КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД
Онҳо ба ҳар як саволам аз Китоби Муқаддас ҷавоб доданд
СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1950
МАМЛАКАТ: ИСПАНИЯ
ДАР ГУЗАШТА: РОҲИБАИ КАТОЛИКӢ
ТАРҶУМАИ ҲОЛ:
Вақте ки ман таваллуд шудам, волидонам дар яке аз деҳаҳои вилояти Галисия (тарафи шимолу ғарбии Испания) хоҷагии хурде доштанд. Дар байни ҳашт фарзанди онҳо ман чорумин будам. Оилаи мо тинҷу осуда зиндагӣ мекард. Он вақтҳо дар Испания одатан аз ҳар як оила ақаллан яке аз фарзандон дар мактаби рӯҳонӣ ё монастир (ҷои иқомат ва ибодати роҳибон) дохил мешуд. Аз оилаи мо се кас ба ин роҳ рафтем.
Дар синни 13-солагӣ, ман ба апаи калониам, ки дар монастири шаҳри Мадрид мехонд, ҳамроҳ шудам. Дар он ҷо муҳити сарду номеҳрубонона ҳукмфармо буд. Дӯстӣ вуҷуд надошт. Аз мо танҳо риояи қоидаҳо, дуохонӣ ва дар ҳама чиз парҳезгории беҳад сахт талаб карда мешуд. Мо ҳар саҳар барои оиди чизҳои рӯҳонӣ мулоҳиза кардан дар ибодатхона ҷамъ мешудем, вале бисёр вақт ман оиди ҳеҷ чиз мулоҳиза намерондам. Баъдтар мо сурудҳои динӣ мехондем ва ибодати нисфирӯзиро ба ҷо меовардем. Ҳамаи инҳо бо забони лотинӣ мегузаштанд. Ман қариб ҳеҷ чизро намефаҳмидам ва ҳис мекардам, ки гӯё Худо аз ман хеле дур аст. Дар монастир рӯзҳо дар хомӯшӣ мегузаштанд. Ҳатто агар ману апаам бо ҳам вохӯрем ҳам, ба ҳамдигар ғайр аз гуфтани «Шараф бар Марями муқаддас» дигар чизе гуфта наметавонистем. Роҳибагон баъди хӯрдани таом барои гапзанӣ ҳамагӣ ним соат иҷозат медоданд. Чӣ фарқи калоне дошт ҳаёти он ҷо аз хушбахтие, ки ман дар хона доштам! Ман худро хеле танҳо ҳис мекардам ва бисёр мегиристам.
Ҳарчанд ман ҳеҷ гоҳ худро ба Худо наздик ҳис намекардам, дар синни 17-солагӣ ман роҳиба шудам. Аслашро гӯям, ман он чиро ки дигарон аз ман интизор буданд, иҷро мекардам, вале дере нагузашта дар ман чунин савол пайдо шуд, ки оё Худо ҳақиқатан мехоҳад, ки ман роҳиба бошам. Роҳибагон одатан мегуфтанд, ки онҳое, ки чунин шакку шубҳа доранд, ба дӯзахи оташин меафтанд! Вале шубҳаҳо маро тарк намекарданд. Ман медонистам, ки Исои Масеҳ роҳиби гӯшанишин набуд; баръакс, ӯ доим бо таълим додани одамон ва ёрӣ расондан ба онҳо банд буд (Мат. 4:23–25). Дар синни тахминан 20-солагӣ, ман барои роҳиба монданам ягон сабаби асосноке намедидам. Ва ғайри чашмдошти ман, рӯзе роҳибаи калони монастир ба ман гуфт, ки агар дудила бошам, беҳтараш ҳар чи зудтар аз он ҷо равам. Ба гумонам ӯ тарсид, ки дудилагии ман ба дигарон низ таъсир карда метавонад. Ва ман аз монастир рафтам.
Вақте ман ба хона баргаштам, волидонам ба ман хеле дилсӯзу меҳрубон буданд. Вале азбаски дар деҳоти мо кор набуд, ман ба Германия, ки яке аз додаронам он ҷо зиндагӣ мекард, сафар кардам. Додарам ба гурӯҳи коммунистони испанӣ тааллуқ дошт. Ман худро дар байни одамоне, ки барои ҳуқуқи коргарон ва баробарҳуқуқии занон мубориза мебурданд, нағз ҳис мекардам. Ҳамин тавр ман коммунист шудам ва баъдтар ба яке аз аъзоёни он гурӯҳ ба шавҳар баромадам. Ман фикр мекардам, ки бо паҳн кардани адабиёти коммунистон ва иштирок дар шӯришҳо ман кори фоиданоке карда истодаам.
Лекин, бо гузашти вақт ман боз рӯҳафтода шудам. Ман ҳис мекардам, ки коммунистон бисёр вақт аз рӯи он чизе, ки ташвиқот мебаранд, худашон амал намекунанд. Вақте ки соли 1971 баъзе аъзоёни ҷавони гурӯҳи коммунистӣ бинои Сафоратхонаи Испанияро дар шаҳри Франкфурт оташ заданд, шубҳаи ман боз ҳам пурзӯр шуд. Сабаби чунин рафторашон дар он буд, ки онҳо аз ҳукмронии беадолатонаи Испания розӣ набуданд. Вале ман фикр мекардам, ки норозигии худро бо ин роҳ нишон додан нодуруст аст.
Вақте ки фарзанди аввали ман таваллуд шуд, ман ба шавҳарам гуфтам, ки дигар дар ҷамъомадҳои коммунистӣ иштирок кардан намехоҳам. Ман худро хеле танҳо ҳис кардам, зеро ягон дӯстони пештараи ман ба хабаргирии ману кӯдакам наомаданд. Ман оиди маънои ҳаёт мулоҳиза мекардам. Баъд ба фикр афтодам, ки оё барои беҳтар кардани ҷомеа саъю кӯшиш кардан дар ҳақиқат меарзад?
ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ МАРО ДИГАРГУН СОХТ:
Соли 1976 ду Шоҳиди Яҳува, ки бо забони испанӣ гап мезаданд, ба хонаи мо омада, якчанд адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта пешкаш намуданд. Ман адабиёти онҳоро гирифтам. Вақте ки онҳо бори дуюм омаданд, ман онҳоро оиди ранҷу азоб, нобаробарӣ ва беадолатӣ саволборон кардам. Вақте ки онҳо ба ҳар як саволам аз Китоби Муқаддас ҷавоб доданд, ин маро дар ҳайрат мононд! Ва ман бо хурсандӣ ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шудам.
Дар аввал, ман танҳо барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ шавқ зоҳир намудам. Вале вақте ки ману шавҳарам ба Толори Салтанат ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува мерафтагӣ шудем, вазъият тағйир ёфт. Дар он вақт мо ду фарзанд доштем. Шоҳидон меҳрубонона фарзандони маро мебардоштанд ва дар давоми вохӯриҳо барои нигоҳ кардан ёрӣ медоданд. Ман ба Шоҳидон меҳри самимӣ пайдо кардам.
Бо вуҷуди ин, ман оиди дин баъзе шубҳаҳо доштам. Ман қарор додам, ки ба Испания ба назди хешу таборон равам. Амаки ман рӯҳонии калисо буд. Вай ба он мекӯшид, ки ман дигар Китоби Муқаддасро наомӯзам. Вале Шоҳидони маҳаллӣ ба ман хеле кӯмак карданд. Онҳо ба мисли Шоҳидон аз Германия ба саволҳои ман аз Китоби Муқаддас ҷавоб доданд. Ман ба худ қавл додам, ки вақте ба Германия бармегардам, омӯзишро аз нав барқарор мекунам. Ҳарчанд шавҳари ман омӯзишро давом додан нахост, ман аз рӯи қарори худ амал кардам ва омӯзишро аз нав давом додам. Соли 1978 ман чун яке аз Шоҳидони Яҳува таъмид гирифтам.
ЧӢ ТАВР ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ:
Дониши аниқи ҳақиқати Китоби Муқаддас ба ҳаёти ман мазмуни тоза бахшид ва роҳнамоӣ нишон дод. Масалан, суханони дар 1 Петрус 3:1–4 навишташуда занҳоро бармеангезад, ки бо рафтори хуб ба шавҳаронашон итоат намоянд ва «рӯҳи ҳалиму сокит»-ро, ки «ин дар назари Худо гаронбаҳост», инкишоф диҳанд. Чунин принсипҳо ба ман кӯмак карданд, ки чун зан ва модар вазифаи худро дуруст ба ҷо орам.
Аз вақте ки ман Шоҳиди Яҳува шудам, 35 сол сипарӣ шуд. Ман хушбахтам, ки чун аъзои оилаи ҳақиқии рӯҳонӣ ба Яҳува хизмат мекунам ва аз панҷ фарзандам чор нафарашон мисли ман ба Яҳува хизмат карда истодаанд.