ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Мо самимона мехостем, ки дар куҷое набошад ба Яҳува хизмат кунем
Пеш ман ҳеҷ гоҳ худам танҳо́ мавъиза накарда будам. Ҳар боре, ки ман ба хизмат мебаромадам, маро тарс фаро мегирифт ва ҳатто пойҳоям меларзиданд. Бар замми ин, дар он минтақа одамон хушхабарро нағз гӯш намекарданд. Баъзе одамон дарҳол ба қаҳр омада, таҳдид мекарданд, ки маро мезананд. Дар моҳи аввали чун пешрав хизмат карданам, ман танҳо як рисола тақсим кардаму халос! (Марк).
ИН ВОҚЕА соли 1949, зиёда аз 60 сол пеш рӯй дода буд, вале таърихе, ки ман ҳоло нақл карданиам, хеле пештар сар шудааст. Падари ман Ҳендрик, чун мӯзадӯз ва боғбон дар Дондерен (қишлоқи майда дар шимоли Дренте, Нидерландия) кор мекард. Ман соли 1927 дар он ҷо таваллуд шудам ва дар байни ҳафт фарзанд чорумин будам. Хонаи мо дар роҳи чиркини қишлоқ воқеъ буд. Аксарияти ҳамсояҳоямон бо чорводорӣ машғул буданд ва ба ман ҳаёти деҳот маъқул буд. Соли 1947, вақте ки ман 19-сола будам, аз ҳамсояамон Тевнис Бин ҳақиқатро шунидам. Дар ёдам ҳаст, ки вақте якум бор ман ин мардро дидам, вай ба ман маъқул нашуда буд. Аммо чанде пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, Тевнис Шоҳиди Яҳува гашт. Ва ман аҳамият додам, ки ӯ аз пештара дида хеле меҳрубон шудааст. Дигар шудани хислати вай диққати маро ҷалб кард, барои ҳамин, вақте ки ӯ дар бораи ваъдаи Худо оиди биҳишти заминӣ нақл мекард, ман ӯро гӯш мекардам. Ман дарҳол ҳақиқатро қабул кардам ва мо дӯстони якумра шудемa.
Ман моҳи майи соли 1948 мавъизакуниро сар кардам ва як моҳ пас, 20 июн дар анҷумани шаҳри Утрехт таъмид гирифтам. 1 январи соли 1949 ман хизмати пешравиро сар кардам ва ба шаҳри Боркуло, (ғарби Нидерландия) ба ҷамъомади хурде таъин шудам. Барои ба он ҷо кӯчидан 130 километр роҳро тай кардан лозим буд, аз ин рӯ, қарор кардам, ки ба он ҷо бо велосипедам меравам. Ман фикр кардам, ки ин роҳ 6 соат давом мекунад, лекин аз сабаби борони тез ва шамоли сахт роҳ 12 соат тӯл кашид ва ҳатто 90 километри боқимондаро ман бо қатора тай намудам! Ниҳоят, бевақтии шом, ман ба ҷои лозима, ба хонаи як оилаи Шоҳидон расидам ва ҳангоми дар он маҳал чун пешрав хизмат карданам бо он оила зиндагӣ мекардам.
Дар он солҳои баъдиҷангӣ одамон хеле камбағал буданд. Ҳама чизе, ки ман доштам ин як костюм ва ду шим буд. Костюмам аз ҳад калон ва шимҳоям бошанд, хеле кӯтоҳ буданд! Чӣ тавре ки дар сарсухан қайд кардам, моҳи аввали хизмат дар Боркуло бароям душвор буд, лекин Яҳува бо якчанд омӯзиши Китоби Муқаддас маро баракат дод. Баъди нӯҳ моҳ ман ба шаҳри Амстердам таъин шудам.
АЗ ДЕҲОТ БА ШАҲР
Ман, як ҷавони деҳотӣ, акнун дар шаҳри калонтарини Нидерландия, Амстердам қарор доштам. Хизмат дар он ҷо хеле самаранок буд. Моҳи аввал ман назар ба нӯҳ моҳи гузашта, адабиёти бисёртар паҳн кардам. Дере нагузашта, ман на кам аз ҳашт омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам. Баъд аз чун ходими ҷамъомад таъин шуданам, (имрӯз координатори ҳайати пирон номида мешавад) ба ман супориш доданд, ки бо якум нутқи оммавӣ баромад кунам, ки ман аз ин каме ба воҳима афтодам. Вале пеш аз рӯзи баромад карданам, маро ба дигар ҷамъомад таъин карданд, ки ман аз ин оҳи сабуке кашидам. Он вақт ҳатто дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки бо гузашти солҳо ман зиёда аз 5 000 бор бо нутқ баромад мекунам!
Дар боло: Соли 1950, Марк (аз тарафи рост) дар кӯчаи шаҳри Амстердам мавъиза карда истодааст
Моҳи майи соли 1950 маро ба шаҳри Харлем таъин карданд. Баъдтар ба ман чун нозири ноҳиявӣ хизмат карданро пешкаш намуданд, ки баъди ин се рӯз хобам набурд. Ман ба бародар Роберт Винклер, ки дар филиал хизмат мекард, ҳиссиётамро баён карда, гуфтам, ки аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонам. Вале ӯ ба ман гуфт: «Фақат анкетаро пур кун, корро бошад ёд мегирӣ». Каме баъд, ман як моҳ таълим гирифта, чун нозири ноҳиявӣ хизматро сар кардам. Ҳангоми ба яке аз ҷамъомадҳо ташриф оварданам, ман бо Яни Татген, хоҳари хандонрӯе, ки пешрав буд, шинос шудам. Ӯ Яҳуваро хеле дӯст медошт ва рӯҳияи фидокорӣ зоҳир мекард. Мо соли 1955 оиладор шудем. Лекин пеш аз он ки ман нақламро давом диҳам, Яни нақл мекунад, ки чӣ тавр ӯ пешрав шуд ва чӣ хел мо бо ҳам вохӯрдем.
ЧУН ҲАМСАРОН ЯКҶОЯ ХИЗМАТ МЕКУНЕМ
Яни: Модарам соли 1945, вақте ки ман 11-сола будам, Шоҳиди Яҳува шуд. Ӯ дарҳол фаҳмид, ки бояд бо се фарзандаш Китоби Муқаддасро омӯзиш кунад, лекин падарам ба ҳақиқат зид буд, барои ҳамин модарам ҳангоми дар хона набудани ӯ моро таълим медод.
Якумин вохӯрие, ки ман ба он рафта будам, анҷумани шаҳри Гааги буд, ки соли 1950 шуда гузашт. Як ҳафта пас, ман бори аввал ба ҷамъомади маҳаллии шаҳри Ассен ташриф овардам. Падарам аз ин ба ғазаб омад ва маро аз хона пеш кард. Модарам ба ман гуфт: «Ту дар куҷо зиндагӣ карданатро медонӣ». Ман фаҳмидам, ки вай хонаи бародарону хоҳарони рӯҳониро дар назар дошт. Дар аввал ман ба хонаи як оилаи Шоҳидон, ки дар наздикӣ зиндагӣ мекарданд, кӯчидам. Вале дар он ҷо ҳам, падарам маро ором нагузошт, аз ин рӯ ман ба шаҳри Девентер, ки аз хонаамон тахминан 95 километр дур буд, кӯчидам. Лекин азбаски ман ноболиғ будам, падарам аз тарафи давлат дучори душворӣ гашт, чунки барои маро аз хона пеш кардан ҳақ надошт. Дар натиҷа, вай ба ман гуфт, ки ба хона баргардам. Ҳарчанд падарам ҳақиқатро қабул накарда бошад ҳам, оқибат ӯ ба ман иҷозат дод, ки ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад ва мавъиза равам.
Дар поён: Соли 1952, Яни (аз тарафи рост) чун пешрави ёвар хизмат мекард
Чанде пас аз ба хона баргаштанам модарам сахт бемор шуд ва ҳамаи корҳои хона ба ӯҳдаи ман буд. Нигоҳ накарда ба ин, ман рӯҳан рушд мекардам ва соли 1951, дар синни 17-солагӣ таъмид гирифтам. Соли 1952, баъди сиҳат шудани модарам, ман ҳамроҳи се хоҳарони пешрав ду моҳ чун пешрави ёвар хизмат кардам. Мо дар киштие, ки чун хона таҷҳизонида шуда буд, зиндагӣ карда, дар ду шаҳрчаи Дренте мавъиза мекардем. Соли 1953 ман пешрави доимӣ шудам. Пас аз як сол, ба ҷамъомади мо нозири ноҳиявии ҷавоне ташриф овард. Вай Марк буд. Моҳи майи соли 1955 мо оиладор шудем, чунки фаҳмидем, ки якҷоя ба Яҳува боз ҳам беҳтар хизмат карда метавонем (Воиз 4:9–12).
Рост: Соли 1955, рӯзи тӯи мо
Марк: Баъди тӯямон, моро аввал ба шаҳри Вендам чун пешрав таъин карданд. Мо дар ҳуҷраи майдаяке, ки андозааш қариб 2 бар 3 метр буд, зиндагӣ мекардем. Бо вуҷуди ин, Яни он ҳуҷраро хубу бароҳат гардонда буд. Ҳар шаб мо як мизу ду курсиро ба роҳрав бароварда мемондем, то ба ҷои онҳо катҳои хобии худро кушоем.
Баъд аз шаш моҳ, мо ба Белгия барои чун нозири сайёр хизмат кардан, таклиф карда шудем. Соли 1955, дар он давлат ҳамагӣ қариб 4 000 воиз буд. Ҳоло бошад, дар он ҷо шумораи Шоҳидон шаш баробар зиёд шудааст! Дар Фландрия (шимоли Белгия) одамон бо забоне, ки дар Нидерландия аст, гап мезананд. Лекин дар Белгия талаффуз тамоман дигар аст, барои ҳамин, дар аввал мо бояд ин фарқияти забониро аз худ мекардем.
Яни: Чун нозири сайёр хизмат кардан дар ҳақиқат рӯҳияи худфидокориро талаб мекард. Мо ба ҷамъомадҳо бо велосипедамон мерафтем ва дар хонаи бародарону хоҳаронамон меистодем. Азбаски мо хонаву ҷои худро надоштем, мо дар хонаи ҳамимонон то рӯзи душанбе меистодем ва саҳари рӯзи сешанбе ба ҷамъомади дигар ташриф меовардем. Аммо мо ҳамеша ба хизмати худ чун баракат аз тарафи Яҳува нигоҳ мекардем.
Марк: Вақтҳои аввал дар ҷамъомадҳо мо ҳамаи бародарону хоҳаронро нағз намешинохтем, лекин онҳо хеле меҳрубону меҳмондӯст буданд (Ибр. 13:2). Дар давоми солҳо, мо ба ҳамаи ҷамъомадҳои олмонизабони Белгия якчанд бор ташриф овардем. Ин ба мо баракатҳои зиёд овард. Масалан, дар маҳалли олмонизабон мо қариб бо ҳамаи бародарону хоҳарон нағз шинос шудем ва онҳо барои мо хеле азиз гаштанд. Дар пеши назари мо садҳо ҷавонон ба камол расида, рӯҳан рушд мекарданд, худро ба Яҳува мебахшиданд ва кори Салтанатро дар ҳаёташон дар ҷои аввал мегузоштанд. Бисёрии онҳо ҳоло содиқона ба Яҳува пурравақт хизмат мекунанд, ки ин дар ҳақиқат хурсандиовар аст (3 Юҳ. 4). Чунин рӯҳбаландии дутарафа ба мо кӯмак мекард, ки дар таъиноти худ монда аз таҳти дил хизмат кунем (Рум. 1:12).
ДУШВОРИИ ҶИДДӢ ВА БАРАКАТИ ҲАҚИҚӢ
Марк: Аз рӯзи оиладоршавиамон мо орзу доштем, ки дар Мактаби Ҷилъод таҳсил кунем. Барои ҳамин, мо ҳар рӯз камаш як соат забони англисиро меомӯхтем. Лекин аз китобҳо ёд гирифтани забони англисӣ осон набуд, барои ҳамин мо қарор додем, ки дар вақти рухсатӣ (отпуск) ба Англия меравем ва дар рафти мавъиза бо англисӣ гап заданро машқ мекунем. Ниҳоят, соли 1963 аз идораи марказӣ дар Бруклин мо конверте гирифтем. Дар даруни он ду нома буд, якеаш ба ман ва дигараш ба Яни. Дар номаи ман таклиф шуда буд, ки ман ба курси синфи махсуси даҳмоҳаи Ҷилъод ташриф орам. Ин курс асосан барои он пешбинӣ шуда буд, ки бародарон оиди хуб иҷро кардани масъулиятҳояшон таълим гиранд ва ба онҳо оиди ба танзим даровардани кори мавъиза дастуротҳо дода шавад. Барои ҳамин, аз байни 100 таҳсилкунандае, ки таклиф шуда буданд, 82 нафарашон бародарон буданд.
Яни: Дар номаи ман бошад, хоҳиш карда мешуд, ки ман бо дуо мулоҳиза ронам, ки оё тайёрам ҳангоми дар Ҷилъод таҳсил кардани Марк дар Белгия монам. Рости гап, дар аввал ман ғамгин шудам. Ба назарам чунин намуд, ки кӯшишҳоеро, ки ман барои ба мақсад расидан мекардам, Яҳува баракат надод. Бо вуҷуди ин, ман ба худ хотиррасон кардам, ки мақсади Мактаби Ҷилъод — ин кӯмак кардан ба таҳсилкунандагон барои иҷрои кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ аст. Ва ман розӣ шудам, ки дар Белгия монам. Маро бо ду пешрави махсуси ботаҷриба Анна ва Мария Колпэрт, ба шаҳри Гент (Белгия) пешрави махсус таъин карданд.
Марк: Барои хубтар ёд гирифтани забони англисӣ маро панҷ моҳ пеш аз саршавии Мактаби Ҷилъод, ба Бруклин таклиф намуданд. Ман он ҷо дар Шӯъбаи хизматӣ ва Шӯъбаи ирсоли адабиётҳо кор кардам. Вақте ки ман дар идораи марказӣ хизмат мекардам ва барои ба Осиё, Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ фиристодани адабиётҳо кӯмак менамудам, ман дар бораи бародарияти умумиҷаҳониамон тасаввуроти бештар пайдо кардам. Ман хусусан бародар Макмилланро, ки дар рӯзҳои бародар Расселл чун нозири сайёр (пилигрим) хизмат мекард, дар ёд дорам. Ӯ он вақт аллакай пир буд ва гӯшҳояш тамоман намешуниданд, вале ӯ содиқона ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меовард. Намунаи ӯ ба ман таъсири калон расонд ва ба ман таълим дод, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд вохӯриҳои масеҳиро чизи муқаррарӣ ҳисоб кунем (Ибр. 10:24, 25).
Яни: Марк ва ман дар як ҳафта якчанд бор ба якдигар нома менавистем. Мо якдигарро хеле ёд карда будем! Вале Марк аз таълимгирӣ дар Ҷилъод хурсандӣ мегирифт, ман бошам дар хизмати худ шодмонии ҳақиқӣ меёфтам. Вақте ки Марк аз Иёлоти Муттаҳида ба хона баргашт, ман бо 17 кас омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам! Албатта, 15 моҳи ҷудоӣ аз якдигар барои мо душвор буд, лекин Яҳува моро барои қурбониҳое, ки кардем, баракат медод. Рӯзи баргаштани Марк тайёра тӯли якчанд соат дер кард ва ниҳоят вақте ки ӯ омада расид, мо якдигарро ба оғӯш гирифта, гиря мекардем. Аз он рӯз инҷониб, мо ҳамеша якҷоя будем.
МИННАТДОРӢ БАРОИ ҲАР ЯК НАМУДИ ХИЗМАТ
Марк: Вақте ки ман моҳи декабри соли 1964 аз Ҷилъод баргаштам, моро ба хизмати Байт-Ил таъин карданд. Он вақт мо намедонистем, ки ин таъиноти мо доимӣ нест. Ҳамагӣ се моҳ пас, моро ба Фландрия ба хизмати нозири ноҳиявӣ таъин карданд. Вақте ки ҷуфти ҳамсарон Алзен ва Элс Вегерсма чун миссионерон ба Белгия фиристода шуданд, онҳоро ба хизмати нозири ноҳиявӣ таъин намуданд ва мо бошем ба Байт-Ил баргаштем ва ман дар он ҷо дар Шӯъбаи хизматӣ кор мекардам. Аз соли 1968 то соли 1980 таъиноти мо якчанд бор аз хизмати Байт-Ил ба хизмати нозири ноҳиявӣ иваз шуд. Ниҳоят, аз соли 1980 то соли 2005, ман боз чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардам.
Ҳарчанд таъиноти мо тез-тез дигар мешуд, мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекардем, ки мо ҳаёти худро ба Яҳува барои аз таҳти дил хизмат кардан бахшидаем. Мо дар ҳақиқат аз ҳар як таъиноте, ки ба мо дода мешуд, хурсанд будем, зеро боварӣ доштем, ки мақсади ҳар як дигаргунӣ дар хизмати мо ин пеш бурдани кори Салтанат буд.
Яни: Ман хусусан хурсанд будам, ки ҳамроҳи Марк соли 1977 ба Бруклин ва соли 1997 ба Паттерсон сафар кардам, ки ӯ дар он ҷо чун аъзои Кумитаи Филиал таълимоти иловагӣ гирифт.
ЯҲУВА НИЁЗҲОИ МОРО МЕДОНАД
Марк: Соли 1982, Яни ҷарроҳиеро аз сар гузаронд ва баъди он саломатиаш хуб шуд. Се сол пас, дар шаҳри Левен, ҷамъомад меҳрубонона дар болохонаи Толори Салтанат ҳуҷраеро барои истиқомат ба мо пешкаш намуд. Дар давоми 30 сол, бори аввал мо хонаи худамонро доштем. Рӯзҳои сешанбе, вақте ки барои ташриф овардан ба ҷамъомаде чизҳоямонро ҷамъ мекардем, ба ман лозим меомад, ки якчанд бор аз 54 зинапоя фаромада бароям, то ки сумкаҳоямонро ба поён фарорам. Хушбахтона, соли 2002 мо тавонистем дар ошёнаи якум ҷойгир шавем. Баъд аз ба синни 78 даромаданам, моро ба шаҳри Локерен пешравони махсус таъин карданд. Мо хеле хурсандем, ки дар ин намуди хизмат иштирок мекунем ва то ҳол ҳар рӯз ба хизмат рафта метавонем.
«Мо медонистем, ки дар куҷо ва дар кадом таъинот хизмат кардани мо муҳим нест, балки муҳим он аст, ки мо ба кӣ хизмат мекунем»
Яни: Ману Марк чун ходими пурравақт ҳамагӣ зиёда аз 120 сол хизмат кардем. Мо дар ҳаёти худ ба ҳақ будани ваъдаи зерини Яҳува боварӣ ҳосил кардем: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5). Ҳамчунин мо фаҳмидем, ки агар мо содиқона ба Ӯ хизмат кунем, «аз ҳеҷ чиз камӣ» нахоҳем дошт (Такр. Ш. 2:7).
Марк: Дар ҷавонӣ мо худро ба Яҳува бахшидем. Мо ҳеҷ гоҳ барои худ чизҳои бузургро намеҷустем. Мо тайёр будем, ки ҳар гуна таъинотро қабул намоем, зеро мо медонистем, ки дар куҷо ва дар кадом таъинот хизмат кардани мо муҳим нест, балки муҳим он аст, ки мо ба кӣ хизмат мекунем.
a Бо гузашти солҳо падару модарам, апаам ва ду бародарам низ Шоҳиди Яҳува шуданд.