани дороии хона, пул ва дигар ғуломон ба ӯҳдаи онҳо гузошта мешуд. Инро аз мисоли Алиазар, ки барои идора кардани дороии зиёди Иброҳим таъин шуда буд, дидан мумкин аст. Иброҳим эҳтимол ӯро ба Байнаннаҳрайн фиристод, то барои писараш Исҳоқ ҳамсареро интихоб кунад. Чӣ вазифаи муҳиму пурмасъулияте буд он! (Ҳас. 13:2; 15:2; 24:2–4).

5 Чабераи Иброҳим, Юсуф, чун идоракунандаи хонаи Фӯтифар таъин шуда буд (Ҳас. 39:1, 2). Рӯзе расид, ки худи Юсуф ҳам соҳиби ғуломе гашт, ки «нозири хонаи» ӯ таъин шуда буд. Чун нозири хона ӯ ғамхорӣ намуд, ки ба даҳ бародари Юсуф меҳмоннавозӣ зоҳир карда шавад. Ва ин нозир ё идоракунанда дар иҷро шудани нақшаи махфии Юсуф, яъне «дуздида» шудани ҷоми нуқра иштирок кард. Равшан аст, ки ба идоракунандаҳо соҳибонашон боварии калон зоҳир мекарданд ва онҳо аз ин хурсанд буданд (Ҳас. 43:19–25; 44:1–12).

6. Кори идоракунии пирони ҷамъомад аз якдигар бо чӣ фарқ мекунад?

6 Асрҳо пас, Павлуси ҳавворӣ навишт, ки нозирони масеҳӣ чун идоракунандагони Худо таъин шудаанд (Тит. 1:7). Нозирон барои чаронидан ва роҳнамоӣ намудани «рамаи Худо» таъин мешаванд ва дар ҷамъомадҳо роҳбариро ба ӯҳда мегиранд (1 Пет. 5:1, 2). Бояд гуфт, ки масъулиятҳои онҳо гуногунанд. Масалан, дар рӯзҳои мо аксарияти нозирони масеҳӣ ба як ҷамъомад хизмат мекунанд. Нозирони сайёр ба ҷамъомадҳои зиёд хизмат менамоянд. Ва аъзоёни Кумитаи филиал нисбати тамоми ҷамъомадҳои мамлакаташон ғамхорӣ мекунанд. Лекин, новобаста аз намуди таъиноташон, аз ҳамаи онҳо интизор мешавад, ки вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оранд; ҳамаи онҳо барои ба Худо «ҳисобот додан вазифадор мебошанд» (Ибр. 13:17).

7. Мо аз куҷо медонем, ки ба маъное ҳамаи масеҳиён идоракунандагонанд?

7 Лекин, дар бораи бисёре аз масеҳиёни содиқ, ки чун нозир хизмат намекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Петруси ҳавворӣ ба ҳама масеҳиён нома навишта қайд намуд: «Ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед» (1 Пет. 1:1; 4:10). Худо аз рӯи файз, яъне меҳрубонии носазовораш ба ҳамаи мо атоҳо, дороӣ, қобилиятҳо ва истеъдодҳоро додааст, ки мо онҳоро бар манфиати ҳамимононамон истифода бурда метавонем. Бинобар ин, ҳамаи касоне, ки ба Худо хизмат мекунанд, идоракунандагонанд ва бо ин кор онҳо сазовори ҳурмату эҳтиром, боварӣ ва масъулият мегарданд.

МО БА ХУДО ТААЛЛУҚ ДОРЕМ

8. Принсипи муҳиме, ки мо бояд дар хотир дорем, кадом аст?

8 Ҳоло мо се принсипро дида мебароем, ки ҳамаи мо чун идоракунандагон бояд онҳоро дар хотир дошта бошем. Якум, ҳамаи мо ба Худо тааллуқ дорем ва назди Ӯ ҳисобот медиҳем. Павлус навишта буд: «Оё намедонед, ки... шумо аз они худатон нестед? Зеро ки шумо ба нархи гарон [яъне бо хуни қурбонии Масеҳ] харида шудаед» (1 Қӯр. 6:19, 20). Азбаски мо ба Яҳува тааллуқ дорем, мо вазифадорем, ки ба аҳкомҳои Ӯ, ки гарон нестанд, итоат кунем (Рум. 14:8; 1 Юҳ. 5:3). Мо ҳамчунин ғуломони Масеҳ ҳастем (Фил. 1:1). Чун ба идоракунандагони замони пешин, ба мо озодии зиёд дода шудааст, лекин ин озодӣ маҳдуд аст. Мо бояд масъулиятҳоямонро аз рӯи дастуроти додашуда иҷро кунем. Новобаста аз он масъулиятҳое, ки ба ӯҳда дошта метавонем, мо хизматгорони Худо ва Масеҳ ҳастем.

9. Чӣ тавр Исо муносибати байни оғою ғуломро тасвир намуд?

9 Исо дар фаҳмидани муносибатҳои байни оғою ғулом ба мо кӯмак мекунад. Боре ӯ ба шогирдонаш дар бораи ғуломе нақл кард, ки баъди тамом шудани рӯзи кориаш ба хона меояд. Оё оғо ба ғулом чунин мегӯяд: «Зуд омада, назди суфра бинишин»? Не. Баръакс, ӯ мегӯяд: «Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат бихӯр ва бинӯш». Чӣ тавр Исо ин мисолро нисбати шогирдонаш истифода бурд? Ӯ гуфт: «Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: “Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем”» (Луқ. 17:7–10).

10. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува кӯшишҳои моро дар хизмати Ӯ қадр мекунад?

10 Бешубҳа Яҳува кӯшишҳоеро, ки мо дар хизмати Ӯ ба харҷ медиҳем, қадр мекунад. Китоби Муқаддас моро эътимод мебахшад: «Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10). Яҳува ҳеҷ гоҳ аз мо чизи аз қувватамон берунро талаб намекунад. Беш аз ин, ҳар он чизе, ки Ӯ талаб мекунад, бар манфиати худи мо аст ва ҳеҷ гоҳ аз ҳад гарон нест. Ба ҳар ҳол, мувофиқи масали Исо ғулом набояд толиби роҳати худ бошад ва манфиатҳои шахсиашро дар ҷои аввал гузорад. Ҳамин тавр, вақте ки мо ҳаётамонро ба Худо бахшидем, мо қарор додем, ки минбаъд манфиатҳои Ӯро дар ҷои аввали ҳаётамон мегузорем. Магар шумо бо ин розӣ нестед?

ЯҲУВА АЗ ҲАМАИ МО ЧИРО ТАЛАБ МЕКУНАД?

11, 12. Чун идоракунандагон мо бояд чӣ гуна хислат зоҳир кунем ва аз чӣ дурӣ ҷӯем?

11 Принсипи дуюм: чун идоракунандагон ҳамаи мо аз рӯи меъёрҳои якхела рафтор мекунем. Рост аст, ки баъзе масъулиятҳо ба ӯҳдаи шумораи ками аъзоёни ҷамъомад гузошта мешаванд. Лекин аксари масъулиятҳо ба ҳама дастрасанд. Масалан, чун шогирдони Масеҳ ва Шоҳидони Яҳува мо барангехта мешавем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем. Исо гуфта буд, ки муҳаббат аломати фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст (Юҳ. 13:35). Вале мо на танҳо бародарону хоҳарони худро дӯст медорем. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамчунин ба касоне, ки ҳамимони мо нестанд, муҳаббат зоҳир кунем. Инро ҳамаи мо карда метавонем ва бояд кунем.

12 Ҳамчунин, аз мо талаб карда мешавад, ки рафтори хуб дошта бошем. Ва мо албатта мехоҳем, ки аз рафтор ва тарзи ҳаёте, ки Каломи Худо маҳкум мекунад, дурӣ ҷӯем. Павлус навишта буд: «На зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон, на дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон — вориси Малакути Худо намешаванд» (1 Қӯр. 6:9, 10). Албатта, барои мувофиқат кардан ба меъёрҳои одилонаи Худо мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Лекин, ин кӯшишҳои мо арзандаанд, зеро ба мо манфиати зиёд меоранд, масалан тарзи ҳаёте, ки ба саломатии хуб мусоидат мекунад, муносибати хуб бо дигарон ва номи нек назди Худо. (Ишаъё 48:17, 18–ро бихонед.)

13, 14. Ба ҳамаи масеҳиён чӣ гуна масъулият супурда шудааст ва мо бояд ба он чӣ тавр муносибат кунем?

13 Ҳамчунин дар хотир дошта бошед, ки худи идоракунанда низ кореро ба ӯҳда дошт. Дар бораи мо низ чунин гуфтан мумкин аст. Ба мо атои бебаҳо — дониши ҳақиқат — дода шудааст. Худо аз мо интизор аст, ки мо ин донишро ба дигарон расонем (Мат. 28:19, 20). Павлус навишта буд: «Ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисоб кунад» (1 Қӯр. 4:1). Павлус мефаҳмид, ки ин идоракунӣ маънои онро дорад, ки ӯ бояд «асрори Худо»–ро қадр мекард ва ҳамчунин онро ба дигарон таълим медод, чӣ тавре ки Оғояш, Исои Масеҳ ба ӯ амр фармуда буд (1 Қӯр. 9:16).

14 Беш аз ин, ба дигарон нақл кардани ҳақиқат, аз муҳаббат шаҳодат медиҳад. Албатта, вазъияти як масеҳӣ аз дигараш фарқ мекунад, аз ин рӯ на ҳама дар хизмат як хел иштирок карда метавонанд. Ва Яҳува инро мефаҳмад. Муҳим он аст, ки ҳар яки мо дар хизмати Ӯ ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем. Ҳамин тавр мо ба Худо ва одамон муҳаббати беғаразона зоҳир мекунем.

МУҲИМИЯТИ САДОҚАТМАНДӢ

15–17. а) Чаро муҳим аст, ки идоракунанда содиқ бошад? б) Бо кадом мисол Исо натиҷаи норасоии садоқатмандиро қайд намуд?

15 Принсипи сеюм, ки бо ду принсипи дар боло зикршуда зич алоқаманд аст, чунин мебошад: мо бояд шахсони содиқу боваринок бошем. Идоракунанда метавонад бисёр хислату қобилиятҳои хуб дошта бошад, лекин агар ӯ нисбати оғояш бемасъулиятӣ ва бевафоӣ кунад, ягон қобилияти ӯ арзише нахоҳад дошт. Садоқатмандӣ барои идоракунандаи босамар ва муваффақ будан хеле муҳим аст. Ба хотир оред, ки Павлус навишта буд: «Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд» (1 Қӯр. 4:2).

16 Агар мо содиқ бошем, Яҳува моро мукофот медиҳад ва дар ин шубҳае нест. Агар мо содиқ набошем, ин бар зарари худи мо хоҳад буд. Ин принсип дар масали Исо оиди талантҳо аён аст. Он ғуломоне, ки содиқона ба оғояшон хизмат карда ба ӯ фоида оварданд, сазовори таҳсин гаштанд ва соҳиби баракатҳои зиёд шуданд. Лекин ғуломеро, ки нисбати чизи ба ӯ супурдашуда бемасъулиятӣ зоҳир намуд, оғояш маҳкум кард ва ӯро «шарир», «танбал» ва «нобакор» номид. Таланти ба ӯ додашуда аз вай гирифта шуд ва худи ғуломро ба берун партофтанд. (Матто 25:14–18, 23, 26, 28–30-ро бихонед.)

17 Дар мавриди дигар Исо қайд намуд, ки зоҳир накардани садоқатмандӣ чӣ гуна натиҷа хоҳад дошт. Ӯ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амалдоре дошт ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд; вайро ҷеғ зада, гуфт: “Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошӣ”» (Луқ. 16:1, 2). Азбаски идоракунанда дороии оғояшро исроф намуд, ӯ вайро аз вазифааш озод кард. Чӣ дарси огоҳкунандае барои мо! Мо албатта мисли ин ғуломи исрофкор рафтор кардан намехоҳем, балки мехоҳем, ки нисбати чизҳои аз мо дарталаббуда ҳамеша содиқ бошем.

МУҚОИСА КАРДАНИ ХУД БО ДИГАРОН — ОЁ ИН АЗ РӮИ ХИРАД АСТ?

18. Чаро мо набояд худро бо дигарон муқоиса кунем?

18 Ҳар яки мо аз худ пурсида метавонад: «Ман ба сифати кори идоракуниам чӣ гуна баҳо медиҳам?» Ин душвор буда метавонад, агар мо худро бо дигарон муқоиса кунем. Китоби Муқаддас ба мо насиҳат медиҳад: «Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре» (Ғал. 6:4). Ба ҷои он ки худро бо дигарон муқоиса намоем, мо бояд диққатамонро ба он чизе, ки шахсан худамон карда метавонем, равона созем. Ин моро на танҳо аз ҳавобаландӣ муҳофизат мекунад, балки ҳамчунин кӯмак мерасонад, ки рӯҳафтода нашавем. Барои муайян кардани қуввату имконияти худ мо бояд эътироф кунем, ки вазъияту шароити мо тағйир ёфта метавонад. Шояд аз сабаби саломатии бад, синну сол ё гуногунии масъулиятҳо мо ҳар он чиро, ки пеш мекардем, ҳоло карда наметавонем. Аз тарафи дигар, мо вазъиятҳои худро санҷида шояд ба хулоса меоем, ки аз ҳозира дида кори бештареро иҷро карда метавонем. Агар чунин бошад, оё шумо метавонед, ки иштирокатонро дар хизмат бештар гардонед?

19. Агар ягон масъулиятро ба ӯҳдаи мо нагузоранд, чаро мо набояд рӯҳафтода шавем?

19 Чизи дигаре, ки мо дида мебароем, ин масъулиятҳое мебошанд, ки мо дорем ё онҳоро доштан мехоҳем. Масалан, бародаре шояд мехоҳад, ки чун пири ҷамъомад хизмат кунад ё барои баромад кардан дар анҷуманҳо таъин шавад. Хуб мебуд, ки мо барои мувофиқат кардан ба чунин масъулиятҳо сахт кӯшиш кунем ва ҳатто агар онҳоро дар вақти мехостагиамон ба ӯҳдаи мо насупоранд ҳам, рӯҳафтода нашавем. Эҳтимол аз сабабҳои ба мо то ба охир нофаҳмо баъзе масъулиятҳоро шояд муддати дарозтаре интизор шудан лозим меояд. Ба хотир оред, ки ба назар чунин метофт, ки Мусо барои аз Миср баровардани исроилиён тайёр буд, лекин ба ӯ лозим омад, ки инро 40 сол интизор шавад. Ин вақт ба ӯ имконият дод, то хислатҳоеро дар худ инкишоф диҳад, ки барои роҳнамоӣ кардани халқи гарданшаху исёнкор лозим буданд (Аъм. 7:22–25, 30–34).

20. Мо аз мисоли Йӯнотон чӣ дарсе гирифта метавонем?

20 Баъзан чунин шуда метавонад, ки ин ё он масъулият ба ӯҳдаи мо умуман гузошта намешавад. Йӯнотон маҳз бо чунин вазъият рӯ ба рӯ шуда буд. Ӯ писари Шоули подшоҳ буд ва аз ин сабаб бояд бар тамоми Исроил подшоҳ таъин мешуд. Лекин Худо Довудро, ки аз Йӯнотон хеле ҷавонтар буд, чун подшоҳ интихоб намуд. Йӯнотон ба ин чӣ тавр муносибат кард? Ӯ ин қарори Яҳуваро қабул кард ва ҳатто ҳаёти худро зери хатар гузошта Довудро дастгирӣ намуд. Ӯ ба Довуд чунин гуфт: «Ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд» (1 Подш. 23:17). Аз ин чӣ гуна хулоса баровардан мумкин аст? Йӯнотон баръакси падараш ба вазъияти худ тан дод ва нисбати Довуд ҳасад намебурд. Ба ҷои он ки аз масъулияте, ки дигарон ба ӯҳда мегиранд, ҳасад барем, беҳтар аст, ки ҳамаи мо диққатамонро ба иҷро кардани масъулиятҳои аллакай доштаамон равона созем. Мо боварӣ дошта метавонем, ки дар дунёи нав Яҳува хоҳишҳои дурусти тамоми хизматгоронашро қонеъ хоҳад гардонд.

21. Мо бояд ба кори идоракунии худ чӣ гуна муносибат кунем?

21 Биёед дар хотир дорем, ки чун идоракунандагони эътимоднок мо дар ғуломие, ки бо зулму ситам ва гиряву нола алоқаманд аст, қарор надорем. Баръакс, мо аз ҳурмату эҳтиром ва боварие, ки нисбати мо зоҳир карда мешавад, баҳра мебарем. Ба мо коре супорида шудааст, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешавад, яъне мавъизаи хушхабар дар рӯзҳои охири ин тартибот. Ва мо бояд дар хотир дорем, ки чӣ тавр иҷро кардани масъулиятҳоямон дар ихтиёри мост, зеро ба мо озодии зиёде дода шудааст. Пас, биёед идоракунандагони содиқ бошем. Ва бигзор мо имконияти ба бузургтарин Шахси олам хизмат карданро қадр кунем.

[Эзоҳ]

a Калимаҳое, ки аз забони ибронӣ ва юнонӣ дар Китоби Муқаддас чун «гумошта», «муваккал» ва «амалдор» тарҷума шудаанд, ба шахсе ишора мекунанд, ки барои идора ва назорат кардани дороӣ ва хонаи шахси дигар таъин шудааст. Аз ин рӯ дар ин мақола ба ҷои ин калимаҳо калимаи «идоракунанда» истифода бурда мешавад.

[Тасвир дар саҳифаи 14]

Биёед масъулиятҳои ба ӯҳда доштаамонро содиқона иҷро кунем

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан