Барои паноҳ ёфтан дар дараи Яҳува бимонед
«Худованд... бо он халқҳо ҷанг хоҳад кард, мисли он рӯзе ки Ӯ, дар рӯзи ҳарбу зарб, ҷангида буд» (ЗАК. 14:3).
1, 2. Кадом ҷанги ҳақиқӣ хеле наздик аст ва дар он вақт ба ходимони Худо чӣ кор кардан лозим намешавад?
МИЛЛИОНҲО сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 30 октябри соли 1938 тавассути радио барномаи машҳуреро, ки дар он саҳначаҳои театрӣ пахш мешуданд, гӯш мекарданд. Шоми он рӯз дар ин барнома саҳначае, ки бар асари илмӣ-фантастикии «Ҷанг байни оламҳо» асос ёфта буд, садо медод. Дар ин саҳнача ҳунарпешагоне, ки нақши барандагони барномаи ахборотиро мебозиданд, эълон мекарданд, ки сокинони сайёраи Марс ба замин ҳуҷум оварда онро несту нобуд карда истодаанд. Ҳарчанд эълон шуда буд, ки ин як саҳнача аст, бисёри шунавандагон он ҳамларо аслӣ фикр карда ба ҳарос афтиданд. Баъзеҳо ҳатто барои худро аз «сокинони сайёраи дигар» муҳофизат кардан чораҳои муайян андешиданд.
2 Имрӯз ҷанги ҳақиқӣ хеле наздик аст. Лекин одамон нисбати он бепарвоянд. Оиди ин ҷанг на дар асари фантастикӣ, балки дар Каломи илҳомбахшидаи Худо — Китоби Муқаддас навишта шудааст. Ин ҷанг Ҳармиҷидӯн ном дорад — ҷанги Худо зидди ин тартиботи шарирона (Ваҳй 16:14–16). Дар ин ҷанг ба ходимони заминии Худо лозим намеояд, ки худро аз сокинони сайёраи дигар муҳофизат кунанд. Лекин ба ҳар ҳол онҳо аз воқеаҳои ғайриоддӣ ва дидани корҳои бузурги Худо ба ҳаяҷон меоянд.
3. Кадом пешгӯиро мо дида мебароем ва чаро он барои мо ҷолиби диққат аст?
3 Пешгӯии Китоби Муқаддас аз боби 14-уми китоби Закарё ба мо оиди ҷанги Ҳармиҷидӯн маълумот медиҳад. Ҳарчанд ин пешгӯӣ тақрибан 2 500 сол пеш навишта шудааст, он имрӯз низ ба ҳаёти мо дахл дорад (Рум. 15:4). Маълумоти зиёди дар он навишташуда бо воқеаҳое, ки бо халқи Худо аз соли 1914 — аз замони дар осмон подшоҳ гаштани Масеҳ — рӯй дода истодаанд, алоқаманд аст. Ин пешгӯӣ ҳамчунин ба мо оиди воқеаҳои ҳаяҷоноваре, ки дар ояндаи хеле наздик ба амал меоянд, хабар медиҳад. Дар он инчунин оиди «дараи бисёр калон» ва «обҳои зинда» гуфта шудааст (Зак. 14:4, 8). Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки ин дара чист ва чӣ тавр ибодаткунандагони Яҳува дар он паноҳ ёфта метавонанд. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки «обҳои зинда» барои мо чӣ маъно доранд ва чӣ тавр мо аз онҳо манфиат гирифта метавонем. Дар натиҷа, мо на танҳо зарурияти нӯшидани ин обро мефаҳмем, балки ҳамчунин ба нӯшидани он хоҳиш пайдо хоҳем кард. Бодиққат дида баромадани ин пешгӯӣ бароямон манфиатбахш аст (2 Пет. 1:19, 20).
«РӮЗИ ХУДОВАНД ФАРО МЕРАСАД»
4. а) «Рӯзи Худованд» кай сар шуд? б) Даҳсолаҳо пеш аз соли 1914 ходимони Яҳува чиро эълон мекарданд ва пешвоёни сиёсиву динӣ ба ин чӣ гуна муносибат карданд?
4 Боби 14-уми китоби Закарё бо суханони зерин сар мешавад: «Рӯзи Худованд фаро мерасад». (Закарё 14:1, 2-ро бихонед.) Ин чӣ гуна рӯз аст? Ин рӯзест, ки дар он «салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ» гашт (Ваҳй 1:10; 11:15). Он соли 1914, ҳангоми дар осмон барпо шудани Салтанати Масеҳоӣ, сар шуд. Даҳсолаҳо пеш аз ин, ходимони Яҳува ба халқҳо эълон мекарданд, ки анҷоми «даврони ғайрияҳудиён» бояд соли 1914 ба вуқӯъ ояд ва мегуфтанд, ки бо ин давраи пуразобе, ки аз ин пеш инсоният онро надида буд, сар хоҳад шуд (Луқ. 21:24). Халқҳо ба ин чӣ тавр муносибат карданд? Ба ҷои он ки ба ин огоҳии саривақтӣ диққат диҳанд, пешвоёни сиёсӣ ва динӣ он тадҳиншудагонро, ки бо ҷидду ҷаҳд хушхабарро мавъиза мекарданд, таҳқиру таъқиб менамуданд. Бо ин корашон пешвоёни сиёсӣ ва динӣ худи Худои Қодирро тамасхур мекарданд, зеро элчиёни тадҳиншуда «Ерусалими осмонӣ» — Салтанати Масеҳоиро, ки қисми онанд, намояндагӣ мекунанд (Ибр. 12:22, 28).
5, 6. а) Халқҳо ба муқобили «шаҳр» ва шаҳрвандони он чӣ кор карданд? б) Ибораи «бақияи қавм» ба кӣ ишора мекунад?
5 Оиди он ки душманон бо халқи Худо чӣ кор мекунанд, Закарё чунин пешгӯӣ карда буд: «Шаҳр [Ерусалим] забт хоҳад шуд». «Шаҳр» рамзи Салтанати Масеҳоии Худо мебошад. Дар замин ин «шаҳр»-ро бақияи масеҳиёни тадҳиншуда, ки шаҳрвандони он мебошанд, намояндагӣ мекунанд (Фил. 3:20). Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ аъзоёни ташкилоти заминии Яҳува, ки масъулияти зиёдро ба ӯҳда доштанд, «забт» ё ҳабс карда шуданд ва ба маҳбаси шаҳри Атланта (иёлоти Ҷорҷия, ИМА) фиристода шуданд. Дар ин беадолатиҳо «хонаҳо тороҷ» гардиданд ва он бародарон ва дигар ходимони содиқи Худо, ки ягон гуноҳ надоштанд, бо муносибати бераҳмона дучор шуданд. Мухолифон бо манъ намудани адабиётҳо ва маҳдуд кардани кори мавъиза ба маъное молу мулкеро, ки бақияи тадҳиншудагон истифода мебурданд, «тороҷ» карданд.
6 Ҳарчанд мухолифон аз халқи Худо зиёдтар буданд ва онҳоро тӯҳмату таъқиб мекарданд, ин душманон ибодати ҳақиқиро несту нобуд карда натавонистанд. «Бақияи қавм», яъне бақияи тадҳиншудагон садоқатмандиашонро ба Худо нигоҳ доштанд ва «аз шаҳр маҳв» нашуданд.
7. Намунаи масеҳиёни тадҳиншуда тамоми ходимони имрӯзаи Худоро ба чӣ бармеангезад?
7 Оё ин пешгӯӣ бо анҷом ёфтани Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ пурра иҷро шуд? Не. Баъди он бақияи тадҳиншудагон ва ҳамроҳони содиқи онҳо, ки умеди заминӣ доранд, гирифтори таъқиботҳои бештар гаштанд (Ваҳй 12:17). Ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ исботи ин аст. Намунаи тадҳиншудагони содиқ ходимони имрӯзаи Худоро бармеангезад, ки ба ҳар гуна душвориҳо тоб оранд, аз он ҷумла ба муқобилияти хешовандони ҳамимоннабуда, ҳамкорон ё ҳамсинфоне, ки онҳоро аз боиси имонашон масхара мекунанд (1 Пет. 1:6, 7). Новобаста аз ҷои зисташон ибодаткунандагони ҳақиқии Худо аз ҳарвақта бештар мехоҳанд, ки «дар як рӯҳ қоим» бошанд ва «аз душманон»-ашон натарсанд (Фил. 1:27, 28). Пас, дар ин ҷаҳоне, ки аз онҳо нафрат дорад, халқи Яҳува дар куҷо паноҳ ёфта метавонад? (Юҳ. 15:17–19).
ЯҲУВА «ДАРАИ БИСЁР КАЛОН» БА ВУҶУД МЕОРАД
8. а) Кӯҳҳо дар Китоби Муқаддас рамзи чӣ буда метавонанд? б) «Кӯҳи Зайтун» чиро тасвир мекунад?
8 Азбаски Ерусалим, яъне «шаҳр» рамзи Ерусалими осмонӣ аст, «кӯҳи Зайтун, ки... рӯ ба рӯи Ерусалим аст», бояд ҳамчунин ба маънои рамзӣ фаҳмида шавад. Ин кӯҳ чиро тасвир мекунад? Чӣ тавр он «аз миёнаш... ду тақсим шуда» ба ду кӯҳ табдил ёфт? Чаро Яҳува онҳоро «кӯҳҳои Ман» номид? (Закарё 14:3–5-ро бихонед.) Дар Китоби Муқаддас баъзан кӯҳҳо ба салтанатҳо ё ҳокимиятҳо ишора мекунанд. Ҳамчунин баракат ва муҳофизат бо кӯҳи Худо алоқаманд аст (Заб. 71:3; Иш. 25:6, 7). Ҳамин тавр, кӯҳи Зайтун, ки аз тарафи шарқии Ерусалим аст, ба ҳокимияти олии Яҳува ишора менамояд.
9. Ба кадом маъно «кӯҳи Зайтун» ду тақсим шуд?
9 Дар пешгӯӣ гуфта шудааст, ки «кӯҳи Зайтун аз миёнаш» ду тақсим хоҳад шуд. Тақсим шудани кӯҳе, ки аз тарафи шарқии Ерусалим ҷойгир аст, маънои онро дорад, ки Яҳува ҳокимияти дигаре барпо мекунад. Ин ҳокимияти дуюмдараҷа Салтанати Масеҳоӣ мебошад, ки Яҳува Исои Масеҳро подшоҳи он таъин кардааст. Ана барои чӣ Яҳува ин ду кӯҳро, ки дар натиҷаи тақсим кардани «кӯҳи Зайтун» ба вуҷуд омаданд, «кӯҳҳои Ман» номид (Зак. 14:4, 5). Бале, ҳар ду кӯҳ аз они Ӯст.
10. «Дараи бисёр калон», ки дар мобайни ду кӯҳ пайдо шуд, чиро тасвир мекунад?
10 Вақте ки кӯҳи рамзӣ ба тарафи шимолу ҷануб ду тақсим шуд, пойҳои Яҳува дар болои ҳар ду қисми он монданд. Зери пойҳои Яҳува «дараи бисёр калон» пайдо шуд. Ин дараи рамзӣ паноҳгоҳеро, ки Яҳува медиҳад, тасвир мекунад. Чӣ тавре ки одамон дар дараи байни ду кӯҳ воқеъбуда паноҳ меёбанд, ҳамин тавр ходимони Яҳува зери ҳокимияти Ӯ ва ҳокимияти Писараш паноҳ меёбанд. Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ибодати пок несту нобуд шавад. Кӯҳи Зайтун кай тақсим шуд? Ин вақте рӯй дод, ки соли 1914 даврони ғайрияҳудиён ба охир расид ва Салтанати Масеҳоӣ барпо шуд. Аз кадом вақт ибодаткунандагони ҳақиқӣ ба дараи рамзӣ гурехтанро сар карданд?
ХАЛҚИ ЯҲУВА БА ДАРАИ Ӯ МЕГУРЕЗАД
11, 12. а) Кай ходимони Худо ба дараи рамзӣ гурехтанро сар карданд? б) Чӣ исбот мекунад, ки дасти пурзӯри Яҳува ҳоло бар халқаш аст?
11 Исо шогирдони худро огоҳ карда гуфт: «Ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт» (Мат. 24:9). Дар давоми рӯзҳои охири ин тартибот, аз соли 1914 сар карда, ин адоват ё нафрат пурзӯртар гашт. Нигоҳ накарда ба он ки дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ душманон ба бақияи тадҳиншудагон бераҳмона ҳамла мекарданд, ин масеҳиёни содиқ нест нашуданд. Соли 1919 онҳо аз чанголи Бобили Бузург — империяи ҷаҳонии дини дурӯғин — озод шуданд (Ваҳй 11:11, 12)a. Маҳз ҳамон вақт ба дараи кӯҳҳои Яҳува гурехтани ходимони Ӯ оғоз ёфт.
12 Аз соли 1919 инҷониб ходимони Яҳува аз саросари ҷаҳон дар дараи рамзии Ӯ паноҳ меёбанд. Дар давоми даҳсолаҳо давлатҳои зиёд ба кори мавъиза маҳдудият мегузоштанд ва адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаи Шоҳидони Яҳуваро манъ мекарданд. Чунин маҳдудиятҳо то ҳол дар баъзе мамлакатҳо вуҷуд доранд. Лекин, ин кӯшишҳои халқҳо барои несту нобуд кардани ибодати ҳақиқӣ муваффақият наёфтанд ва нахоҳанд ёфт! Бале, дасти пурзӯри Яҳува ҳамеша бо ходимонаш хоҳад буд (Такр. Ш. 11:2).
13. Мо бояд чӣ кор кунем, то дар дараи Яҳува, ки моро муҳофизат мекунад, бимонем ва чаро ҳоло ин назар ба ҳарвақта муҳим аст?
13 Агар мо ба Яҳува бичаспем ва дар роҳи ҳақиқат устувор бимонем, мо дар дараи Яҳува паноҳ меёбем. Ӯ ва Писараш, Исои Масеҳ, ба касе ё чизе намегузоранд, ки моро аз муҳофизати онҳо маҳрум созад (Юҳ. 10:28, 29). Яҳува тайёр аст, ки ба мо ҳар гуна кӯмаки лозимаро пешниҳод кунад, то мо ба Ӯ чун ба Ҳокими Даҳр итоат кунем ва минбаъд низ тобеони содиқи Салтанати Масеҳоӣ бошем. Ин кӯмак ба мо дар мусибати бузург, ки босуръат наздик шуда истодааст, аз пештара ҳам бештар лозим хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳоло назар ба ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар ин дараи Яҳува, ки моро муҳофизат мекунад, бимонем.
РӮЗИ ҶАНГИ ХУДО ФАРО МЕРАСАД
14, 15. Дар рӯзи ҷанги Худованд бо онҳое, ки берун аз «дараи бисёр калон» мебошанд, чӣ рӯй хоҳад дод?
14 Бо наздикшавии анҷоми ин тартибот Шайтон ҳамлаҳои худро ба ходимони Яҳува пурзӯртар мекунад. Лекин, ба қарибӣ Шайтон бори охир ба халқи Худо ҳамла мекунад. Он рӯз Худо бар зидди душманони худ хоҳад ҷангид ва нисбат ба дигар рӯзҳои «ҳарбу зарб» худро бештар чун Ҷанговари бемислу монанд нишон хоҳад дод (Зак. 14:3).
15 Дар рӯзи ҷанги Худованд бо онҳое, ки берун аз «дараи бисёр калон» мебошанд, чӣ рӯй хоҳад дод? Онҳо «рӯшноӣ»-ро нахоҳанд дид, яъне бар чунин одамон илтифоти Худо нахоҳад дурахшид. Дар он рӯзи ҷанг «аспон, хачирон, шутурон ва харон, ва ҳамаи чорпоён», ки рамзи олоти ҷангӣ мебошанд, корношоям мегарданд, мисли он ки «ях баста» бошанд. Яҳува ҳамчунин вабо ва «офат»-ро истифода мебарад. Ва ин офат хоҳ ба маънои аслӣ бошад, хоҳ не суханони таҳдидомези душманонро хомӯш мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар он рӯз чашмони онҳо «дар косахонаи он хоҳад пӯсид, ва забонаш[он] дар даҳонаш[он] фасод» хоҳанд шуд. Ин пешгӯӣ маънои онро дорад, ки мухолифон мисли кӯрон ҷанг хоҳанд кард ва дигар дағалона сухан нахоҳанд гуфт (Зак. 14:6, 7, 12, 15). Шумораи онҳое, ки дар ин ҷанг тарафи Шайтонро ишғол мекунанд, хеле зиёд хоҳад буд. Лекин ҳамаи онҳо несту нобуд мешаванд ва ягон гӯшаи замин барояшон паноҳгоҳ шуда наметавонад. (Ваҳй 19:19–21). «Дар он рӯз мақтулони Худованд [онҳое, ки Яҳува нест мекунад] аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд» (Ирм. 25:32, 33).
16. Ба мо оиди кадом саволҳо мулоҳиза рондан лозим аст ва дар вақти мусибати бузург мо бояд чӣ кор кунем?
16 Ҷанг ҳамеша бо худ дарду азоб меорад ва ҳатто ба онҳое, ки дар он ғолиб мебароянд, зарари худро мерасонад. Масалан, одатан дар натиҷаи ҷанг норасоии хӯрок дида мешавад, одамон дороии худро аз даст медиҳанд, сатҳи зиндагӣ паст мешавад ва озодии шаҳрвандон маҳдуд мегардад. Агар чунин душвориҳо ба сари мо оянд, мо ба ин чӣ гуна муносибат мекунем? Оё мо ба ваҳму воҳима меафтем? Оё зери озмоиш аз имони худ рӯй мегардонем? Оё умедамонро гум карда рӯҳафтода мешавем? То чӣ андоза муҳим аст, ки дар давоми мусибати бузург имонамонро ба Яҳува ва ба қувваи наҷотбахши Ӯ нигоҳ дорем ва дараи Яҳуваро тарк накунем! (Ҳабаққуқ 3:17, 18-ро бихонед.)
«ОБҲОИ ЗИНДА» ҶОРӢ ХОҲАНД ШУД
17, 18. а) «Обҳои зинда» чиро тасвир мекунанд? б) «Баҳри шарқӣ» ва «баҳри ғарбӣ» ба чӣ ишора мекунанд? в) Дар алоқамандӣ бо оянда шумо ба чӣ азми қавӣ доред?
17 Пас аз Ҳармиҷидӯн аз тахти Салтанати Масеҳоӣ «обҳои зинда» беист ҷорӣ хоҳанд шуд. «Обҳои зинда» чорабиниҳоеро, ки Худо барои беохир зиндагӣ кардани одамон пешкаш мекунад, тасвир менамоянд. Дар пешгӯии Закарё «баҳри шарқӣ» ба Баҳри Мурда ишора мекунад, «баҳри ғарбӣ» бошад, ба Баҳри Миёназамин. Ҳар дуи ин баҳрҳо одамонро тасвир мекунанд. Баҳри Мурда рамзи мувофиқи шахсонест, ки дар қабристони умумии одамизод қарор доранд. Баҳри Миёназамин бошад, аз ҷонҳои зинда пур аст, аз ин рӯ он анбӯҳи бузурги одамонро, ки дар Ҳармиҷидӯн наҷот меёбанд, хуб тасвир мекунад. (Закарё 14:8, 9-ро бихонед; Ваҳй 7:9–15). Ҳамин тавр, ҳар ду гурӯҳи одамон обҳои зиндаро аз «дарёи покизаи оби ҳаёт» нӯшида аз гуноҳе, ки Одам мерос гузошт, озод мешаванд (Ваҳй 22:1, 2).
Барои дар дараи Яҳува мондан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед
18 Зери ҳимояи Яҳува мо ҳангоми несту нобудшавии ин тартиботи шарир наҷот меёбем ва ба дунёи нави одилонаи Худо дохил мешавем. Ҳарчанд ҳамаи халқҳо аз мо нафрат доранд, биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то минбаъд низ тобеони содиқи Салтанати Худо бошем ва дар дараи Яҳува, ки моро муҳофизат мекунад, бимонем.