Пешравон Ҷорҷ Роллстон ва Артур Виллис ба радиатори мошинашон об рехта истодаанд (Минтақаи шимолӣ, с. 1933).
АЗ ХАЗИНАИ МО
«Ягон роҳ душворгузар ё дур нест»
26-УМИ МАРТИ соли 1937 ду марди хасташуда бо мошини худ ба Сидней (Австралия) мерафтанд. Онҳо дар байни як сол бо мошин 19 300 км роҳи душворгузарро тай намуданд. Артур Уиллис ва Билл Нюлендс мисли дигарон барои дидани мавзеҳои ношинос ва аз сар гузаронидани воқеаҳои шавқовар наомада буданд. Онҳо пешравони боғайрате буданд, ки бо азми қавӣ хушхабари Салтанатро ба минтақаҳои дурдасту камаҳолии Австралия расондан мехостанд.
То охири солҳои 1920 дар Австралия гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасa дар шаҳрҳое мавъиза мекарданд, ки дар назди соҳили баҳр ҷойгир буданд. Қисми марказии қитъаи Австралия камаҳолӣ буда минтақаи хушку беобаш аз ним зиёди масоҳати ИМА-ро ташкил медиҳад. Лекин бародарон нағз медонистанд, ки пайравони Исо бояд дар бораи ӯ «то ақсои дунё», ҳатто дар минтақаҳои дурдасти Австралия шаҳодат диҳанд (Аъм. 1:8). Чӣ тавр онҳо ин кори душворро карда метавонистанд? Ин воизон боварии комил доштанд, ки Яҳува кӯшиши онҳоро баракат медиҳад ва онҳо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонанд.
ПЕШРАВОН МАВЪИЗАРО САР МЕКУНАНД
Соли 1929 ҷамъомадҳо дар Квинсленд ва Австралияи ғарбӣ якчанд мошини боркашро тайёр карданд, то ки ба минтақаҳои дурдаст рафта тавонанд. Мошинҳоро пешравони нотарс меронданд. Онҳо ба вазъу шароити вазнин тоб оварда ҳангоми вайрон шудани мошинҳо, онҳоро таъмир карда метавонистанд. Ин пешравон ба ҷойҳое рафтанд, ки пештар хушхабар дар он ҷо мавъиза нашуда буд.
Пешравоне, ки мошин харида наметавонистанд бо велосипед ба минтақаҳои дурдаст сафар мекарданд. Масалан, бародари 23 сола, Беннет Брикелл, соли 1932 барои дар минтақаҳои дурдасти қисми шимолии штати Квинсленд мавъиза кард, панҷ моҳ бо велосипед сафар кард. Сафари ӯ аз шаҳри Рокҳемптон (Квинсленд) сар шуд. Ӯ бо худ кӯрпа, либос, хӯрокворӣ ва як бисёр китобро гирифт. Вақте ки баллони велосипедаш хӯрда шуд, вай роҳашро давом додан гирифт ва боқимонда 320 км роҳро базӯр тай кард. Ӯ аз минтақаҳое гузашт, ки пештар дар он ҷо одамон аз норасоии об мурда буданд. Дар ин хел вазъиятҳои душвор бародар ба Яҳува такя мекард. Беш аз 30 сол бародар Брикелл ба тамоми минтақаҳои Австралия бо велосипед, мотосикл ва мошин рафта зиёда аз сад ҳазор километр роҳро тай кард. Бародар ба сокинони Австралия мавъиза карда ҷамъомадҳои навро ташкил дод. Ӯро дар тамоми минтақаҳои дурдаст нағз мешинохтанд ва ҳурмат мекарданд.
ПАСИ САР КАРДАНИ ДУШВОРИҲО
Австралия дар ҷаҳон яке аз камаҳолитарин давлате мебошад, ки хусусан дар минтақаҳои дурдасташ одамони кам зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамин Шоҳидони Яҳува дар ин минтақаҳои дурдаст одамонро бо ҷидду ҷаҳд мекофтанд.
Масалан, пешравон Стюарт Келти ва Вилям Торрингтон чунин ҷидду ҷаҳдро зоҳир карданд. Соли 1933 онҳо бо мошин аз биёбони Симпсон гузашта дар маркази Австралия шаҳри Алис Спрингс мавъиза карданд. Вақте мошинашон вайрон шуд, онҳо маҷбур шуданд, ки мошинро дар он ҷо монанд. Бародар Келти, ки як пояш чӯбин буд, саёҳатро бо шутур давом дод. Ҷидду ҷаҳди ин бародарон натиҷаи хуб овард. Онҳо меҳмонхонаеро ёфтанд, ки дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳан ҷойгир буд. Бародарон бо соҳиби он меҳмонхона Чарлз Бернҳардт шинос шуданд, ки ӯ баъдтар ҳақиқатро қабул карда меҳмонхонаашро фурӯхт. Ӯ дар давоми 15 сол чун пешрав як худаш дар минтақаҳои камаҳолӣ ва хушку беоби Австралия хизмат кард.
Артур Виллис барои мавъиза дар минтақаҳои дурдасти Австралия тайёрӣ дида истодааст (Перт, Австралияи ғарбӣ, с. 1936).
Ба пешравони аввал барои паси сар кардани душвориҳо далерӣ ва иродаи қавӣ даркор буд. Ҳангоми мавъиза дар минтақаҳои дурдасти Австралия, Артур Виллис ва Билл Нюлендс, ки дар бораашон аллакай дар боло гуфтем, ду ҳафта азоб кашиданд. Чунки борони сахт биёбонро пур аз лой карда буд, барои ҳамин 32 км роҳро бо мошин тай кардан душвор шуд. Баъзан дар таги офтоби сӯзон арақ карда онҳо бо як азоб мошинро дар баландиҳои пур аз рег тела медоданд ва аз водиҳои кӯҳиву дарёҳои камоб мегузаштанд. Азбаски мошинашон тез-тез вайрон шуда меистод, онҳо якчанд рӯз пиёда ё бо велосипед барои гирифтани қисмҳои эҳтиётии мошин ба шаҳраки наздиктарин мерафтанд. Ба ин мушкиливу азобҳо нигоҳ накарда, бародарон хурсанд буданд. Боре дар маҷаллаи «Асри тиллоӣ», Артур Виллис чунин гуфт: «Барои шоҳидони Ӯ [Яҳува] ягон роҳ душворгузар ё дур нест».
Чарлз Ҳаррис, ки солҳои зиёд чун пешрав хизмат карда буд, гуфт, ки мушкилиҳое, ки дар минтақаҳои дурдаст аз сар гузаронд, ӯро ба Яҳува наздиктар карданд. Ӯ илова кард: «Вақте ки чизу чораи кам дорӣ, ҳаёт беҳтар аст. Исо тайёр буд, ки зери осмони пур ситора хоб равад, агар ба мо ҳам кардани ин кор лозим ояд, мо хурсанд мешавем». Бисёр пешравон ҳамин хел мекарданд. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди онҳо хушхабар ба ҳама гӯшаву канори Австралия мавъиза шуд ва бисёриҳо тарафдори Салтанати Худо шуданд.