ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w17 август саҳ. 32
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Маводи монанд
  • Марям оиладор нашуда ҳомила аст
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
w17 август саҳ. 32

Саволҳои хонандагон

Чаро нақли Матто ва Луқо дар бораи саршавии ҳаёти Исо аз ҳам фарқ мекунанд?

Матто дар бораи таваллуд ва солҳои аввали ҳаёти Исо дигар хел нақл кардааст, Луқо бошад, дигар хел, чунки онҳо воқеаҳоро аз назари гуногун тасвир кардаанд.

Дар нақли Матто воқеаҳо бештар бо Юсуф алоқаманданд. Ӯ дар бораи он навишт, ки Юсуф ҳомиладории Марямро фаҳмида чӣ гуна ба ин муносибат кард, ҳамчунин чӣ тавр ӯ дар хоб фариштаро дида, аз асли воқеа хабардор шуд ва баъд аз ин чӣ кор кард (Мат. 1:19–25). Сипас ин нависандаи Инҷил воқеаҳои зеринро нақл мекунад: фаришта ба хоби Юсуф даромада мегӯяд, ки ба Миср гурезад, Юсуф ва оилааш ба Миср мераванд, Юсуф дар хоб фариштаро дида мефаҳмад, ки ба Исроил баргашта метавонад, бозгашти ӯ бо оилааш ба ватан ва дар шаҳри Носира сокин шудани онҳо (Мат. 2:13, 14, 19–23). Дар бобҳои аввали Инҷили Матто номи Юсуф 7 бор, номи Марям бошад, 5 бор омадааст.

Луқо бошад, диққатро бештар на ба Юсуф, балки ба Марям равона мекунад. Ӯ дар бораи ба Марям зоҳир шудани Ҷабраили фаришта, ба назди хешаш Элисобаъ рафтани Марям ва Яҳуваро ҳамду сано хондани вай менависад (Луқ. 1:26–56). Луқо инчунин суханонеро, ки Шимъӯн оиди азобу уқубатҳои ояндаи Исо ба Марям гуфта буд, зикр кардааст. Бояд қайд кард, ки, вақте Луқо дар бораи ба маъбад омадани оилаи Исои 12-сола нақл мекунад, вай суханони Юсуфро неву Марямро меорад. Ӯ навишт, ки воқеаҳои онвақта ба Марям чӣ тавр таъсир карданд (Луқ. 2:19, 34, 35, 48, 51). Дар ду боби аввали Инҷили Луқо номи Марям 12 бор омадааст, номи Юсуф бошад, танҳо 5 бор. Ҳамин тавр, дар нақли Матто воқеаҳо бештар бо Юсуф алоқаманданд, дар Инҷили Луқо бошад, бо Марям.

Ҳамчунин дар ин ду Инҷил насабномаи Исо гуногун аст. Сабаб дар он ки Матто номи аҷдодони Юсуфро навиштааст. Мувофиқи ин насабнома Исо писархонди Юсуф буд ва аз рӯйи қонун ҳақ дошт, ки тахти Довудро мерос гирад. Чаро? Чунки Юсуф аз авлоди Сулаймон, писари Довуд, буд (Мат. 1:6, 16). Луқо бошад, насабномаи Исоро аз рӯйи аҷдодони Марям овардааст. Аз ин насабнома маълум мешавад, ки Исо «ба ҳасби ҷисм» насли шоҳ Довуд буд (Рум. 1:3). Дар ҳақиқат, Исо мувофиқи ин насабнома низ ҳуқуқи подшоҳиро дошт, зеро Марям аз авлоди писари дигари Довуд, Нотон, буд (Луқ. 3:31). Лекин барои чӣ Луқо нагуфт, ки Марям духтари Элӣ мебошад? Барои он ки давомдиҳандаи авлод одатан писарон ҳисоб меёфтанд. Аз ин рӯ Луқо дар насабнома номи Марямро неву номи шавҳараш Юсуф, яъне домоди Элиро чун писари Элӣ навишт (Луқ. 3:23).

Аз рӯйи насабномаҳое, ки Матто ва Луқо навиштаанд, аён аст, ки Исо Масеҳи пешгӯйишуда буд. Дурустии насабномаи Исо ба ҳама маълум буд ва ҳатто фарисиёну саддуқиён онро зери шакку шубҳа гузошта наметавонистанд. Имрӯз насабномаҳое, ки Матто ва Луқо навиштаанд, имони моро ба он ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст, мустаҳкам месозанд ва боварӣ мебахшанд, ки ваъдаҳои дигари Худо низ, албатта, иҷро мешаванд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан