ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.4. саҳ. 14-18
  • Баракатҳо дар вақти муносиб ва номуносиб

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Баракатҳо дар вақти муносиб ва номуносиб
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОМАДАНИ РӮЗҲОИ ДУШВОР
  • ДАСТГИРИИ ЯҲУВАРО ҲИС МЕКУНЕМ
  • ДАСТГИРШАВӢ
  • ГИРИФТАНИ БАРАКАТҲО ҲАТТО ДАР ЗАМОНҲОИ ДУШВОР
  • БОЗ ЗАМОНИ ОСОИШТА ФАРО РАСИД
  • Яҳува Роҳнамои ман гашт
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.4. саҳ. 14-18

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Баракатҳо дар вақти муносиб ва номуносиб

Нақл кард: Трофим Нсомба

Трофим Нсомба

МАН моҳи марти соли 1930 дар қишлоқи Намкумба (Малави) таваллуд шудам. Падару модари ман хизматгорони содиқи Яҳува буданд. Соли 1942 ман ҳаётамро ба Яҳува бахшидам ва дар яке аз дарёҳои зебои кишварамон таъмид гирифтам. Дар давоми 70 сол ман кореро мекардам, ки Павлус Тимотиюсро ба кардани он ташвиқ намуда буд: «Каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ» (2 Тим. 4:2).

Соли 1948 Нейтон Норр ва Милтон Ҳеншел ба Малави омаданд. Ташрифи онҳо маро барангехт, ки хизмати пурравақтро сар кунам. Дертар ман бо Лидаси ном хоҳари зебое вохӯрдам, ки мисли ман мақсади ба Яҳува пурравақт хизмат карданро дошт. Соли 1950 мо оиладор шудем ва соли 1953 аллакай соҳиби ду фарзанд будем. Нигоҳ накарда ба масъулиятҳои зиёди оилавӣ мо қарор додем, ки ман чун пешравӣ доимӣ хизмат мекунам. Ду сол пас ман пешрави махсус шудам.

Каме пас ман имконият пайдо кардам, ки чун нозири ноҳиявӣ хизмат кунам. Азбаски Лидаси маро доимо дастгирӣ мекард, ман метавонистам нисбати ниёзҳои оилаам ғамхорӣ кунам ва ҳамзамон дар хизмати пурравақт бимонамa. Мо ҳаётамонро пурра ба нақша гирифтем ва бо кӯмаки фарзандонамон Лидаси соли 1960 дар хизмати пурравақт ба ман ҳамроҳ шуд.

Анҷумани вилоятӣ дар Малави

Анҷуманҳо моро барои мусибатҳои оянда қавӣ гардонданд

Соли 1962 мо дар анҷумани вилоятӣ, ки «Хизматгорони нотарс» ном дошт, ҳузур доштем. Чунин вохӯриҳо ба ҳамаи мо кӯмак карданд, ки ба замонҳои душворе ки дар пеш буданд, тайёр шавем. Як сол пас бародар Ҳеншел ба Малави бори дигар ташриф овард. Ба вохӯрии махсусе ки берун аз шаҳри Блантир баргузор гардид, тақрибан 10 000 нафар ташриф овард. Ин анҷумани рӯҳбаландкунанда ба мо кӯмак расонд, ки ба душвориҳои дарпешбуда тоб орем.

ОМАДАНИ РӮЗҲОИ ДУШВОР

Полисе дарвозаи филиалро аз назар гузаронида истодааст

Фаъолияти мо манъ карда шуд ва ҳукумат моликияти филиалро аз худ кард

Соли 1964 аз сабаби иштирок накардан дар корҳои сиёсӣ Шоҳидон бо таъқиботу муқобилият рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаву ҳуҷуми зиёд тақрибан 100 Толори Салтанат ва беш аз 1000 хонаи Шоҳидон валангор гардид. Аммо мо то соли 1967 ба ҷамъомадҳои гуногун ташриф оварданро давом додем. Соли 1967 бошад, ҳукумат фаъолияти моро манъ кард. Ҳамчунин ҳукумат моликияти филиали Блантирро аз худ карда гирифт ва миссионеронро аз мамлакат бадарға намуд. Бисёри Шоҳидони маҳаллӣ, аз ҷумла ману Лидаси ба маҳбас андохта шудем. Баъди озод шуданамон мо бо эҳтиёт кори худро давом додем.

Як рӯз, октябри соли 1972 тахминан сад нафар аъзоёни як ҳизби сиёсӣ, ки чун Лигаи ҷавонони Малави маълум буданд, ба сӯи хонаи мо ҳамла карданд. Лекин яке аз онҳо пешопеш давида моро огоҳ кард, ки пинҳон шавем, чунки онҳо маро куштанӣ буданд. Ман ба зану фарзандонам гуфтам, ки зери дарахтони банан пинҳон шаванд. Худам бошам, ба дарахти калони манго баромадам. Аз болои дарахт ман тамошо кардам, ки чӣ тавр он одамон хона ва тамоми чизу чораамонро несту нобуд карданд.

Хонае ки дар натиҷаи сӯхтор хароб шудааст

Азбаски бародарони мо ба сиёсат ҳамроҳ намешуданд, хонаҳояшонро месӯзониданд

Бо сахт шудани таъқибот мо ҳамроҳи ҳазорон Шоҳидони дигар Малавиро тарк кардем. Мо то моҳи июни соли 1974 дар лагери гурезаҳо дар Мозамбики ғарбӣ истодем. Он вақт аз ман ва Лидаси хоҳиш карданд, ки дар шаҳраки Домуа Мозамбик, ки дар назди сарҳади Малави воқеъ буд, чун пешравони махсус хизмат кунем. Дар ин намуди хизмат мо то соли 1975 мондем. Лекин он сол Мозамбик аз Португалия мустақилият пайдо кард. Моро ҳамроҳи дигар Шоҳидон ба зӯрӣ ба Малави бадарға карданд ва мо назди таъқибкунандагони худ баргаштем.

Баъди ба Малави баргаштан маро барои ташрифоварии ҷамъомадҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Лилонгве таъин карданд. Ба ҳама душвориву таъқибот нигоҳ накарда миқдори ҷамъомадҳо дар шаҳре ки мо хизмат мекардем, торафт зиёд мешуд.

ДАСТГИРИИ ЯҲУВАРО ҲИС МЕКУНЕМ

Боре мо ба қишлоқе омадем, ки дар он ҷо мардум дар як ҷой ҷамъ шуда нисбати сиёсат норозигии худро баён мекард. Ҳамин ки баъзе тарафдорони ин чорабинии сиёсӣ фаҳмиданд, ки мо Шоҳидони Яҳува ҳастем, моро ба зӯрӣ дар назди аъзоёни ҳизби Пионерони Ҷавони Малави шинонданд. Мо бо ҷидду ҷаҳд ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ мепурсидем, ки ба мо дар ин вазъияти хатарнок ёрӣ диҳад. Вақте вохӯрӣ ба анҷом расид, онҳо моро лату кӯб кардан гирифтанд. Дар ҳамин лаҳза як зани пиронсол давида омад ва дод зад: «Илтимос, ба онҳо нарасед!» Баъд ба ман ишора карда гуфт: «Ин ҷавон ҷияни ман аст. Ӯро монед, ки бо роҳи худ равад». Сардори онҳо амр дода гуфт: «Онҳоро сар диҳед!» Мо намедонем, ки он зан чаро ин хел рафтор кард, чунки ӯ бо мо тамоман хешӣ надошт. Мо фақат ҳаминро медонистем, ки Яҳува ба дуоямон ҷавоб дод.

Билети партиявӣ

Билети партиявӣ

Соли 1981 мо бори дигар бо Пионерони Ҷавони Малави вохӯрдем. Онҳо велосипедҳо, чизу чора, қуттии китобҳо ва ҳуҷҷатҳои дар бораи маҳалламонро гирифтанд. Мо аз он ҷо гурехта, ба хонаи як пири ҷамъомад омадем. Ин дафъа низ мо ба Яҳува дуо гуфтем. Мо оиди маълумоте ки дар дасти онҳо афтода буд, хеле хавотир будем. Вақте ки Пионерони Ҷавон ҳуҷҷатҳоро кушоданд, мактубҳоеро диданд, ки аз тамоми Малави ба ман равона шудаанд. Онҳо аз ин сахт тарсиданд ва фикр карданд, ки ман ягон шахси мансабдор мебошам. Барои ҳамин онҳо ҳама чизи гирифтаашонро ба пирони маҳаллӣ баргардонданд. Ягон чиз гум нашуда буд.

Як бори дигар мо дар киштӣ нишаста аз дарёе мегузаштем. Соҳиби киштӣ намояндаи сиёсии маҳал буд. Ӯ билетҳои партиявии ҳамаи мусофиронро тафтиш карданӣ шуд. Ҳангоме ки ӯ ба мо наздик шуд, нигоҳаш ба дузде афтод, ки ҳукумат дер боз дар ҷустуҷӯяш буд. Шӯру ғавғо бархост ва бо ҳамин тафтиши билетҳои партиявӣ ба охир расид. Ин дафъа ҳам мо дастгирии Яҳуваро ҳис кардем.

ДАСТГИРШАВӢ

Сарлавҳаи рӯзнома дар бораи манъ шудани фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Малави хабар медиҳад

Феврали соли 1984 ман ба Лилонгве равона будам, то ба филиали Замбия ҳисобот фиристам. Коргари полис маро манъ карда, сумкаи маро кофтуков кард. Дар сумкаам адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро дид ва маро ба шӯъбаи полис бурд. Дар он ҷо ӯ маро лату кӯб кардан гирифт. Баъд аз ин ӯ маро бандубаст карда, ҳамроҳи дуздон дар як ҳуҷра шинонд.

Рӯзи дигар сардори полис маро ба хонаи дигар бурд ва хост, ки ман дар варақе чунин нависам: «Ман, Трофим Нсомба, ки Шоҳиди Яҳува ҳастам, барои ба озодӣ баромадан аз эътиқодам даст мекашам». Ман ба навиштан розӣ нашудам ва ба ӯ гуфтам: «Ман на танҳо тайёрам, ки маҳбус бимонам, балки, агар лозим ояд, ҷонамро фидо мекунам. Ман Шоҳиди Яҳува мемонам». Ин сардори полисро ба ғазаб овард ва ӯ чунон сахт бо мушт мизро зад, ки аз хонаи дигарӣ полисе давида омад, то бинад, ки чӣ рӯй дод. Сардор ба он полис чунин гуфт: «Ин мард мегӯяд, ки шаҳодатдиҳиро бас намекунад. Пас, бигзор тасдиқ кунад, ки Шоҳиди Яҳува мебошад, то мо ӯро ба маҳбаси Лилонгве фиристем». Ҳамаи ин вақт ҳамсари азизам намедонист, ки ман дар куҷоям. Танҳо баъди чор рӯз бародарон ӯро хабардор карданд, ки бо ман чӣ рӯй дод.

Дар шӯъбаи полиси Лилонгве полис бо ман меҳрубонона муомила кард. Сардори полис табақи биринҷро ба ман дароз карда гуфт: «Дигарон барои дуздӣ дар ин ҷо нишастаанд, ту бошӣ барои имонат ба Китоби Муқаддас. Ин барои ту». Баъд маро ба маҳбаси Качере фиристод. Дар он ҷо ман панҷ моҳ маҳбус будам.

Сардори он маҳбас аз омадани ман хурсанд буд. Ӯ мехост, ки ман дар маҳбас вазифаи коҳинро ба ҷо орам. Ӯ коҳини пешинаро сабукдӯш кард ва ба ӯ чунин гуфт: «Ман намехоҳам, ки ту минбаъд дар маҳбас Каломи Худоро таълим диҳӣ, зеро сабаби дар ин ҷо буданат он аст, ки ту калисоатро ғорат кардӣ!» Ҳамин тавр маро вазифадор карданд, ки ҳар ҳафта дар маҷлисе ки маҳбусон ҷамъ меомаданд, Каломи Худоро таълим диҳам.

Аммо дертар вазъият бад шуд. Кормандони маҳбас маро пурсуҷӯ мекарданд ва фаҳмидан мехостанд, ки дар Малави чӣ қадар Шоҳидон фаъолият доранд. Вақте ба саволҳояшон ҷавобҳои қонеъкунанда надодам, маро то беҳушу беҳол шуданам лату кӯб карданд. Дафъаи дигар онҳо фаҳмиданӣ буданд, ки идораи марказиамон дар куҷост. Ман ба онҳо гуфтам: «Шумо ба ман саволи осон додед ва ман ба шумо ҷавоб медиҳам». Кормандони полис хурсанд шуданд ва рафта асбоби сабткуниро гирифта оварданд. Ман фаҳмондам, ки дар куҷо будани идораи марказии Шоҳидони Яҳува дар Китоби Муқаддас навишта шудааст. Онҳо ҳайрон шуданд ва аз ман пурсиданд: «Дар куҷои Китоби Муқаддас?»

«Дар Ишаъё 43:12 (ТДН)»,— гуфтам ман. Онҳо оятро кушода бодиққат хонданд: «Шумо шоҳидони ман ҳастед — мегӯяд Яҳува,— ва ман Худо ҳастам». Онҳо ин оятро се бор хонда пурсиданд: «Магар идораи марказии шумо дар Амрико неву дар Китоби Муқаддас мебошад?» Ман ба онҳо ҷавоб додам: «Шоҳидони Яҳува дар Амрико низ нисбати идораи марказиашон фикри дар ин оят овардашударо доранд». Азбаски ман чизи мехостагиашонро ба онҳо нагуфтам, маро ба маҳбаси Дзалека, ки дар қисми шимоли Лилонгве ҷойгир аст, равона карданд.

ГИРИФТАНИ БАРАКАТҲО ҲАТТО ДАР ЗАМОНҲОИ ДУШВОР

Вақте июли соли 1984 ба маҳбаси Дзалека омадам, дар он ҷо аллакай 81 нафар Шоҳиди Яҳува буд. Он ҷо 300 нафар маҳбус дар рӯи фарш ба ҳамдигар ҷафс шуда хоб мерафт. Оқибат мо, Шоҳидон, ба гурӯҳҳои хурд тақсим шудем, то ҳар рӯз оятеро дида бароем ва ин моро хеле рӯҳбаланд мекард.

Баъд сардори маҳбас моро аз дигар маҳбусон ҷудо кард. Посбон пинҳонӣ ба мо гуфт: «Ҳокимият шуморо бад намебинад. Мо шуморо аз ду сабаб дар ин ҷо нигоҳ медорем: ҳукумат хавотир аст, ки шумо аз тарафи Пионерони Ҷавон кушта мешавед ва азбаски шумо дар бораи омадани ҷанг мавъиза мекунед, ҳукумат метарсад, ки дар давоми он аскаронаш пароканда мешаванд».

Шоҳидони Яҳуваро баъди мурофиаи судӣ бурда истодаанд

Бародарон ҳангоми аз маҳбас озод шуданашон

Октябри соли 1984 ҳамаи мо ба суд ҳозир шудем ва моро ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Мисли пештара мо ҳамроҳи шахсоне ки Шоҳиди Яҳува набуданд, маҳбус будем. Лекин сардори маҳбас ба ҳама эълон кард: «Шоҳидони Яҳува сигор намекашанд. Барои ҳамин онҳоро ба ташвиш гузошта сигор напурсед ва ҳамчунин аз онҳо хоҳиш накунед, ки ба воситаи лахчаи оташ сигоратонро даргиронанд. Онҳо халқи Худо мебошанд! Ба ҳама Шоҳидони Яҳува бояд дар як рӯз ду бор хӯрок дода шавад, чунки онҳо на барои ҷинояташон дар ин ҷо ҳастанд, балки барои имонашон ба Китоби Муқаддас».

Рафтори некамон боз аз дигар ҷиҳат ҳам ба мо фоида мерасонд. Вақте торик буд ё борон меборид, ба маҳбусон иҷозат дода намешуд, ки ба берун бароянд. Лекин мо метавонистем ҳар гоҳе ки хоҳем, аз бино берун бароем. Кормандони маҳбас медонистанд, ки мо аз маҳбас намегурезем. Боре, вақте мо дар саҳро кор мекардем, як посбон бемор шуд. Мо ӯро бардошта ба маҳбас овардем. Бо рафтори намунавии худ мо дар байни атрофиёнамон номи Яҳуваро ҷалол медодем (1 Пет. 2:12)b.

БОЗ ЗАМОНИ ОСОИШТА ФАРО РАСИД

11-уми майи соли 1985 ман аз маҳбаси Дзалека озод шудам. То чӣ андоза хурсанд будам ман аз якҷошавӣ бо оилаам! Мо аз Яҳува миннатдорем, ки ҳангоми озмоишҳо барои нигоҳ доштани беайбиамон кӯмак кард. Мо бо суханони зерини Павлуси ҳавворӣ розием: «Намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки... ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем; ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳёкунандаи мурдагон, ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард» (2 Қӯр. 1:8–10).

Бародар Нсомба ва ҳамсари ӯ Лидаси дар назди Толори Салтанат (соли 2004)

Бародар Нсомба ва ҳамсари ӯ Лидаси дар назди Толори Салтанат (соли 2004)

Баъзан ба назарамон чунин метофт, ки мо зинда намемонем. Лекин ҳамеша аз Яҳува далерӣ, хирад ва фурӯтанӣ мепурсидем, то номи бузурги Ӯро ҷалол диҳем.

Ҳам дар замони осоишта ва ҳам душвор Яҳува хизмати моро баракат медод. То чӣ андоза хурсанд будем мо, аз он ки соли 2000 дар Лилонгве сохтани офиси филиалро тамом карданд! Дар саросари Малави бошад, то он сол зиёда аз 1000 Толори нави Салтанат сохтанд. Барои ману Лидаси чунин баракатҳо ба монанди мӯъҷиза мебошанд!c

a Имрӯз бародароне ки кӯдакони хурдсол доранд, наметавонанд чун нозири ноҳиявӣ хизмат кунанд.

b Барои гирифтани маълумоти бештар оиди таъқибот дар Малави ба «Солнома»-и 1999 (рус.), саҳ. 171–223 нигаред.

c Ҳангоме ки ин мақола ҳанӯз барои чоп тайёр мешуд, бародар Нсомба дар синни 83 солагӣ вафот кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан