Оё маслиҳатҳои Китоби Муқаддас то ҳол фоидаоваранд?
БАЪЗЕҲО «НЕ» МЕГӮЯНД. Онҳо Китоби Муқаддасро аз ҳад кӯҳнашуда меҳисобанд. Масалан, як духтур истифодаи Китоби Муқаддасро бо истифодаи китоби дарсии химия, ки соли 1920 чоп шуда буд, монанд кард. Баъзеҳо бошанд, танқидомез мегӯянд, ки магар шумо дастурамали компютери кӯҳнаро барои компютери нав истифода мебаред.
Ҳоло ки технология тараққӣ кардааст, пас чаро одамон аз ин роҳнамои қадима истифода баранд? Охир ҳар рӯз дар сайтҳои интернетӣ маслиҳату дастуроти нав ба нав баромада истодааст. Барномаҳои телевизионӣ пур аз маслиҳатҳои одамони ботаҷриба ва психологҳои донишманд мебошанд. Ҳамчунин китобҳои зиёде нашр мегарданд, ки ба одамон маслиҳатҳои гуногун дода аз ин ҳисоб пули калон ба даст меоранд.
Бо вуҷуди он ки ҳар лаҳза маълумоти нав ба нав мебарояд, чаро ба Китоби Муқаддас, китобе, ки қариб 2000 сол пеш навишта шудааст, муроҷиат кунем? Вақте одамон маслиҳати китоби қадимаро бо китоби дарсӣ ва дастурамали кӯҳнашуда монанд мекунанд, магар онҳо ҳақ нестанд? Лекин ин муқоисакунӣ нодуруст аст. Чунки илм ва технология тез-тез дигар мешаванд, вале табиати инсон дигар намешавад. Одамон то ҳол мехоҳанд маънои ҳаётро фаҳманд, хушбахт бошанд, бехатариро ҳис кунанд, муносибатҳои хуби оилавӣ ва дӯстони ҳақиқӣ дошта бошанд.
Китоби Муқаддас китоби қадима бошад ҳам, дар бораи ҳамаи ин ниёзҳои одамизод ва дигар чизҳо нақл мекунад. Ҳамчунин дар он гуфта шудааст, ки муаллифаш Офаридгор аст. Он ба ҳар як ҷониби ҳаёт роҳнамоӣ медиҳад ва моро ба душвориҳои дар пешбуда тайёр мекунад (2 Тимотиюс 3:16, 17). Дар он ҳатто гуфта шудааст, ки маслиҳатҳояш ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванду қиматашонро гум намекунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Каломи Худо зинда... аст» (Ибриён 4:12).
Оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас дурустанд? Оё он кӯҳна шудааст ё дар ҳақиқат китобе мебошад, ки барои ҳаёти имрӯза роҳнамои беҳтарин аст? Дар ин «Бурҷи дидбонӣ» шумо ба ин саволҳо ҷавоб меёбед.